Пинҳон ё пушонидани аврати мусалмон имрӯзҳо аз миён рафтааст
Ҳасани Басрӣ (раҳ) мефармояд: Қавмҳоеро дидам,ки ҳеҷ айб ва нуқсоне надоштанд. Аммо дар мавриди айбу нуқсонҳои дигарон пайваста сухан мегуфтанд.Аллоҳ барои ин қавм айбҳо ва нуқсонҳоеро барояшон падидовард.
Қавмҳоеро диддам,ки онҳо дорои айбҳо ва нуқсонҳои бузурге буданд.Аммо онҳо аз гуфтани айбҳо ва нуқсонҳои дигарон сукут карданд ва чизе нагуфтанд.Аллоҳ айбу нуқсонҳои ин қавмро пушонид ва аз онҳо касе огоҳ нагардид.
-Забонатро нигоҳдор то ончӣ чашмонат диданд ва гушҳоят шуниданд авратҳои мардумро ифшо ва ба касе нагӯянд.
-Туроҳам аврат ва корҳое маҳрамонаи зиёде вуҷуд дорад,ки мардумони зиёде онро метавонанд бубинанд ва ба дигарон расонанд.
Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд: “Шахсе сатр (пушонад) аврати бародари мусалмонашро.Мепушонад Аллоҳ авраташро рӯзи қиёмат.Шахсе ошкор мекунад аврати бародари мусалмонашро. Аллоҳ ошкор мекунад авраташро (барои ҳама онро ба намоиш мегузорад). Ҳатто инки беобурӯй ё шарманда мегардонад ин шахсро дар хонааш(агар дар хонаашҳам бошад шармандааш мегардонад)”
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Ибни Моҷа)
Умед аст мақсади ин мақоларо хонандагони гиромӣ фаҳмиданд.Ҳамеша ҳарчиро мебинед мешунавед дар нашри он фикр накунед.Албатта манзур аз аврат ,он амалҳоеки аз шахсе ,бародаре,хоҳаре анҷом мешавад. Аммо ончӣ аз золимон ва ситамгарон анҷом мешавад бояд ончӣ мебинем,ки зулми бародару хоҳари мусалмон аст ҳатман онро нашр кунед,то ҳама аз он огоҳ гарданд.Кумаки мазлум ин хело фазилат ва бузургтарин аҷру савоб дорад.