Пуштибонии САҲА аз ҲНИТ

Ислоҳ нет

                                   Пуштибонии САҲА аз ҲНИТ

                                чунин аст ақидаи “фермаи ҷавоб”

…”Сабаб аз навиштани ин сатрҳо дар он аст,ки кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии он,аз ҷумла САҲА бо баҳонаҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон аз Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ намуда истодаанд”.(Иқтибос аз навиштае аз осори “Фермаи ҷавоб”)

 

 Расо як моҳ баъд, рӯзҳои 16 -19 сентябр дар Варшава-пойтахти Лаҳистон ҳамоиши навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА) баргузор мешавад,ки ин бор низ дар кори он намояндагони аҳзоб ва созмонҳои оппозитсионии тоҷик ҳузур ва суханронӣ хоҳанд дошт. Хонанда ва бинандагони мо огоҳӣ доранд,ки нишастҳои қаблии ин созмони байналмилалӣ бо ширкат ва суханрониҳои намояндагони оппозитсиюн, аз ҷумла устод Муҳиддин Кабирӣ,раиси ПМТ ва ҲНИТ чи шӯру шаафе дошт. Барои мисол дар ҷаласаи соли 2016,ки худи ман дар он иштирок доштам Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,ки аз режими Раҳмон намояндагӣ мекард, тоб наёварду дар нисфи ҷаласа тарки толор кард.

 

   Ҳоло ҳарфи ҳузури шармовари  режими Раҳмон дар нишастҳои се соли ахири  САҲА-ро мавқуф мегузорем.Инҷо аз он мегуем,ки режими  Раҳмон тавассути “фермаи ҷавоб” талош дорад ширкат ва ҳузури  ҲНИТ-ро ба чолиш бикашад ва ҷилавгирӣ кунад. Бад-ин манзур як маъракаи бадномсозии САҲА-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондааст. Муруре ба даҳ-дувоздаҳ навиштаҳои бесарунуги онҳо маълум кард, ки аз ҳамин ҳоло тобу тоқатро аз даст дода дучори таваҳҳум ва тарсу ваҳшат шудаанд. Зеро бори дигар ҷаҳониён ва ба вижа кишварҳои урупоӣ,ки ҳам барои оппозитсиюни тоҷик ба шумули Наҳзат паноҳгоҳ ва арсаи фаъолият фароҳам кардаанд ва ҳам суратҳисобҳои пинҳонии Раҳмон ва хонаводаш дар бонкҳои кишварҳои узви он маҳфуз ва фаъъол ҳаст, хоҳанд донист,ки кадоме аз ду тарафи тоҷикӣ фосиду террорист ва кадоме не.

 

Ибтидо чанде аз сарлавҳаи навиштаҳои муаллифон аз “фермаи ҷавоб”-ро инҷо меоварам,ки танҳо дар ду рӯзи ахир дар расонаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд:

“Ҳизби наҳзат дар Аврупо хатари воқеист!”

 “Чаро ифротиҳо дар САҲА нишаст мегузаронанд”

 “САҲА” ба “демократ” шудани ТТҲНИ бовар надорад,аммо”

“ҲНИ бозичаи дасти дигарон ва ё пуштибонии САҲА аз наҳзатиҳо”

“Утраченниый авторитет ОБСЕ”

“Наҳзат чи гуна ба САҲА роҳ ёфт”

“Наҳзатиён дар Аврупо соҳибони нав пайдо мекунанд?!” 

 

 

Дар ҳамаи ин навиштаҳо,ки маълум аст дар як ферма ё аз як дудмон таҳия шудаанд, як маъно ва як мафҳум ифода ёфтаанд. Ва он ҳам ин аст, ки САҲА аз ҲНИТ дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад. Барои мисол дар яке аз ин навиштаҳо муаллиф  чунин менависад:

….”кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба монанди САҲА роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро пуштибонӣ ва дастгирӣ мекунанд”.

Аммо дар як навиштаи дигар, ба фарқ аз навиштаи боло муаллиф ба “ду-се”масъули алоҳидаи САҲА, ки аз онҳо ном бурда намешавад, дарафтода тавре менависад,ки ангор САҲА инҷо даст надорад, балки ду-се нафари онҳо.Бале, ҳамон ду се нафаре,ки Кабирӣ онҳоро харида аст:  

…” Айни ҳол САҲА ягона ташкилотест,ки дар Аврупо ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ имконияти иштирок дар ҷаласаҳо ва суханронӣ медиҳад.Маълум аст,ки чунин амали нодуруст ва нангинро (мусоидат ба фаъолияти ташкилоти террористӣ)ду-се шахси манфиатдори бо ТТЭҲ НИ робитадошта анҷом медиҳанд. Дар ин маврид мо тамоми роҳбарону кормандони САҲА-ро айбдор карданӣ нестем.”

 Аммо муаллифи дигар аз ҳамкории САҲА бо ҲНИТ ба ҳадде ба хашму ғазаб омадааст, ки агар илоҷаш буд, меомад Лаҳистон ва масъулони САҲА-ро туфшаппак мекард,чунонеки соли 2018 Сулаймон Орзуевро аз хашми бохташон карда буданд.Бо онки САҲА-ро “дурӯя” мехонад, дилаш таскин намеёбад:

”Соли 2016 40 нафар аз ҲНИТ иштирок кард”….”ин усули муносибат  бори дуюм аст аз дурӯягии САҲА  шаҳодат медиҳад”…” дар нишасти САҲА имкони суханронӣ  пайдо карда…” ба салоҳияту муносибату мушорикати ин созмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ кас мехоҳад туф кунад”..

 

Худоро шукр дар ин сол дар САҲА назди “Софт Ҳотел” иштирок доштам ва митинги он солро барандаги мекардам.Дохили толор бо футболкаҳои зиндониёни сиёсӣ иштирок намудему аҳли толорро аз як режими хушунатофар огоҳ намудем.

 

 Муаллифи дигари ферма аз онки ҳамин чанд рӯзи қабл намояндагони ПМТ, аз ҷумла ҲНИТ дар нишасти  СММ ширкат ва суханронӣ карданд, фаромушкарда САҲА-ро  дар дастгирии ҲНИТ муттаҳам кардааст,Вай азон изҳори нигаронӣ карда аст,ки САҲА барои наҳзатиҳо таклифнома фиристода аст. Аммо аҷиб ин аст ки ин муаллиф,муҳтарам Парвизи Мирзо,нагуфта аст,ки аз куҷо дарак ёфт,ки САҲА ба ҲНИТ таклифнома додааст, агарчи одатан асомии иштирок кунандагон дар сомонаи САҲА дарҷ меёбад вале на аз ҳоло.Албатта бо ин навишта бори дигар исбот шуд,ки “фермаи ҷавоб” моли КГБ аст. Бубинед чи навиштааст:

…..”айни замон ТТ ҲНИ-ро танҳо САҲА дастгирӣ намуда истода,фирефтаи суханҳои дурӯғину бофтаи ин наҳзатиҳои хунхор шудаанд.Боз ин дафъа низ Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврпуо(САҲА) барои иштирок дар ҷаласаи навбатӣ оид ба ченакҳои инсонӣ, ки моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор мегардад, таклифнома додааст”.

 

Муаллифи дигари “фермаи ҷавоб”-и КГБ менависад,ки  …”маротибаи аввал нест,ки САҲА намояндагони фаъоли ҲНИ-ро барои иштирок дар ҷаласаҳои худ даъват менамояд”…. ва меафзояд,ки ” кишварҳои аврупоӣ талош меварзанд бо истифода аз ҲНИ мавқеи худро дар Тоҷикистон мустаҳкам намоянд ва бо кадом сабаб ва мақсад наҳзатиҳо аз ҷониби ин кишварҳо ҳимоят меёбанд”

Аммо ҳоло савол ин аст ки чаро бо истифода аз ҲНИ? Чаро онҳо (кишварҳои урупоӣ) мехоҳанд мавқеашонро дар Тоҷикистон мустаҳкам намоянд? Магар бо ҳукумати Тоҷикистон натавонистанд,ки мавқеашонро дар Тоҷикистон мустаҳкам бикунанд.  Шумо,ки ҲНИТ-ро душман хондаед, пас,  онҳо, САҲА ҳам душман аст? Агар душман ҳаст, чаро ҳукумат онҳоро имконияти фаъолият додааст? Душмании онҳо барои миллат ва мардум аз чӣ иборат аст? Режими Раҳмон чаро Варшава меравад, агарки САҲА бо душмани ӯ ҷонибдор шуда аст.

 

  Муаллифони фермаи ҷавоб медонанд,ки ин ҳама ҳарфҳояшон мантиқ надорад. Зеро САҲА ҳеҷ гоҳ тарафдори ҲНИТ ва ё режими Раҳмон набуд ва нест. Вай кори худро пеш мебарад ва дар чаҳорчӯби рисолаташ амал мекунад.Азбаски дар ин нишастҳо ҷурму ҷинояти Раҳмон  ошкор мешавад ва дар ин ошкорсозиҳо саҳми ҲНИТ бузург аст, Раҳмон САҲА-ро таҳаммул намекунад.Ман дар ҷаласаи соли 2017 шоҳид будам,ки чанд созмони бо нуфӯз аз ҷумла намояндаи Амрико дар ҷаласа иброз дошт,ки ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгарои мухолифони сиёсияшро аз саҳна берун месозаду зиндонӣ мекунад.

 

 Аз тарафи дигар ҳоло ба ҷуз аз ҲХДТ боз шаш ҳизби дигар дар Тоҷикистон амал мекунанд, чаро САҲА бо ҲИИ,ҲСТ, ҲКТ,ҲАТ ва ҲСДТ,ки ба фарқ аз ҲНИТ дар кишвар кору фаъолият доранд,талош намекунад,ки мавқеашро дар Тоҷикистон мустаҳкам бикунад,аммо бо ҲНИТ,ки ҳоло дар ҳоли паноҳандагӣ ва берун аз кишвар қарор дорад, мехоҳад мавқеашро мустаҳкам намояд.Наҳзат аз он ҳизбҳо чи тафовут дорад? Наҳзат дар берун аст ку? Аз берун Наҳзат чи кор карда метавонад?  Бале, шумо медонед,ки Наҳзат ҳам қувваи солими мардуми дорад, ҳам аъзо дорад ва ҳам муҳимтар аз ин ҳама ҳеҷ ҷурмеву ҷинояте содир накардааст ва ин шумоед,ки ғарқа дар ҷурму ҷиноятед ва аз рӯбарӯоӣ бо ҲНИТ метарсед.

Сабаби хафву хатар ва ташвишу изтиробатон аз ҳузур ва иштироки Наҳзат дар нишасти САҲА ҳамин аст.

 

 Аз тарафи дигар аз кумаку ёриҳои урупоиҳо истифода мумкин аст. Он замон ҳарф аз хатару таҳдиди САҲА нест. Аммо вақте сухан аз ҳуқуқи инсон, аз риояти усулу тариқаи мардумсолорӣ  меравад, сухан аз дастгирӣ ва пуштибонӣ ва ҳамкории САҲА бо ҲНИТ меравад.Вақте талошҳо барои бармало кардани ҳақиқат ва воқеият меравад,вақте дасти шумо рӯ мешавад, шумо  дар талвоса ва таҳлука меафтед.Ҳар ғиромеро,ки метавонед,ҳар номардиеро,ки аз дастатон бармеояд истифода мекунед.Масалан ба хонаҳои иштироккунандагони САҲА студентҳоро мебаред тухмшапак мекунед,митинг бо оташзании аксҳои мухолифон ва ба дари САҲА дар душанбе бо мушту лагад мекубед,ин аз чӣ шаҳодат медиҳад?

 

Дар солҳои қабл мақоми САҲА-ро дар Тоҷикистон пойин овардед, дафотири онро дар манотиқ бастед, дар назди дафтари САҲА тазоҳуроти дурӯғӣ баргузор кардед, аз ҷаласаи САҲА сар боз задед, аз васати ҷаласа фирор кардед. Чӣ муродатон ҳосил шуд? Ҳеҷ! Ҳоло пешопеш доду вовайло бардошта истодаед.Ёдам наравад соли 2018 қабл аз ҷаласаи САҲА як “конфронсак” ҳам доир карда будед,ки дар он ҳеҷ кишвари ғарбӣ иштирок накард ва ҳаминхел шармандаҳам шудебудед.Шармандагии шумо на танҳо барои аврупоиҳо дар хориҷ намоён балке дар дохили кишварҳам барало дида мешавад. Фикр мекунед,ки имсолҳам бо ин роҳҳо фишор ва зӯр меоваред,ки аз ҳузури ҲНИТва бақия созмонҳои мухолифин дар Урупо пешгирӣ кунед. Айёмиддинро овардед, Абдураҳимро овардед.Як чизро бар шумо бигуям, ки ҳам Айёмиддин ва ҳам Абдураҳим зоҳиран бо шумоянд. Дар намозҳояшон дуо барои шумо мекунанд ва ҳам ба мо. Дуояшон дар ҳақи шумо ин аст ки Худо шуморо ҳарчи зудтар ба кайфари аъмолатон  бирасонад,агар воқеан имон ба Аллоҳ дошта бошанд ва амалҳои ноисофона ва муғоир ба динатонро ҳамчун як мусалмон донанд ва дар ҳақи мо ҳам ин аст подоши заҷру мазлумиамонро бидиҳад. Ин яқин аст. Ҳатто агар шумо бираведу онҳоро водор созед,ки ба ин навишта ҷавоб диҳанд, боз ҳам бовар кунед,ки аз рӯи зарурат аст, ҷонашон дар хатар аст вале қалбашон бо ислому мусалмонон ва исломиҳост. Худатонро кушед, тагу болотонро дарронед ҳам ҳақиқат ҳамин аст. Аз забони онҳо навор карда дар ютуб партоед,онҳоро ба хонаҳои мухолифон баред,то “насиҳат”ашон кунанд ҳам онҳо боз ҳам   бо мо ҳастанд.Чунонеки Муҳиддин Кабирӣ гуфта буданд: “Наҳзатӣ собиқ надорад”

 

Инҷо намехоҳам аз ҷузъиёт бигуям. Аммо ҳамин гапҳои ман айни ҳақиқатанд. Бубинед. Як чизро бароятон мегуям. Агар бо ойинаи барқад нигоҳ кардед ва дар он акси дигареро дидед, ман дуруғ гуфтам ва агар дар ойина акси худро дидед, пас, ман рост гуфтаам.Ин ойина дар ҳаммоматон аст ва ё дар даҳлез ва ё ойиначаи даруни сумкачаи занатон,фарқе надорад. Муҳим он ки дар он каси дигарро неву худатонро дидед,бидонед, ки гапҳои ман рост аст. Рости алиф.

 

   Тамоми бетобиву бетоқатиҳои нависандаҳои “фермаи ҷавоб” ин аст ки тамоми даъво ва иттиҳомашон алайҳи ҲНИТ рад ва такзиб шуд.Чаҳор сол, бидуни вақфа гуфтанду гуфтанд ва ҳазоруяк санаду ҳуҷҷат карданд, ба таври худ далел сохтанд, нашуд. САҲА ҳам мисли СММ қабул накард: ҲНИТ кадом кори хилофи қонун анҷом надодааст, кадом табаддулоте набуд ва ҲНИТ на танҳо шарик нест,огаҳӣ ҳам надошт. Агар огоҳи медошт ақалан онҳоеки дар зиндонҳои шумоянд аввал онҳоро берун мекард,ин равшантарин далел барои дастнадоштан ва бегуноҳии ҲНИТ аст.Инки ба пойи ҲНИТ ишкелу завлона задед, ишкелу завлонаатон, риштаи пусида будааст,ки гусехта шуд. Баракс , имрӯз он ишкелу завлона оҳанин шудаву ба дасту пову гардану камаратон печида аст.Ба чоҳи кандаи худ афтидаед. ҲНИТ дар ҷаласоти давлатҳову созмонҳо ба намояндагӣ аз бахши азими аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳамоиши САҲА ва СММ ҳузури росиху густарда дорад. Ба унвони нерӯи мардумӣ ва миллӣ ин иддаоро дорад,ки тӯҳмати табаддулоти давлатӣ ба пойи вай барои он баста шуд,ки нагузоранд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 ширкат биварзад. Зеро яқинан дар интихоботи 2020 ҲНИТ бо ёрии Худо ва овози халқи Тоҷикистон музаффар мешуд,чунонеки дар гузашта интихоботҳо музаффар буд вале шумо номардед. Султа ва режими диктатураи колхозиро,ки наздики сӣ сол аст бо раъйдуздӣ худро баранда эълом мекунад, дарҳам мешикаст. Ҳамин аст иллати аслии тарҳи табаддулоти давлатии кашида ва анҷомдодаи шумо ва ҳамин аст ҳадафи террорист эълон кардани ҲНИТ. Ин ҳамаро ҳама созмонҳо аз ҷумла САҲА ва кишварҳои узви он ба хубӣ ва равшанӣ пай бурданд. Ҳоло ҳамчун шумо шармандаву шармсор ва мардуд давлатеро дар ҷаҳон наметавон суроғ дошт,ки ногузир ва ночор меояд ва дар рӯбарӯи онҳое,ки мегуфт террористанд, менишинад.

 

Дар нишасти соли 2016-и САҲА Зариф Ализода, омбудсмени Раҳмон,чуноне пештар ҳам гуфтам,  ба ҳадде зери бори хиҷолат монд ва ҳарфе барои табриаи Раҳмон пайдо накард,ки аз миёнаи ҷаласа бархосту бигрехт.Баъд сар шуд, тавлаку думранавозӣ: дар назди қароргоҳи САҲА дар Душанбе таҷаммӯи бевазану бевамарду донишҷуҳо….хулоса митинг: чаро ҲНИТ дар ҷаласа иштирок кард? Чаро террористҳоро минбар додед? 

  Соли 2017 ба нишони эътироз дар ҷаласаи САҲА наомадед.Қаҳр кардед мисли занҳои рашккин. САҲА ҳам даст рӯи даст намонд. Дар рӯи Раҳмон дар Урупо хати бутлон заданд.

 

Соли 2018 зери раҳбарии Сайфулло Сафар,муовини Маркази тадқиқоти стратегӣ иштирок  кардед,ки дар ҳайати он Мулло Абдураҳим ва Мулло Айёмиддинро дасту по баста овардед. Ният доштед,ки имсол Эшони Қиёмиддинро ҳам оваред,ки аммо намедонам чаро куштедаш?! Дар ин нишаст ҳам дар баробари саволҳои оппозитсион  посухе дода натавонистед ва як иштироки шармандаворе доштед,ки оқибат сари Сайфулло Сафрро хӯрд ва ӯро аз вазифа гирифтанду ҳоло бекор аст ва вой-вой дорад,ки пули пенсааш ба харҷи обу барқи хонааш намерасад.(Хоҳиш мекунам, пенсаашро калонтар кунед, ё иҷозат диҳед, мо “террористҳо” –инҷо зиёдем, як евроӣ ҳар моҳ ҷамъоварӣ карда фиристемаш))))

 

Ҳоло акнун имсол киро дар раъси ҳайати режим мефиристода бошед.Дақиқ,ки Диловар Қодирзода,раиси Маркази тадқиқоти стратегиро намефиристед, ва агар ӯро фиристед,магарам,ки Абдуллоҳи Роҳнамо мебахшед Раҳнамо, мушовири ӯро ҳам фиристед,бале Раҳнамои  наҳзатшиноси собиқро,ки ҳоло “миф  олог”  ё Роҳнамои режим шудааст. Мифологро фиристед,ки дар нақши Мулло Абдураҳим ва Мулло Айёмиддин асбоби аёнии режим дар баробари ҲНИТ шавад.

 

    Дар ҳар сурат  то як моҳи дигар бардорузан мекунед, қарору ороматонро аз даст медиҳед, сухтадардатон мегирад, филфил мешакед….. фоидаатон надорад. Меоед ва дар рӯбарӯи террористҳо мешинед. Бо онҳо дар наворҳо меафтед, аксбардорӣ мекунед. Ҳеҷ гапе нест, ҳеҷ фоҷеае нест. Ҳамватан ҳастем. Фақат инки  барои САҲА ҷолиб ва аҷиб аст,ки чаро шумо дар ватану мо дар паноҳандагӣ қарор дорем?  

Хонандагони гиромӣ ба канали телеграмии мо пайваст шавед

https://t.me/islohnet

Share This Article