Пиразанеки беҳтарин домодони оламро дошту, як писарҳам надошт

Хавла бинти Авф як писарҳам надошт, вале бо духтаронеки аз чанд шавҳар дошташ, онҳоро тарбияти накӯ намуд ва дорои беҳтарин домодони олам гардид.Наберагонеки,то рӯзи қиёмат уммат номҳои онҳоро фаромӯш намекунанд

 

 

(Маълумотҳоеки,то имрӯз аз он, кам огоҳанд)

 

Лубобаи кубро умми Фазл бинти Ҳорис (раз) : Ӯ ҳамсари Аббос писари Абдулмуталиб амаки Паёмбар (с),модари Абдуллоҳ ибни Аббос ва Фазл ибни Аббос ва дар умум шаш фарзанд таваллуд карда буданд (разияллоҳу анҳум аҷмаъин). Барои он Лубобобаи Кубро мегуфтанд,ки падараш аз ҳамсари дигар, духтаре  дошт,ки ӯроҳам аз дӯстдории ин духтараш Лубоба ном гузошта буд ва ӯро бо номи Лубобаи Суғро мешинохтанд.Аммо муаррихин дар ин ду каме боҳам ихтилоф доранд,ки модарашон Хавла аст ё на. Лубобаи Суғро бошад ҳамсари Валид ибни Муғйра яъне модари Холид ибни Валид (раз) Сайфуллоҳил маслул буд.Лубобаи Кубро соли 30 ҳ.қ қабл аз шавҳараш Аббос (раз) дар хилофати Усмон ибни Аффон (раз) вафот менамояд.Ташобуҳи исмӣ дар номгузории фарзандонашон зиёд буд,ки гоҳо муаррихинро ба шак мувоҷеҳ менамояд.

Салмо бинти Умайс (раз) дар ривояте Арво низ мегуфтааанд ӯро:  Ҳамсари  Ҳамза, шермарди ислом, шаҳиди ҷанги Уҳуд.Ҳамза (раз)-ро Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) – Сайидушуҳадо гуфтаанд,  Ӯ амаки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд.Аз Ҳамза (раз) духтаре дошт бо номи Аммора дар ривояти дигаре Фотима омадааст,аммо Амморааш дурусттар аст.Пас аз шаҳодати Ҳамза (раз) бо  Шаддод ибни Абдулҳод издивоҷ мекунад ва аз ӯ писаре таваллуд мекунад бо номи Абдуллоҳ ибни Шаддод.

 

 Асмоа бинти Умайс(раз) ҳамсари Ҷаъфар писари Абӯтолиб амакбачаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) инчунин ба Ҷаъфари Тайёрҳам маъруф аст. буд. Пас аз издивоҷ ба Ҳабаша бо шаваҳараш ҳиҷрати аввалро намуда аст.Аз Ҷаъфар (раз) се писар дошт,ки ҳарсеро дар Ҳабаша таваллуд карда буд.Писаронаш Абдуллоҳ,Авн,Муҳаммад ном доштанд ва соли ҳафти ҳиҷрӣ қамарӣ ба Мадина ҳиҷрат карданд бо шавҳар ва писаронаш ва соли ҳашти ҳиҷрӣ қамарӣ шавҳараш  Ҷаъфар (раз) дар ҷанги Мувута шаҳид мешавад,пас аз он вақте,ки Умми Руммон (раз) ҳамсари  Абубубакри Сиддиқ (раз) вафот мекунад бо ӯ издивоҷ мекунад.Аз Абубакри Сиддиқ (раз) ва Асмоа писаре таваллуд мешавад,ки ӯ Муҳаммад ибни Абубакр буд.Соли 13 ҳ.қ Абубакри Сиддиқ (раз) вафот мекунад ва васият мекунад,ки ӯро Асмоа бишӯяд ва кафан кунад.Пас аз вафоти Сиддиқ(раз) Асмоа бинти Умайс (раз) бо Алӣ ибни Абутолиб (раз) бародари шавҳари авалаш Ҷаъфар ибни Абутолиб(раз) издивоҷ мекунад ва аз Алӣ (раз) бо як ривоят ду писаре таваллуд мекунад Яҳё ва Авн бо ривояти дигар се писар. Номи фарзандонро аҳамият диҳед аз шавҳари аввалашҳам писаре бо номи Муҳаммад дошт аз Абубакр (раз) ва аз Алӣ(раз) ҳам дар ривояте писаре бо номи Муҳаммад дошта аст.Инчунин писаре бо номи Авн ки аз Ҷаъфарҳам дорад ва аз Алӣ (раз)-ҳам дорад.Аммо вақте номи падаронашон ба номҳои писарон изофа мешавад ба номҳои модарон аҳамият намедиҳанд ё кам таваҷҷуҳ мешавад.Таърихнигорон ҳатто иштибоҳоте дар ин масала кардаанд.Ҳатто худам беш аз 21 манбаъро дидам,ки чӣ гӯна аст дурусташ.

Уммулмуъмин Маймуна(раз),ки номаш қаблан Бурра буд: Бурра ибтидо бо Абураҳм ибни Абдулузо қурайшӣ издивоҷ намуда буд.Аммо ин хоҳароне,ки дошт бояд барои хонанда маълум бошад,ки се хоҳари муъминааш дар нури ислом зиндагони мекунанду Бурра бошад дар хонадони мушрике.Ӯ аз зиндагони бо шавраш Абураҳм норозӣ буд ва ин аломати норизоияшро шавҳараш дид ва дигар нахост бо ӯ зиндагонии иҷборӣ кунад ва талоқаш дод. Ин талоқ Бурраро хушҳол намуд ва дар ҳол ба хонаи Аббос (раз) баргашт ба назди аппаш,ки Лубобаи кубро ё Умми Фазл буд. Дар ривояти дигаре омадааст,ки шавҳараш Абураҳм вафот мекунад.Бурра дар сар фикри болотаре аз се апааш ва дақиқан мисли апаи бузургаш Зайнаб дошт,ки онҳам издивоҷ бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд. Бояд зикр намоям,ки апаи Маймуна Зайнаб бинти Хузайма ҳамсари Муҳаммад(с) буд ва соли 3 ҳиҷрӣ издивоҷ намуданд ва соли 4 ҳиҷрӣ вафот менамояд. Намехоҳам ба тафсил дохили ин мавзуъ шавам,метавонед дар сирати Уммулмуъминин  Зайнаб бинти Хузайма (раз) то соли 4 ҳиҷрӣ ва Маймуна(раз)-ро пас аз сулҳи Ҳудайбия маълумоти худро бо мутолеа бештар намоед, муҳим Маймуна (раз) ба орзӯяш расид ва шарафи ҳамсарии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ноил гардид.

Бале хонандаи гиромӣ ин чаҳор зане ё апаву хоҳаре ҳастанд, ки ҳама ислом оварда буданд.Агарчӣ дар умум шашто апаву хоҳаранд чун ман барои чор хоҳар навиштам аз ин хотир чор хоҳар мегӯям. Умми Фазл ислом овард, ва аваллин зани мусалмон пас аз Хадиҷа бинти Хувайлид (раз) маҳсуб меёбад ва хоҳараш Асмоа низ ислом овард.  Ӯ ҳамсари  Ҷаъфар писари Абӯтолиб буд, ки аз аввалин муҳоҷирон бо ҳамсараш ба Ҳабаша буд. Салмо низ ҳамроҳи шавҳараш Ҳамза исломро пазируфт. Модари муъминон Маймуна духтари Ҳорис, ки шавҳараш Абураҳм писари Абдулузо талоқ гирифта буд, аммо ҳанӯз бисту шаш сол беш надошт. Модари ин чаҳор духтари муъмина: Ҳинд ё Хавла бинти Авф ибни Заҳирӣ (раз)  буд, ки ҳама мардум ӯро беҳтарин пиразани Макка медонистанд. Ӯ зане буд, ки беҳтарин домодҳоро дошт, домодҳояш Аббос писари Абӯтолиб Лубобаи Кубро Ҳорис (раз)

Ҷаъфар писари Абӯтолиб Асмоа бинти Умайс (раз)

Ҳамза писари Абдулмуталиб Салмо бинти Умайс(раз)

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с)- Маймуна бинти Ҳорис (раз)

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с) Зайнаб бинти Хузайма(раз)

Валид ибни Муғйра –Лубобаи Суғро бинти Ҳорис (раз)

Диққат диҳед бо ду духтари ин зан Муҳаммад(с) пас аз вафоти аввали издивоҷ намудааст.Зайнаб бинти Хузайма (раз) соли 4 ҳ.қ вафот мекунад дар Мадинаи мунаввара ва дар қабристони Бақеъ мадфун аст. Соли 7 ҳ.қ бо Маймуна бинти Ҳорис (раз) издивоҷ менамоянд.Аксари мардум огоҳи надоранд,ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ду ҳамсаре бо номи Зайнаб доштанд.

 

Асмоа духтари Амис ва Салмо духтари Амис аз як падар ва модар ҳастанд ва Лубобаи Кубро ва Уммулмуъминин Маймуна аз як падар ва модар ҳастанд.Муҳим ин шаш хоҳар чортояш, модаронашон як ва падаронашон ҷудо ва дар ривояте Асмоа ва Салморо духтарони Хавла бинти Авф (раз) намедонанд вале дар тарбияи ин зан ба воя расидаанд. Бинобар ин онҳо хоҳарони модарии Маймуна ва хоҳар арусони Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васаллам) мебошанд.

Издивоҷи муборак.

Дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)барои адои ҳаҷи умра ба Макка омад, Маймуна модари муъминон аз омадани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бохабар шуд. Ӯ розеро дар қалб пинҳон дошт, ки онро бо ҳеҷ кас ҷуз хоҳараш Умми  Фазл ҳамсари Аббос(раз), ки аз ҳамаи мардум ба ӯ наздик буд, дар миён нагузошт. Оё медонед он роз чӣ буд? Маймуна модари муъминон орзӯ дошт ва дилаш мехост, ки ҳамсари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шавад, то аз наздик азамати исломро мушоҳида кунад ва бо зиндагии ин “МАРДИ БУЗУРГ шарик бошад. Маймуна модари муъминон рози дилашро  бо умми Фазл дар миён гузошт ва умми Фазл бо меҳрубонӣ ба суханони хоҳараш гӯш дод ва табиии буд, ки ӯ рози хоҳарашро бо шавҳараш Аббос дар миён бигзорад. 

Ҳамчунон, ки Маймуна модари муъминон розро ба умми Фазл гуфт ва анҷоми корро низ ба уҳдаи ӯ гузошт. Аббос (р) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)рафт ва дар мавриди Бурра, ки мусалмон ва муъмина буд, сухан гуфт ва низ ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)гуфт:    Оё мехоҳӣ бо ӯ издивоҷ кунӣ?

 Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) писанддид ва писарамакаш Ҷаъфар писари Абӯтолибро барои хостгорӣ назди Маймуна модари муъминон фиристод, ҳангоме, ки Ҷаъфар омад, Маймуна савор бар шутур буд ва Ҷаъфар аз ӯ барои Пайёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хостгорӣ кард. Маймуна модари муъминон гуфт: (шутур ва ончӣ барои ӯст аз они Аллоҳ ва Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи васаллам аст). Маймуна модари муъминон худро ба Аллоҳ ва Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳадя кард, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) исми ӯро ки Бурра буд, иваз карда, Маймуна гузошт. Маймуна модари муъминон бо хости вуҷуди худ ва отифаи занонааш иҷобат кард. Ин хоста паёмовари имон, муҳаббат ба ислом ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд, бинобар ин Худованд дар пайи замзамаи мардум дар Қуръон ояте нозил кард.

 «Эй Паёмбар (с), ҳамоно мо ҳалол кардем барои ту ҳамсаронеро, ки маҳрияи онон ҳастанд. Аз ононе, ки Худованд дар ихтиёри ту қарор додааст ва ҳамчунин духтари амакҳо ва духтари аммаҳо ва духтари тағоҳо ва духтари холаҳои ту, ки ҳамроҳ бо ту ҳиҷрат кардаанд» (Сураи Аҳзоб ояти, 50).

 Сипас модари муъминонро бо ин оят тасалло дод:

«Ва зани боимон, ки худро барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳиба кард, агар Паёмбар қасди никоҳи ӯро дошта бошад, ин махсӯси  туст, на барои соири муъминон, ҳамоно медонем ончиро, ки ба шавҳарон дар ҳаққи ҳамсаронашон ва ончӣ, ки онон молики онҳо ҳастанд муайян кардаем, то барои шумо музоиқа набошад ва Худованд бахшандаву меҳрубон аст». (Сураи Аҳзоб ояти, 50).

Дар “Умраи Қазо” Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) се рӯз дар Макка иқомат кард, дар субҳи рӯзи чаҳорум Ҳутайб писари Абдулазиз,ки баъдан мусалмон шуд ва ҳамроҳ бо гурӯҳе аз мушрикин назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омад ва гуфт: Муддати муқаррар тамом шудааст аз ин ҷо бирав, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Агар моро бигзоред, ки дар макка арӯсӣ кунам ва ғазое дуруст кунам, ва шуморо низ барои хурдани таъом даъват ба амал оварам чӣ тавр аст?» Онҳо бо тундӣ гуфтанд: Мо ба ғазои ту эҳтиёҷ надорем ҳарчи зудтар инҷоро тарк кун. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар минтақае бо номи Сарф, ки масофати даҳ рӯз аз Макка фосила дошт хориҷ шуд ва онҷо иқомат афканд ва Маймуна духтари Ҳорис ба ӯ пайваст ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) баъд аз ин, ки умраро анҷом дода буд, бо Маймуна модари муъминон издивоҷ кард. Маймуна модари муъминон мегуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ман дар минтақи Сарф издивоҷ кард, ки мо ҳар ду аз эҳроми умра берун омада будем.   Маймуна охирин зане буд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ӯ издивоҷ намуд. Маймуна модари муъминон ба хонаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пайваст ва дар масҷиди Набӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) намоз мехонд, ҳангоме, ки бемории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шиддат гирифт, дар хонаи Маймуна ташриф дошт ва аз онҷо ба хонаи Оишаи Сиддиқа (р) мунтақил гардид. Оиша (р) дар ин маврид мегӯяд: « Бемории Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар хонаи Маймуна оғоз шуд, эшон аз ҳамсаронаш иҷоза хост, то дар хонаи ман бемордорӣ шавад, ҳамсаронаш низ мувофиқат карданд».Маймуна зани содиқ ва бо имон буд, дар яке аз рӯзҳо касе аз хешовандонаш назди ӯ омад, бӯйи шароб ба машоми Маймуна модари муъминон расид, хашмгин шуд ва фармуд: Савганд ба Аллоҳ агар наравӣ, то ҳад бар ту иҷро нагардад, дубора ҳақ надорӣ назди ман биёӣ, саранҷом ӯ низ чунин кард.

Вафот.

 Маймуна модари муъминон дар аёми хилофати хулафои рошидин разияллоҳу анҳум аҷмаъин мавриди эҳтироми онҳо буд ва зиндагии ӯ то хилофати Муовия идома ёфт ва дар соли 51-ҳиҷрӣ ҳаҷҷи Байтуллоҳро анҷом дод ва дар ҳоли бар гаштан ба Мадина дақиқан дар он минтақаеки бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) издивоҷ намуда буд Сарф расид.Онҷо таваққуф намуд ва ба ёди шавҳараш Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи васалллам)шуданд ва дар он минтақаи Сарф дунёи фониро падруд гуфтанд. Модари муъминон Маймуна дар Сарф дар ҷое, ки зиндагии заношӯиро бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)оғоз карда буд ба хок супурда шуд. Абдуллоҳ ибни Аббос (раз),ки ҷиянаш буд дар  ҷанозааш ширкат карда, бар ӯ намоз хонд ва ба кӯмки ӯ ва Язид писари Осим ва Абдуллоҳ писари Шаддод хоҳарзодагони Маймуна модари муъминон дар қабр гузошта шуд.

Хонандаи гиромӣ ин бону Ҳинд ё Хавла бинти Авф як писарҳам надошт, вале бо духтаронеки аз чанд шавҳар дошташ, онҳоро  тарбияти накӯ намуд ва дорои беҳтарин домодони олам гардид.Наберагонеки,то рӯзи қиёмат уммат номҳои онҳоро фаромӯш намекунанд

Умед аст аз таърихи ин хоҳарони бо имон истифода карда бошему мисли ин занон духтарони худро тарбия намоем.Бо тарбияти як духтар ҷомеъа ва миллатро тарбият намудаем ва агар дар тарбияти духтаронамон ноком шавем, ҷомеъа ва миллатро харобу бадном кардаем.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

                                                                         

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад