Оё медонед бузургтарин ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ кадом аст?

Аммо шахсе, ки дар муқобили подшоҳ, президенти золиме амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад ва ӯро ба сӯи ҳақ мехонад, ҷонаш дар хатар мешавад ва худро зери ҳадаф ё тири подшоҳ қарор медиҳад. Бо гуфтани сухани ҳақ пешгоҳи подшоҳи золим, эҳтимоли ҳалок гаштанаш бештар аст. Аз ин сабаб гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золим беҳтарин ҷиҳод ба ҳисоб меравад. Инчунин имкон дорад, ки бо шунидани сухани ҳақ подшоҳ ё президенти золим худро ислоҳ намояд ва мардумони зиёде, ки зери султаи ӯ зиндагонӣ мекунанд, аз зулму ситами ӯ наҷот ёбанд, ки ин хидмати бузург ба мардум, бо роҳи осоишта мебошад.”

 

 

Мехоҳед дар хонаҳои худ қарор дошта бошед ва аҷри бузургтарин ҷиҳодро соҳиб гардед? Пас, то охир бихонед ва амал кунед!

Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ яке аз бузургтарин мақому манзалатҳоест, ки ҳар марди мусалмони бо имон ва ғаюру шуҷоъ мехоҳад ба он сазовор бошад. Аммо бисёре аз мо огоҳӣ надорем, ки ҷиҳоди аз ҳама бузургтар дар назди Аллоҳ кадом намуди ҷиҳод аст?

Оё медонед, ҷиҳоди бидуни силоҳе дар ислом вуҷуд дорад ва он гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳ ё президенти золиму ситамгар мебошад?  

Онҳое, ки дорои илму дониш ҳастанд, танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз Аллоҳ битарсед ва аз марги сунъие, ки қаррор доред, берун оед. Онҳое, ки дониши фаровон дар ин маврид надоранд,  хоҳиши ин ҷониб аз азизон ин аст, ки танҳо бихонанд ва амал намоянд.

Мақоларо бо ин ҳадиси шариф оғоз менамоем.

 

عن أبي سعيد الخدري قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم

(أفضل الجهاد كلمة عدل عند سلطان جائر أو أمير جائر)

(وفي رواية: حق)

 

Аз Абусаъиди Хударӣ (раз) ривоят шудааст, ки  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Беҳтарин ҷиҳод ин гуфтани сухани адл (дар ривояти дигаре ҳақ) назди подшоҳи ситамгар (золим) ё Амири золим аст” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Абудовуд 124\4344)

Инчунин дар ин бора, дар ҳадиси дигаре омадааст:

 حديث أبي أمامةيرويه صاحبه أبو غالب عنه قال

عرض لرسول الله صلى الله عليه وسلم رجل عند الجمرة الأولى فقال : يا رسول الله أي الجهاد أفضل ؟ فسكت عنه , فلما رمى الجمرة الثانية سأله , فسكت عنه ,

فلما رمى جمرة العقبة وضع رجله في الغرز ليركب , قال : أين السائل ؟ قال

 أنا يا رسول الله , قال : كلمة حق عند ذي سلطان جائر

أخرجه ابن ماجه ( 4012 ) و أحمد ( 5 / 251 , 256 ) و المخلص فيبعض الخامس من الفوائد( ق 260 / 1 ) و الروياني فيمسنده “ ( 30 / 215 / 2 ) و أبو بكر بن سلمان الفقيه فيالمنتقى من حديثه( ق 96 / 1 ) و أبو القاسم السمرقندي في جزء منالفوائد المنتقاة( ق 112 / 1 ) و ابن عدي ( 112 / 2 ) و البيهقي فيالشعب “ ( 2 / 438 / 1 ) من طرق عن حماد بن سلمة عنه . قلت : و هذا إسناد حسن , و في أبي غالب خلاف لا ينزل حديثه عن رتبة الحسن , و حديثه هذا صحيح بشاهده المتقدم و الآتي.

 

Ҳадиси Абуумома, ки онро рафиқаш Ғолиб аз ӯ ривоят кардааст. Гуфтааст:  Як марде аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) (албатта ин ҳодиса дар аснои ҳаҷ сурат гирифтааст) дар назди Ҷамараи якум (сангзадани шайтон) пурсид: Эй Расули Аллоҳ кадом ҷиҳод афзалтар аст? Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) сукут намуданд. Ҳангоме, ки ба Ҷамараи дуюм расиданд ин савол боз барояшон ироа шуд. Сукут намуданд (чизе посух надоданд) Ҳангоме, ки ба  Ҷамараи ақаба расиданд, он марди саволкунанда пойи худро дар эзангуи асп ниҳод, то савори асп шавад. Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пурсиданд: Куҷост саволкунанда? Гуфт: Ман ҳастам эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  фармуданд: “Сухани ҳақ назди подшоҳи ситамгар” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Ибни Моҷа, имом Аҳмад, Имом Насоӣ саҳеҳаш гуфтааст)

Шайх Муборакпурӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис,  дар Туҳфатул Аҳвазӣ мегӯяд: Яке аз бузургтарин ҷиҳод гуфтани сухани адл ё сухани ҳақ, яъне амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мебошад. Барои ба сӯи ҳақ баргардонидан, расонидани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золиму ситамгар, хоҳ бо роҳи гуфтан бошад ё навиштан раво дониста шудааст.

Хатобӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: “Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золиму ситамгарро барои он беҳтарин ҷиҳод гуфтаанд, ки таваккали шахси гӯяндаи сухани ҳақ пешгоҳи подшоҳи золим аз шахсе, ки дар роҳи Худо меҷангад, бузургтар аст.

Масалан, шахсе, ки бо душман меҷангад, намедонад оё аз ин ҷанг музаффар бармегардад ва ё кушта мешавад. Ҳамеша миёни хавф ва умед қарор мегирад. Яъне, муҷоҳид дар набарди низомӣ умеди зинда баргаштанро дар дил дорад.

Аммо шахсе, ки дар муқобили подшоҳ,  президенти золиме амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад ва ӯро ба сӯи ҳақ мехонад, ҷонаш дар хатар мешавад ва худро зери ҳадаф ё тири подшоҳ қарор медиҳад. Бо гуфтани сухани ҳақ пешгоҳи подшоҳи золим, эҳтимоли  ҳалок гаштанаш бештар аст. Аз ин сабаб гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золим беҳтарин ҷиҳод ба ҳисоб меравад. Инчунин имкон дорад, ки  бо шунидани сухани ҳақ подшоҳ ё президенти золим худро ислоҳ намояд ва мардумони зиёде, ки зери султаи ӯ зиндагонӣ мекунанд, аз зулму ситами ӯ наҷот ёбанд, ки ин хидмати бузург ба мардум, бо роҳи осоишта мебошад.”

Аллома Шанқетӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: “Бидон ва огоҳ бош, бузургтарин навъҳои амри маъруф ин гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳи золиму ситамгар аст”

Имом Нававӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯянд: “Бидонед ва огоҳ бошед, ки ин ҳадиси саҳеҳ аҳволи раъиятро(шаҳрвандон) дар баробари ситами султон баён дошта аст, ки он се ҳолат дорад ва ба ин ҳолатҳо  аҳамияти ҷиддӣ бояд дод!:

1. Доро будани маҳорати насиҳат кардан ба дигарон

 Тавонистан ё қодир будан ба амри маъруф ва боз доштанаш аз бадиҳо ва амалҳои хилофи шаръие, ки подшоҳ анҷом медиҳад. Ба ин шарт, ки пас аз ин насиҳат он подшоҳ аз ҳолате, ки пеш қарор дошт ба ҳолати бадтаре нагузарад. Насиҳат чуноне бошад, ки  агарчӣ насиҳат фоидааш накунад, зараре ҳам дар пай надошта бошад. Бояд насиҳат ба подшоҳ ё президент бо шевои некӯ ва лутф сурат бигирад. Агар ин навъи аввал имконпазир бошад,  барои ҳама раъият (шаҳрвандон) хело хуб ва судманд аст.

2. Дар ҳолати ночорӣ ва оҷиз будан аз расонидани сухани ҳақ бар подшоҳи золим, бояд ақалан қалбан амалҳои золимонаи ӯро бад дид. Агарчӣ норизоияти худро ба забон оварда наметавонед, бояд қалбан ҳамеша бадбини зулму истибдод бошед ва ҳеҷ гоҳ подшоҳи золимро дидаву дониста, таърифу тавсиф накунед. Огоҳ бошед, ки золим ҳар амали неке, ки анҷом медиҳад, барои рӯйпӯш намудани зулму истибдодаш аст. Бинобар, аз зулму шиканҷаҳояш болои мардум чашм пушида, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз ӯ таърифу тавсиф кард.  Аммо ин ҳам бояд донист, ки  ҳарчанд дар қалб бадбинӣ нисбати зулму истибдод вуҷуд дорад, сухани ҳақро нарасонида, сукутро ихтиёр намудан, нишони заифии имон аст. Аз ин рӯ ҳадди ақал барои мусалмононе, ки зери ҳукми чунин подшоҳ зиндагонӣ мекунанд, зарур аст, ки тибқи ин бахш амал намоянд. Таърифаш накунанд ва ба дӯст доштанаш ҳам, дигаронро даъват накунанд.

 

3.  Шахсоне, ки зери ҳукми чунин подшоҳ зиндагонӣ мекунанд ва ба амалҳои зидди шариатии ӯ розӣ мебошанд, бо ин подшоҳ ё раисҷумҳур дар гуноҳ шариканд ва муҷозоташон баробар аст.

Имом Нававӣ (раҳ) дар ин бахши севвум як ҳадисеро ҳам зикр намудаанд.

عن أم المؤمنين أم سلمة هند بنت أبي أمية رضي الله عنها : أن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال إنه يستعمل عليكم أمراء فتعرفون وتنكرون ، فمن كره فقد برئ ، ومن أنكر فقد سلم ، ولكن من رضي وتابع، قالوا يا رسول الله ألا نقاتلهم ؟ قال : ” لا ما أقاموا فيكم الصلاة  أخرجه مسلم فيصحيحه 

 Уммулмуъминин Умми Салама Ҳинд бинти Абуумая (раз) ривоят мекунанд, ки  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

“Амирон (подшоҳон, президентҳо) бар шумо раёсат мекунанд.  Медонед, ки бархе аз амалҳояшон бо шариъати ислом созгор ва мувофиқанд. Инчунин инкор мекунед бархе дигар аз амалҳояшонро, ки онҳо бо шариъат мухолифанд. Пас шахсе бад дид (амалҳои бади он ҳокимро) ба таҳқиқ аз гуноҳ раҳоӣ ёфт. Шахсе, ки инкор кард (амали мухолифи шаръияшро) ба таҳқиқ солим монд. (аз пурсиши Аллоҳ ва дар гуноҳ  шарики ӯ намебошад) Вале шахсе розӣ шуд, (ба амалҳои бади ҳоким) ва пайравӣ намуд, дар гуноҳ бо он ҳоким шарик аст. Пурсиданд: Эй Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) магар (бо чунин ҳокимон) наҷангем? Расули акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: То даме, ки бо шумо намоз барпо медоранд, наҷангед” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)

Хуб диққат кунед! Дар ин бахши охир муҳимтарин ҳолат баён шудааст. Муҳаддисин чандин шарҳ дар ин бахш намудаанд.

Бархе гуфтаанд, ки шарт намозгузории худи подшоҳ аст.

Бархе аз муҳаддисин иштироки подшоҳ дар намозҳои бо ҷамоат гуфтаанд.

Бархе дигар мамониат нишон надодани подшоҳ ё ҳоким ба гузоштани намоз ва фаолияти озодонаи масоҷид ва садои баланди азон гуфтаанд.

Онҳое, ки аз золимон ҳимоят мекунед, ба ин бахш диққат кунед. Ин ҳолат дар кишвари мо чӣ гӯна аст? Метавонед ба худатон савол диҳед ва посухашро ба худатон диҳед!

Ибни Усаймин (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис чунин гуфтаанд:

Беҳтарин ҷиҳод ва мубориза, ин гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳи золим аст.

Подшоҳон дар умум ду пӯшиш ё зери ду пардае қарор доранд. Пӯшиши бад ва пӯшиши нек.

Пардаи бад: Шахс нигоҳ мекунад ва зоҳиран майли подшоҳро пайгирӣ намуда, меомӯзад, ки чӣ мехоҳад. Сипас тибқи он амал карда, амале, ки бад аст онро бо суханони зебои ҳақ пардапӯш мекунад ва мегӯяд, ин кори хубе буд, ки анҷом додед. Чунин кори хуберо  то ба ҳол касе накарда буд. Бо ин суханон мехоҳад, то аз молу сарвати дунё барояш подшоҳ чизе бидиҳад. Яъне амалҳои мухолифи шаръро дар назди подшоҳ хуб ҷилва медиҳад, гӯё ин амалаш кори хуб ва дурусте аст, то хотири “ҷаноби олӣ” озурда нашавад ва барояш чизе бидиҳад. Чун обурӯй дораду соҳибилм аст, эшон ё шайхи маъруфе аст , подшоҳ мепиндорад, ки дар ҳақиқат кори хубе анҷом додааст.

Пардаи нек: Шахс нигоҳ мекунад ва ончӣ ризои Аллоҳ ва Расулаш (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар он аст, онро дар назди ҳоким мегӯяд. Ҳокимро ба роҳи дуруст ва ҳақ роҳнамоӣ мекунад. Ин равишро равиши накӯ ва солеҳ мегӯянд.

Шайх Ибни Усаймин (раҳ) чор ҳолати дигари хело аҷибро баён доштаанд:

  1.  Гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳ ё ҳокими одил, алабатта ин хело осон аст.
  2.  Гуфтани сухани ботил ва ноҳақ назди подшоҳ ё ҳокими одил. Ин хело хатарнок аст, зеро имкон дорад, ин шахс  он суханони ботиле, ки бо услуби зебо дар назди ҳоким баён мекунад, метавонад ҳокимро дар шак ва фитна  қарор диҳад.
  3.  Гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳ ё ҳокими золиму ситамгар ва ин беҳтарин навъи ҷиҳод аст.
  4. Гуфтани сухани ботилу хилофе дар назди подшоҳ ё ҳокими золиму ситамгар. Инҳам хело бад аст ва рехтани равған дар оташро мемонад.

Дар ин чор қисме баён доштам аз ҳама хубтару беҳтараш “Гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳи золиму ситамгар аст”

Муроҷиати ман ба дӯстоне, ки худро пайрави ин Аллома (раҳ) медонанд, инаст, ки дар баробари онҳое, ки сухани ҳақро пешгоҳи ҳокимони золим ва ситамгар баён медоранд, зиддият нишондиҳиро як сӯ монда, ақалан бо лаби муҳрзадаи худ таги баргҳо биншинед, то сухани ҳақ ба гуши золимон расонида шавад.

 

Ислом то ба мо чигуна омад?

 

Асҳоби киром (раз) беҳтарин афроде пас аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буданд. Саҳобагони гиром ҳомилони Қуръон ва Суннат пас аз вафоти Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба шумор мерафтанд. Дар расонидан ва интишори дини ислом ҳеҷ кутоҳие накарданд. Натиҷаи  заҳматҳои он ахтарон буд, ки  аҷдодони мо ба ин дин мушарраф гаштанд. Мо ҳамеша мадюни он ҷоннисориҳои эшон ҳастем. Аллоҳ аз онҳо розӣ ва хушнуд бод. Омин.

Агарчӣ асре, ки онҳо умр ба сар бурданд асри техника ва фановариҳо набуд, амалан, бидуни ҳеҷ камбудӣ масъулияти худро анҷом доданд ва комёб ҳам шуданд. Ба назди бузургтарин подшоҳони мустабид ва золими асрашон, чӣ дар шарқу чӣ дар ғарб ҳузур ёфта, сухани ҳақро барояшон бе тарсу ҳарос баён доштанд. Чӣ қадар сарҳои мубораки эшон аз дасти золимон буррида шуд, чӣ қадар шиканҷаҳои тоқатфарсоро золимон барояшон раво донистанд. Барои солҳои тулонӣ аз назди зан, фарзанд, ватан, наздиконашон хориҷ гаштанд, то ин вазифаи муқаддас – расонидани ин динро ба иҷро расонанд. Бисёре аз эшон дубора, ба хонаву кошонаи худ бар нагаштанд ва дар аснои иҷрои ин вазифаи муқаддас шаҳид гаштанд. Муҳим вазифаи худро бо ин ҳама мушаққатҳои тоқатфарсо анҷом доданд ва натиҷааш шарафёб шудани ману шумо ва дигар ҳамдинонамон ба ин дин дар ҳама ҳама гушаву канори дунё мебошад.

 

Мо дар чӣ ҳолатем?

Агар ин васоили имрӯзаи интернет, шабакаҳои иҷтимоъӣ, сабти навор, барномаҳои гуногӯни ҷолиби дигаре, ки мо ва шумо дорем, Асҳоби киром (раз) медоштанд, ҳатман ҳеҷ яке аз ин барномаҳоро бекор намегузоштанд ва онҳоро барои даъват ва гуфтани сухани ҳақ сарф мекарданд. Ҳоло мусалонони имрӯзии мо аз ҷонибдории сухани ҳаққе, ки мегӯем метарсанд, ки мабодо ман ҷонибдорӣ кунам ва зиндонӣ шавам. Мабодо ман ин мақоларо хонаму писандам, маро ба ҷавобгарӣ накашанд. Чунин агару магарҳое, ки худро бо ин ҳаёти дурӯзаи дунёи мафтункунанда фиреб медиҳанд. Баъзе ҷавонони дигар дар фикри рафтани ҷанг ба ину он кишваранд ва мехоҳанд дар роҳи Худо ҷангида, шаҳид шаванд. Ин ҳадисро нахонда будед магар, ки бузургтарин ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ин гуфтани сухани ҳақ дар баробари Президенти золим ва ситамгар аст? Агар даҳ ҳазор ҷавони бо имони тоҷик ҳамеша бо қаламҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаол бошанд, суханони ҳаққе, ки бародарони мубориз менависанд, дар баробари подшоҳи золим ҷонибдории ошкор намоянд, золим ҳатман шева, усули корӣ ва зулму ситамашро тағйир медиҳад. Ё осониҳое барои мусалмонон дар кишвар ҷорӣ мекунад. Аммо агар чунин тарсе дар вуҷуди ҳар яки мо ва шумо вуҷуд дошта бошад, ин золимон бо зулми худ идома медиҳанд ва рӯз ба рӯз вазъро вахимтар мекунанд.

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013 №3)

Моддаи 3. Озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма

1. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.

2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.

3. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар  воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд. 

4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.

5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.

Оё ин қонуне,ки порлумони кишвар ба тасвиб расонидааст,риояти онро мақомоти ҳукумати мекунанд? Пас, аз соли 2015 куллан ин қонун татбиқ намешавад, зиндонҳои кишвар пур аз онҳоеки маҳз барои танқид ё нақди ҳукумат ё пешво дар он қарор доранд,ҳеҷ ниёзе ба номбурдани он ҳама мазлумон нест.Пас, худатон қазоват кунед,мо дар чӣ гӯна кишваре зиндагонӣ мекунем.

Гуфтани сухани ҳақ дар шабакаҳо ва ҷонибдорӣ аз онҳо

Гуфтани сухани ҳақ дар шабакаҳои интернетӣ ё ҷонибдорӣ аз он суханҳо, оё метавонад ҷонишини гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золим бошад?

Бале, хуб медонем, ки дар асри ҳозир ҳар золиму ситамгаре  дар ҳама шабакаҳо бахшҳои иттилоотии худро доранд. Инчунин худашон ва наздикони он золимон ба ин шабакаҳо бевосита имкони ворид шуданро доранд ва ҳама ончӣ менависем ва ҷонибдорӣ мекунед, мехонанду огоҳанд. Ҳатман ин суханон ба онҳо мерасад.

Пас, шахсоне, ки дар ин ҷода фаоланд, бидуни ҳеҷ шакке ҳар рӯз бузургтарин ҷиҳод ва муборизаро дар роҳи Аллоҳ ба иҷро мерасонанд. Агар дар ин роҳи мубориза бар алайҳи подшоҳи золим кушта шаванд, шаҳиданд ва аҷрашон назди Аллоҳ аст. Чунки танҳо барои гуфтани сухани ҳақ кушта мешаванд на барои чизи дигаре.

Танҳо дар ин мақола ба гуфтани сухани ҳаққеки ба он ҳам динамон ва ҳам сарқонуни кишварамон, иҷозатамон додааст такя шудааст.

Намехоҳам суханро аз ин беш дар ин бора тулонӣ намоям, танҳо хоҳишам ин аст, ки барои кумаки ҳақ ва ҷонибдорӣ аз ҳақ кушиш кунед. Аз чизе натарсед ва донед, ки “Гуфтани сухани ҳақ дар назди президенти золим бузургтарин ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ аст” Ҳеҷ касе наметавонад инкор кунад, ки сухани ҳақ тавассути интернет ба он подшоҳи золим намерасад. Пас, дар гуфтани сухани ҳақ ҳаргиз натарсед. Мо силоҳе надорем, тиру туфанге надорем, сипоҳу артиш, ҳавопаймову  бомбе кумитаи амнияте надорем. Он чӣ бо худ дорем, Имони росих ба Аллоҳ ва пайравӣ аз паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст. 

Пас, аз гуфтану ҷонибдории сухани ҳақ ҳаргиз натарсед!

Аҷру подоши гӯяндаву нависанда ва ҷонибдор яксон аст!

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Пешниҳод ба муассиси “Ҷоизаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои саҳм дар рушди демократя

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат ва Раиси тоҷикони дар ба даре, ки дар ҳама ақтори олам муҳоҷиранд ва барои баргаштан ба ватан ва дидори наздикон орзӯӣ заволи ҳукмати ӯро доранд. Мо аз хадамоти Ҷаноби олӣ, хоссатан дар се соли ахир дар сутуҳем. Ҳаргиз миллати мо чунин пароканда ва парешон нашуда буд. Ҳатто дар солҳои 1992-1997 ин миллат чунин парокандагиро надида буд, ки ҳоло дар он қарор доранд.
Read More

Фармондеҳи «Ҷаллод»-и «Фронти Халқӣ» боздошт гардид

Агар хоҳед асоси режими кунунии кишварро ва ҷеҳраи ҳақиқии президенти ғайриқонунии кишварро беҳтар шиносед, бояд онҳоеро, ки ин режимро асос гузоштанду барояш ҷомаи конститутсионӣ ё қонуният пушонидаандро бишинохт.
Read More

МАЗОРИ СУЛФАИ КАБУДАК

Солҳои нав пош хӯрдани давлати шӯравӣ, номи магазинҳо мағоза шуда, аз мавод тамоман холӣ шуда, мағозаи бозича ҳам ба ким-кадом кооператив табдил ёфта, ному нишони бозичаҳои давлатӣ гум гашта буд. Он лӯхтакҳои бозёфти мазории ман хеле бомаҳорат сохта, ороста ва арзандаи бозӣ кардан буданд.