Оё зери по кардани акси Э.Раҳмонов ҷиноят аст?

Ислоҳ нет

 

Эътрофи созмонҳои байналмилалӣ аз ҷиноёти Раҳмонов

 

Дархости Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз Иттиҳоди Урупо алайҳи иддае аз мансабдорони Тоҷикистонро метавон шурӯъ ва ё нуқтаи оғози марҳалаи муҳокимаҳои байналмилалии режими Раҳмонов арзёбӣ кард. Ин созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз Иттиҳоди Урпо хостаанд,ки рӯихатеро назири рӯихати Магнитский ташкил ва мансабодорони тоҷикро,ки ноқизи пайвастаи ҳуқуқи башар ҳастанд, шомили он кунад ва муқобили онҳо ба таври фаврӣ таҳрим ҷорӣ намояд.

 

Дархости ин созмонҳо ба дунболи фишору таҳдидҳои мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон болои падар ва бародарони Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, ин фаъоли сиёсии паноҳанда дар кишварҳои ғарбӣ ба нашр расид. Мақомоти амниятии Тоҷикистон Фатҳуддин Саидмуҳиддинов ва духтари ӯ Фарида Саидмуҳиддинова “таҳқир”-и Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам мешуморанд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ин паноҳандаи тоҷик гуё дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Париж, ба ҳангоми сафари Раҳмонов ба Урупо акси Раҳмоновро лагадмол карда ва бо ҳамин қонунҳои Тоҷикистонро нақз кардааст. Дар ҳоле Фатҳуддин Саидмуҳиддин дар ин митинг бо мо буд ва ӯро хуб мешиносем ва ӯ чунин коре накарда буд. Ҳама огоҳед,ки яке аз аввалинҳо шуда аз ӯ дар мавриди дар рӯйхати сиёҳи БМТ қарор гирифтани номаш мусоҳиба намуда будам. Инчунин аз номи рамзияш дар Фейсбук,ки зери псевдоними Муҳаммади Одинабек мебошад ҳамаро огоҳ намудабудем.

 

Таййи чанд рӯзи охир падар ва бародарони Саидмуҳиддинов ро ба шӯъбаи амният ва дохила оварда таҳти таҳдид ва азияти равонӣ қарор дода шарт гузоштаанд,ки аз Фатҳуддин бихоҳанд то ба ватан баргардад ва барои ба гуфтаи мақомот ин ҷинояти содиркардааш посух гӯяд.

 

Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ шеваи бархӯрди мақомоти интизомии Тоҷикистонро нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон талаққӣ карда ва аз Иттиҳоди Урупо даъват ва дархост намудаанд,ки дар зудтарин фурсат барои ин аъмоли хашин вокуниши сазовор нишон бидиҳад.

 

Аммо қазияи Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, танҳо ҳолате нест,ки режими Раҳмонов болои хешу табор ва аъзои хонаводаи мухолифини сиёсиаш, онҳое,ки пиру барҷомондаанд, натавонистаанд тарки ватан кунанд, тазъиқ ва фишор оварда истодааст.

 

Бастагони паноҳандаҳои сиёсии тоҷик дар ватан имрӯз аз тарафи режими Раҳмонов ба як абзор ва василаи фишору зӯроварӣ бар муқобили паноҳанда ва рақибони сиёсӣ табдил ёфтаанд. Қаблан низ даҳҳо мавориди мушобеҳ иттифоқ афтода ва ҳатто ҳолатҳое шудааст,ки хоҳару модар ва ё зан ва ҳатто фарзандони ин паноҳандаҳои сиёсӣ зери азият ва озору таҳдидҳои пайваста, таҳқир ва тавҳин қарор гирифтаанд. Бар асари ҳамчунин фишору озорҳои ҷисмониву равонӣ бархе аз онҳо дучори маризиҳое назири сактаи қалб, фишорбаландӣ ва хунрезии мағзӣ шуда ҷон додаанд. Соли 2016 чунонеки шоҳиди он будем модари Абдусамад Абсаторв як паноҳандаи дигар,ки дар конфронси САҲА дар Лаҳистон иштирок намуда буд барои иштироки ӯ ба модараш фишор оварданд ва дар натиҷа аз олам гузашт.

 

Ҳамагон ёд доранд,ки таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ ва дахолати мустақими онҳо ва баландсозии садои расонаҳо дар саросари олам режими Раҳмонов маҷбур шуд Ҳамза-набераи Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҲНИТро барои табобат ба хориҷ аз кишвар розӣ бишавад. Дар ҳоле,ки дар ибтидо тамоми роҳҳоро барои ба хориҷ аз кишвар баровардани ин кӯдак розӣ нашуда ва ҳатто муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар баробари хабарнигорон эълон карда буд, ки маризии ин кӯдак шифонаёбанда аст ва зарурат ба табобати хориҷӣ надорад. Аммо имрӯз шукри Худо ин кӯдак ҳам шифо ёфт ва ҳам дар оғӯши хонаводааш мебошад.

 

 

Аммо падари Муҳиддин Кабириро аз ҳамчунин имконият маҳрум карданд ва ҳатто аз дохили тайёра фароварданд,ки ин пирамард натавонист аз кӯмаки табибон баҳраманд шавад ва ҳамин тавр дори фониро падруд гуфт. Ва ё духтари Шабнам Худойдодва, як фаъоли дигари сиёсиро,ки қиссаҳои талхи ӯ дар шабакаҳои маҷозӣ, то замоне,ки режим ва мансабдорони ҷинояткори вай розӣ нашуданд, ки вай ва момааш ба назди Шабнам оянд, ба мавзӯи меҳварӣ бадал шуда буд.Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар дар воқеъ дар ин росто корҳои шоистаеро ба субут расониданд.

 

Аз инҷост,ки даъво ва дархости Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ фоли некест дар амри оғози раванди муҳокима ва бозрасии аъмоли ҷинояткоронаи Раҳмонов ва дору дастаи ӯ дар сатҳи додгоҳҳои байналмилалӣ аст. Ба ҳамагон ошкор шудааст,ки Паймони миллии Тоҷикистон- иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар Урупо эълон карда буд,ки аъмоли ҷиноии Раҳмонов ва режими вайро дар ҳоли парванда сохтан аст.То онҷо, ки огаҳӣ дорем дар ин парванда асноди вобаста ба ҷароим ва ҷиноёти содиркардаи Раҳмонов тӯли 27 соли фаъолияташ гирдоварӣ шуда ва дар ҳоли такмилшавӣ аст. Аммо гуфта шуд,ки коршиносони худи ПМТ ва коршиносони муҷарраб ва ҳирфаии ҷалбшуда аз муассисаҳои ҳуқуқии урупоӣ ба ин натиҷа расидаанд,ки бояд парванда тасниф ва дастабандӣ бишавад. Барои ҳар кадоме аз ҷиноёт як парванда:

 

ҷароим ва ҷиноёти ҷангӣ дар як парванда ва дар ҷанд ҷилд,

ҷароим ва ҷиноёти сиёсӣ ва мудирият,

ҷароим ва ҷиноёти иқтисодӣ,

ҷароим ва ҷиноёт дар арсаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башар.

 

Мусаллам аст,ки Раҳмонов бо воситаи нерӯҳо(хоҷаҳо)-и хориҷӣ ва мудохилаи мустақими давлатҳои дигар бар сари қудрат омадааст. Роҳи ба қудрат расидани ӯ ҳам айни табаддулоти давлатӣ аст, ки ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро аз байн бурд.Раҳмонов,баъди онки раёсати Шӯрои олии Тоҷикистонро дар соли 1992 ишғол кард, бо истифода аз артиши давлатҳои бегона манотиқи Тоҷикистони мустақилро бомбаборон ва мусаббиби гуреза шудани садҳо ҳазор аз ҳамватанонамон гардид. Афсарони баландмақоми давлатҳои бегона,ки Раҳмоновро сари қудрат оварда буданд ҳоло “публично” бар ин ҷинояти худ эътироф карда истодаанд.

 

Аммо ҳоло истифода аз мавод ва муҳиммоти мамнуъа дар ҷангҳоро,ки Раҳмонов дар бомборони водии Қаротегин тавассути артиши кишварҳои бегона анҷом дода буд, касе ба гардан нагирифтаст. Инҷо наслкушӣ,генотсиди миллати тоҷик ба таври фаҷеъ сурат гирифта буд, ки сангинтарин ҷиноёти зиддибашарӣ ба шумор меравад ва ин парвандаи Раҳмонов,ки боз даҳҳо мавориди дигарро дорад мустақим дар трибунали ҳарбии Додгоҳи Гаага мавриди муҳокима қарор мегирад.Як нуктаи дигари муҳимми ин парванда истифодаи артиш барои саркӯб ва боздошти чанд нафар дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст,ки ба такрор сурат гирифта ва садҳо тан аз афроди мулкӣ дар ин вилоят дар пайи ин лашкаркашиҳо кушта шудаанд. Ҳатто афроде назири Аловуддин Давлатов ва Мирзо Зиёевро зинда боздошт карда ва сипас бо дастури бевоситаи Раҳмонов ба шаҳодат расониданд.

 

Ва,аммо дар бахши аввали парванди ҷиноёти сиёсӣ ва мудирият,дурусттараш суиимудирияти Раҳмонов нақзи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷой дода шудааст.Раҳмонов на танҳо мухолифини сиёсӣ,ҳамчунин давлатҳои кафил,созмонҳои байналмилалӣ, ба шумули СММро,ки тазминкунанди сулҳи тоҷикон буданд, фиреб кардааст. Раҳмонов бо нақзи санади сулҳ ва ба ҳошия рондани тарафи дигар ва дигарбора водор ба тарки ватан кардани онҳо даст ба хиёнати давлатӣ ва зиддибашарӣ задааст,ки беш аз ин дар бораи ҷузъиёти он ба хотири халал нарасонидан дар ҷараёни тафтишот сӯҳбат намекунем. Аммо дар ин парванда фурӯхтани 1000 километри квадратӣ замини Тоҷикистон ба Хитой аз қисмати ВМКБ ҳатман шомил карда шудааст. Зеро инҷо Раҳмонов ба чандин ҷиноёти гӯшношунид роҳ додааст. Аввал ин аст ки вай ин пора аз хоки вилояти МКБ-ро бидуни ризоияти вакилони Маҷлиси халқи ин вилоят ва низ бидуни баргузории раъйпурсии умумихалқӣ,ки талаботи Қонуни асосии кишвар мебошад, ба Хитой додааст.

 

Дигараш ҳам ин аст ки Раҳмонов ба унвони Президент,тамомияти арзии кишварро зери по гузошта ба хатои сиёсӣ ва хиёнати давлатӣ роҳ дод. Ин парванда ҳам ҳаҷман хеле бузург шудааст,ки мо дар як навишта маҷоли бозгӯии онро надорем.Вале дақиқ аст,ки Додгоҳ дар сайти худ онро нашр ва ба дастраси мардум мегузорад. Дар ин парванда ҳамчунин ба тааҳҳуд ва уҳдадориҳои давлат дар баробари ташкилотҳои ҷаҳоние чун СММ риоят накардани Раҳмонов низ мадорики фаровон ворид карда шудааст.Аз ҷумла кирдорҳои одамрубоии Раҳмонов ва куштори ҳарифони сиёсӣ дар хориҷа (М. Искандаров, У. Қувватов) барои муҳокима матраҳ хоҳанд шуд ва бидуни шак мавориди мушобеҳ ҳам инҷо зиёд аст,ки коршиносон мӯшикофона доранд таҳқиқ мекунанд.

 

Дар парвандаи ҷиноёт ва ҷароими молиявӣ ва иқтисодии Раҳмонов,қарордодҳои машкук ва зидимиллии вай бо ташкилот ва корхонаву муассисаҳои Ҷумҳурии халқии Чин, вогузории конҳои маъодини кишвар ба ин мамлакат,фурӯши шубҳаовари Талко-бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, маблағҳои аз ҳисоби давлат ва мардум ба сирқатбурдаи оилаи Раҳмонов ва суратҳисобҳои оффшории вай ва бархе дигар аз далоил дохил карда шудааст, ки ҳанӯз,то онҷо,ки аз гурӯҳи корӣ маълумот пайдо кардем, ҷамъоварии мавод барои ин парванда идома дорад.Ба манобеи молиявии Раҳмонов ва оилаи вай табдил додани сохтор ва инфрасохторҳо ва ҳатто арсаҳои давлатӣ,назири роҳҳои заминӣ,ҳавоӣ ва оҳан, хадамоти алоқа,Хадамоти БДА ва ғайра шомили ин парванда шудааст.

 

Дар мавриди ҷиноёт ва ҷароими арсаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари парвандаи ҷиноии Раҳмонов далелу мадорики фаровон зери дасти коршиносон қарор доштааст. Ҳамин ки бидуни кадом сабаб ва асос се навбат Қонуни асосиро иваз карда ва барои худаш ҳокимияти модомулумрро таъмин кардан як ҷинояти бисёр ҳам сангин ба шумор меравад. Зеро ин амал ҳам дар асоси қавонини дохилӣ, ки рӯирост суиистифода аз мансаби давлатӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва баробарҳуқуқии атбои Тоҷикистонро барои интихоб шудан ва интихоб кардан мебошад ва даҳҳо банду асли дигари қонунҳои дохилиро нақз кардааст ва ҳам бо мавозини байналмилалӣ дар муғойират ва мухолафат қарор дорад.Ва, низ бархе аз асноди ҳуқуқӣ ба мисли Қонун дар бораи танзими расму анъана, Қонун дар бораи озодии виҷдон ва Қонуи конститутсионӣ(?) дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат ҳамчун намунаи рӯшани нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз сӯи Раҳмонов ба унвони раиси ҷумҳурӣ мавод ва мадраки ин парванда мебошанд. Инҷо низ аз аъмоли ҷинояткоронаи Раҳмонов метавон садҳо мисолеро аз ин парванда гирифту навишт, аммо бо ҳамин ду,се нукта иктифо кардем.

 

Ва,аммо ин нуктаро бояд тазаккур бидиҳам,ки новобаста аз онки Раҳмонов бастагон ва наздикони мухолифини сиёсиашро таҳти фишору таҳҷиру азобу уқубат қарор медиҳад, дониста бошад,ки ПМТ ва муборизаҳои он беш аз пеш тақвият ва таҳким меёбад.Тӯли ин чанд соле,ки ҳамватанони ба ночор ҷалои ватан карда ва мақоми паноҳандагӣ дар Урупоро дарёфт карда фаъолиятҳои сиёсии худро идома додаанд,новобаста аз онки бастагон ва наздикони онҳо дар ватан мавриди интиқом ва ниқори ноҷавонмардони Раҳмонов ва дору дастааш мешаванд.Мавридҳое назири озору азияти падар ва бародарони Фатҳуддин Саидмуҳиддинов дар тӯли ин чаҳор-панҷ сол хеле зиёд буданд. Дар ин миён хешу табор,додару хоҳар, падару модар, зану фарзанди Маҳмудҷони Файзираҳмон, Ҷанатуллоҳи Комил, Бобоҷони Қаюм, Абдусаттор Бобоев, Муҳаммадзариф Сайдов, Шӯҳрати Раҳматулло,ки дирӯз ҳама шоҳид будед хоҳараш Нилуфар Раҷабоваро даҳсоат боздошт намуданд ва ба ин хоҳар корманди баландпояи ШВКД Сино-2 Подполковники милеса Истамзода Машраф Истамӣ чӣ гуфтааст: “Ту зан нестӣ, ту худозадаи, ту иғвогарӣ ва ӯро бо мушт задааст ва барои кори хабарнигори бародараш таҳқир ва тавҳинҳо намудааст”инҳама барои чӣ аст?

 

Ҷиноятҳои дигари ин режим ҳама рӯза алайҳи наздикони мухолифин идома дорад ва даҳҳову садҳо тани дигарро Раҳмонов ва режими вай мавриди тавҳину таҳқир ва озори ҷисмониву равонӣ қарор доданд. Аммо чизе иваз нашуд. Баракс,ин Раҳмонов ва режими зиддимардумиаш аст ки шарманда ва шармсор мешавад ва дар ниҳоят амсоли даҳҳо ҷинояткори давлатӣ ба сазои аъмолаш хоҳад расид.

 

Даъват ва дархости Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ муҳимтарин, заруритарин, боаҳамияттарин, пурсавобтарин ва ҷиддитарин иқдоме аст,ки пиёда кардаанд. Иншоаллоҳ, ки ин “бисмиллоҳ”-и кор ва оғози ҷалби таваҷҷӯҳ аст.Ончи барои Тоҷикистон таъхирнопазир ва фаврист, ин аст ки ин таҳрим ва ин феҳрист машмули ҳоли Раҳмонов бишавад,ки тамоми бадбахтиҳо, бадрӯзиҳо,бадвазъияҳо зери сари ӯст.Ва,дар садри феҳристи таҳрим бояд номи Раҳмонов навишта бишавад.Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар,аҳзоби сиёсӣ ҷомеаи кишвар,так-таки атбои тоҷик бояд ҳамин гуна тақозоро барои халосӣ ва наҷот аз дасти Раҳмонов,оилаи вай ва системаи қабилагароии ё халос баён бисозанд.Давлат ва ҳокимияти ба халқи тоҷик тааллуқдошта аз дасти як қабила, аз дасти як авлод ва аз дасти як хонавода гирифта шавад ва ба худи мардум супорида бишавад.

 

Share This Article