Қотили Абдуқаҳҳори кулобӣ гурехтааст?

Ислоҳ нет

Шамшод Шарифов, афсари милисаи шуъбаи минтақавии Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб ва яке аз муттаҳамони қатли Абдуқаҳҳор Розиқ, сокини 37-солаи шаҳри Кулоб, бар хилофи гуфтаи мақомоти вазорати дохилӣ боздошт нашудааст. Ва,тибқи маълумоти расида аз манобеъи мувассақ дар ШКВД-и шаҳри Кулоб наздикони ӯ қасд доранд ӯро ба Маскав, ба назди як амакаш, ки дар гузашта дар мақомот фаъолият мекард, бигурезонанд.

Манбаъи мо гуфт,ки Шамшод Шарифов ва наздикони вай умдатан милиса ва прокурорҳо буда вале ҳеҷ яке аз онҳо дар вазоифи ишғолкардаашон то ба охир боқӣ намондаанд ва бо содир қардани ҷиноят аз кор пеш карда шудаанд.

Шарифовҳо дар ҷамоати деҳоти Зиракии Кулоб зиндагӣ мекунанд. Бобои Шамшод ҳам дар гузашта милиса буда ва мардҳои намозхонро таҳти шиканҷа қарор медодааст, то ки аз намозхонӣ даст кашанд. Шамшод писари хурдии хонавода мебошад. Вай ду писарамак дорад, ки рафиқони Рустами Эмомалиянд. Бо Рустам калон шуда бо вай рафтуомади наздик доштаанд.

Шамшод бояд маҳкам шавад. Аммо манбаъи мо мегӯяд, ки ӯ дар куҷое паноҳ карда шуда ва дар озодӣ ба сар мебарад.

Як вақт як нафар подполковник бо фамилияи Қаландаров сардори шуъбачаи милиса дар ҷамоати Зиракӣ буд. Ҷамоати Зиракӣ 14 деҳаро фаро мегирад. Писарамакҳои Шамшод аз Душанбе омаданду ӯро дар ҳузури мардум зери мушту лагад гирифтанд, Дар даруни кабинеташ заданд.

Падари Шамшод Эмом Шарифов аст. Сардухтури деҳаи Ҷерқалаи ҷамоати деҳоти Зиркаӣ аст. Солҳои сол инҷо кор мекунад. Куҳансолони деҳа мегӯянд, ки Эмом Шарифов ҳанӯз дар давраи шӯравӣ нафари қабл аз худаш дар ин вазифа кормекардаро дору дода мекушад. Ин корро барои он мекунад, ки вазифаи ӯро бигирад.

Шамшод як бародари калон дорад бо номи Сафар. Сафар дар ГАИ-и Кулоб кор мекунад. Сафар чор соли пеш дар ҳолати мастӣ шабона ду ҷавонро бо мошинаш таъқиб ва зер карда мекушад. Ӯро аз кор берун мекунанд, меронанд. Ҷазояш, ки бояд сахттар мешуд, аммо баъди як соли бекорӣ ӯро сардори шуъбаи ГАИ дар шаҳраки Шӯрообод ба кор мемонанд.

Чанде баъд боз ҳамин ҳолатро такрор мекунад. Дар ҳолати мастӣ сари рул ду нафарро таъқиб мекунад ва яке аз онҳоро бо мошин зер намуда мекушад. Ин дафъа аз кор ва аз шаҳр ҳам сураш мекунанд.

Ду сол бекор гашт. Аммо ҳозир дар Душанбе боз бо рутбаи афсар дар кадом ноҳия дар ГАИ ба кор даромадааст.

Шарифовҳо як амаки прокурори калон доштанд. Вай дар давраҳои нотинҷӣ дар Прокуратураи генералӣ кор мекард. То ҳамин солҳои наздик кор мекард. Амаки онҳо тибқи гуфтаҳои худашон мебоист Прокурори генералӣ таъин мешуд, аммо яке мурд. Ин прокурор як писар дорад бо номи Ҳоҷича. Ҳамин Ҳоҷича бо Рустам дар як мактаб хондаанд. Ҳамсинфанд ва якҷо калон шудаанд. Ҳоҷича ҳозир худро рэкет ва разборшик рост кардааст. Фақат корҳои баду ифлос мекунад, махсусан дар Кулоб. Ин Ҳоҷичаро барои кадом кореву кадом сабабе як бор гаравгон гирифтанд. Ба 100 ҳазор доллар халос хурд.

Бо  ҳамин Шамшод Шарифов  чанде пеш ҳам кадом як мушкилӣ пеш омаду  ҳамин Ҳоҷича омаду сардори УБОП-и Кулобро шапалоқшапу ҳақоратборон карда буд. Фақат ба хотири кадом кори бади ҳамин Шамшод. Ин «безпределӣ» то куҷо аст ва чаро аст, худ биандешед.

Шамшод Шарифов оиладор аст.Аз зани аввалааш, ки аз қишлоқи Зиракӣ аст 3 фарзанд дорад. Ҳозир бо зани дуюмаш зиндагони мекунад. Ин як бузи калон аст. Як бародараш Сафар ном дорад. Вай дар ГАИ кор мекунад. Тамоми таксистҳои Кулоб аз дасти вай ба дод омада буданд. як вақт дар пости Шуробод буд, аз он ҷо боз ба шаҳри Кулоб оварданд. Як рӯз як ронандаро манъ мекнад, вай намеистад. Ӯро таъқиб мекунад. Он ронанда ба мошини дигар бармехурад ва мемурад. Сафарро бо «статя» аз кор сабукдуш  карданд. 60 гуспанд дода дар Душанбе боз аз нав ва бо рутбаи болотар кор медарояд. Амаки дигариашон, ки раиси маҳаллаи Зиракӣ асту кар мебошад, худро ба девонагӣ зада аз ҳамин ҳисоб нафақаи давлатӣ мегирад. Ду трактори деҳаро ба аренда додааст, чуноне гуфтем пулҳояшро ба ҷайби худаш мезанад. Касе гап зада наметавонад. Писараш дар прокуратура дар Душанбе кор мекунад.

Ҳоло мардумро бардурӯғ иттилоъ дода истодаанд, ки Шамшод маҳкам аст. Ин гапро барои он гуфта истодаанд, ки хешу табор ва ҷонибдорони Абдуқаҳҳор Розиқови ҷавонмаргро ором кунанд. Аммо Шамшод маҳкам нест. Бояд Маскав бигурезад. Дар Маскав Ҳақназари Шарифови амакаш зиндагӣ мекунад. Солҳои пеш, дар вақтҳои нотинҷӣ сардори милисаи Роҳи оҳани Душанбе кор мекард. Вай дар он солҳо ба тамоми корҳои ба:- куштор, дуздӣ, одамкушӣ даст зада буд. Бо пора ба даст афтод. Аз онҷо гирифтанду ноҳияи Панҷ сардори милиса оварданаш. Дар Панҷ одам кушт. Корҳояш ҷазир шуд. Сураш карданд аз мақомот. Гурехт рафт Маскав. Онҷо шаҳрвандӣ гирифт. Баъди чанд муддат бозгашту омад. Корҳояшро тинҷ кард, аз побегу розиск худашро озод кард. Ҳозир Шамшод мехоҳад пеши ҳамин амаки қотилаш равад.

Шамшод боз як амаки дигар дорад. Дар оила одами дуввум аст. Раиси маҳалла дар ҷамоати деҳоти Зиракист. Барои деҳа ду-се трактор оварданд, ки замини як камбағалу бечораро ҷуфт ва кори хоҷагиро кунад. Амаки Шамшод тракторро ба дигар хоҷагиҳо аренда дода пули кори онро ба ҷайби худаш мемонад. Раиси маҳалла амаки Бобоназар-кари Бобоназар, писаре дорад бо номи Фируз. Фируз полковник аст ва дар прокуратураи ҳарбӣ кор мекард .Айни замон дар Дастгоҳи иҷроияи Президент дар дасти Озода Раҳмонова кор мекунад.

Вақте мардум аз дасти ҳамин раиси маҳалла норозигӣ карда ба по хестанд, прокурори шаҳри Кулоб ин раиси маҳалларо фарёд кард. Вақте тафтиш кардаву делои ҷиноятӣ кушоданду мебоист дастгираш мекарданд, ҳамин Фирӯз меояд ё занг мезанад аз боло ва аз номи Озода таҳдид мекунад. Муовини прокурори шаҳри Кулоб делои ин одамро гирифта дар назди вай таъзим кардаву узру бахшиш пурсида мегуяд, ки шумо озодед.

Шамшод Шарифов як бародар дорад-Далер Шарифов. Дар Зиракӣ зиндагӣ мекунад, чупон аст. Гуспанд дорад. Гову моли мардумро дар чарогоҳҳои он ҷо чарониданӣ намемонад. Ягон кас ба инҳо гап намезанад. Мақсад то вақте Рустами Эмомалӣ дар власт ҳаст, ин бадбахтҳо аз пушти ҳамон мепаранду гап мезананду  ҷиноят содир мекунанд.

Шамшод Шарифов мебарояд меравад. Ҳозир ҳуҷҷат омода карда истодааст. Шамшод мактаби №13-ро хондааст. Саводи кофӣ надошт. Коллеҷи Хуҷандро ба зӯр хонду тамом кард. Дар УБОП-и Кулоб кор мекунад.

Боз ду амаки дигари Шамшод Шарифов дар 6-ой отдел кор мекунанд.

Се моҳ пеш як бародари бизнесмен аз деҳаи Зиракиро салафӣ гуфта оварда шинониданд. Онҳо акаю додар буданд. Бародари хурдиашро оварданд.

Ҳамон қадар пешаш рафтанду фаҳмониданд, ки инҳо он хел нестанд. Фақат инки падару модаронашон ва худашон одамони намозхон буданд тамом. Аммо шумо кори  худатонро кунед гуфта ӯро маҳкам карданд. Хуллас, 40000 доллари ҳамон бародарҳоро гирифта баъд ҷавобашон  додааст. Ин ҷавонмард Исмоил,писари бобои ҳоҷӣ Саодат аст,ки 40.000 доллар дод.

Амаки Шамшод,ки ин корро кард, Бек Шарифов ном дорад.

Ҳамин Шамшод аст ки Абдуқаҳҳор Розиқовро заду кушт. Абдуқаҳҳор Розиқовро,ки 37сол дошту соҳиби ду фарзанд буд шаби 3 январ дар дохили шуъба зада куштанд. Яке аз ҳамин қотилон Шамшод Шарифов аст. Зарбаи марговарро ҳамин Шамшод задааст. Аммо муқобили вай ҷурми хунукназарӣ зада шудааст ва Рамазон Раҳимзодаи буққача дуруғ мегуяд, ки вай дар боздошт аст. Шамшод дар озодист ва шояд аллакай Маскав рафта бошад.

Ҳамин аст симои воқеии Раҳмонов ва ҳукумати вай. Вақте милиса одамро зада мекушаду вазири милиса ӯро барои онки зиндон нашавад мегурезонад, аз ин ҳукумат чи метавон интизор шуд.

Пас, худатон гуед, ки террористу экстремисту ифротӣ кист?

Share This Article