Охирон зодрӯзи Убайдуллоев ҳамчун шахси дуввум

Муҳаммадсайид Убайдуллоев,раиси Маҷлиси миллӣ ва нафари дуввум дар қудрат барои бори охир дар ин мақом рӯзи таваллуд ҷашн мегирад. Аз ҳамроҳони Раҳмонов аз ибтидои ба сари кор омаданаш аст, ки ба тафовут аз бақия то ба имрӯз дар канори ӯст.

 

Муҳаммадсайид Убайдуллоев,раиси Маҷлиси миллӣ ва нафари дуввум дар қудрат барои бори охир дар ин мақом рӯзи таваллуд ҷашн мегирад. Аз ҳамроҳони Раҳмонов аз ибтидои ба сари кор омаданаш аст, ки ба тафовут аз бақия то ба имрӯз дар канори ӯст. Агар чи нафароне мисли Абдумаҷид Достиев, Сайидамир Зуҳуров ва Амиршо Миралиев барвақттар аз давру бари Раҳмонов барканор ва дур андохта шуданд,Убайдуллоев то ҳамин ҳоло ҷойгоҳ ва мақомашро ҳам дар ҳузури Раҳмонов ва ҳам дар арши сиёсат ҳифз кардааст. Вале воқеият ин аст ки шурӯъ аз соли 2005 ҳифзи Убайдуллоев барои Раҳмонов дар қудрат ғайрихоҳиши ӯ буд ва дар асл намехост,ки ӯро дар канор дошта бошад. Ҳатто барои онки Убайдуллоевро аз мақом биравонад сарусадоҳое ҳам паҳн шуданд,ки ин навбат мақоми Маҷлиси Миллӣ ба Қосимҷон Қосимов,ки раиси вилояти Суғд буд дода мешавад ва онро ин тавр тафсир карда буданд,ки мақоми дуввум ба навбат ба вилоятҳо,манзур раисони вилоятҳо дода мешавад.Гап инҷост,ки дар соли 2003 вақте Раҳмонов Қонуни асосиро баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ худсарона ва якҷониба иваз кардан хост ва ҳадафи асосӣ аз ин ислоҳот тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз як ҳафтсола ба ду ҳафтсола буд, Убайдуллоев сахт норозӣ ва нороҳат шуд. Зеро,ҳанӯз солҳо пеш Раҳмонов Убайдуллоевро ваъда ва даст дода буд,ки акнун ин навбат курсии риёсат аз шумо хоҳад буд. Ин дақиқан замоне буд,ки мухолифини тоҷик аз берун вориди кишвар шуда ва муштаракан бо ҷониби ҳукумат Қонуни асосиро ислоҳ карданд.

 

Бар асоси ин ислоҳот як нафар барои 7 сол ва як маротиба ҳақи риёсатро дошт.То ин ислоҳот як нафар танҳо ду навбати панҷсолӣ метавонист пайдарпай дар Тоҷикистон риёсат кунад. Ҳанӯз ҳамон вақте,ки навбати дуввуми риёсати Раҳмонов барои панҷ соли баъдӣ боқӣ монда буд, Комиссиюни оштии миллӣ бо дарназардошти вазъи кишвар ба ин панҷсола 2 сол изофа кард, аммо ҳамон вақт аз панҷ ба ҳафт тамдид кардани даврони ҳокимияти Раҳмоновро Убайдуллоев қабул надошт. Абдумаҷид Достиев,муовини раиси Комиссияи оштии Миллӣ ва роҳбари ҳайати кории таҳия ва ислоҳоти Қонуни асосӣ дар китобаш “Шикастанҳо ва бастанҳо” ёдовар мешавад,ки “шаҳрдор” ӯро занг зада мегӯяд, ки президент намехоҳад моддаи марбут ба мӯҳлати президентӣ иваз бишавад ва бигзор ҳамон ду панҷсола боқӣ бимонад. Албатта,Убайдуллоев бисёр мехост,ки роҳбари аввали кишвар бишавад ва аз ҳақ набигзарем,ки ӯ як кадри бамаротиб ботаҷриба назар ба Раҳмонов буд.

 

Зеро ҳанӯз,ки Раҳмонов раиси колхоз буд,ӯ дар мақоми муовини раиси вилояти Кӯлоб фаъолият мекард ва директороне чун Раҳмонов ҳавас мекарданд, ки дар мақоми ӯ роҳ ёбанд. Хуллас, Убайдуллоев,ки дандон дар ҷигар монда боз ду соли изофии Раҳмоновро таҳаммул кард, ин бор яъне боз таҳаммули ду ҳафтсолии дигарро надошт. Вай он замон назди устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омада аз ӯ хост,ки ба тағйири Қонуни асосӣ ба унвони як ҷониби сулҳ мухолифат кунад ва нагузорад,ки Раҳмонов боз ҳам дар сари қудрат бимонад:

 

“Раҳмонов дар ҳақи ман номардӣ карда истодааст. Ман дигар таҳаммул надорам. Вай ваъда карда буд, даст дода буд. Шумо як тарафи сулҳ ҳастед. Қонуни асосӣ натиҷаи музокирот ва сулҳ аст.Мухолифат кунед. Мо набояд сокит биистем”

 

Аммо устоди равоншод ӯро таскин медиҳад ва насиҳат мекунад,ки “сабру тоқат кунад,зеро дар миёни мардум байни шумо ва Раҳмонов ихтилоф ба вуҷуд ояд нофаҳмии бад сар мезанад. Ҳоло кишвар он қадар орому осуда нест.”

 

Он замон ҳанӯз фармондеҳоне чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ ва Ғаффор Мирзоеви бонуфуз сари кор буданд ва неру доштанд. Ғаффор Седой, раиси Горди президентӣ буд. Гузашта аз ин Ёқуб Салимов ҳам дар озодӣ буд ва бадеҳист, ки Маҳмуд Худойберидиев ҳам дар интизори соати мавъуд буд. Пушти Убайдуллоев то андозае барои ҳаминҳо ва низ вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар,ки ҳамон вақт низ бад ва аз Раҳмонов ҷомеа кайҳо безор шуда буд,гарм буд. Аммо дар соли 2004 вазъ тағйир кард. Ёқубу Ғаффор ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дастгир ва зиндонӣ шуданд.Ва дар миёни доираҳои ҳоким ва долонҳои ҳукумат сӯҳбат аз кудето ва нақшаҳои табаддулоти давлатӣ мерафт,ки гӯиё ин генералҳо бо гурӯҳҳое аз Русия мехостанд алайҳи Раҳмонов анҷом диҳанд. Гуфта мешуд,ки дар паси ҳамаи онҳо Убайдуллоев меистад ва доираҳое дар Русия ба шумули Юрий Лужков,мери пешини Маскав ҳам бо онҳостанд. Воқеан ҳам дар он шабурӯзҳо муносибати Раҳмонов ва Путин бисёр ҳам сард шуда буд.

 

Зеро Раҳмонов барои аз марз берун кардани Нерӯҳои сарҳадбони Русия сахт пофишорӣ мекард ва ҳатто дар яке аз сӯҳбатҳояш ҳам ошкоро ба сафири онвақти Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд аз Путин шикоят карда гуфта буд,ки мехост тавассути Ғаффор Мирзоев алайҳи ӯ табаддулот кунад. Дар ҳар ҳол Раҳмонов дар тирамоҳи соли 2004 Путинро ба Душанбе хонд ва дар чаҳорчӯби сафари давлатии Путин тамоми хостаҳои ӯро қабул кард. Бар фарзи мисол фирқаи 201-и Русия мақоми пойгоҳро гирифт ва барои 49 сол ва бар ивази 1 доллари солона ҳуқуқи ҳузур дар Тоҷикистонро ба даст овард ва чанд созишу асноди дигар,ки бархе аз онҳо ҳамин тавр иҷро нашуданд. Аммо ҳарфи мо аз Убайдуллоев аст ки дигар “бозӣ”-и ӯ барои Раҳмонов маълум шуд. Дар соли 2005 Раҳмонов нахост,ки Убайдуллоевро дигарбора ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ мансуб кунад. Убайдуллоев бо баҳонаи табобати танҳо духтараш рафт ба Маскав. Путин Раҳмоновро ба Сочи даъват кард. Ва дар онҷо барояш фаҳмониданд,ки Убайдуллоев дар мақоми 2-и Тоҷикистон меистад. Раҳмонов баргашт ва ночор ва ғайрихоҳиш ва майли худ номзадии Убайдуллоевро ба мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ кард.

 

Ҳамин тавр масъала ва мушкилот ба таври зоҳирӣ ҳам ки бошад ҳал шуд.Аммо дигар он самимият ва ҷойгоҳу наздикие,ки Убайдуллоев дар назди Раҳмонов дошт,аз даст дод. Ҳузурашро тоқат мекард.Аммо дигар гарм ва самимӣ набуданд.

 

Ҳарчанд Убайдуллоев барои бори аввал таъбири “Ҷаноби олӣ”-ро барои Раҳмонов ба кор бурд, аммо муносибатҳо байни ин ду мисли пешина набуданд.Раҳмонов наметавонист, ки Убайдуллоевро биронад,чун дар пушташ русҳо муттако буданд. Аммо як вақт тавассути шабакаи аввал бар коҳиши обрӯ ва ҷойгоҳи Убайдуллоев иқдом кард. Убайдуллоеве,ки тунд мерафт,таҳаммулгаро набуд,ҳар манимангӯро дар ҷояш мешинонд,ин бор дар баробари Асадулло Раҳмони телевизион болу парҳояш рехтанд. Ин дақиқ буд,ки Асадулло Раҳмон “заказ” иҷро мекард.”Заказчик”-и Асадулло Раҳмон ҳам аниқ буд. Касе ба ҷуз як кас дар Тоҷикистон ёрои бо Убайдуллоев ҳафту ҳашту чорчор карданро надошт. Баъдан қазияи Зайд Сайид, вазири пешини Раҳмонов ва аз соҳибкорони муваффақи тоҷик пеш омад. Гуфта мешавад,ки дар ин қазия ҳам Убайдуллоев “нақш” доштааст. Аз як сӯ Зайдро барои таъсиси ҳизб таҳрик дода ва аз тарафи дигар,вақте мусибат бар сари ин соҳибкор омад худро канор мекашад.

 

Ҳоло маълум нест,ки тақдири минбаъдаи Убайдуллоев чи хоҳад шуд? Пенсионери аз саҳна беруншуда мешавад мисли Абдумаҷид Достиев ва аз ёдҳо фаромӯш ва ё дар ёгон “гӯша”-ё мисли Султон Мирзошоев ва ё Талбак Назаров ҷо мекунанд ва ё инки як мақоме ташкил мекунанду то яке ду соли дигар мисли Шералӣ Хайруллоев, дар ин ё он масъала ёрдамчӣ мемонанд, то “ҷумбида гардад”Аммо орзуву ҳавасҳояшро дигар бо худ хоҳад бурд. Адами ҷуръат ва ҷасорат ва аз таваккул кор нагирифтан боиси ғуруби умри сиёсиаш шуд.Дуруст аст ки шуморе аз мақомот дар Русия ҳам ҳаводораш буданд. Аммо худаш даст рӯи даст нишаст. Ҳавсала накард. Алоиме нишон надод. Вагарна дар соли 2013 болотарин, афзалтарин ва муносибтарин имконият имконияти ӯ буд. Дар ҳар сол барои бақо ва устувории ҳукумати Раҳмонов хеле зиёд кор кардааст,саҳми беандоза дорад ва замоне ҳам буд,ки дуввум ҳам буд, камтар аз якум нуфуз надошт. Вале…дигар барояш ҳеҷ рӯшание намудор нест ва агарчанде бо Раҳмонов ҳамсинну сол аст ва ҳарду мутаваллиди соли 1952анд ва ӯ нуҳмоҳ аз Раҳмонов бузургтар аст, аммо ӯ дигар рӯзи таваллудашро,ки барояш муборак мегӯем, дар ҳалқаи берун аз ҳалқаҳои давлатӣ ҷашн мегирад…..

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

ПМТ:Як соли талошҳо

Паймони Миллии Тоҷикистон- эътилофи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик бо ташкили як ҷаласаи васеъ бо ширкати меҳмонони зиёде аз кишварҳои Русия, Гурҷистон, Конодо, Фаронса, Ҳоланд, Олмон, Литва, Утриш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аз аввалин соли таъсисёбии худ,таҷлил ба амал овард.