ПОДОШ (қисса)

Миëни ду ҳамсояи рӯбарӯ табассум қалбакиву муносибат қолабӣ буд. Нафси сабил одамро ба чӣ кӯчаҳое меандозад?!

 

“Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед”. (Қуръони карим, сураи Исро, ояти 7)



Толибилмони коллеҷи тиббиро барои таҷрибаомузӣ ба шӯъбаҳои гуногуни беморхона тақсим мекарданд. Сабрина дар курси дуюм мехонд, ки дар шӯъбаи эҳëи бачагона (детская реанимация) номнавис шуду ду сол баъд аз дарс ҳамон ҷо таҷрибаи корӣ омӯхт. Дасташ ба кор мечаспидагӣ, ҳаросаш гум ва доруҳоро мешинохтагӣ шуд.  

Баъди оиладор шудан, шавҳараш  дар басти шабона кор кардан намегузошт. Аммо бегоҳ аз кор омадан замон муштариëни гузари дурандароз пайи ҳам доруву дорухалтаашонро бардошта омадан мегигифтанд. Баъзан нафароне, ки духтур ва ҳамшираи шафқатро фарқ намекарданд, бемор шаванд, барои ташхису табобат ҳам меомаданд. Сабрина аз кори вазнин хаста  шуда ояд ҳам, ба ҳамсояҳо не гуфта наметавонист. Аз маоши давлатӣ дида, даромади аз мардум ëфтааш беҳтару бештар буд. Сабрина бо малакаи худ хеле обрӯй пайдо карда буд.

Бо гузашти якчанд сол Сабрина соҳиби се фарзанди дӯстрӯяк шуд. Хонааш саргаҳи роҳи бозори марказӣ буду субҳ то шом хеле серодам. Мошини зиëде дар кучаашон саф кашида, мисоли фурӯшгоҳи мошин мешуд. Сафи дурусту ботартиб ва бехавфии мошинҳоро назорат кардан бар дӯши хусури Сабрина буд. Дар як шабонарӯз мӯйсефед 15 сомонӣ маблағ кор мекард. Дар рӯбарӯйи дари ҳавлии хоксоронаашон як дарвозаи  хонаи сетабақаи бошаҳомате буд, ки соҳибаш ба ана ҳамин понздаҳ сомонӣ даромади мӯйсафед чашм ало карда буд ва дар андешаи он буд, ки коре кунаду муйсафеди лангро аз ин кор барканор кунад?!

Дида натавонистани бурди ҳамсоя сабаби дигаре ҳам дошт. Қабл аз келин шуда омадани Сабрина беморони ин гузар ҳама мизоҷони сокини ҳамин ҳавлии бошаҳомат буданд охир.

 

Ӯ ҳам ҳамшираи соҳибтаҷриба буду маблағи ба даҳонаш омадаро гуфта, меситонид. Аммо аз куҷое Сабрина пайдо шуду ба ҳавлии ҳамсоя келин шуда омад, аввал нонаш ним шуд, баъд ӯро ҳамчун ҳамшираи шафқат ҳама фаромӯш карданд.

Бозори рақобат қонунҳои худро дорад. Бардорад зам мекунӣ, набардорад кам мекунӣ. Чӣ бисёр? Ҳамшираи шафқат бисёр.

Ҳамин зайл миëни ду ҳамсояи рӯбарӯ табассум қалбакиву муносибат қолабӣ буд. Нафси сабил одамро ба чӣ кӯчаҳое меандозад?!  
Келини ҳамсоя баъди таваллуди фарзанди чорумаш бемор шуда монду ҳар рӯз хушдоманаш якчанд сӯзандору мегузаронд. Рӯзе хушдоманаш дар кадом як маърака буду кораш ба Сабрина афтод. Сӯзандоруро нисфирӯзӣ қабул кард. Шабона ëрии таъҷилӣ ҷеғ заданду келини ҳамсояро бурд. Сӯзан ба тори асаб расидаасту бемор дигар як пояшро рост карда натавонистааст. Табъаш беҳад баланд шуда, ба дард тоб наоварда, духтурро фарëд кардаанд.

Субҳ хабар омад, ки келини ҳамсоя ба беморхонаи бемориҳои асаб бистарӣ шудааст. Худо гӯй, ки корат ба духтуру милиса наафтад гуфтагӣ барин, кори ин ду ҳамсоя ба ҳар ду афтод. Духтур ҳам, милиса ҳам.

Зарбулмасали “Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар” аз хотирашон рафт магар, ки аз болои Сабрина мактуби шикоятӣ навишта, ба суд  муроҷиат карданд. Ташхисхати духтур исботи аниқ буд, ки ҳамшираи шафқат хато кардааст, аммо иштибоҳи ногаҳонӣ неву як варақ ғаразҳои шахсӣ навишта бурдаанд. Дар вақти пурсиши суд Сабринаи айбдоршаванда ба гардан гирифт, ки хароҷоти табобатро пурра мепардозад.

 

Болои ҷаҳлаш гуфт, ë якбора аз даҳонаш баромад, ки даъвогар чунин гуфта монд: “Даҳ сол боз худам укол мекардам, нағз буд. Як бор ту кардиву маъюб кардӣ келинамро”.  Аммо раиси суд дигар суол ҳам надод, ки магар келинатон даҳ сол боз бемор аст?!

Камбағалро аз болои шутур ҳам саг мегазад. Расо се моҳ дар  беморхонаҳои пурқимати шахсӣ ҳамсоякелин табобат гирифт. Сабринаро хешу табори қарз нагирифтааш намонд. Яксола маошашро бояд пардозад, то аз қарз халос шавад. Оташи қасоси ҳамсоя хомӯш нашуд магар, ки ба ҷойи кори ҳамшира ҳам шикоят навишт. Аз кор ҳам холӣ шуд.
Дар ду коргоҳ ҳамчун фаррош  ба кор даромад.

 

Ба ҷойи он, ки овозаро шунида, мизоҷонаш рӯй гардонанд, баракс зиëд шуда рафтанд. Ëфтагиашро ҷамъ карду аз қарз ҳам халос шуд. Ҳуҷҷатҳояшро бурда ба донишкадаи омузгорӣ супорид.

Донишкадаро хатм намуд ва ҳамчун муаллимаи фанни биология дар мактаб дарс дода, се баробари ҳамшира зиëдтар маош мегирифтагӣ ҳам шуд.

Аммо дар дунë асроре нест, ки пинҳон монад.
Як субҳ сардухтури шуъбаи эҳë занг зад. Сабрина ҳатто рақами утоқи сардухтури шуъбаро дар хотир надошт, ки дар ҳайрат монд. Сардухтур хеле узр пурсиду хоҳиш кард, то ба кор баргардад.

Чун фаҳмид, ки Сабрина маълумоти олӣ дораду акнун муаллима аст, сабаби узрпурсиашро ошкор кард:

“Келини ҳамсояатон бо беэҳтиётии ту осеб надидааст. Ташхисхатро хусураш аз духтури асаб пул дода гирифтааст. Бемории келин бошад аз сабаби даҳ сол нодуруст табобат гирифтан, хуруҷ кардааст. Ин ҳамаро хусури он келин дар ҳоли мастӣ шахсан ба худам  гуфта монд. Аммо ман чизе дигар бароят гуфтан мехоҳам. Аз гуноҳи худи келинчак гузар. Писарчаи ягонаашро дар беморхонаи бемориҳои асаб бистарӣ карданд. Модар шабу рӯз ашки пушаймонӣ мерезад. Агар тавонӣ, илтимос, як бор беморбинӣ рав. Медонам, ки дили дарë дорӣ…”

ШИФО

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

ПМТ:Як соли талошҳо

Паймони Миллии Тоҷикистон- эътилофи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик бо ташкили як ҷаласаи васеъ бо ширкати меҳмонони зиёде аз кишварҳои Русия, Гурҷистон, Конодо, Фаронса, Ҳоланд, Олмон, Литва, Утриш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аз аввалин соли таъсисёбии худ,таҷлил ба амал овард.
Read More

Аввалин раддияи КДАМ+ВКХ алайҳи ИМА+ҲНИТ

Гузориши солонаи Департаменти давлатӣ як бори дигар чеҳраи Раҳмоновро ба унвони як диктатор ва худкома барои ҷаҳониён бишинисонд ва тамоми дурӯғу фитнаву дасисаҳои ӯро дар робита ба мубориза бо терроризм ифшо ва ошкор кард.
Read More

Шабнам Худойдодова: “То пайвандонамро ба оғуш нагирам ором намешавам”

Дар натиҷаи садобаландкуниҳо, флешмобу пикетҳои саросарӣ, фишори созмонҳои дифои ҳуқуқи башар мақомоти Тоҷикистон ба танг меояд ва ниҳоят пайвандони Шабнам низ озод ва дирӯз 11- августи соли 2018 ба қасди Алма-ато Тоҷикистонро тарк мегӯянд.
Read More

Мухолифати доктор Абдуллоҳ ва устод Ато дар Афғонистон ва имкони нооромиҳо дар Осиёи Миёна

Вазъият дар кишвари Афғонистон тоза ташаннуҷ наёфта, балки солиёни зиёд (тақрибан чор даҳа) аст, ки ин нооромӣ идома дорад ва бевосита ба вазъи нобасомони Осиё марбут аст. Ҳар қадар дар Афғонистон нооромӣ идома пайдо кунад, ба ҳамон андоза кишварҳои ҳамсояро ноором месозад. Гумон меравад ба шарҳи ин мавзуъ ниёз нест. Ин кишвар аз оғози ҷанги рус ва ҷангҳои дохилӣ чанд миллион шаҳид ва овораву муҳоҷир дошт. Дар Афғонистон миллату халқиятҳои мухталиф аз қабили пашту,тоҷик, ҳазора,туркман ва ақалиятҳои дигар сукунат доранд. Аммо аз ҳама бештар дар ин давлат ду миллат пашту ва тоҷик бештаранд