Раҳмонов бо имзои Рустам вориди АвроОсиё мешавад

Ислоҳ нет

 

Соли 2020 барои халқи тоҷик, муҳоҷирони корӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов соли ғайримуқаррарӣ ва сарнавиштсоз хоҳад буд. Русия Раҳмоновро водор хоҳад кард, интихоб кунад, ки бо халқу миллаташ хоҳад буд ва ё бо хонавода ва бизнесҳои беҳадду марзи аъзои он. Раҳмонов дар баробари дуроҳаи интихоб қарор гирифтааст: ризоият ба узвият дар ИИАО ва ё хайрбод бо қудрат ва курсӣ…….

 

Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё шабеҳи ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ қавонин ва қоидаҳои хоси худро хоҳад дошт, ки бар мабнои манофеи аъзои он таҳия ва татбиқ мешавад. Дар ин гуна иттиҳод ва созмонҳо идора ва мудирияти коллегиалӣ-дастаҷамъӣ авлавият касб мекунад. Аммо ба таври автоматик дар инчунин ташкилот раъй ва иродаи узве нуфуз пайдо мекунад, ки ҳисса ва саҳми бештар дорад. Ҳамчуноне, ки дар Созмони Милали Муттаҳид дар бештарин ва ҳассостарин маворид ва мароҳил ҳарфи ниҳоӣ аз Амрико хоҳад буд.

 

Мусалламан дар ИИАО ҳамингуна эътиборро Русия хоҳад дошт ва кишварҳои дигари узви он дар даври ҳамин меҳвар мечарханд. Аммо аз ҳақ набигзарем, ки ҳамин ҳоло ҳам мо бо ҳазорон риштаи аёну ноаён бо ин кишвар пайванд ва побанд ҳастем. Воқеият ин аст ки мардуми тоҷик ва бахусус Раҳмонов ва режими вай вобастаи Русия ҳастанд. Инки Русия тақозо ва дархости узвияти Тоҷикистон ба ИИАО ро дорад, ба хотири боигарӣ ва ё сарватҳои кишвари мо нест. Зеро захоири дастнахӯрдаи ин кишвар барои солиёни зиёде басанда аст. Русия танҳо дар доираи манофеи геополиткии худ талош дорад, ки кишварҳои дар мадор ва меҳвари сиёсатҳои худро бештар ҷалб ва ҷазб кунад.

 

Раҳмонов барои он бо майл ва иродаи худ вориди ин Иттиҳод намешавад, ки қоидаҳо иваз ва қисме аз салоҳият ва ваколатҳои худро аз даст медиҳад. Раҳмонов аз он идда салоҳият ва ваколатҳое маҳрум мешавад, ки феълан бар манфиати хонаводааш истифода карда истодааст. Инҷо шояд зарурат надорад, ки дона ба дона тиҷоратҳои бузурги домодҳои Раҳмоновро мутазакир бишавам, ки боис шудааст, онҳо ба монополистони асосии бозор табдил шуда, ҳамзамон бо ин аз тамоми навъи имтиёзоти қонунӣ ва ғайриқонунӣ баҳракашӣ кунанд. Чароғаки сабз дар гумрук ва андоз ва парлумон барояшон фурӯзон аст ва ҳамин имтиёзҳои додашуда ба онҳост, ки метавонанд молу маҳсулоташонро бидуни пардохти боҷу андозҳо ворид ва содир кунанд. Дар асл тамоми коррупсия ва низ ҳузур ва вуҷуди густардаи иқтисоди сиёҳ ё пинҳонӣ ҳам марбут ба фаъолиятҳои тиҷоративу молиявии хонаводаи худи Раҳмонов аст.

 

Раҳмонов ва домодҳояш ва умуман оилаи бузургаш бо ворид шудан ба ИИАО аз даромадҳо ва фоидаҳои миллиондолларӣ маҳрум мешаванд. Инки баҳона пеш меоварад, ки бюҷети мамлакат то 300 миллион доллар зарар мебинад, як навъ хокзанӣ ба чашми мардум аст. Воқеият ин аст ки бо ворид шудан ба ИИАО шумори воридкунандагони молу коло ба Тоҷикистон аз ҳисоби тоҷирони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба маротиб зиёд шуда монополияи Раҳмонов ва хонаводааш мутазалзил мешавад. Дар ин ҳолат ҳам ба бюҷети мамлакат боҷу андоз бештар медарояд ва ҳам нархҳо барои истеъмолкунандаҳо поин ва дастрас мешавад. Инро бояд ба ҳисоб гирифт, ки дар иқтисод ва истеҳсолоти Тоҷикистон як насими сабук медамад ва нафаси роҳат ва озод кашида мешавад. Зеро маҳсулоти воридотӣ бо баҳои арзонтар аз ончики имрӯз дорем, дастрас карда мешавад. Чунки нархи фоизҳои боҷу андоз, ки имрӯз Тоҷикистон дорад ва яке аз гаронтарин андозбандӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст, коҳиши назаррас пайдо мекунад. Дар асл боҷу андозҳои гумрукӣ ва молиётӣ дар Тоҷикистон барои он гарон шудааст, ки бизнесҳои оила аз пардохтҳо муоф шудаанд ва ҷуброни онҳоро аз ҳисоби дигарҳо ва бо роҳи гарон кардани пардохтҳои молиётиву гумрукӣ мепӯшонанд. Тиҷоратҳои бузург ва барои зиндагӣ муҳим:-равған, орд, фаровардаҳои нафтӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ва амсоли инҳо аз монополияи домодҳои Раҳмонов раҳо шуда дар дохили кишвар бизнеси хурду миёна ривоҷ пайдо мекунад ва манобеи молиёт бакаррот афзоиш пайдо мекунад. Барои мисол шумо танҳо нархи солярка, безин ва газро миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муқоиса кунед. Аз замин то осмон аст. Вақте зиндагӣ арзон шуд, сарчашмаҳои андозсупоранда ҳам зиёд мешавад.

 

Бо ворид шудан ба ИИАО қавонине, ки дар он қабул мешавад, бар қонунҳои дохилии мо бартарият касб мекунанд. Раҳмонов ночор мешавад, ки қонунҳояшро бо қавонини кишварҳои ин Иттиҳод мутобиқ кунанд. Қонунҳои иқтисодӣ ва қонунҳои ҷиноӣ ва хусусан сиёсати ягонаи гумрукӣ ва андозситонӣ.

 

Дар чаҳорчӯби ин Иттиҳод мақомоте амал мекунанд, ки Раҳмонов ночор аст, баъзе аз салоҳиятҳояшро ба онҳо вогузорад: сиёсати молиявӣ, гумрукӣ ва андоз. Дар қаламрави Иттиҳод қоидаҳои умумӣ ва фазои воҳиди молиявию иқтисодиву гумрукӣ ҳоким мешавад, ки Раҳмонов наметавонанд тағйирот ворид кунад ва бар вифқи муродаш пеш барад. Ингуна муҳит ва иқлими иқтисодӣ мунҷар ба тағйири афкору ақидаи мардум ва боиси тағйирёбии онҳо ва зиндагии онҳо мешавад. Раҳмонов кадом абзор ва аҳруме надорад, ки ба ин фазо ва таъсир гузорад.

 

Воқеияти талх барои Раҳмонов ин аст ки бо ворид шудан ба ИИАО хеле чизҳо, метавон гуфт, ки асоси бинои ҳокимияташро аз даст хоҳад дод. Инҷо бинои ҳокимияти давлат ва миллати тоҷикро аз Раҳмонов фарқ кунед. Давлат ва миллати тоҷик чизеро бой намедиҳад, баракс бар манфиаташ ҳаст, ки шомили ИИАО шавад. Ҳаминки патент барои муҳоҷирони корӣ аз байн меравад ва ҳамин ки ба ҷойи ду ҳафта 90 рӯз шаҳрвандони тоҷик метавонад дар Русия бидуни РВП ба сар барад ва ҳаминки убуру мурури марз ҳар се моҳ аз байн хоҳад рафт ва ҳаминки як тоҷик дар мақоми қирғиз дар Русия даст меёбад барои Тоҷикистон басанда аст.

 

Инҷо бояд холисанллиллоҳ воқеъбин буд. Мо бо шомил шудан ба ИИАО зери итоат ва бори Русия намеравем, баракс шароити зиндагии инсонвори тоҷикҳоро дар Русия ва худи Тоҷикистон беҳтар таъмин мекунем. Аммо Раҳмонов гапи дигар аст. Аввалин чизе, ки ӯ бой медиҳад ин миллион-миллион доллар сарвату боигарии мансуб ба халқ аст ки ӯ ва танҳо ӯ, бо домодҳояш ва хусурбачаҳояш то ҳамин имрӯз фурӯхт ва то ба марзи нобудӣ расонд. Бубинед, бо касофати Ҳасан Асадуллозода ва ширкати “Исмоили сомонӣ Асри 21”-и вай ва боз ҳам бо дастони ӯ ва Шералӣ Кабир, раиси Талко ду маҳсулоти стратегии Тоҷикистон-панба ва алюминий аз байн бурда шуд. Ин маҳсулоти стратегӣ то ба дасти онҳо расидан, беш аз 40% дар сади бюҷетро таъмин мекарданд ва аз 50то 60% воридкунандаи асъори хориҷӣ ба кишвар маҳсуб меёфтанд.

 

Дигар ҳам ин аст ки ӯ ва домодҳояш ҳам воридот ва ҳам содироти кишварро таҳти контроли худ доштанд ва тиҷоратҳои умда ва асосиро тасоҳуб карда буданд. Амалан 70-то 90 дарсади иқтисодиёт ва молияи мамлакат дар дасти аъзои хонаводаи Раҳмонов қарор дорад ва инҳо на танҳо монополисту олигархҳо, балки як низоми тиҷории олуда ва омехта ва фасоду ҷиноятро таҳти ҳимоят ва сарпарастии давлат роҳандозӣ кардаанд. Сониян ҳам ин аст ки Раҳмонов ва хонаводаи вай бо истифода аз фишангҳои қудрат, масалан тавассути Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз тамоми тиҷорати кишвар ва тоҷиронро идора ва мутеъи худ кардаанд, ки ин ҳама бо ворид шудан ба ИИАО аз зери даст ва итоати Раҳмонов ва оилаи вай раҳо мешавад. Ба як калом иқтисодиёт, тиҷорат ва низоми молиявии кишвар,ки то ҳамин ҳоло на барои миллат ва мардум ва давлат,балки ба хонаводаи Раҳмонов хидмат мекард, минбаъд бо мардум ва миллат ва давлат хоҳад буд. Барои ҳамин Раҳмонов намехоҳад ва кашол дода истодааст.

 

Тоҷикистон ба ворид шудан ба ИИАО аз яғмогари № 1,коррупсионери №1 ва дузди асосӣ наҷот меёбад ва дар кишвар замина барои ташкили бозори воқеӣ ва пур аз рақобат ба вуҷуд меояд.Зеро тамоми дахлу харҷ,содироту воридот ва арқому сифри ИИАО ва дар маҷмӯъ муҳосиботи он ошкор ва эълон мешавад. Асноди гумрук ва молиёт дар сомона ва сафаҳоти ИИАО ба таври ошкоро навишта ва дар дастраси ҳамагон қарор мегирад. Дар онҷо барои домодҳои Раҳмонов парлумони кишвар наметавонад имтиёз бидиҳад. Ин ҳамон чизе аст, ки Раҳмонов ва домодҳои дузди ӯ аз он ҳарос доранд ва аслан як сабаби нахостанашон барои узвият дар ИИАО ҳам ҳамин рӯ шудани дуздиҳову қаллобиҳои онҳост. Фикр мекунед, ки тафовути якмиллиард долларӣ дар асноди гумруки Чин ва Тоҷикистон дар мавриди воридоту содирот ва ё ҳамон табодули мол кори дасти кӣ буд? Ин кори дасти домоди калонии Раҳмонов буд, ки амвол ва колои бидуни барасмият дароварда ва бидуни “растаможка”-шударо аз Чин ба Тоҷикистон дароварда буд. Қочоқи молу маҳсулот дар Тоҷикистон тавассути наздикони худи Раҳмонов сурат мегирад, ки бо ворид шудан ба ИИАО ин ҳама аз миён хоҳад рафт. Ҳоло суоли дигар ин аст ки молу колое, ки аз Урупо, Амрико, кишварҳои арабӣ ва ё Туркия ва ё ҳар кишваре дигар,ки мустақим ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд,онҳо чи гуна “растаможка” мешаванд ва ё молиёти онҳо ба ҳисоби ИИАО меравад ва Тоҷикистон зиён мебинад?

 

Гумон намекунам ва ҳеҷ касе ҳам бовар нахоҳад кард, ки бозори Тоҷикистон ба ҳадде ҷаззоб ва кашанда аст ки кишварҳои хориҷ аз қаламрави ИИАО молу колои худро фақат ва фақат ба Тоҷикистон ворид хоҳанд кард ва бозори Қазоқистону Русия сарфи назар мешаванд. Ҳар он чизе,ки ба Тоҷикистон хориҷ аз қаламрави ИИАО ворид мешавад ба кишварҳои дигари узви ин Иттиҳодия ҳам ворид мешавад. Ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ тавре муқаррар мешаванд,ки кишваре аз аъзои узв наметавонад ҳақи кишвари дигарро аз худ бикунад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ин тарафи масъала бар дӯши мутахассисин ва мақомоти масъули Тоҷикистон аст ки аснодро тавре таҳия бикунанд, ки баъд аз ин мо аз Мерседессаворӣ ба Жигулисаворӣ набигзарем. Ва,аслан ин як иддаои ноҷост,чун ҳоло дар худи Русия ҳам Мерседесу БМВеву Лексусу Тойотаву Волво ҷойи Москвич, Жигули ва Ниваву Волгаро гирифтааст. Аммо баҳс сари ин ҳама нест. Баҳс он аст ки бо ворид шудани Тоҷикистон ба ИИАО мардум ва муҳоҷирин аз султаи Раҳмонов ва оилаи вай наҷот пайдо мекунанд ва шароити зиндагӣ ва кору бори миллионҳо тоҷики муҳоҷиршуда дар Русия ба таври куллӣ фарқ мекунад.

 

Чуноне пештар гуфтам як худи маблағи патент,ки ҳоло аз 5250то 6уним ҳазор рубл дар як моҳ арзиш дорадро ба ҳисоб гирем,аз як то якуним миллиард доллари муҳоҷирон сарфа мешавад ва ин ҳисоби хиёлӣ нест,балки реалӣ аст.

 

Муҳоҷирон имкони бима кардан, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон ва табобат дар бемористонҳои Русияро ҳамчун як шаҳрванди маҳаллӣ ба даст меоваранд ва гузашта аз ин маоши бознишастагӣ дарёфт мекунанд.Ин ҳама имтиёз ва шароитро нодида гирифтан дуруст нест ва бояд хеле ҳам хунсардона вазну баркаш кард. Ҳамин ҳоло ҳам омили асосии оромиш ва субот дар Тоҷикистон маблағҳои муҳоҷирин аст.

 

Аммо ҳоло саволро баракс мегузорем.

 

Раҳмонов бо ворид нашудан ба ҳайати ИИАО чиро бой хоҳад дод?

 

Раҳмонов бо ворид нашудан ба ИИАО курсӣ ва қудратро бой медиҳад. Ҳеҷ тарҳу барномае барои Рустам ҳам дигар ба кор намеравад. Барои Раҳмонов пуштибонӣ ва “о,кей”-и Русия дар интихоботи пойизи соли ҷорӣ ин руҳи тоза дамидан ба ҷисму ҷони ӯст. Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон беш аз худи Русия Раҳмоновро ҳифзу ҳимоят дорад. Ҳисса ва саҳми муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия на танҳо дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон асосӣ ва ҳаётӣ аст, балки сукут ва оромиши якуним ду миллион тоҷик ва даст ба эътирозоту эътисоб назадани онҳо ва сарнагун накардани ҳокимияти Раҳмонов натиҷаи мусоидат ва назари марҳамати русҳост. Раҳмонов инро аз ҳар каси дигар бештар медонад ва аз тарафи дигар Раҳмонов барои то охири умр мадюни русҳост,ки ӯро аз як музофоти дурдасте оварда ба курсии қудрат нишонданд. Дар як чунин ҳолат, ки барои Раҳмонов марҳалаи ҳаёту мамот хоҳад буд, вай ҳам барои ҳифзи қудрат, агарчи нисфу сеяк ҳам бишавад, ва ҳам ба хотири онки сарвату давлати то ин замон дуздидаву хазинаву захиракардаашро аз даст надиҳад, ба “любой уступка” меравад.

 

Аммо вай қасд дорад, ки ин ҳамаро хеле орому сокит анҷом диҳад. Раҳмонов ҳатман ба ИИАО шомил мешавад.Вале фикраш дигартар аст.Мехоҳад муомила кунад. Аммо то ҳамин имрӯз ҳам Русия дар баробари Раҳмонов аз хештандорӣ кор гирифтааст. Вагарна метавонад боҷи гумрукиро барои мисол ба фаровардаҳои нафтиаш дубора ҷорӣ карда ва ҳеҷ имтиёзе қоил нашавад ва афзун бар ин бо қимматҳои аврупоӣ бифурӯшад. Беш аз ин метавонад шумори муҳоҷирони кории тоҷикро то се ва ё чаҳоряк ҳисса ва ҳатто то нисф коҳиш бидиҳад ва то ба сатҳи ҳамон омори Раҳмонов ироа дода-480 ҳазор поин оварад. Ва ё агар ки бисёр неву нестон кард, низоми раводид ҷорӣ бикунад. Раҳмонов дар он шароите қарор надорад,ки шарт бигзорад,ки Русия пойгоҳашро аз Тоҷикистон барчинад,чун хатароти аз самти Афғонистон болои сараш чун корди дудама овезон аст ва ин салобат ва сиёсати ҳамин пойгоҳ аст,ки Раҳмонов худро амну амон эҳсос мекунад.

 

Агарчи як рӯз пеш, Мирзиёев ба шомилнашудани кишварашро ба ин созмон изҳор доштааст,бозҳам интизор хоҳем монд.Узбекистон чандин зина ҳолаташ аз кишвари мо боло аст ва инҷо чи сиру савдоест онро вақт бароямон нишон хоҳад дод.

 

Пешниҳоди вуруд ба ИИАО борҳо аз тарафи Путин матраҳ шудааст. То ҳамин имрӯз Раҳмонов онро рад накардааст ва ошкоро наметавонад бигӯяд, ки ман ворид намешавам, намехоҳам. Аммо барои Путин ва тими вай соли 2020,ки сарнавишти Раҳмонов ва ҳокимияти вайро ҳал хоҳад кард, пайти муносиб аст. Ё Раҳмонов вориди ИИАО мешавад ва эҳтимолияти боқӣ мондани худ дар ҳокимиятро ба даст меоварад ва ё рад карда бо ҳамин ҳам худ ва ҳам тақдири лашкари якуним, ду миллионаи муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русияро шӯру сияҳ мекунад, ки дар ниҳояти амр мунҷар ба сарнагунии худи ӯ мешавад. Тоқати Путин ҳам ин бор басар хоҳад омад.Истеъфои сарвазир ва ҳукумати Русия ва баёнияҳои охири Путин яке аз волотарин далоили он аст,ки дигар набояд дар қудрат як шахс бештар бошад. Ба гумони зиёд изн ва амон нахоҳад дод,ки Раҳмонов беш аз ин истиғно кунад ва кунак занад.Шак надорам,ки Раҳмонов узвияти ИИАОро қабул хоҳад кард.Зеро ин бор баъид аст мавқуф бигзорад ва кашол диҳад. Вай барои курсӣ ҳамачиро мефурӯшад.

 

То ҳамин имрӯз кашола кардани ин масъала аз тарафи Раҳмонов барои ҳамин интихобот буд, ки битавонад бо Путин онро ба асбоби муомила табдил диҳад. Аммо Раҳмонов бисёр мехоҳад,ки ин санадро РустамиЭмомалӣ имзо гузорад. Ба эҳтимоли зиёд дар миёна ва авохири тобистон Раҳмонов узвияти Тоҷикистон ба ИИАОро эълом карда мӯҳлати имзои онро баъди баргузории интихоботи президентӣ мегузорад. Ва хеле ҳам мехоҳад, ки дар ҷараёни аввалин сафари раиси ҷумҳурии нав,ки ба Маскав сурат хоҳад гирифт асноди вуруд ба ИИАО имзо бишавад. Аммо то куҷо Русия ва Путин ба ин орзуҳои Раҳмонов ҷома мепӯшонанд ва ё хок бар сар мекунанд сол ба анҷом нарасида огоҳ хоҳем шуд.Воқеан ҳам соли 2020 на танҳо барои Раҳмонов,барои халқи тоҷик ва муҳоҷирони он хеле ҳам сарнавиштсоз хоҳад буд ва метавон гуфт соли ғайримуқаррарӣ.

 

Share This Article