Озодии як фаластинӣ аз зиндони саҳюнистон баъди 22 сол

Ислоҳ нет

Айёд Абуҳошим, асири Фаластинии аҳли Ғазза, ки 22 сол инҷониб дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебурд, рӯзи ҷумъа, 1 март тавассути  гузаргоҳи Байти Ҳонун вориди Ғазза шуд.

Айёд Абуҳошим,  соли 1997 дар гузаргоҳи Рифоҳи Ғазза  ҳангоми ҳамла ба маъмурони саҳюнистӣ, бо чоқу ба муқобила бо онҳо бархост ва як маъмури саҳюнистро захмӣ кард.

Тавре хабаргузори maannews менависад, ин асири Фаластинӣ мебоист то моҳи гузашта озод шавад, аммо саҳюнистҳо ба баҳонаи ин ки вай ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аҳли Фаластин буданро надорад, аз озод кардани худдорӣ карда буданд. Ҳол он ки бо сабаби дар ҳолати низомӣ нигаҳ доштани ин сарзамин аксарияти мардуми ин кишвар ҳатто наметавонанд, шаҳодатнома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд. Ҳатто гузарнома гирифта, ба хориҷ сафар карданашон амри муҳол аст.

 

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол тибқи талаботи қонуни Исроил, нафаре, ки берун аз борикаи Ғазза таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии Исроил дода намешавад. Танҳо яҳудиён метавонанд дар миқёси Фаластин берун аз борикаи Ғазза шаҳрванди қонунӣ бошанд.

Барои фаластиниҳои берун аз борикаи Ғазза, хусусан атрофи Байтулмуқаддас  танҳо як маълумотномаи тасдиқкунандаи шахсият бо ҳуқуқи истиқомати доимӣ дода мешавад. Бар замми ин шиносномаи кишвари Урдунро фаластиниён танҳо барои рафтуомад ба хориҷ гирифта метавонанд. Дар асл бошад, фаластиние, ки дар шаҳри Байтулмуқаддас зиндагӣ мекунад, шахси бешаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, на шаҳрванди Исроил аст, на шаҳрванди Урдун ва на Фаластин. Ҳуқуқи як фаластинӣ дар сарзамини худаш камтар аз як муҳоҷир мебошад.

Ҳар фаластиние, ки зиёда аз муддати муайян дар хориҷ ба сар мебарад ва ё чанд муддат дар Байтулмуқаддаси ғарбӣ зиндагӣ мекунад, ӯро аз даст додани  муҷаввизи иқома, таҳдид мекунад.

Бо ин зургӯӣ саҳюнистҳо шароити зиндагии қонуниро ба фаластиниён то ҳадде танг намудаанд, ки ҳато аз як зиндонии солҳои тулонӣ дар асорату зиндонбуда, ҳарчанд мӯҳлати иҷрои ҷазо ба поён расидааст, наметавонад озод шавад. Талаботашон инаст, ки то пайдо шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Фаластин, бояд дар зиндон бимонад.  

Бино ба маълумотҳо аз соли 1967 то ба имрӯз Исроил муҷаввизи иқомаи доимии зиёда аз 14000 фаластиниро бекор намудааст.

Тибқи эъломи бошгоҳи  асирони Фаластинӣ фақат дар моҳи  январи ҳамин сол нерӯҳои саҳюнистӣ, 509 Фаластинӣ аз ҷумла 89 кӯдак ва ҳашт занро дастгир карданд.

 

То 31 январи соли ҷорӣ теъдоди  асирони Фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, 5700 тан аз ҷумла 48 зан ва 230 кӯдак будааст. Ҳамчунин то ин таърих 500 нафар низ дар боздоштгоҳҳои саҳюнистҳо ба сар мебурданд ва бархе аз онҳо моҳҳо ва солҳост, ки мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд.

 

Share This Article