Пас аз қатли халифа Асҳоб(р) чӣ дидгоҳ доштанд

Ислоҳ нет

Пас аз қатли халифа Асҳоб(р) чӣ дидгоҳе доштанд?

(бахши чордаҳум)

1- Анас ибни Молик (р)

Нақл аст, ки чун ба ӯ гуфтанд, ки наметавон ҳам Алӣ ибни Абутолиб (р)–ро дӯст дошт ва ҳам Усмон ибни Аффон (р)–ро, ӯ дар посух гуфт, ки ин дуруғ аст ва мо Саҳоба ҳам Алӣ ибни Абутолиб (р)–ро дуст медорем ва ҳам Усмон ибни Аффон (р)–ро.[i]

2 – Ҳузайфа ибни Ямон (р):

 Аз Холид ибни Рабиъ нақл мекунанд, ки чун Ҳузайфа дар бистари маргаш афтод, Абу Масъуди  Ансорӣ ҳамроҳи чанд  тан аз тобиъин ба  Мадоин назди ӯ рафтанд ва чун дар он мулоқот суҳбат аз моҷарои қатли Усмон ибни Аффон (р)шуд,  Ҳузайфа ба он ҷамоъат эълон намуд, ки ӯ на дар қатли Усмон ибни Аффон (р)ширкат доша, на дар тули ҷараёни фитна  дар Мадина ҳузур дошта ва на аз он ҳимоят кардааст.[ii]

Аҳмад ибни Ҳанбал(раҳ) аз тариқи Ибни Сирин(раҳ) нақл мекунад, ки Ҳузайфа гуфта буд: “ Худовандо! Ту хуб медонӣ, ки ман дар қатли Усмон ибни Аффон (р)нақшае надоштам. Агар қотилони  ӯ ин мардро ба ҳақ куштанд, ман дар куштани ӯ дахолат надоштам. Мардум дар оянда хоҳанд дид, ки  агар қатли ӯ дуруст буда бошад, манфиатҳои  онро мебинанд  ва агар қатли ӯ ноҳақ буда бошад, зарар ва зиёни ин корро мебинанд ва ба хотири он ҳамеша дар ҷанг ба якдигар хоҳанд буд”.[iii] Ибни Асокир низ аз Ҷандал ибни Абдуллоҳ  нақл мекунад, ки чун дар мавриди сарнавишти Усмон ибни Аффон (р)аз Ҳузайфа суол намуд ӯ дар посух гуфт: “ он мардум ӯро хоҳанд кушт,  аммо ба яқин ӯ ба биҳишт меравад ва қотилони ӯ ба  дӯзах”.[iv]

3- Умми Салмо Ансорӣ (р)

Нақл аст, ки чун хабари шаҳодати Усмон ибни Аффон (р)–ро ба ӯ доданд басо нороҳат шуд ва гуфт: “ Ин уммат пас аз қатли ин мард ба ҷони ҳам меафтанд ва хуни якдигарро бар замин хоҳанд рехт”. [v]

2 – Абуҳурайра (р)

Аз Абу Марям нақл аст, ки ӯ дар рӯзи қатли  Усмон ибни Аффон (р)), Абуҳурайраро дид, ки  нороҳат ва хашмгин чунин мегуфт: “ Ба Худованд савганд, ки ин мардум  Усмон ибни Аффон (р)–ро ба ноҳақ куштанд”.[vi]

3 – Абубакра (р)

Ибни Касир дар Албидоя ванниҳоя аз Абубакра нақл мекунад, ки дар ҷараёни фитнаи қатли Усмон ибни Аффон (р)чунин мегуфт: “Агар аз осмон бар замин меафтодам ва мемурдам, беҳтар аз он буд, ки дар қатли Усмон ибни Аффон (р)дахолат дошта бошам”.[vii]

4 – Абу Мусо Ашъарӣ (р)

Аз Абу Усмони Наҳдӣ ривоят мекунад, ки Абу Мусо Ашъарӣ (р) пас аз қатли Усмон ибни Аффон (р)чунин гуфт: “ Агар   ин мардум Усмон ибни Аффон (р)–ро ба ҳақ кушта бошанд, манфиати онро хоҳанд дид, аммо агар ӯро ба ноҳақ ба қатл расонда бошанд, зарари онро мебинанд, ки ҷуз ҷанг ва хунрезӣ миёни онҳо нест”.[viii]

7-  Самура ибни Ҷундаб (р)

 Ибни Асокир нақл мекунад, ки гуянд Самура ибни  Ҷундуб пас аз қатли Усмон ибни Аффон (р)ингуна лаб ба сухан кушод: “ Ислом дар қалъаи  мустаҳкаме қарор дошт, аммо ин мардум бо катли Усмон ибни Аффон (р)дар девори ин қалъа шикофи бузурге эҷод карданд, ки то рӯзи қиёмат низ наметавон онро таъмир намуд. Мардуми Мадина низ, ки то ин замон чанбараки хилофатро дар даст доштанд, аз ин ба баъд дар он ҳеҷ нақше нахоҳанд дошт”.[ix]

8- Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р)

Абу Наъим дар китоби “ Маърифатус – саҳоба” аз  Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) ривоят мекунад, ки ӯ гуфт: “ он мардум Усмон ибни Аффон (р)– ро мазлумона ва ба ноҳақ куштанд ва ӯро ба хамин далил дучандон подоши шаҳодат аст”.[x]

9- Абдуллоҳ ибни Салош (р)

Нақл мекунанд, ки  хитоб ба мардум Гуфт: “ Усмон ибни Аффон (р)–ро накушед, ки  пас аз қатли ӯ дигар  наметавонед  дар канори ҳам ва дар як саф намоз гузоред”.[xi]

Дар ривояти дигаре низ омадааст, ки  ӯ гуфт: “ бидонед, ки бо рехтани хуни Усмон ибни Аффон (р)аз дини ростини Худованд дуртар мешавед”.[xii]

 

 10 – Ҳасан ибни Алӣ (р)

Аз Талиқ ибни Хашоф накл аст, ки чун ӯ ҳамроҳи Қурт ибни Хайсама ба ҷониби Мадина раҳсипор шуд ба Ҳасан ибни Алӣ  (р) бархурд карданд ва ҳангоме, ки Қурт аз ӯ дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)суол кард,  ӯ посух дод, ки Усмон ибни Аффон (р)мазлумона ба қатл расид.[xiii]

 

1- Салама ибни Акваъ (р)

 Аз Язид ибни Абу Убайда нақл аст, ки чун Усмон ибни Аффон (р)ба қатл расид Салама ибни Акваъ (р)  ба нишонаи эътироз аз Мадина хориҷ шуд ва дар минтақаи наздики Рабаза сокин шуд ва то муддате пеш аз маргаш дар он ҷо монд.[xiv]

12 – Абдуллоҳ ибни Умар (р)

 Аз Абу Ҳозим нақл мекунанд, ки чун аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)суол шуд,  ва пас аз шумурдани фазилатҳо ва хубиҳои ӯ аз ӯ дар мавриди Алӣ ибни Абутолиб (р)пурсиданд, боз ба баёни фазилатҳо ва хубиҳои ӯ пардохт. Онгоҳ гуфт: “ Ҳар кас мехоҳад дар мавриди ин ду тан сухане бигӯяд, танҳо фазоил ва некиҳои онҳоро зикр кунад ва дар ғайри ин сурат дар мавриди онон чизе ба забон наёварад”.[xv] Дар ҷои дигар аст, ки  Ибни Умар (р) гуфт: “ Усмон ибни Аффон (р)–ро дашном ва носазо надиҳед, ки мо Саҳоба ӯро аз беҳтарин афрод медонистем”.[xvi]

  Таъсири қатли Усмон ибни Аффон (р)дар фитнаҳои дигар

Бе шак қатли Усмон ибни Аффон (р) таъсири зиёде бар фитнаҳову ҷангҳои пас аз он дошт. Ин рӯйдод боиси заиф шудани имони мардум ва ривоҷи дурӯғ ва нифоқ  дар миёни онҳо шуд.[xvii] Дар воқеъ газоф нагуфтаем агар бигӯем, ки бо марги Усмон ибни Аффон (р)ихтилоф ва ду хурагие дар миёни  уммат ба вуҷуд омад, ки то имрӯз низ идома дорад.[xviii] Пас аз ин фоҷеъаи дилхарош, мусибатҳои бисёре гиребонгири ин уммат шуд ва ба дунболи он бадтинатон ва мардумони пастфитрат тавонистанд зоти нопоки худро ба ҳама нишон диҳанд ва заҳри худро бар дин ва дунёи уммат бирезанд. Пас аз ин воқеъа, агар чӣ мардум бо Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб (р), ки дар он шароит беҳтарин  гузинаи хилофат ва имомати уммат буд байъат намуданд.аммо авзоъ ва аҳвол он чунон нобасомон буд, ки ҳеҷ кас  наметавонист он шуълаҳои сӯзони фитна ва ошубро, ки аз миёни рахнаҳои мавҷуд дар сафҳои ваҳдати Ислом  забона мекашид, хомуш кунад ва умматро бори дигар ба ҳамон шоҳроҳи имон ва иттиҳод боз гардонад.[xix]

 

  Зулм ва таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон сабаби ҳалок дар дунё ва охират аст

 Ба яқин зулм  ва таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон, сабаби ҳалок дар дунё ва охират мешавад, чунон ки Қуръон низ ошкоро баён мекунад, ки ҳар қавм ва миллате, ки ба ситам ва таҷовуз рӯ оваранд, фарҷомашон ҳалок ва нобудӣ аст:

 Сухани Худо:  

«Ва он шаҳрҳоро (яъне, мардуми он шаҳрҳо), чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон ваъдае ниҳодем».

                                                                         (Сураи Каҳф, ояти 59).

Онон ҳам, ки золимона  ва ба ноҳақ он зулм ва ситамро бар Усмон ибни Аффон (р) он халифаи мазлум раво доштанд ва саранҷом дастони худро  ба хуни Ӯ олуда карданд, натавонистанд аз ин суннати Илоҳӣ худро наҷот диҳанд ва ба хотири он ҷинояти ҳавлнок ба зиллат ва хорӣ дар дунё гирифтор шуданд ва ҳар кас ба тариқе  товони он корро пас доданд.[xx]

 Халифа ибни Хаёт дар ривояте, ки санади он саҳиҳ аст аз Имрон ибни Ҳадир нақл мекунанд, ки Абдуллоҳ ибни Шақиқ ба ӯ гуфтааст, ки чун аввалин зарба ба пайкари шариф ва лоғари Усмон ибни Аффон (р)ворид шуд,  аввалин қатраҳои хуни ӯ ба мусҳаф ва ояти:

 Сухани Худо:

«Агар ба он чӣ шумо имон овардаед, онҳо низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй бартофтанд, пас бо ту сари хилоф доранд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки Ӯ шунаво ва доност!»

                                                                  (Сураи Бақара, ояти 137).

Қиссаи ҷолиб

 Гӯянд чакида ё он қатраҳои хун, то имрӯз ба он мусҳаф ҳаст ва онро пок накардаанд. Ибни Асокир низ аз Муҳаммад ибни Сирин ривоят мекунад:” ҳангоме, ки ман машғули тавофи  байт (Каъба) будам ногоҳ садои мардеро шунидам, ки  дуъо мекард ва аз Худо талаби омурзиш мекард, аммо пас аз лаҳзаҳое мегуфт: “ гумон  намекунам, ки ӯ маро афв кунад. Ин сухан маро ба ҳайрат овард, пас ба ӯ наздик шудам ва сабаби ин гуфтори нодурустро аз ӯ пурсидам. Ӯ гуфт: “ бо Худои худ паймон баста будам, ки чапотие(шапалоқе) ба руйи Усмон ибни Аффон (р)бизанам ва чун ӯ ба қатл расид, ҷасадашро дар хонааш ба тахте гузоштанд, то мардум бар ӯ намози ҷаноза гузоранд. Ман низ аз пайи фурсате мегаштам то ба аҳди худ вафо кунам ва чун ин фурсат фароҳам шуд, назди ҷасади Усмон ибни Аффон (р)рафтам ва порчаро аз рӯйи чеҳраи ӯ бардоштам  ва онгоҳ чаппоте ба рӯйи ӯ задам аммо Худованд ба муҷозоти ин кор дасти маро хушк кард”.

Ибни Сирин нақл мекунад: “ чун ба дасти ӯ нигоҳ кардам дидам мисли чуб хушк шуда буд”.[xxi]

Дар воқеъ агар он ҷангҳо ва ихтилофотеро, ки  то имрӯз низ идома доштаанд танҳо асарҳо ва пайёмадҳои ин фитнаи бузург бидонем, ин худ беҳтарин далил дар маҳкумияти қатли Усмон ибни Аффон (р)аст.

Ин қисса махсус барои онҳое ҳаст,ки иддиъои муҳаббати Аҳли Байт(р) мекунанд

Қосим ибни Муҳаммад ривоят мекунад, ки чанд рӯз пас аз қатли Усмон ибни Аффон (р)), Алӣ ибни Абутолиб (р) ба ду мард бархурд мекунад, ки ба ҳамдигар мегуфтанд: бо қатли Усмон ибни Аффон (р)то дунё дунёст уммати ислом ба  ҷангу ихтилоф бо ҳам дучор хоҳанд шуд. Алӣ ибни Абутолиб (р)низ  рӯ ба онон мекунад ва мегӯяд: “ Ҳаминтавр ҳаст. Ба Худованд савганд ин уммат то ҳузури Масеҳ (а) насл андар насл ба рӯйи ҳам шамшер мекашанд ва ба ҷангу низоъ бо ҳамдигар машғул хоҳанд буд.[xxii]

Мавзеъҳои Саҳоба (р)  дар баробари шаҳодати Усмон ибни Аффон (р)).

Ин мақтаъро барои онҳоеки мехоҳанд бо санад аз асҳоб(р) ҳимоят кунем меоварам,то аз рӯйи инсоф қазия барояшон рушантар гардад.

Теъдоде аз китобҳоии таърих тасвири  комилан нодуруст аз Саҳоба (р) –ро дар ҷараёни  қазияи қатли Усмон ибни Аффон (р)нишон медиҳад, ки  сабаби онро бояд дар ривоятҳое ҷустуҷӯ намуд, ки ин китобҳо ба онон истиндод кардаанд. Бо мутолиаи ривоятҳои Абумихнаф, Воқидӣ, Ибни Аъсом тасвире, ки аз Саҳоба (р) дар  зеҳн нақш мебандад он аст, ки онҳо худ бар зидди Усмон ибни Аффон (р) фитнаандозӣ намудаанд ва шуришиёнро тарғиб ба он саркашӣ карданд. Аммо бояд донист, ки ривоёни мисли  Абумихнаф,ки беш аз чорсаду ҳафтод ривоят Табарӣ дар таърихаш аз ин шахси дурӯғгӯй дорад, аз таъна задан ва иҳонат ба Усмон ибни Аффон (р) ҳеҷ ибое надоштанд ва ӯро чунон ситамкор ва гунаҳкор нишон доданд, ки  гӯё ӯро чунин сарнавиште сазовор будааст. Ба унвони намуна дар ривоятҳои ӯ Талҳа (р)  марде аст, ки шуришиёнро бар зидди Усмон ибни Аффон (р)тарғиб ва таҳрик мекунад. Ривоятҳои Воқидӣ низ чандон бо ривоёти Абумихнаф тафовуте надорад. Масалан дар ривоятҳои ӯ Амр ибни Ос чун ба Мадина меояд интиқоди шадид аз сиёсатҳои Усмон мепардозад. Дар тамоми ин навъ ривоятҳо, ки аз тафаккури рофизигарӣ сарчашма гирифтаанд. Саҳоба (р) худ бар  зидди Усмон ибни Аффон (р) фитнаангезӣ мекунанд ва мардумро бар зидди ӯ мешуронанд. Бе шак тамоми ин ривоятҳо дурӯғ ва ботил мебошанд.[xxiii] Аммо бар хилофи ин ривоятҳо муҳаддисон ривоёти саҳиҳеро сабт кардаанд, ки дар онҳо тасвири дигаре аз Саҳоба (р)  ироа шудааст.  Дар ин ривоятҳо Саҳоба (р) аз тарафдорон ва мудофиони Усмон ибни Аффон (р)ҳастанд  ва чун Усмон ибни Аффон (р)ба шаҳодат мерасад аз қотилони ӯ эълони безорӣ мекунанд ва хоҳони ҷазо додан ва қисоси қотилони ӯ ҳастанд.[xxiv]

 Дар воқеъ тамоми Саҳоба аз ҳар навъ дахолат дар қатли Усмон ибни Аффон (р)мубарро ҳастанд ва тамоми суханоне, ки хилофи ин аслро бозгӯ мекунанд,  бар ҳеҷ далели саҳеҳ ва мустанаде устувор намебошанд. Халифа ибни Хаёт дар ҳамин робита  аз Абулаъло Ҳайсам нақл мекунад, ки чун падари ӯ аз Ҳасан ибни Алӣ (раз) суол кард, ки оё Саҳоба (р) дар қатли Усмон ибни Аффон (р)нақше доштаанд, Ҳасан ибни Алӣ(раз) посух медиҳад, ки  муҳоҷирин ва ансор ба ҳеҷ рӯ дар он моҷаро нақш надоштанд, балки қотилони Усмон ибни Аффон (р)аз мардумони Миср баданд. Имом Нававӣ низ мегӯяд, ки ҳеҷ як аз Саҳоба (р) дар қатли Усмон ибни Аффон (р)дахолат надоштанд, балки қотилони ӯ як мушт ҷинояткор ва авбош буданд, ки дар Миср гирди ҳам омаданд ва аз онҷо ба ҷониби Мадина ҳаракат карданд. Саҳобаи мавҷуд дар Мадина низ тавонистанд пеши гурӯҳи калони ононро бигиранд то ин, ки саранҷом халифаи мусалмононро куштанд[xxv]

Ибни Саъд дар бораи онҳо мегӯяд, ки онон мардумони пасте буданд, ки дар ҷинояткорӣ иттифоқи ба ҳам назар доштанд.[xxvi] Ибни Таймия  низ онҳоро мунҳарифони муфсид ва гумроҳ медонад, ки  ба ҳарими уммат таҷовуз карданд.[xxvii]

 Имом Заҳабӣ низ онҳоро роҳбарон ва раисони шарорат мехонад[xxviii] ва Ибни Уммо дар китоби Шизротуз – заҳаб, онҳоро ҷинояткор ва авбош медонад [xxix]Дар воқеъ рафтор ва амалкарди ин шуришиён дар тули муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (р), худ таъйид кунандаи ин суханон аст. Онҳо дар тули даврони муҳосира аз расидани  обу хурок ба сокинони хонаи Усмон ибни Аффон (р) пешгирӣ мекарданд, ҳол он ки Усмон ибни Аффон (р)ҳамеша аз моли худ обро бе пул дар ихтиёри мусалмонон қарор медод[xxx] ва ба мардумон дар ҳангоми  қаҳти ва сахтӣ хурок мерасонд ва чун мусибат ва мушкиле бар мардум пеш меомад, онҳоро аз садақаҳои худ  баҳраманд месохт[xxxi]. Ин рафтори шуришиён то ба онҷо Саҳоба (р) – ро  нороҳат кард, ки Алӣ ибни Абутолиб (р)хитоб ба онон гуфт: “ Эй мардум! ин коре, ки шумо бо Усмон ибни Аффон (р)мекунед ҳеҷ мусалмон ва кофире онро анҷом намедиҳад. Обу хурокро аз ин мардум ва аҳли байташ қатъ накунед. Эрониҳо ва Румиҳо низ бар асирони худ обу хурок медиҳанд ва онҳоро чунин шиканҷа намедиҳанд”.[xxxii]

 Бо мутолиаи дақиқ ва дурусти таърих метавон дид, ки ҳодисаҳо ва руйдодҳои таърих, худ беҳтарин гувоҳи покии Саҳоба (р) аз қатли Усмон ибни Аффон (р)ва ҳар навъ мушорикат дар он мебошад.[xxxiii]  Мавзеъҳои Саҳоба (р) далеле бар покии онҳо аз қатли Усмон ибни Аффон (р) аст.

Мақолаи баъдӣ Нафрини аҳли байт(раз) аз қатли Усмон (р).

 

 Сарчашмаҳои истифодашуда:


[i] . Таҳқиқу мавоқифис – Саҳобати (2/25). Таҳзиби Ибни Ҳаҷар (7/141).

[ii] . Таҳқиқу мавофиқис – саҳобати (2/27).

[iii] . Таҳқиқу мавофиқис – саҳобати (2/28).

[iv] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (2/ 28). Таърихи Димишқ: Усмон ибни Аффон, с.388.

[v] . Албидоя ванниҳоя (7/195).

[vi] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (2/31). Таърихи Димишқ: Усмон ибни Аффон, с.493.

[vii] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (2/31).

[viii] . Таърихул – Мадинати  (4/1245).

[ix] . Таҳкиқу мавоқифис  – саҳобати (2/31). Таърихи Димишқ: Усмон ибни Аффон, с.388.

[x] . Маърифатус – саҳобати ( 1 / 245).

[xi] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати  ( 2 / 34).

[xii]. Табақоти Ибни Саъд (3 / 81).

[xiii]. Таърихи Мадина (4 / 124).

[xiv]. Таърихи Мадина (4 / 124).

[xv]. Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1 / 397).

[xvi]. Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати ( 2 / 397). Дар китоби “ Фазоилус – саҳоба “  санади ин ривоят саҳиҳ аст.

[xvii]. Аҳдос ва аҳдосу фитнатил – ҳараҷ, с. 90.

[xviii] . Маҷуъатул – фатовӣ (25 / 162).

[xix] . Маҷмуъатул – фатовӣ (25 / 162).

[xx] . Таҳқиқу мавоқифис –  саҳобати фил – фитнати (1 / 483).

[xxi]. Сияруш – шуҳадо, дурус ва ибар, с.67. Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати – фи- фитнати (1 / 485).

[xxii] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати – фи- фитнати (1 / 485).

[xxiii] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (2/ 14 – 18).

[xxiv] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (2/ 14 – 18).

[xxv] . Шоҳидуд –дор Усмон ибни Аффон , с.148.

[xxvi] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳоба (1481). Табақоти Ибни Саъд (3 / 71).

[xxvii] . Минҳоҷус – суннати ( 3 /189 – 206).

[xxviii] . Дувалул – Исломи, Заҳабӣ (1 /12).

[xxix]Ниг: Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1 /482). Саҳиҳул – Бухорӣ ( китобу маноқиби Усмона (4/ 202). Шизротуз – заҳаб (1 / 40).

[xxx] . Ниг: Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1 /482). Саҳиҳул – Бухорӣ (китобу маноқиби Усмона (4/ 202). Шизротуз – заҳаб (1 / 40).

[xxxi] . Аттамҳидк вал – баён, с. 242.

[xxxii] . Таърихи Табарӣ (5 / 400).

[xxxiii] . Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати ( 2 / 18).

Share This Article