Полковник “мулло” Абдураҳим Каримов кист?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Мулло Абдураҳим-Раҳим Каримов, ки як замоне  Мавлавӣ ҳам унвон гирифта ва худро кӯлобӣ муаррифӣ мекунад, кист ва аслан куҷоӣ аст?

 Нафароне, ки ӯро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ солҳои қабл аз ҷанги дохилӣ ва дар замоне, ки дар Афғонистон дар ҳиҷрат қарор дошт, мегуфт, ки ӯ аз Вахёи Тавилдара аст. Бахусус дар Афғонистон худро ҳамеша вахёчӣ муаррифӣ мекард. Дар ҳақиқат маълум мешавад, ки вай аз деҳаи Қарақутан, наздикии деҳаҳои Бедаку Деҳбаланд, зодгоҳи Мавлавӣ Маҳмадалии Файзмуҳаммад аст.  Мавлавӣ Маҳмадалӣ ҳам тасдиқ кардааст, ки Абдураҳим аз Қарақутан аст. Мирзо Зиё (Мирзо Ҷага) ҳам мегуфт, ки Абдураҳим аз ҷойҳои мо аст. Баъдҳо хонаводаи онҳо мекӯчад ва меоянд ба Ховалинг ва онҷо зиндагӣ ихтиёр мекунанд. Дар деҳаи Санги уғур. Падар ва гузаштаҳои Абдураҳим оҳангар буданд.  Падараш бо номи усто Карими лахчахӯр маълум буда асосан наъл месохааст.

  Солҳо баъд Абдураҳим ба Душанбе омада ва дар назди эшони Саидраҳмон ба омӯзиши улуми исломӣ машғул шуд. Аз Душанбе ба Кулоб меояд ва дар як деҳаи наздики ин шаҳр бо номи Тебалай маскан мегузинад. Ва, дар инҷо то соли 1992, то замони ҳиҷрат ба сар мебарад. Ба Афғонистон тавассути Бадахшон фирор мекунад.

  Вақте аз муҳоҷирати Афғонистон баргашту омад ва аз онки  қудрат  дар дасти кӯлобиҳо афтода буд, дигар худро кулобӣ мегуфт. Ва, дигар мункири зодгоҳ шуда изҳор мекард, ки «мо як вақто дар Вахё зиндагӣ мекардем».

Аз ин, ки ӯ худро ҳамеша “мара мулло Абдураҳими кулобӣ меган” гуфтанҳояш ҳам фаҳмида мешудааст, ки ӯ Кулобӣ набудааст ва худро бо зурӣ Кулобӣ муаррифӣ мекунад….

   Вай дар асноди расмиаш, ки барои Донишгоҳи миллӣ ва Донишкадаи исломӣ пешниҳод шудааст, чунин муаррифӣ мешавад:

 02 майи 1951 дар   н.Темурмалик таваллуд шудаааст. Соли 2004, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ оиди ҳисоби бухгалтерӣ   ва аудит ва соли 2013, Донишкадаи исломии Тоҷикистонро бо ихтисоси омўзгори улуми исломӣ- ғоибона хатм кардааст. Унвони илмиаш  номзади илмҳои фалсафа мебошад. Забонҳои хориҷии     русӣ, арабӣ ва узбекиро медонад.

    Солҳои 2018-19 ба Донишкадаи исломӣ аз Аморати муттаҳидаи араб чанд бор меҳмонон омаданд. Писараш, ки дар консулгарӣ кор мекунад, ҳамроҳашон. Аз нақли кормандони донишкада бармеояд, ки ҳангоми истиқболи арабҳо Мулло Абдураҳим вақти гап задан “мужской род” -ро бо “женский род” омехта мекунад. Писараш низ ҳангоми тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ ва баракс бисëр ғалатҳои дурушт мекунад. Падар чи гуна, писар намуна.

Рисолаи номзадиашро дар Академияи илмҳо роҷеъ ба Шиблии Нуъмонӣ дифоъ намудааст. Дар рӯзи ҳимояаш, ки муқаддима ва мазмуни мухтасари мавзуъ ба забони русӣ буд, гӯи, ки варақҳои дар дасташбуда гиря мекарданд. Суханронияш чунон бесарунуг буд, ки мегуфта бошӣ ягон гунг хонда истодааст. Аъзои комиссия аз шарм сарҳоро хам мекарданд. Вале чун фармон аз ҷониби КДАМ буд, чорае ҷуз таърифу тавсиф надоштанд.

 Кор ва фаъолияти собиқаи Мулло Абдураҳим чунин аст:

Солҳои 1981-1990 корхонаи пахтатозакунии ш.Кулоб

Солҳои 1990-1992 сархатиби масҷиди ҷомеи Кўлоб

Солҳои 1997-1998 узви ҳайати Комиссияи оштии миллӣ

Солхои 1998-1999 Раиси Кумитаи гумруки Точикистон 

Солхои 1999-2005 муовини директори Агентии назорати  маводи нашъаовари  Тоҷикистон 

Солҳои 2010-2014 Омўзгори кафедраи улуми қуръонии Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Солхои 2014-2015 муаллими калони ҳамин Донишкада 

Солхои 2015-2016 и.в.Мудири кафедраи аҳодиси набавии Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Аз феврали 2016 то ҳоло декани факултети филологияи Шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст.

Тамоман ҷадвал ва рафти кориро намедонад. Компютерро ҳатто дар гиронда наметавонад. Дар корҳои ӯ писараш Иноятулло кумак мекунад. Иноятулло хатмкардаи Донишгоҳи исломии Мадинаи Арабистон буда, дар рафти таҳсил ҳамеша ба КДАМ оид ба донишчуён маълумот мефиристод. Баъдан дар Кумитаи дин ба кор пазируфтандаш. Вале бинобар сабаби ришва гирифтанаш   ӯро аз Кумитаи дин пеш карда ба Донишкадаи исломӣ фиристоданд. Сабабаш дар ин буд, ки аз ҷониби оила ба Кумита якчанд паспорт мефиристоданд, то онҳоро дар руйхати шахсони обруманд ба ҳаҷ фиристанд. Иноятулло ва ҳамкори дигараш Шоҳин (ки ҳоло дар сафорати ҶТ дар Дубай кор мекунад) шахсонеро, ки ба миқдори чор то панҷ ҳазор долларӣ пора гирифта ваъдаи фиристодани ҳаҷ карда буданд, бо паспортҳои ОИЛАи ОЗОДА Раҳмонова якҷоя карда ба сардори шуъбаи ҳаҷ медихад.  Пас он ин кор ошкор шуд ва Давлатзода Сулаймон ҳардуи онҳоро аз кор пеш кард. Айни замон Иноят дар шабакаҳо бар зидди Ҳизби наҳзат баромад мекунад ва дар ютуб мепартояд. Ӯ ва падараш аз сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи исломӣ доим хоҳиш мекунанд, ки кормандонро маҷбур кунанд, то баромадҳои ӯро тамошо ва лайк гузоранд, Зеро баромадҳои Муҳиддин Кабирӣ  ва мухолифон просмотру лайки зиëд доранду аз ӯ не. Воқеан ин шағол худро рақиби шер мебинад.

Мулло Абдурахим дар тамоми ҷашнҳои донишкада ва берун аз он фақат дар як мавзуъ, он ҳам бошад, зидди Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ ва воқеаҳои Афғонистон гап мезанад.

    Дар масъалаи «Ихвон-ул муслимин»  ва зиндони кардани онҳо ӯ ва писараш, муовинаш Рамзулло, ки ӯ ҳам як бесавод ва буз аст, нақши асосиӣ доранд.

 Донишҷуëн бесаводии Мулло Абдураҳимро медонанд, вақте ӯро мегӯянд, ки устод ин масъаларо нодуруст гуфтед, ë аз ӯ дар бораи Кабирӣ ë хиëнатҳои кардаи худаш пурсанд, зуд ту ному насабат чи буд, аз куҷоӣ, ақидаҳоят ғалат аст гуфта таҳдид мекунад. Пас, дар ин бора даррав ба куратори амният хабар медиҳад.

   Бо писараш дар байни донишҷуëн бузҳои худро доранд. Бо ҳамин тариқ чандин донишҷӯи донишкада, ҳатто баъзе устодонро бо ҳар баҳона, аз ҷумла бо баҳонаи ихвонӣ равонаи зиндон кардаанд. Дар донишкада то соли 2016 маркази омӯзиши Қуръон ва забони арабӣ фаъолият мекард. Директораш Довудхони Абдухон маъруф бо номи Эшони Довудхон буд. Ин марказ то басташавиаш тақрибан панҷ ҳазор занҳои хонашинро бо хати арабӣ  шинос карда буд.

   Собиқ сардори шуъбаи кадрҳо Лолаев Тоҷиддин, ки полковники амният буд, аз Эшони Довудхон доля канданӣ буд. Бинобар ин доим ӯро мавриди пурсиш ва фишор қарор медод. Вақте дид, ки эшон пул доданӣ нест, дар фикри бастани он марказ шуд. Аз кормандон дар бораи эшон мепурсид, ба КДАМ маълумот мефиристод. Боре аз мулло Абдураҳим пурсид: «ҳамин эшони Довудхон чи хели одамай? Мулло Абдураҳим, ки аз эшони Довудхон ба хотири дар марказ дарс надоданаш хафа буд, гуфт: падари Эшони Довудхон асосгузори ҳизби наҳзат аст. (Ин аҳмақ фикр намекард, ки дари ин утоқ кушодааст ва сӯҳбати онҳоро дигарон шунида истодаанд). Лолаев Тоҷиддин дарҳол ба раëсати мубориза  бо терроризми КДАМ занг зада, доклад кард: «Рафиқ полковник! Ин эшони Довудхон асосгузори ҳизб будаст, ина гапҳои мара устод Карим Раҳим (Мулло Абдураҳим) тасдиқ мекунад, зуд ин марказа бастан лозим. Баъди кушишҳои зиëд Лолаев Тоҷиддин   дар як вохӯрӣ бо СС. Ятимов дар Ромит, ки бо Президент онҷо рафта буданд, шахсан ба дасти СС. Ятимов маълумотнома дод. Ҳамин тавр ин марказ баста шуд.

Тамоми аризаҳои Карим Раҳимро дар Донишкада аз номи ӯ дигарон навиштаанд, чун худаш савод надорад.

Соли 2019 мехоҳад назди Рустами Эмомалӣ дарояд. Ба бинои ҳукумати шахр   медарояд, мегуяд бахши дин меравам. Аммо ба ошëнаи дуюм баромада мехоҳад рост пеши Рустам равад. Пеши роҳи ӯро муовини Рустам- Зубайдзода Маҳмасаид мегирад ва “куҷо мерави?” гуфта ӯро бозмедорад.  Мулло Абдураҳим мегуяд: «ма пеши Рустам мерам то ки мара кати занам бепул ҳаҷ равон куна, ина ариза навиштам».

Зубайдзода Маҳмасаид мегӯяд: тез гум шав аз ин ҷо. Тура кӣ монд иҷа дароӣ?

Мулло Абдураҳим мегуяд: «Рустама гап зан медонад, анааа ма уву падарашда хизматои зиëд кардам, дар аризам навиштам».

  Зубайдзода Маҳмасаид мегӯяд: «каллаҳои мардума буридагиҳотам навиштай??? Тез гум шав». Дар ин замон охрана расида, ӯро аз ҳарду китфаш гирифта аз дари бинои ҳукумати шаҳр берун мекунанд. Ҳамин тариқ ҳам худашро шармандатар ва ҳам бахши дини шаҳрро подстава кард. Аз ҳамон рӯз сар карда, ба бахши дини шаҳр танҳо бо иҷозатнома роҳ дода шуд, ки корафтода аз 10-15 дақиқа зиëд наистад.

Ҳодисаи дигар: Мулло Абдураҳим дар Донишкада бисëрии вақти худро бо чойнушӣ дар китобхона назди Шайх Саъдӣ мегузаронад. Шайх Саъдӣ китобхоначӣ буда, бисëр одами мулоим ва хуштинат аст. Мулло Абдураҳими курнамак ҳамин шайхро чанд бор «подставит» кардааст. Чун Шайх Саъдӣ инсони хуб аст, баъзе кормандон ë ягон шинос барои руқияи шаръӣ хонӣ ва дамандозӣ дар об наздаш мераванд. Бо кӯмаки Мулло  Абдураҳим куратори онвақта Турсунов Исмат шайхро ҳангоми дуохонӣ дастгир карда, аввал ҳақорат мекунад, сипас баëнот ва дар охир доляи вазмин гирифта ҷавобаш додааст.

Инчунин бо писараш Иноятулло дар ин китобхона бо баҳонаи китобхонӣ, вале дар асл супориши КДАМ пинҳонӣ тафтиш гузаронида, китобҳои тафсир ва дигар китобҳое, ки аз ҷониби Эрон ë Арабистон ба Донишкада тӯҳфа шудаанд, мушоҳида намуданд ва зуд ба куратор хабар расониданд.

  Дар натиҷа кормандони раëсати терроризми КДАМ миқдори калони ин китобҳоро мусодира намуда гирифтанд.

Ин буз бо як бузи дигар- Сияҳаков Саидҷалол байни донишҷуëн бо тахаллуси «Бобии бедандун» ва байни кормандон бо тахаллуси «Гестапо» машҳур аст, ҳамаи кормандону донишҷӯëнро мурғу буз кардаанд. Сияҳаков Саидҷалол худро ҳамкурси СС. Ятимов мегуяд. Ӯ аз КГБшникҳои давраи шуравӣ мебошад. Ӯро соли 2019 ба супориши махсус аз даруни заминҳои ҷамоати Тахти Сангини Қубодиëн барои назорати Асомуддинзода Тоҷиддин оварда буданд ва ӯ корашро сад фоиз  анҷом дод.  Дар натича Тоҷиддин Асомуддинзодаро соли 2021 аз вазифа сабукдуш карданд. Бо дастгирӣ ва хабаркашиҳои Мулло Абдураҳим Сияҳаков Саидҷалол ҳар рӯз ба КДАМ маълумот навишта меорад.

Мулло Абдураҳим инчунин дар факултети “фалсафа”и Донишгоҳи миллӣ аз фанни “мантиқ” дарс медиҳад. Донишҷӯëн аз дарсҳои у чизеро намефаҳманд, гапаш фақат дар бораи Афғонистон аст. Аз ин сабаб донишҷуëн дарси ӯро дарси Афгонистономузӣ меноманд.

    Дар замони ректории Асомуддинзода Тоҷиддин дар Донишкадаи исломӣ, ӯ ҳарруз аз Асомуддинзода дарс омухта, сипас онро дар ДМТ мегузашт. Ӯ мехост ба ҷои Асомуддинзода Тоҷиддин ректор шавад. Бинобар ин доим аз болои Асомуддинзода ба КДАМ шикоят меовард, ки  ӯ таҳсилкардаи шаҳри Куми Эрон ва шиамазҳаб аст ва ғайра… Ба ин наистода, ба ВКД  ҳам шикоят бурда буд. Баъди шикоятҳои зиëд Асомуддинзодаро соли 2018 ба ВКД барои сӯҳбат даъват карданд. Чун дид, ки ӯро ректор намемонанд, кӯшиш кард муовини якуми ректор шавад. Сар кард ба сиëҳ кардани муовини якум Сафаров Лутфулло. Чун Сафаров Лутфулло дар идораи мо ва инчунин дигар мақомоти қудратӣ шахсони шиноси боқувват дорад, натавонист, коре кунад. Вале то ҳол Сафаров Лутфуллоро сиëҳ мекунад. Зеро Сафаров Лутфулло ҳамаи гапро дар рӯяш мегӯяд. Чун ин тираш ҳам хок хурд, холо мехоҳад муовин оид ба тарбия ë илм шавад. Дар ҳамаи маҷлису чорабиниҳо, КДАМ ва ВКД муовин оид ба тарбия Умаров Искандаршоро сиëҳ мекунад. Зеро Умаров ҳамзамон сархатиби масҷиди Сариосиë аст. Азбаски ӯ хам ба кормандони КДАМ доля медиҳад, ӯро камтар фишор медиҳанд. Холо чашмаш ба ҳамин вазифаи муовини ректор оид ба тарбия шудан аст, чун аз муфтӣ  шудан ҳам умедашро канд. Барои муфтӣ  шудан хеле зӯр зада буд, нашуд.

  Тибки маълумоти дӯстон аз раëсати терроризм, соли 2019 мулло Абдураҳим аз куратор ва аз Раëсати терроризми КДАМ хоҳиш намуд, ки писараш Иноятро ҳамчун роҳбалад ба ҳаҷ фиристанд, то он Донишгоҳе, ки дар Мадинаи мунаввара худаш таҳсил кардаасту бачаҳои онҷо бисëранд, ки буданашонро аниқ ва ба КДАМ пешниҳод кунад. Онҳо ҳамаашон онҷо салафиву ваҳҳобӣ шудаанд. Лекин Раëсати терроризм ин хоҳиши ӯро ба инобат нагирифт. Воқеан ҳар боре, ки   ӯ ба КДАМ меояд, кормандон ӯро “муллошайтон омад, бузичамон омад, шайтони пир омад” мегӯянд. Дар бисëр ҷойҳо аз номи СС. Ятимов гап мезанад ва гоҳо таҳдид ҳам мекунад.

    То соли 2019 худро ба  кормандони  мо ташбеҳ карда, Шоҳрух Саидовро “Шорих” мегуфт. Мегуфтааст “ҳоло ӯ як кудак аст, барои ҳамин пеши мо да Шоҳрух неву Шорих аст.”  Ӯ ақлаш намегирад, ки ин суханро пинҳон бояд дошт. Воқеан даҳони беқолаб дорад. Кораш фақат пешниҳод кардани маълумот, сиëҳ кардани мардум ва дар ин радиф худро ширин кардан аст. Ҳатто наздиктарин дӯстони худро фурӯхтааст. Ба хонаи онҳо меҳмон мешавад, информатсия мегирад ва мефурӯшад. Ҳоло ӯ кушиш дорад, ки дар Донишкадаи исломӣ ва Донишгоҳи милли ба дараҷаи илмии “доктори илм” расад.  

    Донишҷуëнро гоҳо бо зӯрӣ ва гоҳ бо зорӣ мегуяд, ки дар баромадҳои ютубиву фейсбукии ӯву писараш лайк гузоранд. Дигар на парвои таълим дораду на пешравӣ.

    МуллоАбдураҳим 72 сола аст. Ду бародар   ва се хоҳар дар оилаанд. Мулло Абдураҳим, ки ҳоло ба як мухолифи ҲНИТ табдил шудааст ва худро аз муассисони ин ҳизб дар Кӯлоб мешиносонад дар асл ҳеҷ гоҳ муассис ва раиси ҲНИТ дар Кӯлоб набуд. Ҳар гоҳ дар ин бора гап занад, яқин донед, ки дурӯғ гуфтааст.

    Абдураҳим дар Кӯлоб дар солҳои 80 пайдо шуд, дар ҳоле, ки Наҳзат солҳои 73 ташкил шудааст. Раиси ҲНИТ-вилояти Кӯлоб дар он солҳои муқовимат Муҳаммадлоиқ Фозилов буд, ки ӯро Сангак Сафаров ба шаҳодат расонд. (Ин як ҳикояти дигар аст ки замони дигар хоҳем гуфт).

  Ҳамагон медонем, ки дар он солҳо дар Кӯлоб Муллоҳайдар сархатиб буд. Кӯлобиҳо табиатан мардумони диндоранд. Дар даврони Аморати Бухоро дар Кӯлоб масҷид ва мадраса зиёд амал мекард. Аммо шӯравӣ ин ҳамаро барҳам зад. Уламои зиёди кӯлобӣ дар он замон аксарият ба Афғонистон ва ҳатто ба Арабистону Ҳиндустон  ҳиҷрат карданд, қисмеашро болшевикҳо ба шаҳодат расониданд.

  Вақтҳои ахири даврони шӯравӣ дар тамоми вилояти Кулоб  ҳамагӣ як масҷид амал мекард ва яктои дигар дар Фархор. Муллоҳайдар аз эҳтироми зиёд бархурдор буд. Мулло Абдураҳим талош мекард, ки ҷойи ӯро бигирад. Вай ба Муллоҳайдар ҳисси рашку ҳасодат  дошт.

   Мулло Абдураҳим дар заводи пахтаи Кӯлоб ба ҳайси оҳангар кор мекард. Вай мактаби миёнаро то синфи 2 хондагӣ аст, номашро навишта наметавонад. Вақте раиси Кумитаи гумрук таъинаш карда буданд чанд бор ба ҷойи ҳарфи «а»-и фамилияаш -Каримов-  ҳарфи «е» навишта боиси шармсории худ ва ҳамкорон шудааст.

 Аммо бояд бигӯям,ки Мулло Абдураҳим як шахси муғамбир ва зирак аст. Вақте аз Душанбе   ба унвони як муллои ҷавон баргашту омад ва як каме сӯҳбату мавъизаҳои мутафовит мекард одамҳои обрӯманду пулдори Кӯлобро, ки бо низом ва ҳокимияти мавҷуда миёнаи хуб надоштанд, ба худ ҷазб кард. Аз исломдӯстиву диндории онҳо истифода кард. Он вақт ин идда аз мардум, ки кам берунро дида ва аз ҷаҳони берун огоҳӣ надошт, ба ӯ эътиқод пайдо карданд. Вақте ӯ оҳангари заводи пахта буд, талош мекард, ки депутат шавад ва ё корҳое мекард, ки байни мардум намоён бошад. Аммо ҳамон вақтҳо маълум шуда буд, ки вай ҳатто аттестати синфи 8-маълумоти нопурраи миёнаро надошт.

  Аммо ӯ пайваста   худро як донишманду забондон нишон медиҳад. Аммо дар ҳузури устодони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода даҳонашро воз карда наметавонист. МуллоАбдураҳим, ки батадриҷ ҷойи пой пайдо карду ҷонибдорон ёфт, бисёр мехост, ки сар хатиби масҷиди Кулоб шавад. Ҳамеша зидди Муллоҳайдар ташвиқот мебурд ва мегуфт, ки вай як корманди КГБ ва кофир аст. Шогирдон ва тарафдоронашро маҷбур мекард, ки аз болои Муллоҳайдар шикоят нависанд. Ҳатто дар бораи дузан доштани Муллоҳайдар ва инки вай шогирд дораду улуми динӣ тадрис мекунад, навиштанд. Зани дуюми Муллоҳайдар омад гуфт, ки «ту чи кор дорӣ ба ман? Хоҳам ба ӯ мерасам,  ин тану ҷони ман аст». Ҳамин тавр Муллоҳайдарро ба суд кашид. Аммо муваффақ нашуд. Ин нависонавис солҳои қаблтар буд.

  Баъдҳо омада ба устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ маълумоту гузоришҳои дурӯғ медод. Он вақтҳо ба устод худро сахт содиқ нишон медод ва ҳамин тавр ҳам буд. Ҳатто дар намози ҷумъа ҷавонҳоро муқобили Муллоҳайдар шӯр андохт, ки вай бояд биравад аз сархатибӣ, чунки вай полковники КГБ аст. Бояд ман сархатиб шавам. Барои ҳимояти худаш бачаҳоро аз дигар ноҳияҳо ҳам меовард. Милисаҳо омаданд, бачаҳоро заданд, баъзеашонро бурданду ҷарима карданд.

Як ҳикояти воқеӣ. Он солҳо дар деҳаи Дарнайчии Восеъ маросими ҷанозаи як нафар одами баобрӯ бо номи   Сафаралӣ Қаландар баргузор шуд. Қариб  5.000 ҷанозахон иштирок кард. Он солҳо дар ҷаноза аз 500 кас бештар намеомад. Муллоҳайдар, ки сархатиб буд, дар ҷаноза суханронӣ кард. Аммо Абдураҳим хесту даъво кард, ки вай сухан мегӯяд ва шӯриш ба роҳ андохт. Тарафдоронашро водор кард, ки бигӯянд дар инҷо бояд МуллоАбдураҳим суханронӣ кунад. Тарафдорони Муллоҳайдар мухолифат карданд. Он вақтҳо тамғазании «ваҳҳобӣ» сар шуда буд. Дар ҷаноза низоъ бархост…

МуллоАбдураҳим ҳамин тариқ барои онки сархатиб шавад тухми фитнаро кошт. Вай ба корҳои худ Шайх Камолро зиёд истифода кард. Шайх Камол дар Кӯлоб одами машҳур ва обрӯманд буд. Шайх Камол дар Кӯлоб масҷид пӯшонидан хост. Ҳама маводи сохтмониро харида овард. Мулло Абдураҳим аз сементҳои барои масҷид овардаи Шайх Камол як миқдорашро. Инро одамҳо дидагианд. Ӯ ба баҳонаи сохтмони ин масҷид аз одамҳо бисёр пул гирифт.

Соли 1989 бо баҳонаи зиёрати ҳаҷ аз писари Шайх Камол 10000 ҳазор рубл мегирад. Вале ба тавофи хонаи худо намеравад. Абдураҳим пас аз соли 2004 ҳаҷ меравад. Музаффар чанд бор талаб кардааст, ки пулро гардонида бидиҳад, аммо то ба ҳол надодааст. 10.000 соли 1989 як хонаи дуҳуҷраӣ ва сеҳуҷраӣ дар Душанбе мешуд.

Як вақт як ҳодисаи дигар шуд. Аз як сокини баобрӯи Кулоб аз Мулло Абдураҳим  хоҳиш кард, ки «бояд одами калон шавад, вазифаи калонтар бигирад. Ҳозир ман кузнетс ҳастам,бояд старший кузнетс  шавам» .  Вай одам (ҳоло ҳам зинда аст) гуфт, «ки ту диплом надорӣ, ҳатто аттестати мактаби миёна надорӣ, ин кор намешавад». Вале оқибат тавонист, ки МуллоАбдураҳимро дар заводи пахтаи Кулоб старший кузнетс -началники сех таъин кунад. Он одам ба Абдураҳим гуфт, ки «эй,мулло дигар мара гаранг накун, паталоги ту ҳамин старший кузнетсияй, тура аз ин боло бурда намешавад».

   Баъдан, вақте ИНОТ аз Афғонистон баргашту омад Мулло Абдураҳим тибқи саҳмияи 30% раиси Кумитаи гумрук таъин шуд. Эшони Абдусаттор Бобоев  ёрдамчиаш шуда буд. Ҳамон вақт, дар курсии раиси Кумитаи гумрук нишаста ва ба тарафи як нафар одаме, ки шоҳиди ин сӯҳбатҳо буд мегӯяд, ки ёдат ҳаст маро фалонӣ чи гуфта буд? Гуфта буд, ки аз «старший кузнетсии  хлопзавод боло намерай, паталогат ҳаминай, ана дидӣ мо чи шудем?» Ва, мегӯяд он бародарро дидӣ бирасон. Он нафар ҳам он «фалонӣ»-ро мебинад ва ин сӯҳбати МуллоАбдураҳимро мерасонад. Он одам ҷавоби хеле ҷолиб мегӯяд. Мегӯяд, «эй, бача, гуш кун мара. Ба Мулло Абдураҳим бираву гӯ, ки ҳукумате, ки раисаш подабон шуд, вазирҳояш ҳамин хеле оҳангарҳои мисли ту мешаванд».

 Он солҳо махсуми Абдусаттор дар Душанбе зиндагонӣ мекард. Он вақт дастур шуд, ки бояд бачаҳои кулобӣ  ба Кӯлоб бираванд ва дарсҳо ташкил кунанд. Чун аз лиҳози улуми исломӣ Кулоб ақибмонда шуда буд. Онҷо Мулло Амриддин ҳам чанд сол онҷо зиндагӣ кард ва дарс дод. Мулло Айёмддин ҳам рафт. Ҳамин тавр Махсуми Абдусаттор ҳам рафт. Махсуми Абдусаттор онҷо нуфуз ва обрӯи баланд дошт. Мулло Абдураҳим устодро гуфт, ки ӯро баргашта Душанбе барад. Махсуми Абдусаттор ҳамеша ҳамроҳи устод Нурӣ буд. МуллоАбдураҳим махсуми Абдусатторро хуш надошт, чунки махсум одами рост буд.

  Аммо дар ин миён ҷангҳо сар шуд ва кори бинои масҷиди Кӯлоб нотамом боқӣ монд. Мулло Абдураҳим  натавонист имомхатиб шавад. Чунки тибқи низомномаи Идораи Қозиёт нафари ҳизбӣ наметавонист имомхатиб бишавад. Мулло Абдураҳим узви ҳизб буд, на беш аз ин.  Аммо вай ба устод Тураҷонзода, ки раиси Қозиёт буданд бисёр гузоришҳои дурӯғ медод, ки тамоми мардуми Кӯлоб тарафдорони ман ҳастанд. Баъд МуллоАбдураҳим масҷиди худро сохт ва фармони сархатибиро ҳам дарёфт кард. Дар ҳар куҷо худро сархатиби вилояти Кӯлоб эълон мекард. Аммо сархатиб Муллоҳайдар буд. Хеле аз инсонҳои шариф ба маҳзи пуштибонӣ аз Мулло Абдураҳим дар он солҳои ҷанг кушта шуданд.  Шайх Камолу фарзандонаш ва набераи 12 солааш, аз  ҷумлаи онҳостанд. Аммо баъди бозгашт аз Афғонистон, ки омаду раиси Кумитаи гумрук шуду ва ҳолоҳам, ки кор мекунад, ягон маротиба аз аҳволи хонаводаи Шайх Камол хабар нагирифтааст ва як бор ҳатто фотиҳахонӣ ҳам нарафтааст.  Онҳое ҳам, ки ҳамроҳаш дар Афғонистон буданд, аз онҳо ҳам хабар намегирад. Ончунон миёни ҳамсангаронаш манфур шудааст, ки ӯро Мулло Абдураҷим мегӯянд.

  Як нафар аз дӯстон ҳикоят кард, ки дар соли 1997,баъди маросими адои ҳаҷ дар манзили як дӯст иттифоқан бо Мулло Абдураҳим рӯбарӯ  мешавад. Мулло Абдураҳим  мегӯяд, ки  «насиб бошад ҳукуматро мегирем,  одамҳои босаводи дипломдорро ҷамъ кунед». Ва  як варақам дод, ки чопӣ буд. Гуфт ба бачаҳо тақсим кунам. Омадам махсуми Абдусатторро дидам. Гуфтам Мулло Абдураҳим як варақам доду вале ҳоло нахондам. Барои таҳорат берун баромадам. Омадам махсум гуфт: «мемурӣ онро хониву баъд гирӣ, инҷо ҳама гапҳои такфирӣ».

   Аз ин ҷиҳат муллоАбдураҳим даркор шавад, салафӣ мешад, даркор шавад таҳрирӣ, даркор шавад салафӣ. Вале аксари салафиҳоро ҳамин фурӯхту пушти панҷараи зиндон қарор дод. Вай мавқеъи муайян надорад. Як вақтҳо сахт мухлиси Хумайнӣ буд. Ҳатто намозашро мисли шиаҳо мехонд. Агар ҳамин ҳоло Раҳмонов боз тарафи  Эрон шавад аз ҳама аввал вай ба таърифу тавсифи Эрон сар мекунад. Фурсатталаб аст.

     Шаҳноза, зани дуюми МуллоАбдураҳим дар Кёлни Олмон зиндагонӣ мекунаду паноҳандаи сиёсӣ аст. Вай ба  Олмон баъди ҳодисаҳои соли 2015 омадааст. Вай ин занашро фиристода, худаш ҳам омаданӣ, покиза гурехтанӣ буд. Азбаски «подконтрол» буд, дар аэропорт вақте мехост кишварро тарк кунад КГБ меқапад. Намемонанд, ки барояд. Бурданду ба фикрам боз тарсониданаш. Шояд меомад  ҳам бо мо намепайваст. Аммо инки ӯро аз сафар ба берун дар фурудгоҳ қапида пас гардониданд, ин воқеият аст. Он вақт дар бораи ин ҳодиса расонаҳои дохиливу хориҷӣ  хабару гузоришҳо чоп карда буданд. Худи Мулло Абдураҳим қасди фирор карданаш аз Тоҷикистон ва эҳтимоли тақозои паноҳандагӣ дар Олмонро рад кард. Ин кор моҳи майи соли 2016 рух дод, баъд аз онки  зани дуюмашро, чуноне гуфтем ба Олмон фиристод ва низ  баъд аз боздошти домоди ӯ аз тарафи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар «Салафия»

Он вақт гуфта мешуд, ки  хонуми дуюми Мулло Абдураҳим Шаҳноза бо панҷ фарзандаш дар Олмон паноҳанда шуда, писаронаш Инояту Ҳикмат дар Арабистони Саудӣ таҳсил мекунанд ва ҷиянаш Саъдулло ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, дар набардҳо дар Сурия кушта шудааст.

Мулло Абдураҳим  ин хабарҳоро такзиб карда гуфта буд, ки ҳамсараш Шаҳноза бо фарзандон дар назди бародараш дар Русия буда, Иноят дар Кумитаи дин ва Ҳикмат дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон фаъолият доранд. 

Мирзоназар Фозилов, домоди Мулло Абдураҳим  хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломободи Покистон ва соҳиби панҷ фарзанд будааст ва бо Муҳаммадии Раҳматуллоҳ   пешвои гурӯҳи “Салафия”  дар Тоҷикистон, ки феълан дар зиндон ба сар мебарад робита ва ҳамкорӣ доштааст.

Як вақте Маҳмадназар Солеҳов, ки роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи президентро бар ӯҳда дошт он солҳо.  Мулло Абдураҳимро даъват карда мегӯяд тамоми диплому санадҳоят харидагӣ аст. Вай фавран ба назди Убайдуллоев  меравад. Убайдуллоев солҳои аввал  ӯро ҳимоят мекард. Убайдуллоев ба Президент мебарояд ва президент восита мешавад.

Аслан раисии Кумитаи гумрук шудан дар гӯшаи хиёли Мулло Абдураҳим набуд. Ӯ мехост, ки баргардаду сархатиби вилояти Кулоб шавад.

 Солҳои дар Афғонистон будан ӯ дар ҳақиқат мубориз ва бо Эмомалӣ Раҳмонов сахт оштинопазир буд. Аммо баъдҳо маълум шуд, ки бисёр ҳам мунофиқ будааст.  Вай ҳар касеро маъқул намекард, тамғаи шиа мезад. Аммо имрӯз вай танҳо ба хотири зинда мондан, зиндонӣ нашудан муқобили ҲНИТ гап мезанад. Аз ҳеҷ тӯҳмату буҳтон рӯ намегардонад.

Вақтҳое ки дар Кумитаи гумрук кор мекард, гоҳу ногоҳ дар як хона ҷамъ меомадем. Ҳар бор, ки мулло Абдурасул ва ё мулло Ҳақназарро медид аз номи президент ба онҳо дурӯғ мегуфт. Махсусан ба Мулло Абдурасули Салом  аз номи Президент мегуфт, ки ин корро кунаду он корро кунад. Мулло Маҳмадрасулро зиёд фиреб мекард. Ё  ягон бачаҳои дигарро мегуфт, ки  Сайидамир Зуҳуров муриди нағзам аст, номат дар «списка» будааст. Мегӯям хат мезанад. Бардурӯғ пул ҳам мегирифт аз инҳо.

  Мулло Абдураҳим тавассути Бадахшон ба Афғонистон фирор кардааст. Вай тарафдори сахти Толибон вале муқобили шадиди Бурҳониддини  Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ва зидди оштӣ буд. Мегуфт, ки то пирӯзӣ бар Раҳмонов бояд биҷангем. Масъудро одами Русия меҳисобид ва мегуфт, ки барои ҳамин аст ки мехоҳад мо зуд бо Раҳмонов ҳам,  ки арӯсаки Русия аст,оштӣ кунем. Ин Мулло Абдураҳим аст ки  ҷараёни такфириро дар Тоҷикистон асос гузошт.

Дар солҳои муқовимат ӯро дар Афғонистон  қумандони гурӯҳе таъин карда буданд, ки аксарияти размандаҳояшро кӯлобиҳо ташкил мекарданд. Вале ӯ бо онҳо муносибати ноҷавонмардона кард. Он муҷоҳидҳо муқобилаш хестанд, зеро дуздиву фасод ва ҳақикасхӯриаш ошкор шуда буд. Инҷо аз навиштаҳои Мавлавӣ Муҳиддин, ки худ шоҳиди бевоситаи ин ҳолат буд як иқтиоси батафсилеро меоварем. Мавлавӣ Муҳиддин шогирди марҳум муллоАҷик аст, ки  Абдураҳимро хуб мешиносад ва дар солҳои сангарнишинӣ дар Афғонистон ҳам онҷо буд. Вай менависад:

«Чун мо аз як минтақа будем дар атрофаш ҷамъ шудем ва бо қумандонамон Яҳё, ки ӯ низ аз Себистон буд якҷо будем. Ростӣ Абдурраҳим аз оддитарин фаросати қумандонӣ бархурдор набуд. Кораш ҳамеша чойнушӣ ва истироҳат буд, ҳатто дар адои намозҳо коҳилӣ мекард агар гӯем, ки ҳадди ақал қумандони хуб ҳам набошӣ мусалмон бояд бошӣ.

Бояд бигӯям, ки Абдураҳим на танҳо илми кофии динӣ надорад иборахон аст, вале фаҳмиши масоили шаръиро аслан надорад. Хеле шахси фурсатталаб аст барои манфиати шахсии худ имкон дорад ба ҳама чиз даст бизанад. Бовар кунед ҳаққи муҷоҳидоне, ки буданд, бидуни ягон тарсе мехӯрд ва вақте шикоят мекарданд, ки охир ин чиз ноқис аст, мегуфт: мо дар роҳи Худо ҳастем набояд шикоят кунем ва ин посухи ҳамешагияш буд. Дар ҳоле медонистем, ки Сайидумар Ҳусейнӣ мегуфтанд охир маблағ ҷудо шудааст механдид ва мегуфт: Сайидумар бачагӣ накун ҳар кас кори худро медонад.»

 Ин матлаби Мавлавӣ Муҳиддин дар посух ба як мусоҳибаи Мулло Абдураҳим   дар газетаи Тоҷикистон буд.

Хуллас, размандагони зери итоати Мулло Абдураҳим ӯро аз мақом барканор карданд. Нафари дигареро бо номи Ҷиёншо аз Советскийи собиқ, Темурмалики имрӯза қумандон баргузиданд. Бародар ва қумандони мо ва чандин нафари дигар аз ҷумла писари худи Мулло Абдураҳим бар асари ҳидоят ва роҳнамоиҳои нодурсти вай ҷон ба ҷонофарин супориданд. Фармондеҳ Яҳё аз Себистони Данғара дар дарё ғарқ шуд.

Омир Мустафо- эшони Нусратулло аз Фархор  (соли гузшта аз куроно даргузашт), шахси  ботақво ва сайиди қавм ӯро дар ҷояш монданд.

Ёдам ҳаст вақте масъалаи Созиши сулҳу оштӣ бо тарафи ҳукумат ҷиддӣ шуд Мулло Абдураҳим якҷо бо раҳматӣ Мулло Амриддин Табаров сахт ошуфта шуда ва ҳатто қаҳр карданд. Устоди марҳум ва ҳамроҳони ӯро ба хиёнат ба ормонҳои ҷиҳоду муқовимат муттаҳам карданд. Мулло Абдураҳим мегуфт ҳар касе бо Раҳмонови тоғут   сулҳ мекунад кофир аст. Хуллас эътирозу қаҳр карданд. Сулҳро қабул накарданд. Мулло Амриддин мегуфт, ки бубинед, ки оқибат  Раҳмонов  хиёнат мекунад

 Вале Мулло Абдураҳим бозгашту омад. Вақте омад узви Комиссияи оштии миллӣ таъин шуда буд. Аммо вақти гирифтани саҳми 30% ду поро ба як мӯза халонда тақозо кард, ки ӯ бояд ҳатмани ҳатман раиси Кумитаи Гумрук бишавад. Худо шоҳид ва чандин нафарони дигар медонанд ва гувоҳӣ медиҳанд, ки Устоди марҳум ба ин кор розӣ набуд. Устод мегуфт, ки «муллоАбдураҳим бояд равад, сархатиб шавад. Масҷиди Кӯлобро обод мекунем, якумр номаш мемонад. Дар ин вазифа як сол ҳам намеистад, беобрӯ мешавад. Ҳатто зиндон мешавад. Аммо вай ҳамаро восита карда буд . Махсуми Абдуқуддус, махсуми  Исмоил, ҳамаи эшону муллоҳои  дар Афғонистон бударо восита карда буд: “равен гуен, ки ҳақи ҳаминай, як кулобии сардори  ҷабҳа буд …:” ва ғайра

Вай барои он ба Кумитаи Гумрук бисёр пофишорӣ мекард, ки дар онҷо қудрат, вазифа ва пулро ҳис карда буд. Аммо ягон бор пеши устод Ҳимматзода ва ё устод Тураҷонзода намерафт. Устод Ҳимматзода мисли устоди марҳум меҳрубону нарм набуданд, сахтгир буданд. Дилёб намешуд. Вале устод Тӯраҷонзода аслан писандаш намекард, пошёл …..мегуфт. Аммо дар назди дигарҳо мегуфт, ки «мо, кулобиҳо ҷиҳод кардаем…ҳақ дорем…..Мирзо Низомов як милиса аст, бедин аст. Ман танҳо кӯлобӣ…»

Устод мегӯяд, ки охир ту ягон санад надорӣ, диплом надорӣ, ҳатто аттестат надорӣ, ҳукумат қабул намекунад. Баргашта мегӯяд, ки шумо пешбарӣ кунед, кори ҳукуматро бо ман бигзоред… Ҳамин тавр, дар воқеъ  чи коре кард, ки ҳукуматро розӣ кард. Ҳама ҳайрон шуданд. Вазифаро гирифт. Ба Убайдуллоев баромад, ба амният часпид.

  Ҳукумат худаш дипломи кадом техникумро гирифта дод. Гӯё, ки он техникумро солҳои пеш хонда тамом кардааст ва ташкил карда аз Донишгоҳи аграрӣ як справкаеро, ки тасдиқ мекард ӯ дар курси дуюми онҷо мехонад, гирифта доданд. Хуллас, чи коре кард, ки  ҳанӯз дар ҳамон вақт бо ҳукумат «забон» ёфт. Агарчи ҳамроҳи номзадии ӯ номи Мирзо Низомов, полковники замони шӯравӣ, собиқ сардори милисаи Ғарм барои ин вазифа пешниҳод шуда буд.

Воқеият ин аст, ки ӯ мардуми Кӯлобро ноором карда буд. Агар толиб чеҳраи исломро хашин нишон медиҳад, Мулло Абдураҳим дар Кӯлоб ин корро карда буд.

Як бародар дорад бо номи Абдулфайз ,  дар Покистон буд, баргашта омад, такфирӣ  аст. Бародари дигараш Саъдӣ дар Афғонистон бо маводди мухаддир машғул буд.

  Вақте аз вазифаи қумандонӣ сабукдӯш карданд, аз тарси Ризвон Покистон гурехт. Агар муборизаҳо давом мекард, ҳолаш бад мешуд. Чунки дуздиҳои зиёдаш ошкор шуда буд.

  Замоне, ки раиси Кумитаи гумрук шуд дар як вазифа ду касро таъин мекард, албатта бар ивази пул. Як нафар аз кормандони оперативии собиқи КДАМ дарин бора як нақли аҷоиб кард. Вай гуфт, ки дар вақти раиси Кумитаи гумрук буданаш вазифаи сардори гумруки Панҷакентро ба як шахс мефурӯшад! Баъди чанде ё аз бесаводӣ ва ё аз талбандигиаш бошад, ки  фаромуш карда чанд моҳ пас боз дар як шахси дигар ин вазифаро мефурӯшад!

Вақте, ки одами охирин пул додагӣ ба Панҷакент меравад ба тарафи  нафаре, ки сардор асту дар курсӣ нишастааст мегӯяд: « мана фармони мулло Абдураҳим манро ин ҷо сардор таъин кард!» Ӯ одам мегӯяд, ки «и,  к..зани мулло Абдураҳим девонай чи ай ман 2-3 моҳ шид, ки ай у к.. зан вазифара харидам!». Баъд  ҳардуяш разбор мекунанд ва  мегӯянд, ки «биё пеши мулло Абдураҳим брем, к…зан ақлш дар ҷошай девонара, ҳам аз ман пул гирифтай ҳам аз ту!»

Баъд ҳардуяшон мераванд «разбор» пеши мулло! Вақте муллоро дар разбор мекашанд, мулло тарафашон мегӯяд, ки « хайр як рӯз ту Сардорӣ кор кун, як рӯзи дигараш ту, ë ин ки аз саҳар то абета яктатон рохбари кнен, аз баъди абет то бегаҳа дигарит”Ана инро мегуянд Я, Рахим Карим Таджикистан….

Мавлавӣ Муҳиддин, ки аз навиштааш дар боло як иқтибос овардем мегӯяд, ки Мулло Абдураҳим саводи кофии динӣ ҳам надорад ва вой бар ҳоли онҳое, ки ӯро ҳамчун устоди Донишгоҳи исломӣ ва гузашта аз ин раиси факулта таъин кардаанд.  Мавлавӣ Муҳиддин дуруст қайд намудааст, ки Мулло Абдураҳим бар ивази молу ҷоҳу сарвати дунё ҳамачизро, ҳатто дину имонашро ҳам фурӯхт. Мавлавӣ як нақли ҷолиберо меоварад, ки лозим донистем инҷо иқтибосаш намоем, то чеҳраи воқеии МуллоАбдураҳим бештар кушода шавад:

«Як шаб ду меҳмон ба хонаи Абдурраҳим  соати 11 меоянд ва дарро мекӯбанд. Абдурраҳим саросема мешавад, дар танаш майкаи зерпӯш аст. Пеш аз инки курта пӯшад галстукро дар гарданаш мегузорад ва дарро боз мекунад, яъне ҷаноби “Мавлавӣ” бо ин кори худ ба ҳар касе, ки пешаш меояд мехоҳад нишон диҳад, ки ман мулло нестам! Ман раиси кумитаи гумрукам! Ва ин галстуки ман, ҳатто соати 11 шаб ҳам бошад дар гарданам ҳаст».

  Аммо ӯро аз раиси Кумитаи гумрук гирифтанд ва баъди чанде бурданду ба Ғаффор Седой дар Агентии мубориза бо маводди мухаддир муовин-мудири қисми хоҷагӣ таъин карданд. Мегӯянд, ки Ғаффор ин қадар издиватсия ва масхарааш мекард, ки лому мим гуфта наметавонист.

Маълумоти дигаре аз корманди собиқи агентии мубориза бо маводи мухаддир дар мавриди Раҳим Каримов:

     Масалан агар тарафи вилояти Хатлон барои   боздошту дастгиркунии маводди нашъаовар  ба сафари корӣ ҳамчун  сардори гурӯҳ мерафт, тарафи мо мегашту мегуфт:  «шумо хайр брен ягон хабар ковед дар бораи нашъаовар ман хонаҳои рафиқом рафтам хабаргирӣ. Моро ҳамаша шарманда мекард. Масҷидҳо талбиданӣ мерафт.

Як рӯз як эмоми масҷиди Қӯрғонтеппа   як аспаш медиҳад. Як коргарашро мегӯяд «як мошин биёв ами аспа Кӯлоб барем,» Шофёри бечора мошин меёбад. Ин гадои хонасӯхта «даже аму шафера пулша надод, аспи талбидагиша то фермаша бурд  қ. Хонободи  Кӯлоб».

Масҷидҳо мерафтру рӯирост металбид: «ман муовини вазирм мулло Абдураҳими Кӯлобӣ, ягон қолинай,бузай, гусфандай бтен ман ферма барм».

Ҳама медонист, ки Рустам Урмонич Назаров Директори Агентӣ Мулло Абдураҳимро тамоман признават намекард. Ранги як клоун дар Агентӣ  саҳар омада мешишт то пешина, пас баромада мерафт. Навишта наметавонист! Он вақт ҳамаи (коргузорӣ) «делопроизводсва» дар Агентӣ бо забони русӣ буд. Ҳамон вақт як котиба  дошт, он бечораро маҷбур мекард, ҳамроҳаш русӣ гап занад.

Барои, ки ягон меҳмон меомад намедонист бо ӯ чи хел гап занад.

Дар Агентӣ мудири қисми хоҷагӣ таъинаш карданд: садовник, уборшитса, завхоз, повар, электрик  ва дигар одамоне, ки ба маводи нашъаовар тааллуқ надоранд, дар ихтиёри ӯ гузоштанд. Вақте ӯро муовини директор таъин карданд, дар аввал ҳамаи наркомафия фикр мекарданд, ки мулло авторитет  аст дар Агенство. Баъди 5-6 моҳ фаҳмиданд, ки як к…и харай . Ягон наркодиллерро аз зиндон халос карда наметавонад. Наркомафияро узбекҳо курирват ва контролироват мекарданд он солҳо. Ҳатто накомафияи бачаҳои Кӯлоб фаҳмиданд, ки узбекҳо дар Агенство курироват доранд. Барои он ки Рустам Урмонович кулобиҳоро нағз намедид. Ва дар корҳои оперативӣ ба кор  намегирифт. Қароргоҳи марказии Агентӣ дар Тошканд аст. Президент зӯраш намерасид, ки Рустам Урмонвич Назаровро аз кор бигирад. Пули Агентӣ аз Тошканд меомад. Донорҳои аврупоиву амрикоии Агентӣ пулро ба воситаи Тошканд медоданд.  Аниқ намедонам вале ба фикрам Рустам Урманович бузи Узбакистон буд. Барои он,ки то Каримов намурд Рустамро аз ҷояш ҷунбонида натавонистанд. МуллоАбдураҳим  бо ҳамин рутбаи дар гумрукдодаашон-полковник дар Агентӣ  омад. Дигар рутбаш надоданд.

 Дар Агентӣ боз як нафари дигар буд: Шеравлиё Мирзоавлиёев. Дарвозиҳои муминобод. Вай камтар қадр дошт, ҳамчун милиса ва кадири куҳна.

Сипас Ғаффор Седой инҷо директор шуд. Ғафор мужик буд , аз наркомафия доля намегирифт.

Мегуфт агар ягон хешу табори маро касе дастгир кунад ман рутба ва ҷоиза медиҳам. Мо,шахсан шоҳиди чандин маротиба 30-40ҳазор $ аз бачоҳои  Кӯлоб  пул гирифтани Рустам Урмонович Назаров шудагием. Пулҳои наркомафияро  Рустам Назаров ба воситаи  оперативникҳо  сардори тафтишот Маликов Ҷумъабой ва Беков Саймухтор  мегирифт. Бековро солҳои 2016-2017 Коррупсия  қапид бо 120,000$. Зиндонӣ шуд, аз онҷо баромаду дар каронавирус мурд. Вай шавҳари  чандуми Соҷидаи Мирзо, собиқ мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» буд.

Мулло Абдураҳим аз  Ғаффор Седой ранги саг аз соҳибаш метарсид. Як бор кадом ҳайати хориҷӣ Агентӣ меомад ва Ғаффор бо ҷамъе аз кормандон барои пешвоз дар даромадгоҳ мунтазир буданд. Ин вақт Мулло Абдураҳим пайдо шуд, ки бо либоси мулкӣ буд. Ғаффор ҳамин хеле сахту дурушташ гуфт, ки «Муллои аҳмақи к…зан зуд рафта либосатро дуруст карда о. Намедонам ин мулло чи тавр дар як дақиқа ошёнаи болои баромада зуд либоси корӣ пӯшида фаромада омада ба Ғаффор чест дода либосҳояшро нишон дод».

Бисёр одами беномус буд…

Ҳоло дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Писараш бо номи Иноятулло низ, чуноне гуфтем феълан дар ҳамин донишгоҳ аст. Писарони дигараш дар Идораи андозу сарҳадот кор мекунанд.

Як корманди пешини Раёсати 6-и МВД дар вақти Олим -желез командир будан дар бораи Мулло Абдураҳим  чунин ҳикоят кард.

Ҳаким бангӣ назди МуллоАбдураҳим меояд, ки кормандонат шогирдони маро дар Кулоб бо 2 кило героин дастгир кардаанд. Мулло Абдураҳим дар пеши Ҳаким воҳима мекунад, ки ҳозир онҳоро фарёд карда дар назди шумо аз кор хориҷ мекунам! Аммо мегӯяд ин корманди собиқи МВД,ин мулло намедонист, ки мо ҳастем!

Вақте ки маро гуфтанд ба назди муовини вазир даро, шуморо кофта истодаааст, ман кабинеташ даромадам, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва боз як ду муҷоҳид нишаста буд!

Ман пурсидам ака чи хизмат?

Мулло ба ман воҳима карда гуфт, ки   «Одамо тонна героин мезананд , нахоҳ ту аблаҳ барои 2 килограм героин рафиқҳои маро қапӣ!

Ӯ намедонист, ки ман, ки ҳастам. Барои ҳамин дар назди рафиқонаш худро нишон дод!

 Ман ба мулло Абдураҳим гуфтам, ки  ҳой к…..е медонӣ маро ба кор ин ҷо кӣ овард ва ман кӣ ҳастам?!

Ман тувори к..ра қатӣ ҳамин рафиқот 4-5 сол кофтам то соли 1997 ,агар дар дасти ман асир меафтидед ,ягдигаррта поддулаи автамат маҷбур мекарам бачабозӣ кунед!  Кунотона ба шохи гов ҷанг дохтестенд! Дуюмбор мара дар пеши ҳар к..ра файрод карда ин гапро назан! Ман ба худам вазир ва роҳбар дорм,вазифаи худма медонм чи хел иҷро кунм! Маро дар пеши ин к….очаҳот файрод карда условия намон, ки аҳволи худута бад мекунм! Мулло аз изоша дигар гап зада натониста, дурӯғ дурӯғ гуфт маро ҷаноби Президент  як соат пас дар утоқаш ждат дора! Ва, бо ҳамин ман аз наздаш баромадам.”

 Ин нафар дар идомаи сӯҳбаташ дар бораи Мулло Абдураҳими кулобӣ гуфт, ки вақте раиси кумитаи гумрук шуд чанд бор тарафи Қурғонтеппа омад. Моро бо ӯ ҳамроҳ карда буданд. Ман намехостам ҳамроҳи ӯ гардам! Мегуфтам мулло Шумо аз қафои коратон  шавед , ба корҳои мо халал нарасонед, ки дар минтақа бояд корҳои оперативи ҷустуҷӯӣ гузаронем ! Пас аз 10 -20 рӯз ба мо информатсия меомад, ки як мулло Абдураҳим кулоби масҷидҳо ва хонаҳои мухолифон омада кайфу маишат карда гашта истодааст.

Мо ҳамчун коргарҳои оперативӣ мепурсидем, ки Мулло чӣ мегуфт?

Мегуфт ягона буқа, асп, гӯсфанд дошта бошед ба ман туҳфа кунед!

Як рӯз Мулло Абдураҳим хонаи Қурбони Чол меравад. Тарафаш мегӯяд, ки   қумандон ман Мулло Абдураҳим ҳастам президент мара вазифа дод! Қурбон одами «справедливий» аст. Тарафаш мегардаду мегӯяд, ки «хуб, чи мехоҳӣ? Агар буфорат рафтему ягон рестаранда арақ зада кайф кун, баъд роҳт сафед бра куҷои мерай ! Мулло мега акай Қурбон ами мошинмда 50 литр бензин бтан, аму шогирдота бгу!  Қурбон бачаҳои шогирдоша гуфт, ҳамин талбандара барен ягон ҷой заправка кунед! Ҳамон солҳо маро бачаҳо мегуфтанд, ки ин талбанда қати ту кор мекуна? Ман мегуфтам аҳамият надиҳед. Мо худамон медонем, ки ӯ чанд қадар қадр дар пеши мо дора!

  Шиносҳои наздики мулло Абдураҳим мегӯянд, ки вай сахт мансабталош ва фурсатталаб аст. Ҳамин ки бар зидди ҲНИТ мавзеъ гирифту ҳатто аввалин бор пешниҳод кард, ки онро бибанданду террористиву экстремистӣ эълон кунанд, он вақт ҳукумат ин гапҳоро нагуфта буд. Вай ин гапҳоро  ҳанӯз солҳои пеш аз баста шудани ҲНИТ дар Масчоҳ дар як вохӯрӣ зада буд.

Баъдҳо дар як вохӯрии бо кормандони Кумитаи дин боз ҳам бар зидди ҲНИТ сӯҳбат карда барои застави 12 аз мардум ва аз Раҳмонов узр пурсид ва гуфт,ки ин дастури роҳбарияти ҲНИТ буд ва ӯ иҷро кардааст. Аммо ин як дурӯғ аст. Вай  сангарҳои марзӣ дар вилояти Кулобро аз они худ медонист ва намехост, ки дигарҳо дар онҷо амалиёт гузаронанд. Дар ҳамин мулоқот Мулло Абдураҳим ҳатто ба рағми тамоми усулу равиши зиндагиаш эълон кард, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад. Дуруст он гаперо гуфт, ки онро Муллоҳайдар дар соли 1992 мегуфт ва  МуллоАбдураҳим зидди онро талқин мекард. Наворҳои суханрониҳои Мулло Абдураҳим дар ин бора ки барои густаришу ривоҷи ислом ва омӯзонидани усулу асли сиёсати ислом бояд як гурӯҳ даст ба кор шавад ва ин гурӯҳ ҲНИТ аст. Ҳамин ҳоло ҳам дар фазои маҷозӣ давр мезанад.

Ду соли пеш МуллоАбдураҳим ба унвони намояндаи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар ҷаласаи САҲА дар Варшава аз ҷониби ҳукумат иштирок кард. Вай дар инҷо маҷлааеро бо забонҳои инглисӣ ва русӣ оварда буд, ки ингор масъули чопаш худи ӯст, дар ҳоле, ки на русиро медонад, на инглисиро.

  Мавлавӣ Муҳиддин   дар навиштааш дар бораи Мулло Абдураҳим хеле ҳам мушикофона ва олимона баҳо додааст, ки мо онро ҳамчун ҳусни мақтаъ инҷо меоварем:

«Шумо дар асл аз қабл ҳеҷ кас набудед ва дар миёна ҳам касе набудед ва бовар дорам дар оянда ҳам касе шуда наметавонед. Шуморо марҳум устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ шахсият намуд, вале шумо аслан оддитарин қадри ин шахсиятро надонистед ва ин хислати шуморо русҳо мегӯянд “Кто один раз кинул, второй раз тоже кинит”. Ин қадар хидмате, ки устоди марҳум ба Шумо карданд, ҳеҷро мақом доданду иззатманд намуданд, бовар дорам ҳаргиз Шумо ба ҷаноби Раҳмон наметавонед содиқ бошед. Зеро шумо ба гуфти худ муллоед ва исломро гуё медонед дар ҳолеки муллоро қадрашро нашинохтед ва пас аз ӯ сухан мекунед».

 Поёни бахши аввал, давом дорад…

Ps: Хонандаи гиромӣ, мо то ин ҷо танҳо Мулло Абдураҳимро муаррифии кутоҳе намудем, то ӯро камтар шиносед. Дар барномаҳои баъдӣ аз аъмоли дигари ӯ ва ҷиноятҳое дар ин умри тулонии 72 солаи худ анҷом додааст хоҳем гуфт. Ҳоло дар мавриди он туҳматҳое нисбти ман кардаашро ҳатман бо далоилу бурҳонҳо тақдим хоҳем кард. Инчунин дар мавриди фарзандонаш ва дигар аъмоле дар солҳои ҳиҷрат бо муҷоҳидон карда буд ва мавзеъгириҳои аҷибу ғарибаш ҳатман хоҳем гуфт. Агарчи метавонистем дар ин барнома чизҳое ҳам гуем вале онро мегузорем ба барномаи баъдӣ. Агар шумо ҳам маълумоте доред дар мавриди ӯ ҳатман нависед,то дар барномаҳои баъдӣ онҳоро низ илова намоем…

Share This Article