Маҳз Раҳмонов ва маҳз манфиатҳои хонаводагии вай боис шудааст, ки имрӯзҳо шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба ҷаҳаннам бадал шавад. Умедҳо бар ин буд, ки бо омадани Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия ба Душанбе мушкилоти пешомада миёни Путин ва Раҳмонов бартараф мешавад. Аммо, мутаассифона ҳамчуноне мебинем таъқибу таҳқири муҳоҷирони кории тоҷик, боздошту истирдоди онҳо аз Русия ба ватан, баъди сафари Сергей Лавров ба Душанбе бештар ва бадтар шудааст. Раҳмонов бо радди пешниҳоди Русия дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ки Лавров дар Душанбе бори дигар аз «манфиат»-ҳои зиёди ин Иттиҳод барои рушду равнақи Тоҷикистон гӯшзад кард, Путинро башиддат ошуфта ва хашмгин кардааст. Ва, ҳамчуноне гуфтем, акнун ҳама косаву кӯзаҳо бар сари муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳрҳои Русия шикаста мешавад ва Путин ҳам дурусту дақиқ алами говро аз говрона гирифта истодааст.
Инҷо чанд савол пеш меояд, ки яке аз онҳо ин аст: Чаро Путин ин қадар пофишорӣ дорад, ки Тоҷикистон ба ин Иттиҳод бипайвандад? Пурсиши дигар ин аст ки Путин аз лоилоҷӣ масъалаи шомилшавии Тоҷикистон ба ЕврАзЭС-ИИАО-ро «баҳона»-и фишор болои Раҳмонов қарор додааст, ё инҷо чи масъалаҳои дигаре ҳам ҳастанд? Ва, он ҳам маҳз дар марҳалае, ки Русия вориди як ҷанге шудааст, ки як тарафаш Амрико ва Урупост? Ва, фишор овардан болои Раҳмонов метавонад ӯро куллан ба оғӯши тарафи дигар, маслан ҳамин Амрико ваУрупо афканад? Ва, ё инки Раҳмонов кайҳост, ки дигар Путинро тарк кардааст ва бо вай фақат лаффозӣ мекунад? Яъне иллати асосии рӯ ба харобӣ овардани равобити Русия ва Тоҷикистон ҳамин ЕврАзЭс аст ё чизе дигар?
Лавров дар суҳбатҳояш дар қароргоҳи Пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе эълон кард, ки Русия бисёр мехоҳад, Тоҷикистон узвияти ин Иттиҳодро бипазирад. Аммо, мову шумо хуб медонем, ки аз ҳамон замони ташкилёбии ин Иттиҳод Раҳмонов бо ҳар баҳонае узвият дар онро ба замони баъд гузоштааст. Тоҷикистон ҳатто мисли Молдова, Узбакистон ва Куба ҳозир нашуд, ки ба унвони кишвари нозир дар ҳайати ИИАО-ЕврАзЭС ҳузур пайдо кунад.
Акнун, ки муносибати Раҳмонов дар ин масъала равшан аст, пас, пофишории Русия барои шомилшавии Тоҷикистон чи паёме дорад? Дар ҳоле, ки ин ташкилот барои интегратсияи иқтисодии кишварҳо сохта шудааст ва Тоҷикистон он кишваре нест, ки барои Русия аз лиҳози иқтисодӣ зиёд аҳамият дошта бошад.
Мусалламан, Русия аз Тоҷикистон ҳеҷ кумаки низомиву иқтисодӣ мунтазир нест, чун маълум аст ки Тоҷикистон ин зарфиятро надорад. Аммо, ҳамчуноне дар матлаби гузашта ҳам зикр намудем, Русия ба неру дар ҷанги зидди Украин ниёз дорад ва сахт мутмаин буд, ки Раҳмонов аз ин ҷиҳат ӯро кумак хоҳад кард. Вале, Раҳмонов ҳоло ин корро накардааст. Ва, баъид аст ки ин корро ошкоро карда тавонад. Чун на заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва на заминаи иҷтимоӣ. Афзун бар ин феълан Раҳмонов танҳо вобаста ва гирифтори Русия нест ва Амрикову Урупо аз як тараф ва Хитой аз самти дигар болои Тоҷикистон аҳромҳои фишор сохтаанду метавонанд аз онҳо дар ҳар лаҳза истифода кунанд.
Дар ҳар сурат ин ҷуръат ва ин ҷасорате, ки ҳоло Раҳмонов дар муқобили Русия пайдо кардааст, аз ҳамин «сиёсати дарҳои боз» аст ки дар канори Русия чунин ғулҳои сиёсиву иқтисодиро вориди сиёсати Тоҷикистон кардааст.
Аммо боз ҳам масъалае, ки Путин болояш таъкид карда истодааст вуруди Тоҷикистон ба ЕврАзЭС аст. Бадеҳист, ки ЕврАзЭС ташкилоте аст ки дар он Русия арҷаҳият дорад. Ё шояд Путин бими он дорад, ки Раҳмонов марзҳо-гузаргоҳҳои гумрукии кишварашро ба ихтиёри кишварҳое қарор медиҳад, ки рақиби сарсахти Русияанд ва имкон дорад, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ҳам аз ин гузаргоҳҳо содироту воридот карда шавад?
Аммо дар ин васат авзоъ барои муҳоҷирони корӣ дар Русия рӯзторӯз бадтар мешавад. Бармеояд, ки Лавров аз Душанбе бидуни кадом дастовард ва бо дастони холӣ баргаштааст.
Маълум, ки Раҳмонов мавқеашро иваз накардааст. Лавров аз «манфиат»-и вуруди Тоҷикистон ба ЕврАзЭС мегуяд аммо вазорати хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар мулоқот бо Раҳмонов ин масъала аслан матраҳ нашудааст. Ин яъне чӣ?
Ҳатто баъди хатми дидору мулоқоти Раҳмонову Лавров барои Лавров маҷоли суҳбат бо хабарнигорон дода нашуд, ҳолате, ки бесобиқа аст.
Нуктаи дигар ин аст ки Лавров аз таҳдидҳои Амрикову Ғарб ба минтақа ва аз дӯстии таърихии Русияву Тоҷикистон суҳбат карда, маслиҳат ҳам дод, ки гӯли «англосаксон»-ҳоро нахуранд, чун онҳо ҳадафашон ноором кардани Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла тавассути ДОИШ-у Толибон аст, ба барномаҳои таҳкими иқтидори неруҳои амниятӣ, ки онҳо дар ҳоли татбиқанд, бовар накунед, гуфт. Аммо баракс Раҳмонов аз Презиенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар Чулпонато хост дар мубориза бо терроризму экстремизм ба вай кумак кунанд.
Ин ба он маъно аст ки Русия ҳоло барои Раҳмонов аҳамияташро аз даст додааст ва Раҳмонов аз Путин сари тарс надорад. Аз ин ҷо аст ки Путин сахт асабӣ ва нороҳат аст.
Агар сафари Лавров ба Душанбе бо натиҷа буд ва дастоварде медошт, озору азияти муҳоҷирон қатъ мегардид. Депорт карда намешуданд. Яъне боз ҳам мешавад натиҷа гирифт, ки «гапҳо напухтааст». Тавре ба назар мерасад Раҳмонов русҳоро дигар ба унвони бародари калонӣ ва шарики стратегӣ қабул надорад ва заъфу аҷзи онҳоро дарк кардааст. Зери тавсифҳои Сӣ Чин Пин мондааст, ки мегуфт «Шумо дар саргаҳи таъсисёбии ШОС қарор доштед, аз меъморони он будед, Шумо сиёсатмадори бисёр ҳам ботаҷрибаед» ва пушташ ҳам мисле, ки бисёр ҳам сахт ба Чин гарм аст. Хулоса, Раҳмонов мехоҳад ба дунё, чи Ғарб ва чи шарқ маслан ба ҳамин Чин нишон диҳад, ки вай зери султа ва таҳти контроли Путин нест ва истиқлоли амалу тасмим дорад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҳақиқат Русия дорад тамоми мавқеъҳояшро дар ақсо нуқоти ҷаҳон аз даст дода истодааст ва агар ин сару садоҳо, ки табаддулотгарони қирғиз дар асл одамони Русия буданду бо ҳидоят ва раҳнамоии онҳо мехостанд Содир Ҷабборовро сарнагун ва як ҳукумати комилан пророссийский биоваранд, сиҳҳат дошта бошад, диктотурҳое амсоли Раҳмонов яқинан аз ӯ фосила хоҳанд гирифт. Чун дигар дар симои Путин наметавонад пуштибон ва такягоҳи худро бинад.
Муҳоҷирони корӣ, ки амнияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро таъмин мекунанд, яъне амният ва саботу оромиш дар Тоҷикистон ба онҳо ва табъан, ки ба Русия вобаста ва марбут мешавад, ба унвони васила ва аҳроми фишор дар дасти Путин боқист ва ин васила ва абзор саҳлу сода нест. Ҳато депорт ва берун рондани 10-20 дар сади онҳо метавонад Тоҷикистон ва оромиши онро аз байн бибарад.
Вале саволи дигар ин аст ки чаро Раҳмонов ба ЕврАзЭС шомил намешавад? Магар узвият дар ин ташкилот кадом таҳдиде ба манофеи Раҳмонов, оила ва ҳукумати вай дорад?
Бале, таҳдид дорад ва ин таҳдид мустақиман ба оилаи Раҳмонов аст ва ҳоло муҳоҷирони кории тоҷик гаравгони манофеи оилаи Раҳмонов шуданд. Иллати асосии напазируфтани узвият ин аст ки дасти Раҳмонов ва дуздиҳои вай, яъне ҷиноятҳои бисёр ҳам сахту сангини иқтисодиву молиявии вай рӯ мезанад. Кишварҳои дигари узви ин Иттиҳод соҳиби маълумоти гумрукии Тоҷикистон мешаванд. Омор ва муҳосиботи содироту воридоти гумруки Тоҷикистон шаффоф нест. Садҳо миллион доллар молу маҳсулоте, ки ворид ва содир мешавад, танҳо ба худи Раҳмонов маълум асту бас. Тамоми дуздиву қочоқи молу маҳсулот ҳам тавассути худи Раҳмонов ва оилаи вай анҷом дода мешавад. Раҳмонов аз ҳамин ҷиҳат метарсад, ки ба ин ташкилот аъзо шавад. Барои исботи ин гуфтаам тафовути омори эълонкардаи Тоҷикистон бо Чинро ба ёд оваред басанда аст. Дар ҳоле, ки мо танҳо бо Чин нуқтаи гумрукӣ надорем.
Аммо замин гузаргоҳи гумрукии бо Чин, ки хуррагаҳ ва ҷойи асосии даромади Раҳмонов аст, баъди ба узвияти ЕврАзЭС даромадани Тоҷикистон аз дасти Раҳмонов меравад. Сухан инҷо аз даромад ба бюҷети кишвар, ба байтулмоли давлат намеравад. Сухан инҷо аз он меравад, ки ин ҳама даромад ва содироту воридоти дар 99 маврид қочоқӣ ба Раҳмонов ва духтарҳову домодҳову бачаву дигар авлоди Раҳмонов тааллуқ дорад. Барои мисол ҳазорҳо тонна алюминий ва ноқилҳои сохта аз алюминий ҳамасола бидуни забт дар ҳеҷ гумрукеву ба Чин фурӯхта мешавад. Вақте Раҳмонов ба ИИАО ворид шуд, ин корро дигар карда наметавонад. Чун ниҳоди нозири ИИАО ин ҳамаро забту қайд мекунад. Ва яке аз кишварҳои аъзо сари худ коре карда наметавонад.
Беш аз ин, ҳамасола, бо қарорҳои мутааддиди Раҳмонов ва тасвиби парлумони кишвар шояд ба миллиардҳо ширкатҳои аъзои оила, масалан, «Амирӣ», «Фароз», «Авестогрупп», IRS ва даҳҳову садҳои дигар аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт муоф карда мешаванд. Яъне Раҳмонов ба онҳо аз ин ҳисоб, яъне бо суистифода аз мақоми давлатиаш, мансабаш имтиёз медиҳад ва онҳо осону роҳат маҳсулот дароварда тиҷорат мекунанд ва ё ба айни ҳамин минвол мебароранд. Яъне Раҳмонов наметавонад аз қудрати давлат бар манфиати фақат ва фақат оилааш баҳаркашӣ намояд. Ҳаройина ин масъала барои Раҳмонов оила ва режими вай ҳаётӣ аст. Узвияти он дар ҳақиқат истиқлоли молиявию иқтисодии Раҳмонов ва оилаи вайро аз байн мебарад. Тамоми масир ва роҳҳои расмиву ғайрирасмии тиҷорат ва қочоқу дуздиҳои Раҳмонов ва оилаи вай масдуд мешавад. Дигар барои ширкатҳои хонавода вогузории имтиёзҳои гумрук ва андоз мамнуъ мешаванд. Вале агар ҳам ки ин имтиёзҳоро дод бояд молиёту боҷи гумрукии онро ногузир аст аз саҳми Тоҷикистон тарҳ кунад, ки дар ин васат ин ширкатҳо балои ҷони дукарата хоҳанд шуд. Чун Тоҷикистон маҷбур аст ки аз тани ин ширктаҳо аворизи гумуркиро бипардозад.
Ҳамчуноне мебинед шомил нашудан ба ЕврАзЭС бар манфиати хонаводаи Раҳмонов аст. Вале агар Тоҷикистон шомили ин Иттиҳод бишавад чӣ? Шомил шудан ба ин Иттиҳод ҳам бар манфиати мардуми кишвар ва ҳам ба манфиати лашкари чанд миллионии муҳоҷирони кории тоҷик мешавад. Танҳо аз ҳисоби сарфаи маблағи патент муҳоҷирони кории тоҷик миллиардҳо даромад мегиранд, ки инро борҳо гуфтаем. Аммо фаақт ин нест. Тоҷикҳои мардикор метавонанд ба корҳое, ки барои муҳоҷирҳо мамнуъ аст даст ёбанд. Ва, як чизи дигар. Маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон арзонтар ворид мешавад ва ҳеҷ ниёзе барои аз Қирғизистон дуздиву қочоқӣ даровардан боқӣ намемонад. Ва ҳамин тавр дигар молу колои тавлиди Русия.
Аммо як манбаи огоҳ гуфт, ки робитаҳо аз чанд вақт ба ин тараф хароб шудааст ва ҳатто Раҳмонов ба гузашти низомии бахшида ба 9-Май рафтанӣ набудааст ва Шавкат Мирзиёев восита шудааст, ки «хуб як меравему меоем,чизе намешавад».
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз роҳбарони содиқ ва рӯ ба Русияи Осиёи Марказӣ аст. Аммо, авзоъ тавре тағйир кардааст, ки Русия дар садади барканории вай баромада ва дар ҷояш афроди комилан содиқтареро оварданӣ буд, ки чуноне шоҳид шудем ин кудето фарҷоми мусибатборе дошт.
Раҳмонов, бо вуҷуди ин ҳама наметавонад нози Путинро набардорад. Агарчи гумон мекунад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, ки ҳоло кадом неру ва шахсияте, ки курсии ӯро бихоҳад дар дохили кишвар боқӣ намондааст. Вале тағйироту таҳаввулотҳо, гоҳо тавре пеш меоянд, ки фикрашро касе намекард..
Мушкилоти пешомада миёни Русия ва Тоҷикистон ба худи Раҳмонов тааллуқ дорад.
Вале бо ин ҳама, агар Раҳмонов ИИАО-ро пазируфту имрӯзу фардо шомил шавад, пас, мутмаин бошед, ки масъала бармегардад ба бақои Раҳмонов дар қудрат. Раҳмонов аз қудрат рафта наметавонад. Ин ҳарфи сода нест. Раҳмонов он қадар вобаставу гирифтор шудааст, ки бояд дар сари қудрат бимирад. Ин аксиомае аст ки Раҳмонов барвақт барои худаш яқин кардааст.
Русҳо медонанд, ки Раҳмонов интихоб нашудаст, пойгоҳи иҷтимоӣ надорад. Инро на як бору ду бор бар рухаш кашиданд, ки мо туро овардаем. Ва, Раҳмонов ҳам ҳамеша ин масъаларо, ҳузуру бақои шахси худаш дар қудратро ба асбоби «торг» бо русҳо бадал кардааст. Ба эҳтимоли зиёд Раҳмонов ин бор масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба ЕврАзЭСро ба ризоияти Русия барои овардани Рустам ба ҷойи худаш ҳал кунад. Муомилааш ҳамин овардани Рустам бошад. Яъне бо ин васила ҳукуматро ҳифз хоҳад кард. Вақте Рустамро овард худаш ҳам ҳамчун Асосгузор дар қудрат боқӣ мемонад.
Дар ҳар сурат Сергей Лавров аз Раҳмонов ҷавоби қонеъкунанда нагирифт. Агар ҷавоби мусбат мегирифт ҳоло дар тамоми дунё ҷор мезаданд. Аммо ҳоло тамоми дунё шоҳиди он шуда истодааст, ки Русия муҳоҷирони кории тоҷикро аз хокаш берун карда истодааст…..Онҳоро барои берун кардани Раҳмонов аз қудрат депорт карда истодааст ё не, вақт нишон хоҳад дод.