Рабуда шудани Ш.Гадоев: муаррифии чеҳраи аслии режим дар олам

Режим бо ин амалкардаш хуб ва возеҳу ошкор чеҳраи аслии худашро барои ҷаҳониён ошкор намуд.Аҳсан ба он нақшакашеки ин тарҳро кашида буд,то режимро дар олам шармандаю расво намояд.

 

Дар мавриди ончӣ рӯзи 15 уми феврал иттифоқ афтод, ҳама ВАО ро хабари баргаштан ё рабудашудани Шарофиддин Гадоев ба Душанбе мисли соъиқа фаро гирифт.Ончунон фермаи ҷавоби КДАМ фаол буданд,ки қариб ба ҳар шакку шубҳаҳои корбарон бо навор посух медоданд,комент ҷойи худаш.Дақиқан ин ҳодиса дар рӯзе сурат гирифт,ки раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ суҳбати навбатии  худро мебоист анҷом диҳад.Аз оғози сол ин аввалин пирӯзии режим бар алайҳи мухолифони сиёсияш дар расонаҳо қаламдодҳам шуд.Дар тамоми шабакаҳо ин хабар нашр гашту фейкҳои КДАМ бо баъзе стратегҳои қаблии нокомгашта, табли шодӣ мезаданд. Дар ҳоле ин амалкарди охири режимро мухолифон агар моҳҳо барои ҷаҳониён мефаҳмониданд,ки ин режим қотил,диктатор аст наметавонистанд фаҳмонанд. Режим бо ин амалкардаш хуб ва возеҳу ошкор чеҳраи аслии худашро барои ҷаҳониён ошкор намуд.Аҳсан ба он нақшакашеки ин тарҳро кашида буд,то режимро дар олам шармандаю расво намояд.

Дар мавриди ҷузъиёти ҳодиса ҳатман хоҳем навишту онро мӯ шикофона рӯйи сафҳа меорем.Нахуст мехоҳам ба режим паёми худро гузорам,ки ин амалкарди охираш ҳеҷ қаҳрамонӣ ё пирӯзияшро бар мухолифон нишон намедиҳад. Балке бар акс заъфи ин режимро дар муқобили мухолифонаш ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба намоиш гузошт. Мухолифони сиёсӣ хуб медонанд,ки дар қиболи ҳукумат истодагарӣ ва муқовимат нишон медиҳанд ва аз тарафи режим ҳамеша ин номардиҳоро интизоранд. Мухолифони сиёсии кишвар ба хубӣ огоҳанд,ки режими кунунии кишвар,то имрӯз аз ҳар роҳу услубе,ки дар тавон дошт, бар алайҳашон пайваста истифода намудааст.

 Килерҳояшонро ба Аврупо фиристод,даъватҳои гусутурда анҷом медиҳаду дода истодааст,миёни мухолифон ихтилоф андохатанду онро дунбол доранд, шубҳаҳо кориданд,баъзе аъзои заъифу кам таҷриба ё дар ирода ноустуворро баргардониданд,наворҳо аз дохили кишвар нашр карданд, наздикони мухолифонро наворбардорӣ карданд,то аз мухолифон даъват кунанд,ки баргардед ҳама орому осуда аст.Туҳматҳои дурӯғ ва иғвоҳои беасосеро бар алайҳи мухолифон тавассути минбарҳои масоҷид ва шабакаҳои телевизеони ба намоиш гузоштанд. Мақолаҳоеки ҳеҷ ақли хонандаи огоҳ ба муҳтавои он сардарнамеовардаро нашр карданду карда истодаанд.Аксҳои фаҳшу носазоеро барои бадному расво нишон додани мухолифон анҷом доданду дода истодаанд.Барои тарсонидани мухолифон зиндониёнро бераҳмона бо силоҳи оташфишон куштанд,садҳо ҷиноятро анҷом доданд,ки мухолифони сиёсияшонро тарсонанд,аммо мухолифони сиёсиро ин ҳама натарсониду бар акс қавӣ иродатар ва устувортар гардонид.Магар ин амалкарди охири режим,ки рабудани Шарофиддин Гадоев буд аз ягон бартарие,ки ӯро сафеду дастболо ё пирӯз гашта нишон диҳад буд? Ҳаргиз на,зеро амалкарди охир режимро дар олам ҳамчун як режими пулисии мустабид муаррифӣ намуд,ки на танҳо дар дохил балке дар хориҷҳам омодаи содир намудани ҳар ҷинояте аст.

Инҳам идомаи он амалкардаҳои собиқаш аст,танҳо бо рабудани як муборизеки узви аршади ПМТ буд.Яъне барои ҷаҳониён дузд ва золиму даҳшатафкан будани худро бештар ба намоиш гузошт ва ҳама олам ба хуби аз як режими даҳшатафкан буданаш огоҳтар гаштанд.Пас ин пирӯзии мухолифон буд,ки ончӣ мухолифони сиёсӣ мегуфтанд онро амалан хадамоти махсуси бурунмарзии режим таъйид намуданд,ки бале мо як режими мустабиду хуношоме ҳастем,ки ба ҳар ҷинояте қодирем.Рабудани шудани Шарофиддин барои ман як чизи муқаррарӣ ва оддие буд ва аслан ман инро интизорҳам доштаму ҳадсҳам мезадам ва бароям ҳеҷ ҷои уҷубатеҳам надошт.Фтшурдаи онро дар мақолаи муфассале хоҳам баён дошт ва суҳбати худро бо Шарофиддин Гадоев ва суханонеки дар мавридаш буд ва барояш онро хабарҳам карда будам ва ӯ чӣ гуфт менависам.

Ваҳшонияти режим

Агар режими кунунии фасодзадаи кишвар,ки бо ин услубеки ҳоло бар алайҳи шаҳрвандонаш муборизаи беамон бурда истодааст, аз ҳар роҳу васила барои расидан ба аҳдофи шумаш рӯй гардон нест ва бе таваққуф идомаҳам диҳад.Аз ончӣ,то имрӯз кардааст онро пурзуртарҳам кунад. Мухолифони ба сутуҳ омада аз ин режим даст аз мубориза намебардоранд.Ин режим, на танҳо бар алайҳи як қишр ё ҳизб ё гурӯҳи кучаке муборизаи бе амон мебарад,балке бар алайҳи ҳама қишрҳои ҷомеъа мубориза бурда истода аст. Бидуни истисно ҳар шаҳрвандеки хоҳад бо иззат ва шарофатмандона дар кишвар зиндагонӣ намояд, ин режим чунин шаҳрвандеро чашми дидан надорад.Барои чунин шаҳрвандон кодексҳои сохтаи ҷиноятӣ бо примҳои зиёд, унвонҳои хоин,хоҷаи хориҷидор,шиъа,салафӣ,тэт,доиши ва ғайраро мезананду равонаи зиндонашон мекунад.Ин ҳама барои ҳифзи курсӣ мебошаду,мехоҳанд ҳама шаҳрвандонро фидои ин курсии сабилашон намоянд.Охир курсиро бо ин зулмҳо ва фишорҳоеки шумо карда истодаед намешавад ҳифз карду нигоҳ дошт. Курсиро бо адлу инсоф ва ҳифзу ҳимояти шаҳрвандон аз хориҷиҳо не,аз оилаи гадои пешво мешавад нигоҳ дошт.На инки ҳама шаҳрвандони кишварро ба дасти ҳафт домод ва писару келин ва додарарусонат супорӣ.Боз ношармида барояшон пайваста аз ҳама минбару шабакаҳои дохилӣ гӯед: шукрона кунед,ки ман танҳо нуҳ фарзанд ва чанд додарарусак ва чанд ҳазор хешутабор ва ёру дӯстони ин домодаконамро дорам. Гузоред инҳо зиндагони кунанд аз тани шумо шаҳрвандони кишвар ва шумо шукронаи анаҳамин пешво ва домодакону духтаракони маро кунед.

Пирӯзи ё ҳушдор ба режим

Ягона роҳеки режим метавонад бар мухолифонаш пирӯз гардад,ин истирдод ва дуздидидани онҳо аз хориҷи кишвар нест.Он роҳ адолати иҷтимоъӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад,то онро амалӣ накунад роҳи наҷоте аз хашми ин миллат ва шаҳрванд нахоҳад дошт.Ин режим дар чоряки асри ҳукуматдорияш ин тарҳро амалӣ накард ва дар ояндаҳам дар назар надорад,то онро амалӣ кунад вале бозҳам такрор мекунам,то амалӣ кунаду ояндаи Пиначети, Қаззофӣ,Бин Алӣ ва дигар диктотурони асрро шаҳрвандони кишвар бар “пешво” ва он ҳафтдухтаракону шавҳараконашон такрор ё амалӣ накунанд,чун таърих ҳамеша такрор мешавад.

Хуб диққат кунед!

Агар ҳар рӯз як Шарофиддин Гадоевро ба кишвар истирдод кунед ҷойи ӯро садҳо Шарофиддини дигар мегирад ва бар алайҳи ин режим муқовимат ва истодагарӣ мекунанд. Ман дар ин авохир садҳо ҷавонро мебинам,ки бо мухолифон пайваста истодаанд ва ё дар садади пайваст шудананд.Ин худ аз ҳақ будани мухолифон ва ботилу ситамгар будани режимро шаҳодат медиҳад.

Ман ин режимро намепазирам

Масалан ман омодаи бардошти ҳама чиз ҳастам вале ин режимро ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирам.Бигузор кушта шавам, зиндонӣ шавам,шиканҷа шавам аммо пешвое чун Эмомалӣ ва режиме,ки ӯ ҳоким асту ташкил намудааст нестам.Пас ягона роҳи ҳалли ин мушкилот мубориза,то пирӯзии миллат бар як оилаи ҳафтдухтаракон бо ҳафт домодакони гурусна чашм аст.То он замонеки ин оила ҳоким бар кишвараст шаҳрвандони кишвар рӯзи хушеро нахоҳанд дид.Муборизаи мусолиматомез ва қонунӣ бар алайҳи ин режими ҳафтдухтараконро хоҳем бурд.

Хитоб ба муборизон!

Ҷавонони ҳушёр ва ғаюри миллат, ҳаргиз дар чунин ҳолатҳо хаста набошед ва руҳафтода нагардед.Мумкин аст фардо ё рӯзе мехонед маро куштанд,ё зиндонам карданд,магар ин поёни роҳ аст? Ҳаргиз на,тоза ин оғози кор ва муборизаи ҳақталабона аст.Қишри огоҳи миллат бояд дар ин марҳала ҳушёр бошанд ва дар фаҳмонидани мардум кутоҳӣ накунанд ва масъулияти имонӣ ва ватандӯстии худро анҷом диҳанд. Аллоҳ моро бар алайҳи ин ситамгар пирӯз гардонад ва миллати моро аз асорати ин режими ҳафтдухтаракон наҷот диҳад омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Нафрини Аҳли Байт (раз) аз қатли Усмон (р).

Алӣ ибни Абутолиб (р), Усмон ибни Аффон (р)–ро аз аҳли биҳишт медонист. Аз Нузол ибни Сабура нақл аст, ки чун дар мавриди Усмон ибни Аффон (р)аз Алӣ (р) пурсиданд, ӯ посух дод, ки: “ Ӯ мардест, ки фариштагон ўро Зиннурайн хонанд. Ҳамин, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ду духтарашро ба никоҳи ӯ даровард, собит мекунад, ки Усмон ибни Аффон (р)аз аҳли биҳишт аст”.[xi]
Read More

“Ахбор сом”-ро ҳам Суди олӣ вориди листи сомонаҳои таҳримшуда қарор дод

Раҳмонов ва дору дастааш бар ин гумонанд,ки ҳар журналисту нигорандае, ки ҳарфи ҳаққу дурустро навишт ӯ наҳзатӣ аст. Мо бисёр мехоҳем,ки чунин бошад. Аммо ин тавр нест. На “Ахбор.ком” ниёзе ба ҲНИТ-у ПМТ дорад ва на баракс.