Озор ёфтани майит аз ҳамсояи бад дар қабр (бахши дуввум)

Ҳалокӣ бод бар ту, эй фарзанди Одам, чӣ чиз туро ба ман мағрур сохт? Оё надонистӣ ки ман хонаи фитна ҳастам, хонаи торикию хонаи кирмҳо ҳастам, чӣ чиз туро мағрур месохт, чун бар рўи ман қадам мегузоштӣ»?

Озор ёфтани майит аз ҳамсояи бад дар қабр

(фишори қабр,навҳа барои майит)

(бахши дуввум)

«Ҳақиқати озор ёфтани майит аз ҳамсояи бад чист? Оё дар хабарҳои мўътамад ва боварибахш чизе ворид шудааст, ки онро тасдиқ кунад?»

 

Аз Молик ибни Анас аз Амакаш Нофеъ ибни Молик аз падараш аз Абуҳурайра (р) ворид шудааст, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармудаанд: «Мурдаҳои худро дар байни қавми некўкору солеҳ дафн кунед, зеро майит аз вуҷуди ҳамсояи бад озор меёбад».

(Ал-мақосиду-л-ҳасана (43).)

Агар инсон дар ҳаёти дунёи фонӣ аз вуҷуди ҳамсояи бад озор бинад, пас ба таҳқиқ дар ҳаёти боқӣ ва доимӣ бештар озор мебинад ва эҳсоси тангӣ мекунад.

Шояд ин озор бинобар он бошад, ки майит аз он чи ҳамсояи бадаш гирифтор мешавад, шафқат ва раҳматаш омада, ноором мегардад, Аммо касоне ки ба ин боваранд, ки касе бори дигареро мебардорад, эшон «ғулув» – зиёдаравӣ дар раъйи худ кардаанд, зеро гуфтаи онҳо хилофи хабарҳои сареҳу ошкор аст, ки дар Қуръони карим ва аҳодиси мутавотир ворид шудаанд.Аммо дар умум дар ин маврид ҳадиси саҳеҳе пайдо накардам,то ин масъала равшантар гардад.Муҳим ҳар шахс бояд дар қабри алоҳидае дафн гардад хуб аст.Ҳадисе аз Абунаъим дар Ҳиля овардааст бо ривояти Абуҳурайра(раз) далолат кунандаи он аст,ки мурдаҳоятонро дар миёни қавми солеҳ дафн кунед зеро мурда озор меёбад аз ҳамсояи бад мисли зиндаҳо.Ин ҳадисро заъиф мегӯянд ва ба он истидлол намекунем.

 

Каломи қабр барои соҳибаш ҳангоме, ки дар он гузошта мешавад

«Гуфта мешавад, ки қабр бар соҳиби худ ҳине ки дар он гузошта шавад, сухан мегўяд ва дар ин масъала ихтилоф вуҷуд дорад, пас оё ин ҳақиқат дорад? То кадом андоза ин саҳеҳ мебошад?»

 

Дар «Саҳеҳ»-и Тирмизӣ аз Абусайиди Худрӣ ривоят аст, ки мегўяд:

Расули Худо (с) бар намозгоҳ дохил шуда, мардумро дид, ки бисёр сухан гуфта истодаанд, пас фармуд: «Аммо (беҳтар мебуд) агар шумо бисёртар шиканандаи лаззатҳо – мавтро ба ёд меовардед, зеро ҳақиқат ин аст, ки ҳар рўз қабр ба сухан омада мегўяд: ман хонаи ғурбат ҳастам, ман хонаи хок ҳастам ва ман хонаи кирмҳо ҳастам. Пас ҳар гоҳе ки бандаи мўъмин дафн карда шавад, қабр ба ў мегўяд: марҳабо хуш омадӣ, чун шумо маҳбубтарин шахс будед, ки бар рўи ман роҳ мерафтед ва имрўз бар шумо даст ёфтам ва шумо ба сўи ман баргаштед, акнун хоҳед дид, ки бо шумо чӣ хоҳам кард? Пас, қабр ба андозаи дидани чашмонаш барои ў фарох мешавад ва даре аз биҳишт барояш кушода мешавад. Ва ҳар гоҳе ки бандаи фоҷир ё кофир дафн карда мешавад, қабр бар ў мегўяд: Хуш наомадӣ, шумо манфуртарин шахсе будед, ки бар рўи ман роҳ мерафтед, чун имрўз ба шумо даст ёфтам ва ба сўи ман омадед, хоҳед дид, ки бо шумо чӣ мекунам. Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Ўро чунон фишор медиҳад ва пахш мекунад, ки қабурғаҳояш ба ҳам медароянд».(Тирмизӣ (2460))

 

Ҳазрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) инро бо андохтани ангуштҳояш баъзеашро дар баъзеаш нишон дода фармуд:

Ва Худованд навад кирм ё наваду нуҳ кирмро бар ў мусалат мегардонад, агар яке аз онҳо бар рўи замин нафх кунад (яъне бидамад), то вақте ки дунё вуҷуд дорад, чизе наруяд.Пас он кирмҳо гўшти ўро аз баданаш ҷудо хоҳанд кард, то ин ки ба машҳар ва ҳисобу китоб бурда шавад».

Абусаъиди Худрӣ гуфтааст: Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармуд:

«Дар ҳақиқат қабр боғчае аз боғи ҷаннат ё чоҳе аз оташи дўзах аст».(Ал-кашф (2/90))

Баъзе ҳофизони аҳодис инро заъиф гуфтаанд. Дар баъзе хабарҳо ворид шудааст: Худованд барои қабр забон меофарад, ки бо он мегўяд:

 

 «Эй фарзанди Одам, чи гуна маро аз ёдат баровардӣ? Оё надонистӣ, ки ман хонаи кирмҳо ҳастам, хонаи танҳоӣ ҳастам ва хонаи ваҳшату даҳшат ҳастам (Тазкираи Қуртубӣ (1/148))

 

Имом Қуртубӣ дар «Тазкира» мегўяд: Ҳангоме ки майит дар қабр гузошта мешавад, қабр ба ў мегўяд:

«Ҳалокӣ бод бар ту, эй фарзанди Одам, чӣ чиз туро ба ман мағрур сохт? Оё надонистӣ ки ман хонаи фитна ҳастам, хонаи торикию хонаи кирмҳо ҳастам, чӣ чиз туро мағрур месохт, чун бар рўи ман қадам мегузоштӣ»?

Имом Қуртубӣ мегўяд: агар аз ҷумлаи муслиҳин бошад, ҷавобдиҳандаи қабр ба ҷои ў ҷавоб дода мегўяд:

 

Агар аз зумраи касоне бошад, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекард бо вай чӣ хоҳӣ кард?

Пас қабр мегўяд:Ман барои ў тару тоза ва шукуфо мегардам. Ҷасади ў нур мегардад ва рўҳаш ба сўи Парвардигори оламиён бармегардад. (Тазкираи Қуртубӣ (1/148))

Ибни Муборак мегўяд:

Довуд ибни Ноқид моро хабар дода, ки ў аз Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ ибни Умайр шунидааст, ки мегўяд:

Шунидам, ки майит дар қабри худ менишинад, дар ҳоле ки овози пои ҷанозахононро мешунавад ва ҳеҷ чизе аз атрофаш бо ў сухан намегўяд, пас қабр ба ў мегўяд: Ҳалокӣ бод бар ту эй фарзанди Одам оё аз ман ва торикию тангию бадбўию ҳавлнокии ман худро барҳазар надоштӣ, ин аст он чизе ки ман барои ту омода кардаам, пас ту чи чизе барои ман омода кардаӣ?

Баробар аст, ки ин суханон ҳақиқат ҳастанд ё аз тариқи маҷоз, аммо чизи мусаллам ин аст, ки дар ин суханон ибрат вуҷуд дорад. Агар чи бо забони ҳол ҳам бошад, пас он аз ҳақиқат нагузаштааст ва аз воқеъият берун нарафтааст.

 

Фишори қабр бар некўкор ва бадкор

«Ҳақиқати фишори қабр чист? Оё он танҳо барои бадкор аст ё барои некўкор низ мебошад? Ва оё далелҳои равшан барои исботи он вуҷуд дорад?…»

Фишори қабр ҳақ аст ва онро далел ва бурҳонҳои бешуморе аз ривоятҳо ва аҳодиси саҳеҳ таъкид мекунад. Он барои муъмини некўкор воқеъ мешавад ҳамчуноне, ки барои бадкори гунаҳкор рух медиҳад, лекин фарқ байни ину он хеле калон аст.

Фишори қабр барои мўъмин василаи поксозӣ барои ў ва рафъи дараҷоти ў назди Парвардигораш аст, аммо барои табаҳкори фосиқ азобу машаққат ва ташдиду сахтгирист.

 Дар ҳадиси Шўъба ибни Ҳаҷҷоҷ бо иснодаш аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегўяд: Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)мефармояд: «Ба таҳқиқ қабр фишоре дорад, ки агар касе аз он наҷот меёфт, ҳароина Саъд ибни Муъоз аз он наҷот меёфт».

Дар осор ворид шудааст, ки дар ҷанозаи Саъд ибни Муъоз ҳафтод ҳазор малоика ҳозир шудааст.

Қуртубӣ мегўяд: Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармуд: «Дар ҳақиқат ба соҳиби шумо дар қабр фишоре оварда шуд».

Имом Насоӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ривоят мекунад: «Саъд ибни Муъоз касе буд, ки Арши Раҳмон барои ў ба ҳаракат омад, дарҳои осмон кушода шуда ва ҳафтод ҳазор малоика дар ҷанозааш ҳозир шуд ва ба таҳқиқ фишоре бар ў ворид шуд, баъд аз он Худованд ўро наҷот дод».

 Агар Саъд ибни Муъоз касе, ки Арши Раҳмон барои ў ба ларза омад, қабраш ба ў фишор оварда бошад, пас ҳоли мо, осиён чӣ мешуда бошад? Оё мо дар ғафлат нестем, оё барои мо лоиқ нест, ки тамоми ҳиммату ғайрати хешро дар ин амр сарф намуда, тавба карда ба сўи Худо баргардем ва амали солеҳ анҷом диҳем? Албатта, барои мо чунин амал месазад.

Зайнаб, ки духтари Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)буд, қабр фишори сахте додаш, пас ҳине ки падараш (с) барои ў дуъо намуд, ўро раҳо кард.

Оё ин далеле барои хатарнок будани мавқиф ва шиддати амру ва сахтии он ҷо нест? Албатта далел аст, лекин собит шудааст, ки Фотима бинти Асад ибни Ҳошим, модари Алӣ ибни Абитолиб аз азоби қабр озод шудааст.

Расули Худо (с) фармудаанд: «Касе аз фишори қабр ба ҷуз Фотима бинти Асад афв нагардид».

Гуфта шуд: эй Расули Худо, ҳатто Қосим писари шумо ҳам? Фармуданд: «Ҳатто Иброҳим». Иброҳим хурдтар аз ў буд. (Тазкираи Қуртубӣ (1/151)

Ривоят аст, ки ҳангоме ки Фотима бинти Асад вафот намуд, Расули акрам (с) ба назди ў дохил шуда, пеши болинаш нишаста, фармуданд: «Худованд шуморо раҳмат кунад, эй модари ман, баъд аз модарам, модари ман будӣ, гурусна мемондию маро сер мекардӣ, урён мемондию маро мепўшондӣ, аз беҳтарин таъом худро маҳрум месохтию маро мехўрондӣ ва бо ин рафторат ризои Худо ва некўии охиратро мехостӣ».

 

Ҳангоме ки қабри ўро меканданд ва назди лаҳад расиданд, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)онро канда, дар он ба паҳлў нишаста фармуданд: «Ҳамд собит бод мар Худовандро, ки зинда мегардонад ва мемиронад ва Ў зиндаест, ки намемирад. Модари ман Фотима бинти Асадро мағфират намо, ҳуҷҷатҳои ўро талқин намо, васеъ гардон мадхали ўро ба шукри Набият ва анбиёе, ки қабл аз ман буданд, ба таҳқиқ Ту раҳмкунандатарини раҳмкунандаҳо ҳастӣ».

 

Мурда ба он чи бар ў нола мекунанд азоб дода мешавад

«Чӣ гуна ба мурда барои гиряи аҳлу ақрабояш бар вай азоб дода мешавад, гуноҳи ў дар он чи анҷом надодааст, чист? Оё ин муъоризи фармудаи Худо дар китобаш нест:

وَلاَ تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى

«Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дўш намекашад».(Сураи Анъом, ояти 164.)

 Расули Худо (с) навҳаву нола карданро бар майит ҳаром гардонида фармудаанд: «Чаҳор чиз дар умматиман аз замони ҷоҳилият аст, ки онро тарк намекунанд: фахр намудан дар асолат (яъне,бо падару аҷдодон), таъна задан бар насабҳо (яъне, хешу таборҳо), талаби борон намудан бо ситорагон ва навҳаву нола кардан».

Баъд аз он аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармудаанд: «Ду чиз дар мардум аст, ки он ду чиз дар эшон куфр аст: таъна задан дар насаб ва навҳа кардан бар майит.

Ҳангоме ки писари он ҳазрат Иброҳим вафот намуд, фармудаанд: «Ин аз ман нест, ба таҳқиқ қалб маҳзун мегардад, чашмон ашк мерезанд ва чизе нахоҳам гуфт, ки муҷиби ғазаби Парвардигор бошад».

 

Имом Бухорӣ ва Имом Муслим дар «Саҳеҳайн» аз Анас ибни Молик ривоят мекунанд: Ҳангоме, ки Умар ибни Хаттоб (р) аз зарбаи шамшер маҷрўҳ гардид Ҳафса духтараш доду фиғон бардошт, пас Умар (р) гуфт: эй Ҳафса, оё аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)нашунидӣ, ки мефармуд: Касеро, ки навҳа кунанд, он кас азоб дода мешавад? Суҳайб низ доду фиғон мекарду мегуфт: Вой бародарам, вой рафиқам, пас Умар (р) ба ў гуфт: эй Суҳайб, оё намедонӣ, ки шахсеро, ки навҳа кунад, азоб дода мешавад?

Дар ривояте омадааст: «Ба таҳқиқ, майит азоб дода мешавад ба гиряву фиғони аҳлаш барои ў».

Дар ривояти дигар омадааст: «Азоб карда мешавад майитро дар қабраш ба сабаби он навҳае, ки бар ў мекунанд».

Айни ҳамин ривоятҳо дар «Саҳеҳайн» омадааст. Абудовуд низ дар «Сунан» онро ривоят кардааст.

Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Байҳақӣ ва Аҳмад дар «Муснадаш» ривоят кардаанд, Расули Худо (с) мефармоянд: «Касеро, ки бар ў навҳа карда мешавад, рўзи қиёмат ба сабаби он ки навҳа карда шудааст, азоб дода мешавад».

Уламои мо фармудаанд: мурод аз он ҳадис гиряи мутлақ нест, балки мақсад навҳаву нола аст, чун ҳадисе ки пеш аз он аст, ом аст ва ин ҳадис хос аст. Ё ба таври дигар гўем, ҳадиси аввалин мутлақ аст ва охир муқайяд ва бисёре аз усулиён (донандагони илми усул) мутлақро бар муқайяд ҳамл мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳадис ва ҳадиси қаблӣ мушкилу нофаҳмие вуҷуд дорад, чун ҳардуи он муъоризи усули шариъат ва қоъидаҳои иттифоқшуда ҳастанд. Худованд мефармояд:

وَلاَ تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى

«Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дўш намекашад».(Сураи Анъом, ояти 164.)

 

Ҳамчуноне ки уламо ҳине ки аз таъвил кор гирифтанд, мазоҳиби гуногунеро ихтиёр намудаанд. Лекин, хулосаи калом ва ҷавҳараш, ки онро ҳаққу савоб медонем, он қавли ҷумҳур аст, ки барои дафъи шубҳа байни нусуси шариъат мувофиқат намудаанд. Мақсади он ин аст, ки ҳадис ҳамл бар шахсест ки пеш аз маргаш ба нола кардан барояш васият карда бошад, ё ба тарки навҳа васият накарда бошад, дар ҳоле ки медонист, ки мардум одатан навҳаву нола мекунанд. Ин қавли роҷеҳ аст, ки бар он розӣ шуда итминон пайдо мекунем.

 

Аммо қавли охир камтар роҷеҳ ба ҳуҷҷат аст, ки маънои «азоб дода мешавад», ин аст ки бо шунидани гиряву нолаи аҳлаш озору алам меёбад. Ин дар барзах аст, на дар арасоти қиёмат ва ин иқоб барои гуноҳ нест, лекин азоб аст ва он умумитар аз иқоб аст. Ин раъйро Ибни Қайими Ҷавзӣ(раҳ) ва пешвои муфассирин Имом Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ(раҳ) ва дигарон ҷонибдорӣ намуданд.

Идома дорад бо мо бошед мақолаи баъдӣ “Азоби қабр ҳақ аст”…

 Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Рустам аломат дода истодааст,ки “пешво”як ҷасади сиёсӣ аст

Имкон дорад Рустам аз баҳор то тирамоҳи соли ҷорӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва сипас раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бишавад. Шояд ҳам худи Раҳмонов ин бор низ номзад ва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бишавад ва яке ду сол ва ё се-чаҳор сол биистад ва истеъфо диҳаду ҳама зарфият ва шароитро барои Рустам бигзорад.
Read More

Э.Раҳмонов: “Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст. Мада п…..й”

Раҳмонов омода нест,ки дар кишвар карантин ҷорӣ кунад. Маълум нест,ки бар пояи кадом ҳисобу китоб ва дар чаҳорчӯби кадом барнома ҷараёни тӯфонии ин бемории миллаткушро гирифтанист, вале ин бор ҳам бо гарданғафсӣ ва якравӣ ба ҳушдори ҳайати Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ,ки гуфт шумори гирифторон ва табъан, ки кушташудаҳо дар Тоҷикистон ҳар се рӯз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, ҷиддӣ намегирад.
Read More

Султон Абдулҳамиди II (сонӣ) охирин халифаи усмонӣ

Султон Абдулҳамид ҳукуматро бо тадбирҳои сиёсӣ ва малакаи идории қавияш ба болотарин сатҳ дар арсаи байналмилал мерасонад. Хадамоти ӯро дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии раият ё шаҳрвандоне, ки ба ин хилофат мутеъ буданд воло медонанд. Мум фарш кардани ҳама роҳҳои пойтахти кишвар, Истанбул ва марокизи шаҳрҳои тобеаш медонанд. Сохтани мадориси динӣ ва донишгоҳҳое, ки ҳеҷ фарқе аз донишгоҳҳои аврупоӣ надоштанд.