Раддия ба филм-туҳматномаи “Хиёнат” №3

Ислоҳ нет

Раддия ба филм-туҳматномаи “Хиёнат” №3

Ҳар ончи бар зидди “Isloh.net” то ба имрӯз навиштеду гуфтеду навор кардед, муаллиму талабаву донишҷӯву устоди донишгоҳу ходими академияву имомхатибу раиси ноҳияву …..хулоса, аз тамоми корхонаву муассисаву масҷид гирд овардаву “муаллиф”сохтаву истифода бурдед, ҳай навиштеду ҳай гуфтед,”фермаи ҷавоб”ҳатто вақти сархорӣ надорад, вале кор надод, кора накард, аз ин гӯш заду аз онаш баромад, мунтаҳо бесамар, беасар, натиҷае, ки бор меовард, наовард. Аммо дар иваз, дар муқобил “Isloh.net” қатъитар, қавитар, муҳкамтар, сареътар ва устувортар пеш меравад.

Агар 1 буд10, агар 10 буд 100, агар 100 буд, 1000 ва агар 1000 буд100.000 ва ҳоло шукри Аллоҳ аз 1000 0000 бештар шудааст: ҷонибдор, мухлис, бинанда ва шунаванда.

Нишастанду фикр карданду фикр карданду “Ислоҳ”-ро кино сохтанд. Кино карданду аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ, ҳатто аз шабакаи “Ачата бугу” (мусиқӣ)ва “Истиқлол” (варзиш) ба мардум намоиш доданд. Мисли онки зарба заданд, зарбаи сахт!!! “Фермаи ҷавоб”-у чоплусони тардоману Подабони пир “доволен”.

Албатта, барои таскини худ ва тасаллои дили Раҳмонов, ки дар ин чанд гоҳи ахир аз шунидани номи “Ислоҳ.нет” қимоб шудааст. Гап дар ин ҷост, ки ҳар гоҳ ин ва ё он наберааш аз матолиби “Ислоҳ.нет” ва аз достонҳои пурмоҷарою пуршару шӯри Таҳминаву Озода мегӯяду мепурсад, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун мешавад. Бори охир, ки достони телех ва “агрегат”-и фарсудаашро Анӯшервон пурсид, Раҳмонов надонист чи ҷавоб диҳад, зеро дар пешаш Азизмо ҳам нишаста буд.

Дигар ҳар қадами шуморо “Ислоҳ.нет”зери назар дорад. Кино мекунед, филм месозед, навору ҳар чизе аз дастатон барбиёяд анҷом диҳед. Аммо боз ҳам донед ва огоҳ бошед, ки дурбинҳои мадорбастаи “Ислоҳ.нет” дар даруну дохили шумост. Мо, ҳеҷ гоҳ аз гуфтан ва нишон додан ва ба мардум расонидани воқеияти кишвар, дарду доғи миллат ва мардуми мазлуми тоҷик ва аз ҳавлу ҳоли шахси шумоҳо, қалобиву фасодкориву дуздиҳову ҷиноятҳои шумо даст нахоҳем кашид.

Шумо ба мо посух додед. Посухатонро гирифтем, дидем. Аммо чизе нест дар дарунаш. Ҳамон лофу газофи куҳнаву фарсудашуда. Аммо исбот кардед, ки Ин Шо Аллоҳ тири мо ба ҳадаф расидааст. Ва, шумо хостед, ки пайи ҷароҳат ва захмҳоро дору кунед. Вагарна чаро дар тамоми шабакаҳои телевизонӣ ба тамошо гузоштед? “Ислоҳ.нет”, ки паёми солонаи Раҳмон нест, ”Ислоҳ.нет”, ки ҷаласаи солонаи ҳукумат нест. Чи шуда, ки дар ҳамаи шабакаҳои давлативу ғайридавлатӣ дар бораи он кино нишон додед? Офарин! Ҳоло дар ин ду -се рӯзи баъди ин намоиш, агар сомона ва шабакаи Ютуби “Ислоҳ.нет” ворид бишавед, худ пай хоҳед бурд, ки чи хидмате барои мо ва бештар ва муҳкамтар кардани равобит миёни мо ва мардум кардаед. Хидмати бузург. Агар то ин барномаи шумо дӯстону муштоқону ҳаводорону муштариёну мухлисони мо сад ҳазор буд, инак бо фазли Аллоҳ ва мусоидати шумо бартар ва бештар аз садҳо ҳазор шудан дорад. Зангҳову барқияҳову паёмакҳо зиёд шуда истодааст. Бори дигар мо мутмаин шудем, ки роҳи мо дуруст аст. Шумо бо ин киноятон ангеза додед, ки фаъолияти худро сахттар ва ҷиддитар кунем.

Ман шуморо мефаҳмам ва дарк мекунам.

Шумо бояд “Ислоҳ”-ро чашми дидан надошта бошед. Аслу насабатонро ифшо кардем, касофат ва фасоди шуморо ошкор кардему ошкор карда истодаем. Магар Раҳмонов маро чаро нағз бинад ва бар зидам дело накушояд, ки аз Озодву Таҳминаву Шаҳбозу Илҳоми ботурободӣ мегӯям? Аз он мегӯям, ки ин даюс ҷойи онки духтари бодпояшро ҷазо диҳаду насиҳат кунад, бачаи Гуловро гуфтааст, ки занатро гиру рав: “хайр, як ҷавонӣ кардаст-да”. Пас, Раҳмонов бар зидди ман дело накушояд, бар зидди “Ислоҳ.нет” дело накушояд ва ману “Ислоҳ.нет”-ро кино накунад, ӯ чи рақам Раҳмонов аст?

Ман медонам, ки агар ба дастатон афтам, зинда- зинда пӯстам меканед. Чун дигар дар шабҳои хобатон медароям, чун дигар оромишу осудагиатонро барбод дода истодаам. Инки хабарҳо мерасад ҳамеша субҳатонро бо мутолиаи “Ислоҳ.нет” оғоз мекунед, худ гувоҳ аст, ки бароятон то куҷо аҳамият ва арзиш дорам. Шумо як барнома не, мултисериал гиред, дар бораи ман ва дар бораи падари ман ва дар бораи “Ислоҳ.нет”. Аммо айбномаҳои сохтаи шумо лойи хушки дар девор ва ҳубоби болои мавҷ, кафки собун аст.

Агар мардум ба шумо бовар дошт ва агар дилатон аз мардум пур буд, чаро ин ҳама воҳимаву ҳаёҳу? Дар шабакаҳои телевизони давлатӣ? Шумо дар телевизионҳои давлатӣ талош карда истодаед, ки мардумро “террор” кунед, боз ҳам битарсонед ва тавре намоён кунед, ки зӯред. Аммо рамақ аз ҷонатон рафтааст. Суханони ҳаққи мо ба устухонатон расидааст.

Шумо бо тӯҳмату бӯҳтон моро террористу экстремист эълон карда аз ватан берун андохтед, ба фикратон чи кор кунем? Бишинем? Сукут кунем? Хоину хиёнаткор ману мо нестем! Мо сари аҳду қавламон истодем. Аз аввали музокироти сулҳ то анҷом ва ҳатто то таъсису аз байн бурдани ҳокимият бо сӣ% аз мухолифин, қавл ба амалатон мувофиқ наомад. Аммо боз ҳам гузашту боз ҳам сабру бардошт буд. Вале дигар кофист. Хоину хиёнаткор шумоед. Ин шумоед, ки ҳам ба миллат ва ҳам ба давлат хиёнат раво дида истодаед.

Фикр мекунед ин наворҳоро, ки хобу хуратонро ҳаром кардааст, кӣ ба мо расонду кӣ ба мо мерасонад?

Як чизро агар дарк накардед, бояд дарк бикунед ва бароятон бигӯям, ки дигар аз даруни хонаатон маъулумот ба мо расида истодааст. Мефаҳмед ин чи маъно дорад? На танҳо халқ, ҳатто ҳамонҳое, ки дар каноратон ҳастанд ва бо шумо сари дастурхон сарфи таом мекунанд, наҳору шому чошт мехуранд, аз шумо, аз вуҷуду буду ҳузури шумо сер шудаанд. Намебинед? Магар ин ҳама маълумот дар бораи Таҳминаро ба ман кӣ дод? Ман, ки ягон вақт, на шаб ва на рӯз набудам бо ӯ. Ягон наҳзатӣ? Аз гурӯҳи 24 ё аз мухолифини мухолифин? Инҳо не, аз дарун, аз дохили худатон. Пас, агар ман хиёнаткор будам, чаро инҳо бо хиёнаткор ҳамкорӣ карда истодаанду маълумот мерасонанд? Чунки ҳамон даруниҳову дохилиҳо ҳам бовар карданду хоини миллату давлат ва хиёнаткор шумоед, на мо!

Дар ҳамин ҳиҷрати дуввумбора ҳам мо ба ин марҳала, ки марҳалаи ҳуҷуму ҳамла мебошад, саҳлу осон нарасидаем. Худро ҳифз кардем, дар иттиҳоду инсиҷом будем ва инак дорем барои пирӯзӣ талош меварзем. Зарбаҳое, ки мезанем сахт ҷонкоҳ хоҳад буд. Ин марҳаларо бидуни шак ва яқин метавонем марҳалаи ниҳояти зулм ва фарҷоми ҳокимияти авлодӣ номид.

То ҳамин имрӯз бархе аз дӯстон розӣ нашуда истодаанд. Дар Ислоҳ наворҳое ҳаст, ки дар бораи Раҳмонов ва …Рустам…Таҳмина.. Дубай… зангиҳову казинои… Исмоили наберааш… ин наворҳо наворҳои одӣ нестанд. Наворҳоеанд, ки бо нашри онҳо бояд як шохбанд ва ё ресмони закноки гови кабудро гириву худро кашол кунӣ. Навори Таҳминаро гӯ. Дубай…. бузбалаҳои ҳабашӣ. Оқои Аҳмад, Ландмар-Плаза, агар ҳофизааш мисли ахлоқаш хароб нашуда бошад, хуб мефаҳмад чиро дар назар дорам. Инчунин аз Маскав ва клубҳои махсус, ҳатман ба ёдаш меояд.

Зангҳои барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро намебинед? Барномаҳои онлайнии пешвоятон 5000 бинандаи онлайнӣ надоранд. Магар Муҳаммадиқбол ин қадар супермен аст, ки ин ҳама мардумро ташкил мекунад, то дар барномааш занг зананд. Ин худи мардум аст, ки безор шудааст. Вале савол инҷост, ки агар ман хоину хиёнаткор будам, ин халқи Худо чаро бо мо ҳарф мезанад? Ба самти шумо намеравад? Зеро хоин ва хиёнаткор шумоед, на ман ва на мо.

10000 маротиба мегӯӣ, фоидаат надорад. 10000 филм месозӣ, фоидаат надорад. Чун ту дуздӣ, то ҳоло медуздидӣ ва дар оянда ҳам медуздӣ, бачаат медуздад ва боз одамҳое пайдо мешаванд, ки хабарҳоро мерасонанд.

Як мақоли мардумӣ ҳаст, ки мегӯяд ҳам дуздиву ҳам пешхезӣ ва ё ҳам ғарриву ҳам сарангӣ. Ангор кӯдаки пистони модари кушташуда дар даҳан дар марзи Афғонистонро мо ба он ҳол расонида бошем. Магар фаромӯш кардед, ки гуфтед биравед Афғонистонро обод кунед. Гуфтед, обову бобоятон ҳам рафта буд, шумо ҳам равед. Ба муҳоҷирони тоҷик дар тобистони соли 1993 дар кампи Сахии Мазори Шариф дар зарфи умумие, ки муҳоҷироне, ки аз тиру тупи шумо фирор карда буданд, заҳр андохтеду беш аз 70 нафар кудак ва пирамардону заъифон аз асароти он вафот карданд.Ин хабарро он рӯзгорон аз қазо Радиои Озодӣ дақиқан Салими Аюбзод гуфта буданд. Фикр мекунед мардум намедонад? Он ҳодисаи заҳрро мардуми онҷо буда ва наздиконашонро гум карда фаромӯш кардаанд? Ва ё модару хоҳари он тифл аз ҷабри кӣ гурехту модарашро магар Наҳзат кушта буд? На, модари ӯ бидуни ҳеч шакку шубҳа аз тири Сангаку “фронтавик”-ҳои вай ва аҷнабиён кушта шуд. Гумон мекунед мардум фаромӯш кард?

Нахуст дар водии Вахш Ҳисор, Душанбе, Регар қатли ом кардед ва чи қадар ғармиву помириро дар ин манотиқ куштед? Раҳмонов дар Хуҷанд бо тавсия ва кӯмаки Ислом Каримов водии Ғарму Бадахшонро бомборон кардан фаромӯш шуд? Артиши Узбакистонро вориди Тоҷикистон карданҳо фаромӯш шуд? Байрақи сурху барқарории СССР, нест бод ислому аз маразми демократия озод мекунем гуфтанҳо фаромӯш шуд? Квачкову Меркулову Мусиенко фаромӯш шуданд? Болои мардуми рӯ ба Афғонистон дар ҳоли фирор борони жолаву тирро магар Сангаку ҳампаймонони аҷнабияш наборид?

Ҳоло савол ба “фермаи ҷавоб” ва Подабони пиру дигару дигараш ин аст: Чаро агар Раҳмонов барои миллат ва аз мардони миллати тоҷик буд, ба ҷойи худ нафари дигарро не маҳз писарашро омода карда истодааст. Магар Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳамин оила кадр ва мутахассис ва роҳбаршав надорад?

Саволи дигар: Бюҷети хонаводаи Раҳмонов бо бюҷети давлатро метавонед муқоиса намоед? Масалан даромади солонаи аъзои оилаи Раҳмоновро бо даромади солонаи бақия миллати тоҷик метавонед қиёс ва муҳосаба карда фарқияташро ба мардум маълум намоед? Оё дар Тоҷикистон кӣ метавонад бигӯяд, дар соли гузашта аз Озода ва Таҳмина ва Рустам даромади бештар дошт?

Дар дасти шумо акси хонаи истиқоматии директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара дар соли 1992 ҳаст? Онро бо хонаи истиқоматии ӯ муқоиса кунед. На, дар Душанбе не, дар ҳамон ҷойи пешинааш. Агар ин корро кардед, он вақт хоинро хубтар мешиноседу мардуми кишвар ҳам онро мешиносанд.

Як бор мақбара- мавзолейи Майрам -холаро бо қабри Шариф-чулоқ ё Раҳмони чақир падар ё падарандари Раҳмонов ва ё хоҳари худи Майрам қиёс кунед. Пас, Раҳмонов бештар ғами киро хурдааст ва ба кӣ хидмат кардааст?

Чаро зиндагии хонаводагии Раҳмонов иваз шуд? Зеро вай аз ҳақи кисаву хазинаи халқи тоҷик дуздид. Ва ҳоло ҳам медуздад ва имрӯз бошад танҳо намедуздад. Авлоду ақорибашро овардааст, ки дузданду бой шаванд.

Аз онки мо ин ҳама ҷиноёту хиёнатҳояшро фошофош мегӯем, моро ба халқ бад карда нишон медиҳад. Азбаски моро мардуми зиёд мешунаваду мебинад, дигар тавассути телевизион мехоҳад сиёҳ кунад. Барои вай намефорад. Вайро мефорад, ки ҳамаҷо ором ва ҳамаҷо сокит ва ҳамаҷо бобои Файз “ачата бугу” гӯяду ин ҳам “Тоҷикистон ай манӣ” гуфта чаридаву бавлида гардад.

Бале, ман писари Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода ҳастам. Ифтихор аз падари бузургворам ва бобоям Садриддин дорам. Бобоям яке аз нафаронест ,ки аз соли 1930 то 1937дар ободиву обёрии водии Вахш ва шаҳри Қурғонтеппа саҳми бо сазое гузошта аст. Дороияшро бо чандин чорпо оварда инҷо сарф кардааст. Бобои ман мисли падару падарандари пешвои шумо номаълум набуд, на, мисли ӯ, ки ҳамеша талош мекунад аз падараш ёдоварӣ накунад. Падару бобои ман, алҳамдулиллоҳ, мардони сарватманд ва сахӣ буданд. Камбағалу фақир набуданд. Равед дар бораи бобои ман -Садриддин дар Сарихосор ва Дарбанд пурсед, агар мардони пиронсол бошанд, бароятон хуб мефаҳмонанд ,ки он кас, кӣ буданду чи хизматҳои боарзише барои ин ватан анҷом додаанд. Аз бобокалонам ҳам пурсед, ки ҳазрати Сайманос кӣ буд?Дар мавриди он бузургвор ҳам бароятон хоҳанд гуфт. Соли 1969 дар шаҳри Қурғонтеппа дар 86 солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшиданд. Падарам Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода яке аз панҷ муассиси ҲНИТ буданд. Ифтихор мекунам, ки ҲНИТ маҳз дар хонаи мо шаҳри Қурғонтеппа таъсис дода шуда аст. Падарам кафил ва сарпарастии бевоситаи он ҳама толибилме дар вилояти собиқи Қурғонтеппа буданд, ки он солҳо таҳсили улуми шаръӣ мекарданд ва то Душанбе сарпарастияшонро ба уҳда гирифта буданд.

Падарам дар солҳои ҳукумати шӯравӣ мухолифи сиёсати ин режими сурхи оҳанин гап мезаданд ва дар он солҳо пешвоят сангро шикаста хона месохт ва дуғро бо шир омехта ва бо қаламфур махлут карда мехӯрд. Дар ПТУ- и барои бекасону бесоҳибони Калининобод ( Сарбанд) сваршикиву монтёриро бо мушаққат, нимкола ва бо зӯрӣ мехонд.

Ҳамчун электрик дар маслозаводи шаҳри Қурғонтеппа ба кор қабул, вале як сол ҳам нагузашта барои руғандуздӣ аз кор пешаш намуда буданд. Ташбеҳ ва қиёс намехоҳам кунам, вале дар омади гап инҳоро ҳамчун мисол овардам, то донед падари ман кӣ буд ва пешвои дуздатон кӣ буд, то камтар шарму ҳаё ҳам дошта бошед.

Дақиқан он замон падари худомбиёмурзам мухолифи кушта шудани ҷавонони тоҷик дар Афғонистон буданду садо баланд карданд. Дар он шабу рӯзҳо дар газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” матолиби эшон нашр мегашту аз худ дарак медоданд. Барои ҳимоят карданашон аз ҷавонони ватан “анти советский пропагандист”шинохта шуданд. Дар баробари ин барои таълими ҷавонон ба хати форсӣ ва мафоҳими динияшон соли 1985 ба додгоҳ кашида шуданд. Бо иқрори худи ҳукумати Тоҷикистони Советӣ қазияи додгоҳияшон сиёсӣ унвон гирифт. Миёни ҳама ҷавонони боздоштшудаи он солҳо мисли устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Шамсиддини Сайид ва дигарон. Чун даъваташон ошкоро буд ва аз ҳеч гуфтаҳояшон даст накашиданд. Мардона истоданд. Ҳамон солҳо муассисаҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дахолат карданд, то озодаш намоянд. Дар дасти мо 28 номаи муассисаҳои ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, ки барои ҳимояти падарам ирсол шуда буданд. Барои ин падари худобиёмурзамро ду сол “условный”, яъне ду сол ҳукм содир намуданду ба Сибир нафиристоданд. Ду сол маоши ӯро давлат ба фоидаи худ ситонд. 28 кишвари дунё ба падарам пешниҳоди зиндагӣ дар қаламрави худро доданд, нарафт. Алексей Громико, вазири хориҷии шӯравӣ ба сарнавишти падарам дахл кард. Худову ростӣ бо падарам аз радиои “Озодӣ” барномаҳо дар бораи ӯро мешунавидем. Номи падарамро садҳо бор дар он радио гирифтанд ва ҳамон вақт ӯро маҳбуси сиёсӣ мегуфтанд. Аввалин маҳбуси сиёсии маҳкумшудаи тоҷик дар замони шӯравӣ буд. Агар судя Мирзоев зинда бошанд аз ӯ пурсед, мо ва ҳазорон шахси дигар шоҳиди ин ҳукм буданд. Мо зиндаему шумо инқадар туҳмат мекунед, вой ба ҳоли он бечорагоне, ки онҳоро куштед ва боз онҳоро туҳмат мекунеду касе аз онҳо ҳимоят намекунад.

Дигар инки падари худобиёмурзам ҷузви аввалин қофилаи ҳоҷиёни соли 1990 буданду барои рафтан ба ҳаҷ ва кушода шудани ин масир 17 нома ба Маскав навишта буданд, ки моро иҷозат ба адои ин фаризаи Илоҳӣ диҳед. Падарам шахсе буданд, ки маҳз дар даврони Иттиҳоди шӯравӣ соли 1990 дар маркази шаҳри Қурғонтеппа масҷидеро бунёд намуданд, ки то имрӯз мардуми ин маҳал дар он намоз мехонанд. Шумо номардҳо рафта тоблуи болои масҷидро, ки бо номи ӯ номгузорӣ шуда буд, канда онро тағйири ном додед, то аз мо ному нишон намонад. Дар ҳоле инро Аллоҳ ва мардуми маҳал ва маркази шаҳр медонанд ва шумо инҷо ҳечкораед золимон.

Инки ман натавонистам ба расми хоксупориашон ширкат намоям боз ҳам бар мегардад ба зулми пешвоятон. Аввалан ман дар сӯҳбатҳои видеоӣ ҳама паҳлуҳои ин масъаларо возеҳ фаҳмонида будам. Бори дигар мефаҳмонам, ки аслан инҷо қазияи билет ва маблағ набуд. Аллоҳ шоҳид аст шумо хело сифла ва пастед. Ман он сол дар Фаронса дархости паноҳандагӣ пешниҳод карда будам ва ҷавоби он наомада буд. Паноҳандае, ки мақомаш рӯшан нашудааст, ҳаққи хориҷ шудан аз кишваре, ки дархости паноҳандагӣ намудааст, надорад. Боз ҳам мо талош кардем, то иштирок намоем, вале қонун қонун аст ва барои ҳама як аст, чунин иҷозатро бароямон надоданд. Талошҳои устод Муҳиддин Кабирӣ барои иштироки ман хело чашмрас буд, вале фаромӯш накунед, ки ман ҳам мисли садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, ки наметавонанд аз дасти пешвои золиматон дар мотам ва хурсандии наздиконашон ба ватан раванд ва иштирок намоянд. Инро ҳар паноҳанда медонад ва метавонанд ин суханамро тасдиқ кунанд, ки ман чӣ мегӯям. Агар як нафар паноҳанда гӯяд, не чунин нест, пас аз он маро иттиҳом намоед. Ҳой сифлагони Худобехабар, ақалан аз сафиратон пурсед ин масаларо,то бароятон бигӯяд ва худро шармандаву расвои олам накунед.

Бо сароҳат мегӯям ва дар муқобили шумо ба монанди кӯҳ устувор меистам ва ҳеч сари тарсе надорам. Бобоям бобокалонам, падарам ва худи ман бо писаронам барои ин миллат корҳоеро анҷом додаем ва савганд ба Аллоҳ Раҳмонов ҳеч яки онро анҷом надодааст. Мо бо буҷаи давлат ва мардуму кишвар ин корро накардаем, он аз худи мо буд ва барои ин миллат кардаем ва бо итминон мегӯям, мо ҳаргиз чоплус, маддоҳ, лаганбардор набудем ва мардона пеш аз ман зистанду ман ҳам чунон хоҳам зист ва ба фарзандонам ҳам ин васияту насиҳатро мекунам, ки чун аҷдодашон бошанд.

Оилаи мо ки солҳои 1992-1997 дар ҳиҷрат дар Афғонистон ба сар бурдааст. Вале ин тӯҳмати маҳз ва буҳтон аст, ки таълимоти ҷангӣ дида бошам. Ман дар умрам силоҳро нақапидаам ва силоҳи ман ҳамин қалам ва калом аст, ки хело шуморо девона кардааст. Дар мавриди таҳсилот ва хидматҳои анҷом додаам борҳо гуфтам ва салоҳ намебинам такрор шавад. Шумо аз ин гуна лаззот, ки озодиву истиқлолу давлату забону миллт чист, бебаҳраед. Барои шумо шараф, номус, каромат ва ҳайсияти миллӣ ва мазҳабӣ ва инки эҳсоси ҳаммиллат ва ҳамзабон ва ҳамдин дошта бошед, бегона аст.

Дар мавриди Бунёди ҷамъиятии “Васатият” борҳо гуфтаам ва онро вазорати Адлия набаста аст, балки Кумитаи амният бо дасти кумитаи дин ва машварати Асомуддинзода Тоҷиддини Исломиддинзода, ки таҳсилоташро дар он “кишвари мусулмонии ба мо тоҷикон маълум” ба поён расонида аст, анҷом дод. Ҳоло ректори донишкадаи исломии “Имоми Аъзам Абӯҳанифа” мебошад. Чаро як бор намегӯед ин дар он кишвари мусулмонии ба мо маълум хондааст? Ё ба гуфти домулло Сайидюнуси Истаравшанӣ хоҷаи хориҷиатон мебошад ва аз гирифтани номаш метарсед?

Шумо кормандони КДАМ ва муаллифони филми “Хиёнат” ончунон кавдан ҳастед, ки намедонед “Салафӣ” кӣ ҳаст ва “Ихвонӣ “ кӣ ҳаст? Боз якбор мегӯед аз кишвари “исломии ба мо тоҷикон маълум” сармоягузорӣ мешавад. Боз мегӯед инҳоро Саъудӣ сармоягузорӣ мекунад. Камтар қабл аз омода кардани як матлаб пурсед, ки салафӣ ки ҳаст? Ихвонӣ кӣ ҳаст? Он кишвари мусулмонии ба мо тоҷикон маълум ва Саъудӣ кадом мазҳабу равишро дорад? Ҳамаро махлут сохтаед ва гумон кардаед мардум гулу гумроҳанд ва ончи мегӯед бовар мекунанд?

Дар мавриди маблағи дар ҳисоби ман буда гуфтед ва онро ношармида ба “Васатият” нисбат додед. Дар ҳоле ин маблағ дар ҳисоби ширкати тиҷоратии дар Бишкек буда қарор дошт, на дар Тоҷикистон ва “Васатият” дар Тоҷикистон буд, на Бишкек. Чаро рӯйи рост дурӯғ мегӯед, вале сурх намешавед? Шумо танҳо маро ғорат накардаед, балки ҳама сармоядорон, тоҷирони кишварро ғорат кардаед ва то имрӯз ҳам пайваста ғорат доред.

Воқеан ҳам он шиору орзуву ҳадафи деринаатон бозгӯи буду шуди шумост, чун баҳоим ва чорпоён: “бхрен, бчарен, бгарден”.

Аммо мо ҳам сукут нахоҳем кард ва кирдоратонро пайваста ошкор мекунем. Хиёнатҳову ҷиноятҳоятон дар матлабҳои навиштаву дар наворҳои мо ҳамеша фош хоҳад шуд.

Share This Article