Раҳмон амр ба рӯзаву Абдурраҳмон манъи рӯза мекунад

Ислоҳ нет

 

Ҳулули моҳи мубораки рамазонро ба ҳама мусалмонони уммати исломӣ табрик менамоям.Рамазон моҳи гуноҳсӯз,моҳи раҳмат,моҳи мағфирати гуноҳон,моҳи сабқатҷӯстан дар корҳои хайру некӣ,моҳи бахшиши якдигар,моҳи ибодату ниёиш,моҳи гузашт аз хатоҳои якдигар,то дар ивазаш бахшуда шавем.На моҳи ваҳшату тарс додани раъият,на моҳи туҳмат кардану дурӯғ гуфтану исён аст.

Миллатеки дувоздаҳ моҳ рӯзадор аст чӣ гӯна табрик намоям?

Намехоҳам ин моҳро ба миллати худ,ки ҳамеша аз зулми ин режим ёздаҳ моҳ рӯзадор буданд қабл аз ин моҳи бузург табрик намоям.

-Миллатеки чизе қабл аз рамазон барои хурдан надоштанд.

-Миллатеки аз замони ба қудрат расидани ин заҳок нони хурданеки дошт ба афроди оилаи “Пешво” дод худаш ва ё фарзандаш ё марди хонаводааш ба хориҷи кишвар муҳоҷир гашт,то ин оила сер бошанд.

-Миллатеки  ин ҳама зулму шиканҷаро пазируфт вале бар алайҳи ин ситампеша қиём накард.

-Модари ин миллат ҳамсараш,фарзандаш,падараш, бародараш дар зиндони ин оила қарор доранд ва худаш рӯза дор аст ва ҳамсару писар,падар ва бародараш низ дар зиндони ин оила солҳост рӯзадоранд.Ӯ бе садо мегиряд.

– Милатеки олимонаш дар баробари суханони ботил ва куфри ошкори “пешво” аз Аллоҳ нотарсида, дар даҳон об гирифта, хомӯш бо диққат ӯро гӯш мекунанд.

-Милатеки қишри огоҳашро ин ситамгар ба хориҷ аз кишвар фирорӣ карда, дар дохил ҷойи онҳоро “олимони диссернетӣ” ё чупону,аз кучаи илму дониш нагузштагон ишғол кардаанд вале бозҳам хомӯш аст.

-Миллатеки масҷиду мадрасааш ба қаҳвахонаву,ҷоиҳои иҷтимоъӣ,хонаҳои шахсӣ табдил шудааст,ҳатто рӯсҳо чунин накарда буданд бозҳам хомӯш аст.

-Миллатеки барои намоз хондану ибодат кардан,ақидаи солим,озодандеш буданаш зиндонӣ  ва ё кушта мешавад вале бозҳам хомӯш аст.

– Миллатеки сарватҳояш бакуллӣ дуздида мешванд,қисме аз сарзаминаш ба кишваре фурӯхта мешавад, бозҳам ӯ хомӯш аст.

-Миллатеки дар русия ба Ҷамшуду Равшан истинтоқ,таҳқир ва онҷо бо сангинтарин ҳолатҳо кушта мешавад вале хомӯш аст.

-Миллатеки аз ӯ бузургтарин олимони оламшумул ба уммати ислом ва ҷаҳон дар асрҳои гузашта тақдим шуда буд,ҳоло дар чанголи як раиси фермаи собиқ афтода ва асири ӯ ва хонадони ӯ қарор дорад.Аз зани ин миллат ҷуз муҳоҷири меҳнатӣ шахси солими дигаре таваллуд намешавад бозҳам хомӯш аст.

-Миллатеки аз оддитарин ҳуқуқи худ ҳаққи дифоъ надораду муҳоми(адвокат)-и ӯ ниёз ба муҳомӣ дорад олам инро медонад вале аз ин миллат садое нест.

Чӣ гӯна ман чунин миллатеро,ки дар ҳолати қабзи рӯҳ қарор дорад,ки нафасҳои охиринашро танаффус менамояд, барояш ин моҳи нузули Қуръонро табрик намоям?  

 

Оё сухани як роҳзан аз амри Аллоҳ болотар аст?

Дар ин моҳи бузургеки дорои хело фазилатҳои волоеро дар худ ҷамъ намудааст мебинем “Пешво”-и ин миллат мисли тоғутҳои хашини миллатҳои дигари олам,ки ҳар кадом дар сангинтарин ҳолатҳо кушта ё худ ҳалок гаштаанду аз онҳо нафрат доранд.Паймояндаи роҳи он тоғутҳои гузашта ҷаноби Эмомалӣ Абдурраҳмон мехоҳад мусалмонони кишварро аз ин фаризаи Илоҳӣ ба гӯнае манъ намояд ва ё боз дорад.Қабл аз инки вориди манъ намудан ё тавҷеҳоти хато ва иштибоҳоти худ гардад,нахуст ӯ мардумро табрик менамояд. Мардуми ҷамъ шуда ин табрикотрро аз ӯ истиқбол намуданд сипас оҳиста оҳиста расид ба гуфтани суханонеки мехост онҳоро аз аввал бигуяд.Аммо бо талбис ва суханпардоз- иҳоеки хосси ӯст шурӯъ намуда,гӯё мехоҳад ба мардум осонӣ биёварад ва гӯё ӯ мушкилосонкунаки ин миллату раъияти асирӣ дар чанголи оҳанинаш қарор дошта аст.

Дар асл мушкилоте,ки ин шахс бо оилаи сернуфӯзаш бар сари ин миллат овардааст Рӯза ва ин моҳи бузург  ба ҳеҷ ваҷҳ наовардааст ва намеоварад.Бар акс ин моҳро мардуми мусалмон бо иштиёқи хосса ҳама сола дар интизораш ҳастанд.Барои омаданаш лаҳзашуморӣ мекунанду ба қудумаш масруранд,ки дар ин моҳ зинда ҳастанд Аллоҳро шукрона мекунанд,то бо рӯза доштан гуноҳони худро пок намоянду муқарраби Аллоҳ гарданд.Мардуми тоҷикистон тақрибан 60% он дар тӯли сол ҳамеша рӯза доранд.Чӣ гӯна рӯзадор буданро агар хоҳед пурсед?

Бо омори дақиқе,ки созмонҳои ҷаҳонӣ барои тоҷикистониён гузориш додаанд мардуми атрофи маркази кишвар,ки аксарияти аҳолиро ташкил мекунад, гурусна ҳасатанду ҷуз каме нону чой дигар чизе барои хурдан надоранд.Гушт ва ғизоҳои серғизоро, бо баракати роҳбарии ин шахси наҳсу бад пай қадам солҳо надидаанду истеъмол накардаанд.Қабл аз моҳи рамазон худатон дар Дӯстӣ эълон намудед,ки ҳамаги 10% аҳоли ба оби ошомидани таъминанд. Боз тавсия додед,ки як ҳавз кобед ва оби ду дарёро ба он оварда резед ва он тагшин кӣ шуд онро нӯшед.Аммо дар сафари ба Урдуни Ҳошимӣ кардаатон ба онҳо гуфтед ман ба шумо оби тоза медиҳам ва боз бе пул.Лутфан онро аввал ба ин мардуми кишвари худ бидиҳед сипас ба дигарон чунин ваъдаи болохонадорро бидиҳед.Барои таъмини аҳолии ин минтақа ҳукуматро амр намудед,ки соҳибкоронро даъват кунед тендер эълон кунед,то онҳо ин тарҳро амалӣ кунанд.Пас аз он дар калаи он соҳибкорон, сохтани чанд мактабро бор кунед,то мурда мурда созанд.Будиҷаатон пул надошта аст ва боз барояшон гуфтед аз будиҷа пул напурсед,ки оилаи ман калон аст наметавонам бароятон аз он пул ҷудо кунам.Гӯё он аз Худо раҳматии Шариф бароятон мерос монда бошад ва миллатро миннат мекунед. Амр мекунед пулро аз соҳибкорон гиред ва онҳо бароятон созанд,шумо бо будиҷа,ки аз ҳамин мардумаст наметавонед барояшон таъмини оби ошомидани кунед.Ҳой шумо роҳзан ҳастед ҷаноби Абдурраҳмон! Агар гуед не роҳзан нестам пас ба сармояи соҳибкорон чаро даст дароз мекунед? Аз ғасби шумо ва оилаатон,ки соҳибкоронро кардаед ва карда истодаед, дар кишвар дигар соҳибкор намондааст.Пас бидуни шак шумо бо афроди оилаатон як туда роҳзанон дар сари қудратед!

Ҳукумате дуруст намудед аз ҳукумати роҳзанони асри миёнагӣ ҳеҷ фарқе намекунад.Ҳаминқадар фарқ мекунад,ки дар тан либоси аврупоӣ пушидаед ва ришатонро чаптарош кардаед.Аммо тарз ва шаклаш айнан як ҳукумати роҳзанонаи асри миёнагиро мемонад на як ҳукумати асри 21 ро.

Вақте мардумро наметавонед аз ҳисоби будиҷаи ноҳия ё ҳукумататон таъмин кунед.Барои некуаҳволии мардум аз соҳибкорон мехоҳед пул гирифта, барояшон мактаб ва оби ошомиданиро таъмин кунед. Пас шуморо ба дини ин мардум чӣ? Ба рӯза гирифтан ва зардолу чиниашон чӣ?

Кори НБО Роғунро мисол овардед,ки агар ҳаждаҳҳазор корманди он, дар моҳи рамазон кор накунанд кори он ба як сол қафо мемонад.Охир чаро дурӯғ мегуед? Вақте дурӯғ мегуед боз сурхҳам намешавед чунонеки дар баромади СММ вақте аз он минбар суханрони кардед сурх  шуда будед.Дар ҳашт соли охир дар мавриди Роғун аз мардум пул ҷамъ кардаед,ҳамеша суханатон ваъда диҳӣ ва Роғунро ҳаёту мамот меномед,аммо чӣ кор кардед,ки дар як моҳи рӯза дории кормандони он,кори он ба як сол қафо мекашад? Касе аз кормандони он НБО ҳам бароятон нагуфтааст,ки мо наметавонем кор карда дар ҳоли рӯзадориамон.Шумо дар моҳҳои ғайри рӯза мардумро ба хурдани ғизо ва оби ошомидани таъмин кунед.Дар ин моҳ худашон мисли ҳамон ёздаҳмоҳи дигаре зиндагони доштаашон зиндагонӣ мекунанд.Мардуми тоҷикстон бо баракати шумо,ки ҳамеша мегуед шукронаи ин сарзамин ва шумо кунанд,ҳамеша гурусна буданд ва ин як моҳҳам тоқат мекунанд.Биступанҷ сол аст мардумро дар ҳолати рӯза дорӣ нигоҳ доштаед ва худатон аз бемории пурхури дар садади кафидан ва ба бемориҳои пурхурӣ бо оилаатон гирифторед.Ба шумоҳам машварат медиҳам рӯза гиред агар нахоҳед мардум хурсанд шаванд аз сафари қарибулвуқуъатон ба Сақари Раҳмон ,пас рӯза гиред.Ба мардум аслан кордор нашавед.

Боз як муллои аҳмақи дигаре  бо номи  Ҳусейн Мусозода дурӯғҳои ин хирасарро либоси шаръӣ мепушонад.Аз Фатвои Оламгирӣ мисол меоварад,ки коргари нонвоиро иҷозат аст рӯзаашро хурад ва ин масаларо ҳамчун далел истинод карда,  ба хурдани рӯзаи мардум дар шакли умум фатво дода истодааст.Охир ҳама шаҳрвандон дар нонвоихона кор намекунанд,ҳой аҳмақи бесавод!Аллоҳ барои шахсони бемор ва мусофир ва ҳолатҳои муайян рухсат додааст,то рӯзаҳояшонро хуранд ва пас аз он қазо доранд.Аммо шумо бо кадом далел мехоҳед мардуми солим ва бе иллатро ба хурдани ин фаризаи Илоҳӣ ва хурдани рӯза даъват доред?

Аз Аллоҳ тарсед ҳой мулоҳои дарборӣ! Аллоҳ бар бандагонаш аз ин “Пешво”ятон раҳимтару меҳрубонтару мушфиқтар аст.Барои мақому ҷоҳи муваққатии имрӯзиатон дар қабру охират қарор гирифтани назди Раҳмонро фаромӯш накунед! Моҳам он рӯз ҳастем Ин Шо Аллоҳ, агар имрӯз бо шумо нестем ва шукр,ки ин ҳолатҳои нангинро аз наздик назорра наменамоем.Аммо он рӯз ҳатман мо ҳолати қарор гирифтанатонро дар назди Аллоҳи Раҳмон мушоҳида менамоем.Ҳатман ба назди Аллоҳи Раҳмон аз шумо олимони суъ шикоят мекунем.Дар чеҳраҳои шумо аз фарти бе имонӣ ва дӯр шудан аз роҳи ҳақ нӯр намондааст.Ин миллатҳам шуморо шинохта аст ва ҳар рӯз бароям менависанд аз ҷиноятҳои шумо ва аз он моро огоҳ менамоянд,ки ба чӣ корҳое даст мезанед.Ҳатто ба ҳамон навор аҳамият диҳед касе аз ҳозирин ба суханони пучӣ ин Мусозоди хоин аҳамият намедиҳанд,чун онҳоҳам шуморо шинохтаанд,ки шумо кӣ ҳастед ва чӣ мехоҳед аз “Пешво”и хасакиятон.

Хитоб ба мусалмонони кишвар!

Мардуми ғаюри кишвари азизу гиромиям,ки дар асорати як роҳзане қарор гирифтаед.Рамазон севумин бинои исломи азиз аст ва бо суханони ин хирасари бе имон ва “мулло”ҳои дарборияш аҳамият надиҳед.Ин худаш аз ин дин хориҷ шудааст ва мехоҳад шуморо низ бо худаш бикашонад. Кишварро дар сахттарин ҳолати маъишӣ,иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, динӣ ва ғайра қарор додааст.Охирон ҷавҳари имони шумо азизонроҳам мехоҳад аз шумо азизон биситонанду, шахсияти шумо ва ҳайсиятатонро поймол ва шумороҳам мисли худаш ба он чоҳи пур аз мағоки оташ бикашонад.Аммо ин хирасар ин мақосиди шумашро амалӣ нокарда ба он чоҳи пур аз мағоки оташ бо он муллоҳи дарбории лаббай гуяш сарозер хоҳад шуд.Магар фаромӯш намудед моро бузургтарин абарқудрати ҷаҳон Шуравӣ бо он ҳама иқтидораш натавонист рӯзаҳоямонро бихуронаду бе дину бе имонамон кунад.Ин миллат дурустараш бобоҳо ва падарони мову шумо, собитқадам ва устувор дар баробари он ғосибон истодагарӣ намуданд ва билохира онҳо суқут намуданду мо озод шудем. Аммо пас аз он ғосибон одамкушоне омаданду ҳукумати муросои миллиро пароканда ва ин марди саффокро бар мансаби қудрат шинонданд.Ин мард ҳатто ба онҳоеки ӯро сари қудрат оварда буданд раҳм накарду онҳоро бо сангинтарин ҳолатҳо ба қатл расонид.Ҳоло фикр намудааст,ки ин миллат дар қабзаи оҳанини ӯ қарор доранд ва ҳар коре хоҳад чунон мекунад.Аммо бе гумон аз инки ҷонаш ва рӯҳаш дар қабзаи он Аллоҳест,ки Рамазонро барои мо ва шумо фарз гардонидааст.Беҳтарин фурсатест барои дуъо кардани якояки мо ва шумо бар алайҳи ин заҳҳоки хирасар ва тоғути мустақар бар маснади қудрат ва давлат.

Дуъо дар ин моҳ мустаҷоб аст

Ман дар ин субҳи содиқи ин моҳи бузург чунин дуъо менамоям.Ҳамду ситоиш Туро эй Аллоҳ ва салавот бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) асҳоби ӯ ва хонадони поки он ҳазрат.Аллоҳ ин хирасарро,ки лоиқи ҳидоят нест,зеро солҳо дуъои ҳидоят намудем ин ба он мушарраф нагашту бадтар шуд.Ӯро мубталои беморие бигардон,ки таманнои маргро кунад вале мисли устодаш Ариел Шорун барои солҳо дар марги маснуъӣ қарораш бидеҳ, аммо на дар тоҷикистони азиз,зеро дигар тобу тоқати зиндаашро надорем аз беморияш безори меҷӯем.Дар ҳар кишваре,ки дар зиндагонияш бо онҳо майлу рағбат дошт. Кишвари моро аз вуҷуди ҳама халоёи ин низоми фосиду нопок, поку мусаффо бигардону барои ҳамеша моро аз ин мусибати қарор доштаамон озод бигардон.Миллати моро ҳарчи тезтар аз чанголи ӯ ва хонадони роҳзанаш озод бигардон.Барои мо роҳбаре бифрист,ки моро ба ваҷҳи аҳсан ва некӯ роҳбарӣ намояд ва одилу дилсӯзи ин миллат ва ватан бошад ва моро дар атрофи ӯ муттаҳид ва барои сохтани як Тоҷикистони навин муваффақамон бигардон.Салавот бар Муҳаммад ва олу асҳоби поки он ҳазрат омин ё Раббал Оламин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article