Раҳмонов се насл,бобо,писар ва набераро муҳоҷир кард

Ислоҳ нет

Раҳмонов ҳадаф дорад ҳарчи бештар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро вобастаи худ карда заминаҳои мудохила ба ҳаёти онҳоро фароҳам созад. Созишномаи ба тасвиб расида миёни Русия ва Тоҷикистон дар фарҷоми соли гузашта барои ҷалби ҷамъии муҳоҷирон ба дунболи тағйирот дар низоми интиқоли пул аз хориҷа ба кишвар,ду иқдоме дар доираи ин ҳадаф мебошад, ки ахиран ба иҷро гузошта шуд. Роҳандозии ин ду иқдом аз тарафи Раҳмонов ва режими вай комилан бар мухолифи манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик буда боиси ошуфтагӣ ва азиятҳои ҷониву ҷисмии онҳо хоҳад шуд.

Як моҳ бештар аз тағйирот дар низоми интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон мегузарад, аммо ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст муҳоҷирони тоҷик барои фиристодани пулҳои бо хуни дил ва арақи ҷабин пайдо кардаашон азоб доранд ва азият мешаванд. Воқиан ҳам кас аз ҳамчунин тасмимоти масъулони режими Раҳмонов дар қиболи муҳоҷирон ба ваҳшат меафтад.Ҷойи онки барои муҳоҷирон шароит ва вазъияти беҳтар фароҳам оваранд, зиндагӣ ва кор дар хориҷро ҳам барояшон душвор месозанд.

Чунин ба назар мерасад,ки Раҳмонов ва дастбакорони режими вай халқи тоҷикро на танҳо дар ватанашон,балки дар хориҷа ҳам ором ва осуда гузоштан намехоҳанд. Қасдашон ҳам ин аст ки тоҷик дар ҳар куҷо,ки бошад фурурафта ва вомонда дар банду қайди мушкилӣ ва ҳама фикру андешааш танҳо ва танҳо барои дарёфти як тика нон машғул бошад.Ҷуз аз ҳамин андешаи пӯшидану хӯрдан андешае дигар надошта бошад. Ҳамеша сараш поин ва қоматаш хамида ва машғули он ки аз чи роҳе пул биоварад. Имрӯзҳо дар сафаҳоти интернет садҳо тоҷики муҳоҷир аз онки дар фиристодану гирифтани пул бо саргардониҳо мувоҷеҳ шудаанд, шикоят мекунанд. Аммо дастандаркорони ин тарҳ таскин медиҳанд, ки хуб шуд ва хубтар мешавад. Вале савол ин аст ки чаро ончи хуб будро иваз кардед, мардумро овораву сарсон намудед ва ҳоло бар хуб шудани он ваъда медиҳед? Чаро ончи Шумо ба иҷро даровардедро дар ҳеҷ яке дигар аз кишварҳое ба мисли Узбакистон, Қирғизистон ва ё Арманистону Белорус ба иҷро надароварданд? Агар ки он бар суди муҳоҷирин дар Русия буд ин кишварҳо чаро барои мардуми худ ,ки низ муҳоҷиранд, ба роҳ наандохтанд?

Мусалламан ва қатъан, ки тавассути як мӯрӣ ва он ҳам таҳти контроли домоди бонкири Раҳмонов ба иҷро гузоштани ин дигаргунии дардисарсоз ба ҷуз аз манфиати худи шумо чизе дигарро дар назар ва дарбар надорад. Инҷо ҳам шумо аз рӯи мақоли “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал кардаед ва инро так-таки садҳо ҳазор, балки миллионҳо муҳоҷири бепуштибон ва бесоҳиби тоҷик дар ғурбат ва хонаводаҳои онҳо дар ватан то мағзи ҷон эҳсос кард. Агарки пештар барои фиристодани пул як муҳоҷири муздур осону роҳат дар шафати манзили зист ва ё маҳалли кораш мерафт ва бо як фоизи самбулик интиқол медод, ҳоло ҳам фоизи болотар пардохт мекунад ва ҳам саргардонии бештар дорад.

Мутмаинан Раҳмонов аз муҳоҷирони кории тоҷик табъи хуш ва оромиш надорад. Гумонаш ин аст ки ҳамаи онҳо тарафдорони оппозитсия ҳастанд ва бо даст додани шароит муқобили ӯ бархоҳанд хест.Аз ҳақ набигзарем,ки руҳияи зидди раҳмоновӣ дар миёни муҳоҷирон хеле зиёд аст ва дорад бо суръат боло меравад. Ин руҳия ба таври табиӣ ба вуҷуд омадааст ва новобаста аз таъсир ва таблиғи гурӯҳеву созмоне густурдатар ва қавитар мешавад.Ин масаларо мо дар соли 2019 бештар аз дигар солҳои гузашта мушоҳида кардем,ки воқиан муҳоҷирон аз ин режим хаста шудаанд. Нигаронии Раҳмонов ва режими вай беҷиҳат ва беваҷҳ нест, чун ин руҳия вокуниш ба навъи бархурди режим бо муҳоҷирин аст. Зеро баъд аз сари қудрат омадани Раҳмонов насли саввуми муҳоҷирони кории тоҷик дорад барои дарёфти қути лоямут зодгоҳ ва манзили худро ҳар сол ҳадди ақал барои ним сол ва ё 8 то10 моҳ тарк мекунад. Имрӯз бобои 60- солаи тоҷик ҳамроҳ бо писари 40 солааш ва набераи 18-20 солааш ҷомадон дар дасту кӯлбор сари китф ҳар баҳор озими нонковӣ мешаванд,ки ба куҷо раванд,то хонаводашояшонро бихуронанд.Бобо,писар ва набера. Аммо дар ин миён Раҳмонов натавонист ва ҳатто талош накард,ки барои яке аз ин се насл ҷойи кор фароҳам созад. На бобо,на писар ва на набера. Ин се насл дар кишвар,масалан дар Ҳисор, Ванҷ, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, Леваканд, Бохтар, Ҳамадонӣ,Хоруғ, Файзобод ва Душанбе, хулоса дар саросари кишвар бо буҳрони бекорӣ ва фақру камбағалӣ гирифторанд. Ҳеҷ ҷое шаҳрвандони ин кишвар кор надоранд.Як сол Русия нараванд дар омад-омади баҳор бе ғизо мемонанд. Онҳо бояд бираванд, намехоҳанд, мехоҳанд, ки бо зану фарзанд ва модар бошанд,аммо илоҷ надоранд. Аммо дар ин се даҳа,ки Раҳмонов дар чавкии қудрат аст, кадом умеде чарақа ва намедиҳад,ки соли дигар хуб хоҳад шуд ва дар ватан кору зиндагӣ хоҳем кард. Ман бечоранолӣ намекунаму,ҳаргиз нолиданро дӯстҳам намедорам, мисоли гӯё худи оилаи мо.Падари 69 солаам аз дасти Раҳмонов муҳоҷир шуд ва дар ҳиҷрат аз олам даргузашт.Худам 42 сол дорам дар ҳиҷратам ва писари 19 солаам бо дигар фарзандонам дар муҳоҷират қарор дорем. Садҳо ҳазор ба мисли мо мебошанду дар ин ҳолат ва ҳолатҳои аз мо бадтаре қарор доранд.

Вале баракси аҳволи зиндагии мардум, дар муқобил, Раҳмонову авлоду хешу табору бачаҳояш дар айшу ишратанд, беш аз пеш бойтару сарватмандтар мешаванд. Онҳо ҷойҳои корӣ доранд, онҳо дар курсиҳои роҳати мансаби давлатӣ нишастаанд, онҳо маошу мошинҳои гарон доранд. Раҳмонов домоду духтарҳояшро вазифа ва мансабҳои давлатӣ медиҳад. Раҳмонов талош дорад,ки писарашро дар мақоми худаш барои ҳамин се насл ва хонаводаҳои онҳо ва хешу таборҳои онҳо раис бимонад. Акнун ин се насли муҳоҷири корӣ,муздур, мардикор ва гастарбайтер бояд ба писари вай овоз диҳанд, бо ҳамчунин шароите,ки доранд. Гумон мекунед, ки ин кор шуданист? Ва гумон мекунед,ки Раҳмонов намедонад, ки муҳоҷирон ва бастагони онҳо аслан ба ӯ ва бачаи ӯ овоз намедиҳанд. Медонад,бисёр ҳам хуб огоҳ аст. Барои ҳамин аст ки вай дар симои ҳар як муҳоҷир мухолиф ва оппозитсияи худро мебинад ва аз онҳо биму ҳарос дорад ва саъйу талош мекунад,ки онҳоро зери контрол бигирад ва вобаста созад ва мудохила кунад. Раҳмонов ва дору дастааш аз он ҳарос доранд,ки ин лашкари бузург таҳти таъсири оппозитсион ва роҳбарияти он бимонад. Вай талош мекунад,ки онҳоро камранг нишон диҳад, шуморашонро бамаротиб кам бигӯяд,саҳмашонро дар иқтисодиёти кишвар беарзиш маънидод кунад.Чунки Раҳмонов дар фикри некуаҳволии хонаводаи худ аст.Раҳмонов дар фикри таъмину таҳкими ҳукумати худ аст. Ҳеҷ парвое ба ҳоли тоҷику муҳоҷири тоҷик надорад. Вай дар фикри бизнеси худ аст.Ҳамин тағйироти ахир дар мавриди низоми интиқоли пул ба чи хотир буд? Рӯирост гуфтанд,ки ба хотири амнияти давлат,ба хотири ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва аз ҳамин даст далоил,ки ҳамагӣ ба манзури таҳкими ҳокимият будааст.Дар ягонҷо гуфта нашуд,ки ин кор барои осонтар кардани пулфиристонии муҳоҷирон ин тағйирот сурат гирифтааст.Аз инҷо бори дигар бармеояд,ки ин режими хонаводаӣ омодааст,ки барои бақо ва таҳкими курсии худ миллионҳо доллари муҳоҷирон-халқи тоҷик барбод биравад,аммо онҳо зиён ва зарар набинанд. Режим барои онки масалан 30 миллион доллар даромад бикунад, розист ва барояш аслан кадом аҳамияте ҳам надорад,ки муҳоҷирони тоҷик 200 миллион доллар зарар бинад.Раҳмон ва хонаводаи вай омодаанд,ки дар бадбахтӣ ва дар азобу азияти мардум пул кор кунанд.Маркази миллии протсесингӣ як бизнеси дигари Раҳмонов ва хонаводаи вай аст ки ин бор аз ҳисоби муҳоҷирон ба роҳ андохт.

Имзои созишномаи мардикорони тоҷик ва паёмади он

Созишнома “Дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ”,ки дар пайи имзои раиси ҷумҳурии Русия ҳамин чанд рӯзи пеш ба иҷро даромад, баъид аст ки шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории тоҷикро беҳтар созад. Аввалин нуктаи баҳсбарангези ин қарордод он аст талош шудааст,ки раванди муҳоҷират тавассути мақомоти давлатӣ сурат бигирад. Режим дасти дахолати худ ва таҳти контрол гирифтани ин равандро ҳукми қонун додааст.Аммо ин кор дақиқан,ки ройгон сурат намегирад, ҳазинае харҷе изофӣ дорад, ки муҳоҷири корӣ пардохт хоҳад кард, аммо бидуни кадом кафолат ва тааҳҳуд, ки муҳоҷир биравад ва бо мушкил мувоҷеҳ нашавад. Зеро ин имкон вуҷуд дорад, ки корфармо бо ҳар баҳона аз пардохти маош ва ё таъмин кардани санади ҳуқуқии буду бош сарфи назар кунад. Бадтар аз ин шиносномаи муҳоҷирро бигирад ва ӯро водор ба хидмати ройгон кунад. Аз тарафи дигар дар худи Тоҷикистон ҳам ниҳоди масъул дар фиристодани муҳоҷирон ғиромиҳо мекунад. Фиристодани дастаҷамъӣ ва ё муташаккилонаи муҳоҷирон бар пояи талаботи корфармо ва кордиҳандаи русӣ як талаботи ин созишнома талаққӣ шудааст. Бар иваз тамоми маълумот ва ҳаҷми музди моҳонаи муҳоҷиронро корфармои Русия дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон мегузорад.Аҷиб аст ки барои Раҳмонов ва режими вай донистани ҳаҷми маоши як тоҷики муздур ин қадр муҳим аст.Воқиан ҳам ин дахолати ошкоро ва мустақим ба ҳаёти хусусии атбои тоҷик аст, дар ҳоле,ки ҳаҷми маоши Раҳмонов то ҳамин имрӯз номаълум мебошад. Хуб,аз ин тарафи масъала ҳам бигзарем. Вале агарки вазорат ва ё корхонаи воҳиди давлатии назди вазорат ин корро анҷом диҳад ҳам инҷо як ҳарҷу марҷ ва муаммову мушкилиҳо пеш меояд. Бо таваҷҷӯҳ ба мизони болои фасод ҷониби тоҷикӣ барои корфармо онҳоеро мефиристад, ки ришва медиҳанд ва дар асл мутахассиси мавриди ниёзи корфармои рус нестанд. Табъан,ки кордиҳанда ба чунин нафар кор намедиҳад ва ӯро дар ҳамон рӯзи аввал аз кор меронад.Он муҳоҷир,ки ришва дода ба ҷойи як мутахассис омада буд, бекор мемонаду корфармо бекоргар. Вай медонаду сарашу равғанаш. Манзур аз зикри ғиромии мақомот ҳамин паҳлуи масъала аст.

Вале ин ҳамаи мушкилоти боровардаи ин созишнома нест.Вақте Узбакистон ҳам мисли Қирғизистон вориди ИИАО шуд ва барои як муҳоҷири узбек ва қирғиз зарурати гирифтани патент ва иҷозаи кор ва иқомати ҷойи зист аз байн рафт, табъан, ки корфармои рус онҳоро ҷалб хоҳад кард ва худ ва корхонаи худро аз пардохтҳо барои патенту иҷозаи кору иқомат бениёз месозад. Аз ин ҷиҳат ин созишнома на танҳо бар манфиати муҳоҷирон нест, балки бар зарари онҳо ҳам ҳаст. Дар бозори ҷойи кор ё иштиғол ва ё содатар бигӯям мардикорбозори Русия тоҷикҳо дар баробари лашкари ду то се баробар бузургтари узбакҳо ва қирғизҳо шикаст хоҳанд хӯрд ва маҷбур мешаванд бо арзонтарин ва ночизтарин нарх пасттарин корҳоро иҷро кунанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки боз ҳам муваззафанд,ки ҳам ҳар моҳ патент гиранд,ки инак нархи он ҳам боз гарон шудааст ва ҳам санади РВП-иҷозаи муваққати иқоматро бар ивази пули зиёд ба даст оваранд. Аз ин ҷост,ки Раҳмонов ва режими вай ногузиранд,ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё шомил шаванд. Дар ғайри сурат ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ аз Русия аз тарафи муҳоҷирон бамаротиб коҳиш меёбад ва худи муҳоҷирон дар барои ҷамеъи муҳоҷирон аз кишварҳои дигар ба беҳуқуқтарин ва бепуштибонтарин муҳоҷирон табдил мешаванд.

Дар ин ҳолат корфармо ва кордиҳандаи русӣ ба суроғи узбакҳо ва қирғизҳо меравад. Зеро барои ӯ коргар даркор аст на санаду ҳуҷҷати дардисарсоз. Натиҷа ин хоҳад шуд,ки тоҷикҳо бозори корро аз даст медиҳанд. Бар замми инки ин гуна хароҷот (патенту регистратсияи иқомат) доранд, масрафи рафту баргашти онҳо –хароҷоти роҳашон дар қиёс бо қирғизҳо гарон аст.Онҳо дар дасти пулису ФМСу боз чандин ниҳодҳои дигари давлати Русия (8 ниҳод) як сайд ва шикори ҳамеша дастрас ҳастанд, бисёр ҳам осебпазир мешаванд. Вақте ҳамсояҳои мо талош барои сабук кардани мушкилоти муҳоҷиронашон мекунанд, дар мо баракс аст. Раҳмонов ва режими хонаводагии вай талош доранд аз мушкилоти муҳоҷирон суд ҷӯянд ва бизнес кунанд, бизнеси фурӯши қувваи арзони корӣ. Бидуни кадом азоби виҷдон ҳамватанони худро арзон мефурӯшанд. Мунтаҳо ин созишнома аз лиҳози ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ тоҷиконро дар баробари қирғизҳо ва узбакҳо ва арманиҳо дар Русия комилан беқадру қимат мекунад.

Ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё хеле аз мушкилоти муҳоҷиронро аз байн мебарад. Танҳо аз ҳисоби патент беш аз якунимиллиард доллар ба ҷайби халқ медарояд Раҳмонов барои он ба ин Иттиҳод намехоҳад ворид шавад, ки аз манобеи даромадҳои миллион, миллион долларӣ, аз дуздиҳо ва тиҷоратҳои ғайриқонунӣ маҳрум мешавад. Вай барои ҳифзи манфиати хонаводаи худ инҷо низ муҳоҷиронро қурбонӣ кардааст, қурбонии нафси бетаги худ.Инҷо кадом руспарастию русгароӣ нест,балки инҷо шароити ҳуқуқӣ ва кору фаъолияти халқи тоҷик,ки садҳо ҳазор, балки наздики 2 миллион ё болиғ бар он дар Русия кору фаъолият мекунанд, беҳтар мешавад. Русия ҳоло барои мардуми тоҷик корхона ва маҳалли кор шудааст. Вазифаи Раҳмонов аст ки шароити ин лашкари бузургро,ки мусаббиби амну субот ва оромиши иҷтимоӣ ҳастанд, беҳтар созад, на инки талош барои таҳти таъсир қарор додан ва мудохилаи зиёнбор кардан ба кору зиндагии онҳоро ҳадаф қарор диҳад. Вақте пули муҳоҷирон сарчашмаи асосии бюҷет ва иқтисоди кишвар аст бояд ба онҳо имтиёзҳо дода бишавад, ҳимояти ҳуқуқии онҳо бештар бишавад. Ҳамчунон,ки нархи нерӯи барқ барои Талко хеле ҳам арзон муқаррар шудааст ва ё инки ширкати пулчинаки IRS аз пардохти анвои молиёт ва боҷу хироҷи гумрукӣ озод шудааст. Аммо то ҳамин имрӯз Раҳмонов бо муҳоҷирон тамоман бархурди ғайриинро доштааст. Дар ҳоле,ки ин тӯдаи бузурги аҳолии Тоҷикистон худаш бо азму талоши худаш, бо зӯри бозуи худаш кор меёбаду пул кор карда боқии шаҳрвандони Тоҷикистон интихобкунандаҳои Раҳмоновро таъмини молӣ мекунад. Боз ҳам кас дар ҳайрат мемонад,ки вақте ин мардум бидуни кӯмак ва мусоидати мақомоти режими Раҳмонов дар хориҷ аз кишвар кору зиндагиву пул меёбанд, Раҳмонов аз чи рӯ ба корҳои онҳо мудохилаи зараровар мекунад.Агар ба пули онҳо ҳадафи чашм ало карданро надошт, чаро Маркази миллии протсесингӣ ташкил кард?

Гуфтем,ки Раҳмонову дору дастааш талош мекунанд,ки шумораи ва саҳми муҳоҷирони кории тоҷик дар иқтисодиёти кишварро ночиз нишон диҳанд. Бубинед,ки яке аз муаллифони гумному бадном аз “фермаи ҷавоб” дар мавриди ҳиссаи маблағи муҳоҷирон чи тавр менависад:

“ Мо набояд ношукрӣ аз чор тангаи даромади муҳоҷиронамонро кунем…… “ набояд ношукрӣ намуд,ки муҳоҷирони мо дар шаҳрҳои Русия соҳиби ҷойи зист ва кор ҳастанд.Дар маҷмуъ агар онҳо метавонанд,ки кору фаъолият намоянд ва ҳаққи меҳнати худро ба наздиконашон ба Тоҷикистон равон намояд,ки маълум ки шароити онҳо наонқадар бад аст…..

Барои ин муаллифи бенангу бешараф ин гуфтаҳо бархурдааст,ки гуфтаанд муҳоҷирони мо дар Русия бесоҳиб ва бепуштупаноҳанд. Инҳо,ки ҳамеша аз ҳарфи ҳақ чун хаффош аз рӯшанӣ метарсанд.Аммо шеви гуфтор ва тарзи ҳисоби ӯро бубинед,ки сахт таҳқиромез аст: “чор тангаи даромади муҳоҷиронамон”… “маълум ки шароити онҳо наонқадар бад аст”…..

Магар шароити онҳо хуб буда бошад,пас чаро бояд созишнома баст ва дигар инки чаро Раҳмонов ба пойи Путин биуфтад,ки шаҳрвандонро афв кунад то муҳоҷиратро идома бидиҳанд? Ин ки мегӯӣ чор танга магар шармат намеояд,ки худи ҳамин сол муҳоҷирон беш аз 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристоданд,ки аз маблағи буҷет бештар аст ва боис шудааст,ки Раҳмонову домодашро васвосу васваса кунад,ки як шикофиеро ташкил кунанду мисли муш (зимнан имсол соли муш аст) ба дуздии ҳиссаяке аз ин пул даст бизананд? Агар 3 миллиради муҳоҷирон “чор танга” бошад,пас боқии даромади кишвар дар умум чи қадар аст? “6 танга”?

Аммо маблағи муҳоҷир танҳо фиристодааш нест. Иқтисоди кишварро гардон карда истодааст.Идораи ҳавопаймоӣ,парвози ширкатҳо аз ҷумла “Сомонайр”-и Ҳасан Асадуллозода саддарсад аз он вобаста аст. Ин маблағи Роҳи оҳан аст ки муҳоҷир қатора савор мешаваду билет мехарад. Муҳоҷир ва ҳазорҳо комюнҳое аст ки аз Русия маҳсулот меоваранд. Ин ҳамин молу маҳсулоти меовардаи онҳост,ки андозу гумрук ҳақ мегиранд.Ин пули муҳоҷирон аст ки бозорҳоро мечархонад. Ва бозорҳо молиёт мепардозанд.Ин пули бонкҳо аст.Ин пули зинда аст.Ҳоло акнун ин ҳиссаро ба ҳиссаи тиҷорат ва содироти кишвар муҳосиба кунед ва аз рӯи инсоф ва виҷдон бигӯед,ки рӯи шонаҳои муҳоҷир чи вазне бор шудааст. Ҳамин пули муҳоҷирон аст,ки экспансияи Чинро то ҳоло ба таъвиқ афтондааст ва ворид шудан ба ИИАО як садд ва деворе барои ин аждаҳои зард хоҳад шуд. Чаро онро ночиз ҷилва медиҳед?

Дақиқан,ки мушкили шумо ҳамон мушкили даъвӣ ва иддиои эҳтимолии муҳоҷирон аст ки дар ҳолати напайвастан ба ИИАО имкони ихроҷи саросарии онҳо вуҷуд дорад.Ва онҳо дигар ҷое барои рафтан надоранд, магар инки дар баробари қасри Миллат гирд оянд ва кору маош бихоҳанд.Воқеият ҳам ин аст ки агар дар соли оянда Узбакистон шомили он бишавад ба таври автоматик ҷойи муҳоҷирони тоҷик дар мардикорбозори Русия башиддат танг мешавад,ки наметавонанд кор пайдо кунанд. Вақте бар ивази як доллар барои 49 сол пойгоҳи низомии Русияро Раҳмонов метавонад дар кишвар ҷо бидиҳад,чаро наметавонад бо шарти узвият барои панҷ сол ба ИИАО шомил бишавад?

Ҳароина ин беҳтар аз он аст ки чашми тамаъ ва ҳирсу ози Раҳмонов ба маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик дӯхта бишавад. Беҳтар аз он аст ки Раҳмонов талош бикунад муҳоҷиронро вобаста бисозад ва ба ҳаёту кори онҳо ҳатто дар берун аз қаламрави кишвар мудохила кунад ва дар чашми ҳар яке аз онҳо мухолифи худро бубинад.

Share This Article