Дар аврупо пирӯзии Эрдугонро туркҳо ба хушҳоли истиқбол доранд!

Ислоҳ нет

 

Дар минтақае зиндагони менамоям ним соат шуд,ки ба хиёбонҳо мардум рехтаанд,бо мошинҳо ва мототисклҳо бо байрақҳои туркия ва акси Эрдугон ва бо як шодӣ онро истиқбол менамоянд.Беш аз 400 мошин,ки дар онҳо туркҳо саворанд ва бо як ҳаяҷон ин пирӯзиро таҷлил доранд.Таҷаммуъӣ туркҳо воқеан аз Эрдугон як роҳбари воқеан мардумиеро муаррифӣ менамояд Як турки рафиқ дорам Элдрим ӯро занг задам ва пурсидам чӣ хабар аст шумо,президенти туркҳои минтақа ҳастед? Гуфт Хоҷам имрӯз барои мо рӯзи хушҳолкунанда ва таърихие ҳаст,ки Эрдугон ва ҳизбаш дар интихобот пирӯзӣ ба даст овард.Туркҳо дар аврупо воқеан хело зиёданд ва ҳамаашон тоҷир ва ширкатҳои маъруф доранд.Дар масоили иҷтимоӣ ва муассисаҳои хайрияҳам хело фаоланд.Беш аз 30 масҷид дар минтақае ҳастем сохтаанд.Масҷидҳои туркҳо аз масоҷиди арабҳо зеботар ва муназзаму мураттаб ҳастанд.Бо ҳукуматҳои минтақаҳам хело ҳамоҳанг ва дар миёни мусалмонони минтақа дастболо ва аз эҳтироми хоссае бархурдоранд.Дар масоҷиди арабҳо агар дар ҳама моҳи рамазон 100 ҳазор евро садақаи фитр ҷамъ омада бошанд.Масоҷиди турки дар ин моҳ беш аз 1 миллион евро чамъоварданд ва ба мусалмонони камбағали н шаҳр,ки 80 ҳазор аҳолӣ дорад,то субҳи ид тақсим намуданд.Вақте аз президенти туркҳои минтақа дар як шаби рамазон  пурсидам ин кор то омадани Эрдугонҳам вуҷуд дошт? Гуфт: Бале вуҷуд дошт вале на мисли сари кор омадани Эрдугон муназзам буд.Пас аз сари кор омадани Эрдугон тартиб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба як шевои хуб бароҳ монда шуд.На фақад дар минтақаи мо балке дар ҳама аврупо ва манотиқеки туркҳо онҷо кору зиндагонӣ мекунанд.Феълан ягона давлати аврупоиеки бо туркҳо хоссатан ва бо мусалмонон дар умум фишорро шурӯъ намудааст ин Утриш (Венна) аст.Чанд рӯз пеш Эрдугон бо як хитоби шадидуллаҳн ба конслери он давлат хитоб намуд ва ӯро ҳушдорҳам дод.Умед аст ин ҳушдор ин ҷавони ноогоҳро каме б худ меорад ва сиёсати қамъгароёнаашро коҳиш медиҳад.Пас маълум мешавад,ки Эрдугон на танҳо дар дохил аз маҳбубият бархурдор аст балке муҳаббати ӯ фаро аз марзҳои кишварашҳам асар кардааст,марзҳоро шикаста аст.Бале вақте роҳбар мардумӣ ва аз тарафи мардум интихоб мегардад ӯ дар хидмати мардуми дохили кишвар ва шаҳрвандони бурӯнмарзияш мебошад.

Оё кадоме аз мо ва шумо ҳеҷ раисҷумҳуреро,чӣ аз мусалмонон ва ғайри мусалмонон бо чунин маҳбубият дар дохили кишвараш ва хориҷи он дар олам суроғ дорем?

Масалан Эмомалӣ Абдурраҳмон,ки беш аз  90% ороро дар ҳама интихоботҳо ба худ ихтисос медиҳад як тоҷикро дар хориҷ мебинед,ки он пирӯзиро истиқбол намояд ё намуда бошад? Агар воқеан пирӯз мешуд ҳатман аз чунин маҳбубияте бархурдор буд. Муҳим омори дурӯғ нест ва онҳам беш аз 90% ҳатто 53% ҳам кофӣ аст.Ҳатто дар дохили кишвар пас аз пирӯзии дурӯғини ҷаноби Эмомалӣ Абдурраҳмон ва ҳизбаш ҳеҷ хушҳолиеро намебинему мушоҳида намекунем.Дар 53% касби оро инқадар хушҳолии мардумашро мушоҳида мекунем.Аммо дар беш аз “ 90% “- и пирӯзии “пешво”и самозванеци мо бошад,мардум гӯё дар кишвар ҳеҷ чизе нашудааст ва дақиқан ин пирӯзиҳояш,то имрӯз як спектаклеро мемонад ва кишварро дар даҳгонаи фақиртарин кишварҳои олам шомил намудааст.

Чаро инқадар миллатро фиреб мекарда бошанд?

Чаро мехоҳанд худро нестамдарҷаҳон муаррифӣ кунанд,дар ҳоле ҳеҷкасанд?

Аллоҳ ба миллат ва кишвари моҳам чунин роҳбарони маҳбубро эҳдо намо омин

Share This Article