Оё дуздии “Босс” аз Украина як ҳолати истисноӣ буд?

Ислоҳ нет

 

Рӯзи 22 май дар шаҳри Киев, пойтахти Украина як гурезаи тоҷик бо номи Муродалӣ Ҳалимов, маъруф бо тахаллуси “Босс” дуздида шуд. Ҳамагӣ ду рӯз пас, дар камтар аз 48 соат ӯ ба Тоҷикистон истирдод гардид, ки барои додгоҳи Укроин ҳади ақал нисбати тоҷикон бесобиқа ва тибқи гуфтаи вакили дифоъи Ҳалимов “суръати кайҳонӣ” буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан ин гурезаи тоҷик бо дархости мақомоти кишвар бар Украина боздошт шуда, аммо бинобар набудани ҳеҷ далели қаноъаткунандае табраъа гардида буд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ширкат дар ҷангҳои Ироқу Сурия муттаҳам карданд, аммо чӣ хеле, ки вакилаш Алексей Скорбач зикр мекунад, “ҳади ақал 15 маротиба номи гурӯҳҳоеро, ки ӯ гӯё дар онҳо ширкат кардааст, тағйир доданд”.

Ҳоло чаро Украина ба ин суръат гурезаи тоҷикро истирдод кард, дар ҳоле, ки вакилаш билофосила баъди боздошт ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бурда буд? Дар ҳоле, ки ҳама кишварҳои узви ин додгоҳ аз камтарин эътирози он парҳез мекунанд. Ҳатто Русия мекӯшад ҳукмҳои онро бидуни таъхир иҷро кунад ва аз моҷаро бо он худдорӣ мекунад. Оё сиёсати Украина нисбати гурезаҳо тағйир кардааст? Ё ин як ҳолати тасодуфӣ ва истиноӣ буд? Ё гурӯҳе дар ин кор даст дорад?

Украина борҳо муҳоҷирони тоҷикро бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт кардааст, аммао ҳамеша аз истирдод парҳез мекард ва зуд раҳо месохт. Ба ҷуз як-ду истисно, аз ҷумла боздошти Эшони Абдуқодир, ки чанд моҳ тӯл кашид, вале баробари вориди кор шудани созмонҳои ҳуқуқи башар озод гардид. Тибқи иттилоъи манбаъи Ислоҳ, қазияи Эшони Абдуқодир бештар шахсӣ буда, баҳси ришва дар миён буд, бинобар ин на ба Тоҷикистон таслимаш мекарданд ва на озодаш. Аммо чун мақомоти Украина ҳамеша аз ҷанҷолҳои байналмилал, бахусус созмонҳои ҳуқуқӣ парҳез мекунанд, зуд раҳояш карданд.

Сомонаи Паём бо истинод ба ду манбаъаш иттилоъ додааст, ки ду моҳ қабл як гурӯҳи вижаи мураттаб аз кормандони КДАМ ва ВКД Тоҷикистон вориди Украина шудаанд, то бо истифода аз усули таҷрибашуда дар Русияву Туркия, фаъолони тоҷики муқими Украинаро ба Тоҷикистон баранд.

 

Ислоҳ ин хабарро таҳқиқ кард ва чунин натиҷа дод:

 

1. Маълум гардид сафи “кормандон”-и сафорати Тоҷикистон дар Украина беш аз маротиба афзоиш ёфта, рафтуои “кормандон”-и он ба маротиб бештар гардидааст (чаро “Кормандон”-ро дохили нохунак гирифтем, зикраш дар поён хоҳад рафт). Сафорат соҳиби чанд мошини иловагӣ ҳам гардидааст.

 

Дар ҳоле, ки дар ин авохир Тоҷикистон ҳеҷ пешравие дар сиёсаташ бо Укроин надошт, додугирифти мол байни ду кишвар камтар шудааст ва ҳатто як шартномаи иқтисодиву сиёсие, ки зарурати фиристодани ЯК корманди иловагиро ба вуҷуд оварад имзо нашудааст, ду баробар афзудани “кормандон”-и сафорат суолбарангез аст.

 

2. Чанд “тоҷики навпайдошуда” дар Украина аллакай бо тоҷикони муқими ин кишвар, ва муҳоҷирон сӯҳбатҳои хусусӣ анҷом додаанд. Тибқи иттилоъи дарёфтӣ суоли онҳо бештар дар бораи гурезаҳои сиёсӣ ва бахусус аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будааст. Ҳамчунин ба як вакили дифоъ барои ифшои маълумот дар бораи зерҳимояаш пул пешниҳод шудааст.

 

3. Дар масоҷиди Киев тоҷиконе ба мушоҳида шудаанд, ки дуруст намоз хонда наметавонанд, аммо дар намозҳои ҷумъа ва таровеҳ ҳозир мешаванд ва ҳаракатҳояшон шубҳаовар аст.

 

4. Ду рӯз қабл, 27 май дар шаҳри дигари Украина — Харков ҳам як тоҷики дигар бо усули бисёр мушобеҳе рабуда шуда, тақдираш то ҳол маълум нест. Ба хотири нарасонидани зарбаи рӯҳӣ ба хонаводааш, аз зикри ному ӯ то маълум шудани қазияаш худдорӣ мекунем.

 

5. Ва билохира. Як манбаъи Ислоҳ дар Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард, ки чанд корманди Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Украина сафарбар шудаанд. Манбаъ ба суоли Ислоҳ дар бораи ин ки оё кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳам ҳамроҳ будаанд, изҳори беиттилоъӣ кард ва гуфт, ки танҳо аз кормандони ВКД хабар дорад.

 

Аз ин мушоҳидаҳо ва далоил  мешавад хулоса кард, ки воқеъан гурӯҳи вижа вориди Украина шудааст ва дастбакор аст.

 

Усули рабуда шудани Муродалӣ Ҳалимов ҳам айни ҳамон усулест, ки мақомоти Тоҷикистон дар Русияву Туркия истифода мекунанд — нафар боздошт мешавад ва бидуни ин ки макони нигоҳдориаш эълон шавад ба додгоҳ бурда шуда бо қарори босуръати додгоҳ истирдод мешавад. Гоҳе, аслан қарори додгоҳро ҳам мунтазир намешаванд ва бидуни ҳеҷ қароре боздоштшударо ба дасти намояндагони КДАМ ва ВКД-и Тоҷикистон месупоранд. Ин кор бо ҷалби чанд мансабдори ришвахор аз мақомоти пулис, амният, додситонӣ ва додгоҳии ҳамон кишвар роҳандозӣ мешавад.

 

Дар Украина чунин кор нисбати тоҷикон то истирдоди Ҳалимов бесобиқа будааст. Аммо баъди ӯ тамом нашудааст. Шояд ҷуз ӯ ва он нафари дар Харков боздоштшуда нафарони дигаре ҳам боздошт шудаанд, аммо мо иттилоъ надорем.

 

Гузинаи тағйири сиёсати Украина нисбати гурезаҳои сиёсӣ ба назари мо аслан матраҳ нест. Дар гумон аст, ки дар чанд соли оянда низ Украина сиёсатеро пеш гирад, ки хилофи арзишҳои демократӣ бошад.

 

Ягона тахмине, ки мешавад нисбати мақомоти ин кишвар зад ин аст, ки чанд корманди фасодзадаи мақомоти гуногуни Украина бо фиристодагони КДАМ ва ВКД Тоҷикистон ба хотири пул ҳамдаст шудаву даст ба финояти байналмиллалӣ задаанд.

 

Албатта дар гумон аст, ки фиристодагони Тоҷикистон дар Украина мисли Русияву Туркия муваффақ шаванд. Украина ба арзишҳои демократӣ пойбандии зиёд дорад ва зуд пеши ин корро хоҳад гирифт. Аввалин қарори Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон метавонад мақомоти баландпояи ин кишварро вориди кор созад ва амалиётҳои ояндаи ҷосусони Тоҷикистонро ноком гардонад.

 

Аммо то он замон ва баъди он ҳам, ба тоҷикони муқими Украина лозим аст аз эҳтиёт кор гиранд ва сарҷамъ бошанд, то ҳамдигарро аз фитнаҳои режим ҳимоя кунанд.

Share This Article