Озодӣ барои мардуми тоҷик зараровар аст !

Ислоҳ нет

Озодӣ барои мардуми тоҷик зараровар аст !

(Оё тоҷики тоҷдор ва озод ба ин таҳқир розӣ шуда метавонад?)

Рӯзи 9 январ дар нишасти ҳабарии Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ду таҳлилгари асосии ҳукумат Худойбердӣ Холиқназарзода ва Сайфулло Сафаров озодӣ ва гуногунандешии, ба таъбири онҳо, беш аз ҳадро барои Тоҷикистон хатарзо ба қалам доданд.

Бино ба гузориши ҳабаргузории “Озодагон”, раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ Ҳудойбердӣ Ҳолиқназарзода аз ҷумла гуфт, “баъзе аз фаъолиятҳои ғаразолуди расонаҳо нисбат ба давлат ва сардори давлат ва ҳамчунин дар зеҳнҳо эҷод кардани демократиябозӣ хуб нест. Ӯ бо зикри баҳои қимати сулҳ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки гуногунандешии аз ҳад зиёд метавонад ҳифзи сулҳро мушкил кунад. Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар ҷангҳо дар Ҳовари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.”

Бино ба ин манбаъ, ҳамин тавр, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров гуфтааст, дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд ҳатар дорад ва ба рушди кишварҳо ҳалал мерасонад.

Таърих гоҳо такрор мешавад,ончӣ ин ду “сиёсатмардори баландпояи кишвар” кормандони МТС раис ва муъовин изҳор доштанд.Маро ба ёди Муҳосираи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар охири соли ҳафтуми аз биъсат дар макка бурд. Онҳо чигӯна Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) ва мусалмоншудагонро дар муҳосираи шадид қарор дода буданд.

Мехоҳам он мақтаъи таърихиро комил инҷо рӯйи коғаз биорам,то хонандаи нуктасанҷ худаш хулосаашро барорад.Бидонад,ки то он вақте имон дорад ба Аллоҳ ва мусалмон мебошад, ҳамеша бар алайҳаш чунин таҳримҳо идома меёбанд.Аз чунин ранг гирифтани кор ҳаргиз маъюс ва ноумед набошад.

Меравем суроғи сафаҳоти сират ва чигӯна як наво будани он бо имрӯз.

Чун мушрикони Қурайш сабр ва бурдбории Паёмбари Худо (с) ва мусалмононро дар баробари озор ва азияташон ва пофишории мусалмонон бар даъват ба сўи Худо ва мунташир сохтани Ислом дар миёни қабилаҳои атрофро медиданд, хашм ва ғазабашон меафзуд. Бинобар ин, онҳо озорҳои худро афзоиш доданд ва аз рўи ситам ва адоваташон нисбати Паёмбари Худо ва саҳобагон ва он дастаи аз хешовандонашонро, ки бо онҳо ҳамдардӣ менамуданд, дар муҳосираи иқтисодӣ ва маънавӣ қарор доданд ва ба ин сурат озору шиканҷаи онҳо болои мусалмонон ба авҷи худ расид.

Имом Зўҳрӣ мегўяд: «Озору шиканҷаҳои мушрикон бар мўъминон бештар мегардид то ин, ки мусалмонон шадидан зери фишор қарор гирифта ва дучори машаққат шуданд ва қабилаи Қурайш дар тавтиачинӣ ба ин натиҷа расиданд, то Паёмбари Худо (с)-ро ошкоро ба қатл бирасонанд. Абўтолиб вақте аз тасмими Қурайш огоҳ гардид, Бани Абдулмутталибро ҷамъ овард ва ба онҳо дастур дод то Паёмбари Худоро ба маҳаллаи худашон баранд ва аз дасти касоне, ки мехоҳанд ўро ба қатл бирасонанд, ҳифозат намоянд. Ҳама афроди қабилаи Бани Абдулмутталиб, мусалмон ва кофирон бар асари таассуби қавмӣ ва ё ангезаҳои имонӣ бар ин раъй иттифоқ карданд ва пуштибонии худро аз Паёмбари Худо эълом намуданд. Чун Қурайш аз ҷамъият ва якдастагии Бани Абдулмутталиб огоҳ гардид, бар ин иттифоқ намуд, ки бо Бани Абдулмуталлиб ҳамнишинӣ накунанд ва бо онон муомила нанамоянд ва то замоне, ки Паёмбари Худоро ба қасди қатл ба онон таслим нанамоянд. Онон ин тавтиаи худро дар паймонномае навиштанд. Дар он нома паймонҳо ва тааҳҳудоте қайд шуда буд ва ин ки ҳаргиз роҳи дигаре барои оштӣ бо Бани Ҳошим вуҷуд надорад ва Қурайш ҳеҷ муҳаббате нисбат ба онҳо нахоҳад кард, магар инки Муҳаммадро ба Қурайш таслим намоянд то онҳо ўро ба қатл бирасонанд.»

Чуноне мебинем дар ҳоли ҳозир ин корро нисбати афроди озодандеш анҷом медиҳанд.Мехоҳанд бо ҳар роҳе набошад онҳоро ё хомӯш намоянд ва ё зиндони намоянд.Яъне ин кори имрӯза амалкарди тозае набудааст ва аз асрҳои пеш,то ба имрӯз идома дорад.

Ва дар ривояте омадааст: «….. ва аз онҳо касеро никоҳ накунанд ва ба никоҳи онҳо касеро иҷозат надиҳанд. Бо онҳо чизе хариду фурўш нашавад ва нагузоранд, то ба онҳо рўзие бирасад ва аз онҳо сулҳ пазируфта нашавад. Шафқату нармиш ва сўҳбату ҳамнишинӣ бо онҳо манъ аст ва касе ба хонаҳои онҳо набояд рафту омад кунад, то вақте ки Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам)ро ба мо таслим накардаанд». 
Чунин паймоне бастанд ва он аҳдномаро дар Каъба овезон карданд. 
Намехоҳам ин мақтаъи аҳдномаро шарҳ диҳам зеро бандҳояш сад дар сад бо тақдири озодандешони тоҷик монанд ва мутобиқ аст.

Бани Ҳошим дар маҳаллаи худ се солро бо тамоми сахтиҳо пушти сар карданд ва дар шароити бисёр сахт ва душвор зиндагӣ мекарданд. Қабилаи Қурайш бозорҳои хўрок ва маводи ғизоиро ба рўи онҳо бастанд. Ҳар навъ хўрданӣ ва пўшидание, ки ба Макка ворид мегардид, мушрикон пешдастӣ намуда онро мехариданд то ба ҳеҷ василае ба онҳо нарасад ва ҳадафашон ин буд то шояд роҳ ва василае барои ба қатл расонидани Муҳаммад (с) барояшон муяссар гардад.

Шаб, ҳангоме ки мардум ба бистарҳои хоб мерафтанд, Абўтолиб Паёмбари Худоро водор менамуд то ў низ бихобад, сипас вақте дигарон низ мехобиданд Абўтолиб яке аз фарзандон, ё бародарон ва ё амакзодаҳояшро мефиристод, то дар бистари хоби Паёмбари Худо бихобад ва ўро ба бистари дигаре мефиристод.

Инро ҳушёри ва тадобири амнияти мегӯянд,то мабодо аз дасти мақомоти қудрати Абуҷаҳл ба писарбародараш озоре расад.Ин амалкардҳам барои ҳар озодандеши тоҷик чизи наве нест зеро,то берун шудан аз кишвар чунин рӯзҳо ва шабҳоро низ гузаронидааст.

Муҳосираи мушрикон бар Бани Абдулмутталиб ва Бани Ҳошим ва дигар саҳобагон чунон бештар гардид, ки мўъминонро водор месохт то ба хўрдани барги дарахтон даст бизанананд. Ҳатто корашон то ҷое кашид, ки баъзе аз онҳо ними шаб чун барои қазои ҳоҷат берун меомад ва зери пояш шараққоси пўстпораи хушкшудаи шутурро ҳис менамуд, онро гирифта бо об мешўст ва месўзонид ва онро куфтаву соида бо об фурӯ мебурд, то чанд рўзе худро бо он қувват бахшад. Ва ҳатто, ки овози тифлони Бани Ҳошим, ки аз гуруснагӣ фарёд мезаданд, ба гўши Қурайш мерасид. Ва чун се сол сипарӣ шуд, Худо бар мардумони шарофатманди Қурайш муқаддар сохт, то он аҳдномаро бишкананд. Ва касе, ки ин инқилоби дохилиро барои шикастани аҳднома пеша намуд, Ҳишом ибни Амри Ҳошимӣ буд, ки ба назди Зуҳайр ибни Абўумаяи Махзумӣ писараммаи Паёмбари Худо (с), ки модараш Отика ибни Абдулмутталлиб буд, рафт ва ба ў гуфт: «Эй Зуҳайр! Оё туро аз ин хуш меояд, ки дар хона нишаста таому шароб меошомӣ ва занонро никоҳ мекунӣ ва бародарони модарат аз таому шароб маҳрум гаштаанд. Касе бо онҳо хариду фурўш намекунад ва ба онҳо никоҳ намекунаду аз онҳо зан намегирад?».

Зуҳайр гуфт: «Эй Ҳишом, чӣ чизе аз дасти ман меояд?
Ман танҳо ҳастам. 
Савганд ба Худо, агар каси дигаре бо ман мебуд, барои шикастани ин аҳднома бармехостам!».
Ҳишом гуфт: «Ту аллакай марди дигареро пайдо кардаӣ». Зуҳайр гуфт: «Кист он?». 
Ҳишом гуфт: «Ман». 
Зуҳайр гуфт: «Пас шахси сеюмро пайдо кунем».
Ҳишом ба назди Мутъим ибни Адий рафт ва ба ў гуфт: «Эй Мутъим! Оё розӣ ҳастӣ, то қабилае аз Бани Абдуманоф пеши чашми ту ҳалок гардад ва ту тамошобин бошӣ?». 
Мутъим гуфт: «Марги ту, мани танҳоро чӣ кор аз дастам меояд?». 
Ҳишом гуфт: «Шахси дуюмро бароят пайдо намудаам».
Мутъим гуфт: «Кист?». 
Ҳишом гуфт: «Ман».
Мутъим гуфт: «Пас шахси сеюмро пайдо кунем!».
Ҳишом гуфт: «Пайдо намудаам».
Мутъим гуфт: «Он шахс кист?». 
Ҳишом гуфт: «Зуҳайр ибни Абўумая».
Мутъим гуфт: «Пас шахси чорумро пайдо кунем».
Ҳишом ба назди Абўбухтурӣ ибни Ҳишом рафт ва ба ў мисли суханҳои ба Мутъим гуфтаашро гуфт.
Абўбухтурӣ гуфт: «Оё касеро пайдо хоҳем кард, ки моро дар ин кор дастгирӣ намояд?». 
Ҳишом гуфт: «Бале, Зуҳайр ибни Абўумая, Мутъим ибни Адий ва ман».

Абўбухтурӣ гуфт: «Пас шахси панҷумро пайдо кунем!».
Ҳишом ба назди Замъа ибни Асвад ибни Мутталиб ибни Асад рафт ва бо ў сухан гуфту риштаи қаробат ва ҳаққи хешу таборӣ доштанашонро зикр намуд.
Замъа гуфт: «Оё дар ин кор каси дигаре ҳаст, ки моро кўмак намояд?».
Ҳишом ҷавоби мусбат доду ҳама касони ба ин кор розигӣ додаро ном бурд.

Пас, онҳо шабона болои кўҳи Ҳаҷун (кўҳест дар Макка) ҷамъ омада ва тавофуқ намуданд, ки аҳдномаро бишкананд. Зуҳайр гуфт: «Ман аввалин касе хоҳам буд, ки дар ин мавзўъ сухан мегўям». Чун субҳ шуд, ҳама ба ҷойҳои худ баргаштанд ва Зуҳайр субҳгоҳ гирди хона ҳафт мартаба тавоф намуд ва пас аз он рўй ба мардум намуда гуфт: «Оё мо худ мехўрему мепўшем ва Бани Ҳошим аз гуруснагӣ ҳалок мегарданд ва касе бо онҳо хариду фурўш намекунад? Савганд ба Худо, то ки ин аҳдномаи золимона пора-пора нашавад, ман нахоҳам нишаст!». Абўҷаҳл, ки дар як тарафи масҷид буд, гуфт: «Дурўғ мегўӣ, савганд ба Худо, ки ин аҳднома пора карда намешавад!».

Замъа ибни Асвад гуфт: «Савганд ба Худо, ки ту дурўғ мегўӣ! Вақте ин аҳднома навишта шуд, мо ҳаргиз ба он розӣ набудем».
Абўбухтурӣ гуфт: «Замъа рост мегўяд, ба ончи, ки навишта шудааст, мо розӣ нашудаем ва онро тасдиқ ҳам нахоҳем кард».
Мутъим ибни Адий гуфт: «Рост мегўед ва касе, ки ғайри инро гуфтааст, дурўғ мегўяд. Мо, савганд ба Худо, аз ин гуна аҳднома безорӣ меҷўем». Ҳишом ибни Амр низ чунин гуфт.
Абўҷаҳл гуфт: «Ин қазияест, ки он шабонгоҳ дар ҷои дигаре тарҳрезӣ шудааст».

Кумитаи истихборотии ё Амниятии Абуҷаҳл аз ин хабар огоҳ шуда буд вале коре накарданд,то оромии мардумро халалдор намоянд.Имрӯзҳо агар лозим шавад панҷ нафар не ҳазорҳо нафарро мекушанд.Кай парво доранд ороми халалдор мешавад ва фардо чӣ гап мешавад.Муҳим имрӯз қудрат дорам бояд ҳарчӣ дилам мехоҳад анҷом диҳам.Ин хело шиъори ғалат ва нопойдор аст.Он қотилон ҳатман барои ин амалкардашон посӯх мегӯянд.

Абўтолиб дар гўшае аз масҷид нишаста буду сухан намегуфт.
Мутъим ибни Адий аз ҷой бархост, то он саҳифаро пора намояд, аммо кирмҳо ғайр аз «Бисмикаллоҳумма» бақияи онро хўрда буданд.
Ин мақтаъи сират аз чӣ дарак медиҳад аз безор шудан ва дигар хаста шудан аз чунин зулму ситаме бар алайҳи онҳо мушрикони Қурайш мекунанд.Ин мақтаъҳам барои тоҷик нофаҳмо нест ва ниёз ба шарҳу тафсирҳам надорад.

Ибни Ҳишом мегўяд: «Бархе аз аҳли илм фармудаанд, ки Паёмбари Худо (с) ба Абўтолиб гуфтааст: «Эй амак! Парвардигорам кирмҳоеро бар он саҳифаи Қурайш мусаллат сохта, ки ғайр аз номи Аллоҳ ҳамаи онро хўрдаанд ва зулму бўҳтонеро, ки он ҷо навишта шуда буд нобуд кардааст».

Абўтолиб гуфт: «Оё парвардигорат туро аз ин хабар дода аст?» Паёмбари Худо (с) гуфт: «Бале».
Абўтолиб гуфт: «Савганд ба Худо, ҳеҷ кас набояд назди ту дохил шавад (то ман биёям)». 
Пас ба сўи Қурайш берун шуд ва гуфт: «Эй ҷамоаи Қурайш! Писари бародарам дар мавриди саҳифаи навиштаатон чунину чунон мегўяд, пас саҳифаи худро биёред, агар чунон бошад, ки писари бародарам мегўяд, пас ин аҳдномаи худро пора кунед ва моро ба ҳоли худ бигзоред ва агар дурўғ бошад, ўро ба шумо таслим хоҳам кард». 
Мардум гуфтанд: «Мо розӣ ҳастем». 
Чун саҳифаро ҳамон гуна, ки Паёмбари Худо (с) гуфта буд дарёфтанд, бадбинии мушрикон бештар гардид, аммо гурўҳе аз Қурайш барои бекор кардани аҳднома бархостанд ва онро лағв намуда муҳосираро аз онон бардоштанд.

Дар охир ҳатто он мушрикони қурайш вақте диданд панҷ шаш нафар аз дохилашон ин амалкарди инҳоро зулм медонанд,таҳримро бар алайҳи мусалмонон қатъ намуданд.Вале чунонеки мушоҳида менамоем,касе гӯяд ин озодандешон гуноҳ надоранд гуноҳ дар сиёсати пешгирифтаи шумост.Ҳатман барояш ҳукми абад содир мегардад,ки инро намедонам чигӯна шарҳ бидиҳам.Мушрикони макка бо мурувваттар аз ҳукуматдорони бо ном мусалмони кишваранд?
Умар ибни Хаттоб (раз) фармудааст:
“Аз кай мардумро ғулом намудаед дар ҳолеки модарҳояшон онҳоро озод ба дунё оварда буд?”
Умедаст ин баёнияи бе мантиқонаи ду мақоми баландпояи ҳукуматиро бо ин мақтаъи сират тавониста бошам рабт бидиҳам.Инчунин набояд тоҷик ғулом бошад ва озодиҳояшро аз ӯ бигиранд ва ӯ хомӯш бошад!
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Пайнавишт-Маъхазҳо

1) . Зоҳирату-л-ирҷо, д. Сафар Ҳаволӣ, 1\50.
2). Баҳри тафсилоти бештар дар бораи қиссаи Шиъб ва баёни он ба Далоилу-н-нубувва, 2\80, 85 ва Сирату-н-набавия- Ибни Касир, 2\43, 72 ва Сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом, 1\375, 376 ва Равз, 2\101, 129 нигоҳ карда шавад.
3). Сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом, 1\350. Зоду-л-маъод, 2\46. Ал-комилу фӣ-т-таърих, 2\87.
4) . Фиқҳу-с-сирати-н-набавия, Ғазбон, саҳ. 180.
5). Сирату-н-набавия, 1\377.

Share This Article