Рӯзи Арафаро бузург шуморед ва дуъо кунед!

“Нест рӯзе,ки дар он мисли рӯзи арафа Аллоҳ озод менамояд аз оташи ҷаҳаннам бандагонашро. Сипас малойк таъаҷҷуб менамоянд ва мегӯянд чӣ мехоҳанд инҳо?”

 

Сипосу ситоиш Худованди бузургро ва дуруду салом бар паёмбари гиромии ислом Муҳаммади амин ва беҳтарини салавот бар рӯҳи пок ва хонадони гиромиаш бод.Рӯзи арафа яке аз рӯзҳои бузургест,ки дуъо дар ин рӯзи бузург мустаҷоб мегардад.Арафа рузест,ки Худованд онро бузург доштааст.Арафа рӯзест,ки дар он рӯз неъмати Аллоҳ бар уммати Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васаллам) ба итмом расид.Арафа рӯзест рӯзи бахшиши гуноҳон ва ё дурустараш маҳви онҳо ва раҳоӣ аз оташи дузах аст. Имсол рӯзи Арафа мутобиқ аст ба  душанбе 20-уми август.

Фазилатҳои рӯзи Арафа.

1-) Рӯзи арафа рӯзест,ки дар он дин ба камол ва ё комил гардид.

Дар саҳеҳайн  аз Умар ибни Хаттоб (р) омадааст,ки марде аз яҳудиён чунин гуфт: Эй Амирул муъминин ояте дар китоби шумо аст,ки шумо мехонед онро.Агар он оят дар мо яҳудиён нозил мегашт ҳар ойна мо яҳудиён он рӯзро ид қарор медодем.Аз Ӯ пурсид кадом оят ?

Гуфт : “Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро дини шумо баргузидам.…”(Сураи Моида, ҷузъи ояти 3)

 Умар (р) гуфтанд ба таҳқиқ донистем он рӯз ва маконе,ки нозил гардид дар он (ин оят) бар Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ва дар ҳоле,ки он ҳазрат бархоста дар Арафа буд ва он рӯз ҷумъа буд”


2-) Ду рӯзи идҳои мо Арафа бо Ид

Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: “Рӯзи Арафа ва рӯзи қурбони ва рӯзхои ташриқ (се рузи пас аз иди қурбон) иди мо мусалмонон аст ва ин рӯзҳо ба тамом рӯзҳои хурдан ва нушидан анд“( Ривояти аҳли сунан)

 Ба таҳқиқ тибқи ривояти Умар Ибни Хаттоб (р) ки фармудааст : нузули ояти “Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро дини шумо баргузидам.…”Сураи Моида ояти 3,дар рӯзи ҷумъа буд ва рӯзи арафа буд.Ва Худоро шукр барои мо мусалмонон ин ду рӯз бароямон ид аст яъне рӯзи арафа ва рузи иди қурбон.

3-) Арафа рӯзест,ки Аллоҳ ба он рӯз қасам хурдааст.

Бузургон ҳаргиз қасам намехуранд магар ба чизҳои бузург ва ин рӯзро Аллоҳ рӯзи машҳуд номидааст дар сухани Аллоҳ
” Ва шоҳидив ва машҳуд” (Сураи Буруҷ ояти 3)

Аз Абуҳурайра (р) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд,ки он ҳазрат (с) фармуданд: ” Рӯзи “мавъуд” рӯзи қиёмат аст ва  рӯзи “машҳуд” рӯзи Арафа аст.Ва “шоҳид” бошад рӯзи чумъа аст”
Ин чунин Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу қасам хурдааст дар ин суханаш дар қуръони карим дар сураи Алфаҷр ояти 3 ” Вашшафъи вал ватр” Ибни Аббос (р) мегӯяд: Шафъ рӯзи иди қурбон аст ва Вал-ватр рӯзи арафа аст.Бо ин тафсир Акрама ва Заҳокхам мувофиқанд

4-) Рӯза доштани рӯзи арафа ду сола гуноҳонро аз байн мебарад.

Аз Аби Қаттода (р) ривоят аст инки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро пурсиданд аз рӯзаи рӯзи арафа, он ҳазрат (с) чунин гуфтанд:
“Гуноҳони соли гузашта ва гуноҳони соли ояндаро аз байн мебарад     ( ривояти Муслим )

Рӯза доштан рӯзи арафа албатта барои ғайри ҳоҷи аст зеро ҳоҷиёнро суннат нест рӯза доштани рӯзи арафа.Зеро Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар он рӯз ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар рӯзи арафа рӯза нагирифтанд.Зеро барои ҳоҷи воқеъан сахт аст рӯза доштан  дар он рӯз ва он ҷои дуъо ва ниёиш аст. Инчунин бояд ҳоҷӣ донад инро,ки барояш манъ аст рӯза доштан дар арафа.Вале барои ғайри ҳоҷиён савоби бешуморе дорад.Рӯза доштан ва пас аз адои намози зуҳр бо дуъо ва ниёиш машғӯл шудан иншоаллоҳ подоши хубеҳам дорад.


5-) Арафа рӯзест,ки Худованд дар он рӯз аз зуррияи одам паймон гирифтааст.


Ибни Аббос (р) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чунин ривоят кардаанд,ки он ҳазрат (с) фармуданд: ” Худованд паймон ва аҳд гирифт аз пушти одам дар арафа ва аз пушти одам хориҷ намуд зуррияеро ва падид овард онҳоро ва қарор дод онҳоро дар миёни дастонаш. Ва сипас бо онҳо сухан гуфт аз пеш ва чунин гуфт:

” Ва Парвардигори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро берун овард.Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид “Оё ман Парвардигоратон нестам?” Гуфтанд “Бале гувоҳӣ медиҳем” То дар рӯзи қиёмат нагӯед,ки мо аз он бехабар будем. Ёнагӯед,ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле будем баъд аз онҳо ва оё ба сабаби коре,ки гумроҳон карда буданд,моро ба ҳалокат мерасонӣ” (Сураи Аъроф,оятҳои 172-173)
Пас воқеъан чӣ рӯзе бузурге будааст ва чӣ аҳду паймони бузургеҳам дар ин рӯзи бузург Аллоҳ гирифтааст!.


6-) Арафа Рӯзи мағфират ва бахшиши гуноҳон ва наҷот аз оташи дузах аст.Ва фахр мекунад Худованд ба
бошандагони Арфа дар он Рӯз.

Дар саҳех муслим аз Уммул муъминин Оишаи Сиддиқа (р) ривоят аст аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ,ки онҳазрат фармуданд: “Нест рӯзе,ки дар он мисли рӯзи арафа Аллоҳ озод менамояд аз оташи ҷаҳаннам бандагонашро. Сипас малойк таъаҷҷуб менамоянд ва мегӯянд чӣ мехоҳанд инҳо?”

Ибни Абдулбар мегуяд дар шарҳи ин ҳадис : Ин таъаҷҷуби малойка далолат бар он дорад,ки Худованд бахшидааст он ҳамаро.Зеро ҳаргиз малойка таъаччуб намекунад ба аҳли хатокор магар ин амал пас аз тавба сурат мегирад ва ё пас аз мағфират ва бахшиш,ки дар он рӯз ҳаа аҳли Арафот бахшуда шудагонанд.

Мо медонем,ки ҳоҷие дар арафот набошад ва пас аз зуҳр,то завол қарор нагирад ҳаҷҷаш пазируфта нест.Яъне “Ҳаҷ ин Арафа аст”тибқи ҳадиси саҳеҳ.Ин рӯзро бояд бузургдошт,ки худ рӯзи бузург ва бахшиш аст.

7.) Дар рӯзи Арафа дуъои бештар кунед ва тибқи ҳадиси саҳеҳе аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) чунин фармудааст: Беҳтарин дуъо ин дуъои рӯзи Арафа аст.Беҳтарин дуъое ман гуфтам ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаанд: “Ло Илоҳа Иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ало кулли шайин қадир”

Такбироти Ташриқ:

Такбироти ташриқро аз пас аз субҳ ё пас  аз намози бомдоди рӯзи Арафа,то охирон рӯзи рӯзҳои Ташриқ бигӯед.Рӯзҳои ташриқ пас аз рӯзи иди Қурбон оғоз меёбанд, рӯзҳои хурдан ва ошомидан гуфтааст Расули акрам (саллалоҳ алайҳи васаллам) рӯзҳои ташриқро.Яъне аз субҳи рӯзи 9-уми Зулҳиҷҷа 20-уми август оғоз меёбад,то 13-уми Зулҳиҷҷа дақиқтараш,то 24-уми август,то ғуруби офтоб мебошанд.

Матни Такбирот:                                                                                                                                                                                                                                                                

  • الله اكبر الله اكبر الله اكبر ، لا اله الا الله … الله اكبر الله اكبر الله اكبر ، ولله الحمد .
  • الله اكبر كبيرا والحمد لله كثيرا وسبحان الله وبحمده بكرة واصيلا ، لا اله الا الله وحده صدق وعده ونصر عبده واعز جنده وهزم الأحزاب وحده لا اله الا الله ولا نعبد الا اياه مخلصين له الدين ولو كره الكافرون ، اللهم صل على سيدنا محمد وعلى ال سيدنا محمد وعلى اصحاب سيدنا محمد وعلى انصار سيدنا محمد وعلى أزواج سيدنا محمد وعلى زرية سيدنا محمد وسلم تسليما كثيرا .
  • الله اكبر الله اكبر الله اكبر ، لا اله الا الله … الله اكبر الله اكبر الله اكبر ، ولله الحمد

 

” Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Лоилоҳа илаллоҳ Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Аллоҳу Акбар ,Валиллоҳил ҳамд” Идома бояд диҳем Такбироти ташриқро пас аз тамоми намозҳои панҷгона то намози асри рӯзи севуми рӯзҳои ташриқ яъне 13-уми Зулҳиҷҷа.Баргардонӣ бо ҳуруфи крилӣ ҳамаи матнро анҷом надодам,шахсе хоҳад ҳама матнро бигӯяд агар ҳамон миқдоре баргардон намудам онроҳам бигӯяд кофӣ аст.

Дар охир аз Худованди карим таманно дорем то ононеки дар ин рӯзи бузург дар он саҳрои бузурги Арафот қарор надоранд.Ва онҳоро ҳатман узре аз рафтан ба он ҷо боз доштааст,вале рӯза медорем ва мисли ононеки дар он саҳро қарор доранд ва пас аз зуҳри он рӯзи бузург,ки Аллоҳ ба осмони замин мефарояд то ба он ҷамъ омадагони он саҳрои бузург бингарад ва дуъоҳои онҳоро қабул кунад.Дар он ҷамъи зебо намояндагони миллати моҳам ҳузур доранд ва умед дорем дар ҳаққи ин миллату ватан дуъо мекунанд.

Дуъои кутоҳи мо дар ин рӯзи бузург:

-Эй Аллоҳи бузургмартаба моро низ аз он зумра биҳисоб ва дуъоҳои моро низ қабул кун.Аллоҳи Карим моро дар зумраи он хушбахтони саҳрои бузрги Арафот қарор дошта маҳсуб намо ва аз мо низ бипазир ту қабул кунандаи дуъо ва Ғафуру Раҳими. Аз ҳамагон таманнои онро дорам,ки дар ҳаққи якдигар дуъоҳои хайр намоед зеро дуъои бародари мусалмон дар ҳаққи бародараш мустаҷоб аст ва ончи барои бародари мусалмонаш дуъо намудааст онро Худованд бар ӯ низ медиҳад.Дуъо барои миллат ва кишвари азизамонро аз ёд набарем ва барои ин ду дуъоҳои содиқона намоем.Ватани азизи моро аз ҳама газанд офот ва ҳараҷу мараҷ дар ҳифзи худ қарор бидиҳад.Душманони воқеъии ватани моро хору залил ва хоинони ин миллатро маҳву сарнагуну нугунбахту шарманда намояд.Аз Аллоҳ истидъо намоем,барои мо роҳбари мухлис ва хидматгоре баргузинад,то ин милат ва кишварро аз ин бунбастҳои хатарнок наҷот диҳад.Барои мо роҳбари соҳиб титулу унвон надиҳад,балке хидматгор ва одилу раъиятпарваре аз фарзандони ба номуси ин миллат баргузинад.Зиндониёни бегуноҳи моро аз зиндонҳои ин “пешвои золим” озод намояд.Беморони моро шифои комил ва оҷил ато намояд.Муҳоҷирони дур аз ватани моро ба кишвар дар ҳифзу паноҳаш нигоҳ дорад, ба назди хонаводаҳояшон бо сари баланд баргардонад.Миллати пароканда ва дар ҳолати тарс қарор доштаи моро бори дигар муттаҳид ва якпорча намояд.Уламои ин миллатро аз маддоҳи ва тамаллуқкор будан дур намуда, ба онҳо гуфтани сухани ҳақро насибу рӯзи намояд.Ҳақро дар назари мо ҳақ ҷилвагар намуда,моро пайрави он гардонад. Ботилро дар назарамон ботил таҷассум намояду моро аз он дур намояд.Калимаи зебои шаҳодатро дар ҳангоми марг бар забонамон ҷорӣ намо,ҳангомеки моро дар болини марг қарор додӣ.

Таманнои қабули дуъоҳои некамонро аз даргоҳи Аллоҳи пок дорам омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад