Пашинян ва муборизони сиёсии Тоҷикистон. Тафовутҳо ва умумиятҳо

Агар мо бо шуҷоату далерӣ ва таваккал ба Худованди чорасоз муборизаро ба роҳ монем, Эмомалӣ дер намепояд!

 Имрӯз яке аз бародарон  нимҷидӣ ва нимшӯхӣ аз ман пурсид, ки оё бо ин муборизаҳои расонавӣ Эмомалӣ аз сари қудрат меравад? Оё дар ҳақиқат бовар доред, ки пирӯзӣ наздик аст ва пояҳои ҳукумат дар тазалзул қарор доранд?

Намехоҳам бароятон аз бузургони ислом ва ё муборизони асрҳои гузашта мисол биёрам, то гӯед он вақтҳо дигар буд ва ҳоло асру замон ва сиёсат комилан дигар аст.

Қаҳрамони имрӯзаи мо боз ҳам Никол Пашиняни Армиян аст ва бароятон ӯро интихоб намудам, то нагӯед ину он.

Оё медонед, Никол Пашинян аз 15 солагияш муборизаро шурӯъ кардааст, ки  пас аз 28 сол имрӯз ба мақоми сарвазирии Арманистон расид. Имрӯзҳо мегӯянд, Сулаймон Орзӯев ҷавон асту маълумот надорад ва чаро ӯ мубориза мебарад. 

 

Ман ба ин боварам, ки муҳоҷирату сафар, парешониҳо, ҷабру зулм диданҳо мардуми имрӯзаи моро чунон пухтаву кордида кардааст, ки ҷаҳонбиниву мадори сиёсиашон даҳҳо баробари иддае аз ҳукуматдорони тоҷик гаштааст.  Ҳамин аст, ки ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад, мардумро хусусан ҷавононро ба сӯи ифротгароиву ваҳшатафканӣ тела диҳад, хеле кам касон фирефта мешаванд ва огоҳона бо роҳи осоишта муборизаи беамони худро идома медиҳанд. Аммо, қишри асосии ҷомеъаи тоҷикӣ хеле дар эҳтиёткорӣ ва канораҷӯӣ аз сиёсат ифрот кардаанд. Тафовути мо аз арманҳо ва шояд сади роҳи инқилоби мардумӣ дар кишвар ҳам ҳамин бошад. Ҳукумат ҳам огоҳона аз ин вазъият истифода мебарад. Бале, ҳама мустабидон дар ҳама асру замон чунин буданд, вале дер напоидаанд. Косаи оромиву эҳтиёткории мардуми мо ҳам дур нест, ки лабрез мешавад. Мардум ба ҷабру зулм ҳамон қадар зиёд сабр карда бошад, вақте хати қирмиз убур шуд, дар сарнагунии золимон низ ҳамон қадар боҷасорат мешаванд. Бубинед, Никол Пашинян диплом надорад, вале бо дастгирии мардум ҳама дипломдорони зимом ба дастро ба зону шинонд.

 

Никол Пашинян дақиқан аз 15 солагияш ба мубориза шурӯъ кардааст ва дар донишгоҳ барои активист ё фаоли сиёсӣ буданаш дар қазияи Қарабоғи куҳӣ, ки он вақт дар соли чаҳоруми донишҷӯияш буд, аз донишгоҳ ихроҷ шудааст. Ин ихроҷ шудан ӯро аз мубориза боз надоштааст ва фаолияти журналистияшро дар рӯзномаи Орагир идома дод. Барои як мақолаи фошкорияш ӯро соли 1999 як сол маҳкум ба зиндон ва ба маблағи 25 ҳазор долар ҷаримааш намудаанд. Пас аз он аз зиндон хориҷ шуд ва бори дигар дар як нашрияи дигаре бо номи “Ал канан жаманак” ба ҳайси сармуҳарир муборизаашро идома дод ва дар инҷо ҳам ӯро ором намегузоштанд. Баҳсҳои додгоҳиҳои зиёдеро дунбол намудааст. Соли 2004 дар назди нашрияи ”Ал канан жаманак” мошини тамғаи Ниваи ӯро тарконданд, яъне ба ӯ сӯй қасд намуданд вале ӯ дар вақти таркиш дар назди мошин набуд. Пулис қазияро тез хобонид ва онро мушкилоти техникӣ унвон намуд. Аммо Пашинян хуб медонист, ки ин сӯйи қасд барои таҳқиқоти як қазияи сохтмоние,  ки онро мебурд иртибот дошт ва ин ҳушдор буд,то дигар қазияро дунбол накунад.

 

Соли 2006 “Блок Импичмент”- ро барои сарнагунии президенти он замон Роберт Качерян бо ҳамроҳии ҷонибдоронаш асос гузошт. Соли 2007  интихоботи порлумонӣ баргузор гашт, ки дар он тазвир ва тақаллуб дида мешуд ва Пашинян бо роҳбарии худ митингҳоеро баргузор намуд ва агарчӣ аз он натиҷае ба даст наоварданд.

 

Соли 2008 интихоботи президентӣ баргузор гашт ва дар ин интихобот Пашинян номзад Левоната Потресянро ҷонибдорӣ менамуд. Аммо дар ин интихобот Серж Саргесян барандаи ин интихоботи сохта гардид. Ана аз инҷо муборизаи Никол Пашинян оғози марҳалаи ҷадидро гирифт ва то моҳи майи соли 2018 бар алайҳи Серж Саргесян муборизаҳои сиёсӣ бурд. Дар он сол, дар он митингҳои соли 2008 даҳ нафар ҳалок гашт ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Серж Саргесян дар натиҷаи интихоботи тақаллубӣ  мисли президенти худхондаи Тоҷикистон Эмомалӣ худро президент эълон карда буд.

 

Саргесян Пашинянро дар ҷустуҷӯйи дохилӣ ва Интерпол дод ва ӯро сабабгори қатли митингчиён эълон намуд. Никол Пашинян якунимсол дар Ереван пинҳон шуд ва билохира пас аз фишорҳо ба хонавода ва ҳамсару фарзандонаш худро таслим намуд ва ба ҳашт сол маҳкум ба зиндон шуд, ки пас аз шикояти муҷаддад маҳкама ҳукми ӯро ба чорунимсол иваз намуд ва дар як авфи умум озод гардид. Баъди озодӣ боз ҳам ором нанишаст ва соли 2013 ҳизби “Паймони шаҳрвандӣ”-ро таъсис дод ва пас аз чанде бо дигар аҳзоб якҷо шуд ва як Паймонеро ташкил намуданд.  Ин ҳам мисли инаст, ки имрӯзҳо Эмомалӣ аз Муҳиддин Кабирӣ сар карда то охирин муборизи сиёсиро дар пайгард қарор додааст ва садҳо муборизони дигарро пушти панҷараи зиндон кардааст. Пайвандони ҳазорҳо муборизони дигарро дар кишвар гаравгон гирифта, рӯҳану ҷисман шиканҷа мекунад.

 

Соли 2017 Пашинян вакили порлумони Арманистон интихоб гардид ва дақиқан ҳамон сол барои вазифаи Мири шаҳри Ереван дар интихоботи мири шаҳр ширкат намуд, вале пирӯз нашуд.

 

Ҳамсараш Анна журналист аст ва ду духтар ва як писар доранд. Писараш ҳам фаоли шаҳрвандӣ аст ва  чандин митингҳоро мисли падараш роҳандозӣ ва иштирок намудааст. Ҳоло бошад, писараш бо хоҳиши худаш дар хидмати ҳарбӣ қарор дорад.

 

Баҳори соли 2018 Никол Пашинян иқдоми ду ҳафтаинаи роҳпаймоии “Қадами ман”-ро ба роҳ андохт, ки ҳадаф аз баргузории ин роҳпаймоии ду ҳафтаина ин буд, ки Серж Сергасян мехост аз пас аз интиҳои муҳлати президентияш сарвазир шавад ва ҳукуматро ба дасти сарвазир супорад. Мисли Эмомалии мо аз президентӣ ба пешвогӣ ва пас аз он як умра дар қудрат боқӣ намонад. Зеро Пашинян ҳамчун рӯзноманигор медонист, ин ҳилаҳоест, ки вақте диктатурон намехоҳанд аз қудрат раванд, чунин ғаромбозиҳоро ба роҳ меандозанд, то дар қудрат бимонанд. Чуноне, ки дар Русия Путин ва Медведов ин бозиро анҷом доданд ва ба хуби ҳам тавонистанд онро. Дар ин роҳпаймоии ду ҳафтаина Пашинян захмӣ шуду тарафдоронаш зиндонӣ гаштанд ва худаш ҳам инчунин.  

 

Санаи 13 –уми апрел ба Ереван расид ва риши худро дар ин роҳпаймоии ду ҳафтаинааш гузошта буд, ки ба муборизи воқеӣ ва улгӯӣ хубе барои мардуми Арман табдил ёфт. Рӯзи 22 –уми апрел Серж Сергасян бо Никол Пашинян мулоқот намуд ва ин диктотур бо шарти Пашинян дар мавриди аз вазифа барканор шуданаш розӣ нашуд. Дар рафти мулоқот бо лаҳни шадид Серж Сергасян мулоқотро тарк намуд ва Никол Пашинянро зиндонӣ намуданд. Аммо Серж Сергасян рӯзи 23-уми апрел пас аз як рӯз истеъфо дод ва эълон намуд, ки ман иштибоҳ кардам ва Никол Пашинянро аз зиндон озод намуданд. Рӯзи якуми Май дар порлумони Арманистон интихобот баргузор гашт, ки ба номзадии Пашинян ҷонибдорони Серж Сергасян овоз надоданд. Бори дигар митингҳо шурӯъ шуд ва дар таърихи 3-уми май 59 вакили парлумон ба тарафдории Пашинян ва 42 нафар мухолиф овоз доданд. Муҳим, идомааш барои шумо хонандагони гиромӣ маълум аст, ки дар мақолаи қаблӣ онро навиштаам.

 

Дар муқобили Эмомалӣ пирӯз мешавем ва ё на?

Кадоми аз мо ва шумо 28 сол мубориза бурдем барои тағйири сохти диктотурӣ ва низоми зулму истибдод. Агарчӣ мубориза бурдем, вале ин номарди Эмомалӣ бо фиреб ва хиёнатҳояш падарони моро фиреб намуд вале мо фарзандони он падарони фиребхурда, ҳаргиз фиреби ин хоинро дигар намехурем. Ба афви ӯ бовар накунед, ба савганди ӯ бовар накунед, ба ончӣ мегӯяду ваъда мекунад бовар накунед!

 

Мо миллат пирӯз хоҳем шуд ва барои ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки Пашинн аз 15 солагияш фаоли сиёсӣ буд ҳоло дар мардони бузургсол чунин ҷуръатро намебинам. Аз чӣ метарсед? Эмомалӣ ҳамаро наметавонад бикушаду зиндонӣ кунад, дигар дар зиндонҳояш ҷой нест, дар ҷойи 100 нафар 180 нафар ҷойгир шудааст ва ин низом охирин нафасҳои хабисашро мекашад ва мову шумо бояд то охирон лаҳзаҳои вопасинаш дар мубориза бошем ва ҳаргиз дар ин ҷода хаста набошем.  Агар мо бо шуҷоату далерӣ ва таваккал ба Худованди чорасоз муборизаро ба роҳ монем, Эмомалӣ дер намепояд!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад