Пас манзари сафари “Амирул муъминин Доналд Тромп” ба Риёз ва ҷамъ шудани волиҳояш

Ислоҳ нет

Пас манзари сафари “Амирул муъминин Доналд Тромп” ба Риёз ва ҷамъ шудани волиҳояш

Намедонам чӣ гӯна ин масъаларо хидмати шумо хонандаи гиромӣ тақдим намоям.Раиси ҷумҳури амрико дар нахустин сафари хориҷиаш пас аз интихоб гаштанаш ба ин вазифа вориди пойтахти маҳди ваҳйи гашт. Ҳамеша ҳама раисони Амрико пас аз интихобашон ба ин вазифа аз кишварҳои ҳамсояи худ мисли конодо ё мексик шуруъ мекарданд. Аммо ин раиси ҷадид нахустин сафарашро аз маҳди ислом шуруъ намуда аст.Ин сафар,ки ду рӯз идома меёбад боз дар рӯзҳои истироҳатияш шанбе ва якшанбе,то ба кораш халал ворид накунад анҷом гирифтааст. Нахуст ӯ пас аз истиқболи гарми малик Салмон ибни Абдуалазиз Оли Саъуд мулоқоти хос анҷом гирифт дирӯз. Дар ин мулоқот малик Салмон медали дӯстии Саъуди ва Амрикоро ба ӯ тақдим намуд.Пас аз он мулоқот бо амирони ҳафт давлати ҳошияи халиҷи сурат мегирад.Дар марҳалаи севум сарони ҳама кишварҳои исломиро даъват кардааст,то бо онҳо нишасте баргузор намояд. Зеро ӯ вақт надорад,то дар қасри худ ин раисонро қабул ва пазирои намояд. Инчунин барои истиқболи як раис масорифҳам вуҷуд дорад аз ин сабаб бояд барои онҳо як сент масраф накунад зеро инҳама барояш арзиши як сентро надорад.
Барои чӣ ӯро Амирулмуъминин гуфтам зеро танҳо ин корро маликул мулук Амирулмуъминин ё халифаи умумии мусалмонон метавонад ҳама амирон ё волиҳояшро ҷамъ намояд.

Инчунин ин волиҳо(президентҳо) намедонанд барои кадом масъала халифа онҳоро ҷамъ менамояд,то бо онҳо мулоқот намояд. Чӣ амрҳо ва фармонҳое ба онҳо медиҳад ва кадомашонро ҳушдор медиҳад,кадомашонро таъриф мекунаду,кадомашонро аз вазифа мегирад.Фақад як чизро медонанд,ки халифа аз ҳамаашон дар умум норози асту хазинааш холи гаштааст ва мақсади ҷамъ кардан дар мавриди ҷизя (дан) аст.Бояд он маблағеки мақсуди халифа аст онро бо ҳар роҳе пайдо намуда дар ихтиёраш гузоранд.
Чунонеки дар маъракаи қабл аз интихобиаш гуфта буд: “Инҳо гови ҷушоянд,ҳарвақте шир доданро бас кунанд онгоҳ онҳоро мекушам”

Ин сафари Амиралмуъминин пас аз маҳди ваҳи ва сарзамини муқаддас ба сарзамини муқаддаси дигарҳам ҳаст,ки он фаластини асли ва Исроили кунуни мебошад.Аввал ба телавив ва сипас ба Қудси шариф.Пас аз он ба маркази масеҳияти олам Ватиканҳам сафар дорад. Аммо нахустин сафарро аз гаҳвораи ислом шуруъ кардааст онҳам бошад барои ҳадафи муъаянеки дар боло зикр намудам.

Бароям хело таъассуфовар аст,ки ҳама уммати ислом дар чунин ҳолати парокандаги ва руъбу хавф қарор доранд. Дар ҳоле агар иттифоқ бошанд ҳеҷ бегонае ҷанг ва ҳуҷум ҷои худаш.Наметавонист бо нигоҳи тамаъҷӯёнае ба тарафи ин уммати исломии якуним миларда нигоҳ кунад.

Инчунин тибқи як хабар қабл аз ин сафар Трамп бо муовини давлати Иморот араб дар қасри сафед мулоқот намуда аст.Боз тавассути телефон бо раиси миср Сиси тавассути телефон суҳбат дошта аст.Боз талаб намудааст,ки Умар Башир раиси Судон дар ин ҳамоиши риёз ширкат надошта бошад ӯро дидан намехостааст.

Дар як суханрониаш Трамп гуфтааст: “Ман меравам ба давлатҳои халиҷӣ онҳо ҳеҷ чиз надоранд.Маблағи 19 трилён доларашон дар дасти мо яъне бонкҳои Амрикоӣ қарор дорад. Ман як сент аз ин маблағҳояшонро ба онҳо намедиҳам.Боз онҳоро маҷбур мекунам,то бозҳам бароямон пул диҳанд”

Фаввоз Ҷурҷес устоди алоқаҳои байналмилали дар донишгоҳи лондон дар мусоҳибаи бо шабакаи Ас-c-ултат Алхомиса таҳлили хело ҷомеъ ва шомиле намуданд.Фишурдаи он мусоҳибаи ҷолиб чунин аст: “Ман дар мавриди Доналд Трамп хело маълумотҳои зиёде дорам.Метавонам бигӯям ҳама ончӣ дар мавриди ӯ нашр шудаанд,то имрӯз хондаам. Ин сафари Доналд Трамп як сафари намоиши ва худнамои мебошад.Барои он аст,ки дар олам нишон диҳад,ки ман роҳбари як кишвари абарқудрате мебошам.То имрӯз пас аз интихоб гаштани ӯ ҳеҷ коре накардааст,ки дар дохил мавриди эҳтиром бошад.Инчунин мехоҳад ҳама давлатҳои араби ва исломиро аз ДОИШ ҳушдор ва тарс диҳад,ки агар хоҳед онҳоро нобуд намоям,ин хидмати маҷонӣ ва бе пул нест. Бароям пул диҳед,то даст бакор шавам.Кори дигаре,ки мехоҳад анҷом диҳад ин бозҳам ҳушдор додани давлатҳои араби ва исломи аст нисбати Эрон,ки бояд Амрико ва ҷаҳони ислом ва араб як Алянс ташкил кунем,то шуморо аз ҳуҷуми Эрон наҷот диҳам. Аммо роҳбарии ин Алянсро ман ҳамчун абарқудрат ба даст мегирам.Доналд Трамп шахсест ҳеҷ кас наметавонад амалкардҳои ӯро пешгӯи ва таҳлил намояд. Ӯ як тоҷир аст ва ҳолоки вориди сиёсат шудааст сиёсатро бо диди тиҷорат менигарад.Ҳоло ӯ бо номи тероризм ва эустримизм ба нафъи амрико аз давлатҳои минтақа маблағҳои ҳангуфтеро касб менамояд.Инчунин актиёри хубеҳам мебошад худро марди отифи ва диндоре муаррифи менамояд дар ҳоле боз мегӯям ӯ як тоҷир аст ба ҳама чиз бо диди тиҷорат,ки ҳирфааш аст менигарад.Ман шак дорам,ки ӯ коре карда тавонад зеро вазъияташ дар дохил хело вахим аст. Ҳеҷ бовар надорам қабл аз инки коре дар хориҷ карда тавонад дар дохил аз симаташ барканор мегардад”.

Дар мавриди фаластин ва исроил хело таҳлилҳои аҷиб намудаанд.Хулосаашро менависам,то тулонӣ нашавад.
“Исроил мехоҳад тавассути Амрико мисли ҳамеша ба давлатҳои араби фишор оварад,то дар мавриди исроил нармиш намоянд.Аммо ончунон нармише арабҳо то имрӯз нисбати исроил намудаанд дигар аз ин бештар имконнопазираст”.

“Бозҳам мегӯям агар арабҳо ба Трамп бовар кунанд ва бозҳам барояш маблағ диҳанд зарарашон бештар мегардад вале ҳеҷ нафъе аз он барояшон нест.Ин мард аслан ҳеҷ тасаввуре аз шарқи авсат ё ховари миёна ва ҷаҳони ислом надорад ва инчунин ончӣ мегӯяд амали кардаҳам наметавонад.Чӣ гӯна як шахси тоҷиреки аслан ба сиёсат иртибот надошта ва ноомухта метавонад ҳолату тақлидҳо,ончӣ дар олам мегузарад онро бо ақли тиҷорати иваз кунад ? Саъудӣ ва Миср набояд фиреби ин мардро бихуранд.Агарчӣ миёни ин ду давлат дар сиёсат ихтилоф ва духурагӣ вуҷуд дорад вале дар масалаи фаластин фиребашро нахуранд.Дар охир бо тамоми маъзарат аз шумо мехоҳам инро бигӯям,ки мо мусалмонон фикр мекунем Амрико оғоз ва поёни олам аст. Доналд Трампро дар дохили Амрико мардум ба нигоҳи хело аҷибу ғариб,як марди хашини бе фаросат ва ёвагӯй менигаранд.Ин мард на дидгоҳ,на ахлоқ,на чеҳраи асли дорад.Ин мард ҷуз хобу хаёл ба олами ислом чизи дигаре тақдим намекунад. Аз ҳама раисони олами исломи ва араби хоҳиш мекунам фиреби ин мардро нахуранд.Ин мард як пирамарди аёш танҳо сухан мефурушад на инки ваъдаи кардаашро амали кунад.Ин мард на дар дохили Амрико коре карда метавонад ва на дар хориҷ ягон стратегяи мушаххасе надорад ҷуз тиҷорат ва касби молу сарвати бозҳам бештаре.Дар дохил сиёсатмадорони Амрико дар ин фикранд,ки ин мард қабл аз инки ба хориҷ хатаре дошта бошад аввал хатари бузург барои худи кишвар дорад,амнияти кишварро метавонад зери хатари бузурги ҷуброннопазир гузорад.Дар охир як чизро аҳамият диҳед ҳамеша ҳама раисҷумҳуронеки дар Амрико интихоб мешаванд. Қабл аз интиҳои муҳлати раисҷумҳурияшон ягон айбе нуқсе барояшон пайдо мегардад.Аммо дар Трамп бошад дар панҷмоҳи оғози раёсаташ раиси амни қавми (FBI)-ро аз кор сабукдуш намуд? Ҳоло иттиҳомоте дар дохил ба ӯ нисбат дода истодаанд дар мавриди даст доштан бо хадамоти махсуси руси дар қазияи интихоботи,ки зери таҳқиқ қарор дорад.Мумкин аст сари ришта пайдо гардад ва ӯ аз мақомаш тавассути конгрес раёсаташ мунҳал гардад.Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар изтироби шадид қарор доранд ва ҷонибдорони Трамп дақиқан имрӯзҳо дар амрико 30% мебошанд.То кунун ҳеҷ раиси мунтахаби амрико чунин сарнавишти харобу бадеро надоштааст. Ин бадтарин ҳолате ҳаст ӯ қарор дорад. Ин суханоне гуфтам ягонтоаш аз ман нест,ончӣ дар мавриди ӯ навиштаанд дар дохили амрико ва хориҷи он.Рӯзномаҳои маъруфи дохили ,хориҷӣ, муҳаққиқон, мунақиддон, ҳуқуқдонҳо,сиёсатмадорон онро бароятон бозгӯ намудам.”
Агар хоста бошед мусоҳибаи Фаввоз Ҷурҷес устоди алоқаҳои байналмилали дар донишгоҳи лондонро бо забони араби тамошо кунед дар ютуб ин аст:
طريق الصفقات: زيارة دونالد ترمب بين العرب و إسرائيل l السلطة الخامسة
Умед аст инҳама раисони ҷаҳони ислом фиреби ин пирамарди фоқамастро намехуранд.Медонам муттаҳид шудани нестанд вале ақалан фиреб нахуранд инҳам хело кори бузург аст.Намехоҳам хабар тақдиматон намоям аммо чунин хабарро натавонистам тақдиматон накунам .

Share This Article