Золимӣ, золимӣ, марг ба найранги ту,
Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту!
Расо 70сола шуд. Аз ин 70, 30 сол дар сари қудрат аст. Дар 40 солагиаш, ки хун рехту ба ҳукумат омад дар 70солагиаш ҳам хун мерезаду ҳукумат мекунад. Тамоми ин ҳама соле, ки дар ҳокимият аст, хун мерезад.Агар дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз Тоҷикистон 260.000 иштирок кардаву 90 ҳазор ҷон бохта бошад, дар ин 30соли Раҳмонов талафот тақрибан шаш баробар зиёдтар аст. 150.000 кушта ва 151 ҳазор мафқудуласар танҳо дар даврони муқовимати солҳои 1992-1997 ,ки ҷамъан 301 ҳазор нафар мешавад. Аз 1992 то 2022 соле нест, ки аз Русия тобути 1500-у 2000 ва солҳое будаанд,ки 3000 ҷасади тоҷику тоҷикистонӣ наомада бошад. Шумори тоҷиконе, ки дар ин 30 соли ҳукумати Раҳмонов дар Русия кушта ва дар онҷо дафн шуданд, номаълум аст, вале яқин аст ки аз аҷсоди интиқолшуда ба ватан камтар нест.Ин аз касофату ҷаҳолати Раҳмонов аст ки дар Русия,ҳамчуноне дар Афғонистон қабристонҳои тоҷикӣ ба вуҷуд омад.
Қатлу куштори инсонҳо дар зиндонҳо-аз Хуҷанд бигир то Душанбеву Қурғонтеппаву Кулоб (масалан дар вақти этапи дар ду соли пеш ёдатон бошад, қариб 30 маҳбус бар асари истеъмоли нони “срок”-аш гузашта кушта шуданд) дар тӯли ин 30 сол, ҳамлаҳои мукаррар ва амалиётҳои низомӣ дар водии Рашту вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дараи Ромит, муқобили Маҳмуд Худойбердиев (ҳам солҳое, ки ин сарҳанги шӯришӣ дар дохил буд ва ҳам ба ҳангоми ҳамла ба Хуҷанд) ва дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ва худи имсол дар Бадахшон ва ахиран дар марзи бо қирғизро ба ҳисоб бигирем, гуфтаи мо тасдиқ мешавад. Бо сароҳат мегӯем Раҳмонов на камтар аз ним миллион Тоҷикистониро куштааст ва ё дар марги онҳо мусоидат кардааст ва ё бо саҳлангории ӯ мурдаву кушта шудаанд. Пас яқин шуд,ки Раҳмонов дар муддати 30 сол панҷ баробар бештар аз ҷанги ҷаҳонии дуввум кушта будааст.
Дар ҳақиқат хуни ин шаҳидон аз нуки ангуштони дастони Раҳмонов мечакад. Бо хун омухта шудааст.Фақат кораш хунхорист.30 сол аст ки аз хун сер намешавад.
Аммо мо, тамошобину наззорагар ҳастем. Барои Маҳсо Амини курди кушта шуда қариб буд, ки Эрон зеру рӯ бишавад. На шиа гуфтанд ва на сунӣ. Ҳама бархостанд.
Аммо мо, тамошобин ҳастем. Барои имзои Протокол бо Тоҷикистон Жогорку кенеш-парлумони қирғиз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро «на ковёр» хонд. Як нафар вакили парлумони мо садо баланд накард,чи расад ба ҳарду раиси он, Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода,ки ба даҳан об гирифтаанд.
Имрӯз ин фиръавни лаъин, ин писари Майрами гурсухта, ин лаънаткардаи Аллоҳ рузи мавлуд дорад. Соли пеш гуфта будам, ки имрӯз барои миллат ва мардуми тоҷик рузи сиёҳ аст. Мотами миллист, чун як нафаре 30 сол аст дар ин кишвар ҳокимият мекунад, ки бо ин мардум ва бо ин миллат ҳеҷ қаробат ва наздикӣ надорад.
“Медонед Раҳмонов барои чӣ ин қадар ба Рамазон Раҳимзода, ба СС.Ятимов, ба Юсуф Раҳмон, ба Шермуҳаммади Шоҳиён, ба Шералӣ Мирзо ва соири масъулини мақомоти қудратӣ салоҳият ва ваколатҳои беҳадду марз додааст? На фақат барои онки онҳо ҳаммаҳалҳояшанд. Барои он додааст, ки худи Раҳмонов ва оилаи вайро чуноне саг ба даҳмарда ва моли он ҷон месупорад, инҳо ҳам сагвор ӯро ҳимоят кунанд.”
Вақте Шерхон Салимзода, ки раиси Агентии мубориза бо маводди нашъаовар як тонна героини Шамсуллои домоди Раҳмоновро дастгир кард, гумон кард ба Раҳмонов ин хабарро бирасонад, соҳиби кадом имтиёзе мешавад. Аммо аз гӯшаш гирифтанду парташ карданд. Барои ҳамин имрӯз прокурор, кгб, милиса, суд ва военкомат шуъба ва ё бахшҳои ҳукумат нестанд. Инҳо ячейкаҳои ОИЛА-и Раҳмонованд ва ОИЛА-аст ки имрӯз ҳукумати Тоҷикистонро идора ва контрол мекунад. 65-70% -и ин мақомот дар вилоёт ва навоҳии кишварро намояндагони ҳамон як маҳалли муайян дар даст доранд. Ва дар ин авохир гумрук, андоз, молия, коррупсия ҳам дар дасти ҳаминҳо аст. Ин система ва низоми фосид ва дар ҳақиқат золим бар болои халқи тоҷикро шахсан худи Раҳмонов,ташкил, парвариш ва ба камол расонидааст.
“То ҳамин чанд соли пеш коршиносон ва огаҳони авзоъ мегуфтанд, ки 70%-и иқтисоди кишвар дар дасти Раҳмонов ва аъзои ОИЛАаш аст. Ин муҳосабот асосан бар мабнои заводи алюминй-Талко ва содироти пахта гуфта мешуд. Пахта ва алюминий 40% бюҷети солонаи давлатиро ташкил мекард. Ҳоло чӣ шуд? Бар изофаи ин ду, воридоти маводди сӯхт-бензин, керосин, солярка, мазут ва ҳамагуна равғанҳо дар дасти ҳамин оила аст. Воридоти шакар, орд ва гандум ва равғани ғизоӣ низ дар дасти ширкатҳои марбути ҳамин оила аст. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 1млну 200.000 тонна ангишт дар конҳои Тоҷикистон истеҳсол ва умдатан ба Афғонистон содирот шудааст, ки ин ҳама ба домод ва қудои Раҳмонов мутаааллиқ аст. Ҳамин тавр дар низоми маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ-масалан тамоми осоишгоҳҳо аз Зумрад то Обигарму Шоҳамбарӣ ба дасти домодҳои Раҳмонов мунсаҷим шуданд.”
Ва, дар ин авохир низоми бонкдории кишвар ҳам комилан хусусӣ ва ба дасти аъзои ин оила қарор гирифт. Талошҳои тасарруфи комили хадамоти алоқа ва мобиливу интернет ҳам ҳамарӯза бештар шуда истодааст.
Аммо мо, тамошобин ҳастем. Дар ҳақиқат тамошобин ҳастем, коре аз дастамон сохта нест, чун ҳанузам тарси ҷанги шаҳрвандӣ моро раҳо накардааст. Ва, бо итминони комил мегуям, ки Раҳмонов, мушовирону косалесони давру бараш ва махсусан худаш аз ҳамин ҷойи нозукӣ-тарси мардум дарак дорад ва аз он бо камоли майл суистифода мекунад. Вай, медонад, ки образи марди камондор, образи як нафари хунхори одамкушро дорад, аз он истифода карда истодааст. Бовар кунед, медонад, ки 99%-и халқи тоҷик чашми диданашро надорад ва ҳар шаб «ҳақ тезтар мурад,ки халос шавем» мегӯяд. Барои ҳамин зулмро, ҷабрро болои мардум бештар мекунад.
“Ҳоло, бубинед, ки барои Рустами писараш чи шарту шароите ҳамвор карда истодааст. Ба гумони шумо «Мармарӣ», «Авесто-групп», «Сиёма» ва даҳҳову садҳо корхонаҳои дигар ва махсусан дар Душанбе аз ҳисоби тиҷорати Рустам сохта шуда истодааст. Ин корхонаҳо аз ҳисоби маблағҳи бюҷет сохта шуда ва ҳоло барои кисаи Рустам кор мекунанд. Оби «Сиёма» дар Дубай чи гуна рафтааст? Фикр мекунед, ки бо пулҳои бизнеси шарикони Рустам? Не. Ин пулҳои бюҷети Душанбе аст.Ҳоло кӣ мековаду кӣ кофта гаштааст, манзур кӣ тафтиш мекунад? Ҳеҷ кас.”
Ҳасан Асадуллозодаи бародари зани Эмомалӣ Раҳмонов аз алюминийю пахта сер нашуд, ҳоло бо хитоиҳо шояд 60-70 % захоири маъодини гаронбаҳо-тилло нуқра, мис, сурб, симоб ва ғайраро аз куҳҳои Зарфшон гирифта то Бадахшони куҳӣ тасоҳуб кардаву тиҷорати миллиорддолларӣ ба роҳ мондааст.
Як шабакае ҳаст бо номи «Ҷаҳоннамо». Ин шабака мегӯӣ, ки Ютубканали Рустами Эмомалӣ бошад, ки аз субҳ то шом корхонаҳои ӯро реклама мекунад. Маълум нест,ки пулакӣ бошад ё бепул. Аз тиҷоратҳои домодҳои Раҳмонов чизе нагуфтам, чун борҳо гуфтем.
Хуллас, ҳоло, бовар кунед, ки бюҷети давлативу ҷайби Раҳмонов ҳарду як чиз шудааст. То Раҳмонов ва оилаи вай дар қудрат ҳаст, аҳволи мардум рӯз то рӯз бадтар мешавад. Ин аксиома аст.
“Бо ин ҳама давлату сарвату савлату сиёсат омода нашуд, ки ба мардуми мусибат ва мотамзадаи Исфара таъзия баён кунад. Вале ба Путин барои як куштор дар дабистон изҳори таслият кард. Вай, барои он ин корро кард, ки дар ҳақиқат марионетка ва арӯсаки дасти русҳост. Вай барои он ба Исфара таъзия нагуфт, ки ин корро барои худаш «западло» ҳисоб мекунад, чун вай худашро Пешвои миллат хондааст.”
Дар хабарҳо мехондем ва аз рӯи такопуву талошҳои худи Раҳмонов ҳам бармеомад, ки мехоҳад зудтар Рустамро ҷойгузин кунад. Аммо бар пояи як хабари расида аз дохили ин оила Раҳмонов гуфтааст, «кай вақте президентиам 30-сола шуд,баъд ба Рустам курсиро медиҳам». Ба ин тартиб 30-солагии президентии Раҳмонов дар ноябри соли 2024 иттифоқ меафтад ва магарам то он рӯз «ждат» бояд кунем, агар худои собиру нозир корашро поён набарад. Аммо инсон план мекашаду орзу мекунад вале корсоз ва мудаббир Аллоҳ аст. Ту мехоҳӣ, ман мехоҳам, Аллоҳ мекунад ончӣ худаш мехоҳад.
Вақте дар барномаи ахири «Минбари муҳоҷир» гуфтам,ки умраш дароз бошад, намирад миллат аз вай ҳисоб пас бигирад, бархе аз ҳаводорон ва мухлисони мо нороҳат шуда гуфтанд, ки бигзор ҷазояшро Аллоҳ бидиҳад, аммо Худо кунад, ки Аллоҳ ҳарчи зудтар ба Сақар ва ё Ҳовия сарозераш кунаду халоиқро аз ҷавру зулмаш халос созад.
” Мо, фикрамон ин буд, акнун,ки ҲНИТро заду берун ва референдум доир карду Рустамро шароит дод, ӯро меоварад. Аммо, чуноне гуфтем, барномаи Раҳмонов иваз шудааст. Вале ҳамон солҳо ҳам бархе касон мегуфтанд, ки Раҳмонов ҳама чиро диҳад ҳам курсиро орому осуда намедиҳад, ҳатто ба писараш, чунки бисёр ҳам носерам ва гушначашм аст ва аз гушначашмиаш аст ки ба 70 даромада бошад ҳам дар фикри нафақа нест.”
Хабарҳое,ки мерасанд, мегӯянд, дар сафари қарибулвуқуи В.Путин,ба эҳтимоли зиёд масъалаи Рустам ҳам ҳал бишавад, чун Путин дар як ҳоли бисёр бад қарор дорад ва ба роҳбароне назири Раҳмонов ниёз пайдо кардааст. Зеро ин русҳо буданд ва ҳастанд, ки Раҳмонов ба ҳукумат расиду ҳоло 30 сол аст дар сари ҳокимият мебошад.
Раҳмонов беарзиштарин, беқурбтарин раиси ҷумҳурии собиқ шуравӣ дар назди Русия аст, ки бо истифода аз дар тангно қарор гирифтани Русия хостаҳои худро бароварда карда истодааст.
Дар охир чанд тавсия ба Раҳмонов дорам ва умед аст дар ҳолатҳои сангине,ки қарор дорад ва сафари қарибулвуқуъаш наздиктар шуда истодааст,ба инобат бигирад.Валиаҳдҳо зиёд шудаанду сонияшуморӣ доранд,ки кай “ҷонша Худо мегириду мо Прзедент мешавем”
Чанд тавсия ба Эмомалӣ Раҳмонов !
Эмомалӣ Раҳмонов ту худат бо забонат гуфта будӣ,ки “мо дар сармон оҳан бастагӣ нестем ва мо ҳам меравем”. Акнун ҳамон лаҳзаҳо ва рӯзҳо расида истодаанд. Дилам ба ту сахт месӯзад ва намехоҳам аз олам бе тавба равӣ. Агарчӣ тибқи ҳадиси саҳеҳ тавбаи банда дар ҳолати расидани ҷон ба ҳулқум пазируфта намешавад.Аммо огоҳӣ надорем,ки он ҳолати қабзи рӯҳат кай фаро мерасад ва азбаски хело зиёд куштӣ, хиёнатҳо бар миллат ва ватану халқи Худо кардаӣ, ҷонатро бар ивази ҳеҷ маблағе ва артишу қуввае ҳифз карда наметавонӣ,ҳарчи зудтар тавба кун.
Дар аввал барои он ҳама маҳдудиятҳои ҷорӣ намудаат ба дини мубини Ислом ва барои таҳқиру тавҳинат нисбати аркони он,ба мисли рузаатонро хуреду зардолу чинед,ҳаҷ наравед,роҳ созед,масҷид аз мактаб зиёд шудааст ва амсолаҳу сидқан тавбаву надомат кун.
Ҷони туро ҳеҷ Путину Си Ҷин Пине аз чанголи малакулмавт наҷот дода наметавонад.Биё, барои он ки тавбаатро дар амал ва барои шоҳидони Аллоҳ дар замин,ки мо шаҳрвандони кишвар ҳастем ба намоиш гузорӣ,ҳама зиндониёни бегуноҳе,ки медонӣ онҳо бе гуноҳанд, бо фармони ту сиёҳ кардаанд раҳояшон кун! Ин аввалин қадами ту барои тавбаат мешавад.
Дуввумин коре бояд анҷом диҳӣ дар аввалин ҷумъаи пас аз зодрӯзат ба масҷиди марказӣ рав ва бо мардумат намозро адо кун. Дар сафи намозгузорон қомататро рост гиру мисли як бандаи одӣ бош, на ба монанди “пешвои миллат”,ки ту худат медонӣ,ки нестӣ. Аз ҷоят бихезу аз ҳама миллат барои ҷиноятҳое,ки тули ин солҳо анҷом додаӣ бахшиш пурс, то ҳадди ақал 5% аҳолии кишвар туро бубахшанду сафарат каме ботуша гардад. Хуб медонӣ,ки чи қадар ту ва наздиконат бар ин мардум зулм кардаед.
Севвум: Ҳама он мақомдорони золиме,ки бар мардум зулм карданд бо як фармон аз мақомҳо сабукдуш ва тибқи ҷиноятҳои анҷомдодаашон, чуноне,ки дар панҷ даҳ- рӯзи мурофиаву муҳокимаҳои додгоҳӣ-“сверхсрочний” ҳукми бадахшониҳои бегуноҳро баровардӣ, барору зиндонӣ кун.
Агар ин се корро кардӣ воқеан мардуми тоҷик раҳмдиланду хелеҳо мебахшанд туро ва бори гуноҳат камтар мешавад. Савганд ба Аллоҳ ҳар рӯз ҳазорҳо шаҳрванд менависанд,ки фиръавн, лаънаткардаи Аллоҳ мурдаасту ҳазорҳо сухани дигар нисбатат мегӯянд. Ман ин ҳама нафрати миллат ва мардумро дидам, агарчӣ мухолифи туям ва туро бад мебинам вале намехоҳам боз ҳам бо доштани ин ҳама ҷиноят ва гуноҳ бе тавба ба пешгоҳи Аллоҳ равӣ. Дигар такаббурат, зӯри аспи саманди қудратат ба поён расидааст. Дар ғайри ин бо нафрати миллатат ва раъиятат хоҳӣ мурд ва ҳеҷ касе раҳматат нахоҳад гуфт.
Охирон машварати сӯдмандам бароят ин аст,ки дар пеши чашмонат ончи бар сари ду президентони дарозумри минтақа омадро дидед!
Яке Ислом Каримови падархондат,ки чанд рӯз пеш бар сари қабраш рафтӣ ва зиёраташ ҳам карди.
Дуввум Элбаси Нурсултон Назарбоев,ки дақиқан титули туро дошту бо ӯ ва духтарону бародару наздиконаш чӣ омад ва чӣ оварданд.
Пас фаромӯш накун,ки наздиконат ва оилаат садҳо маротиба бештар аз он ду президент бештар бар ин миллат ва мардум зулмҳо ва ситамҳоро раво дидаанд. Ҳоли оилаи бе сару нугат пас аз ту хело табоҳтар аз ин ду хоҳад шуд. Мумкин аст домодҳоят ва бархе аз ғоратгарони моҳири оилаат фирор кунанд,то баргардонидани онҳо тавассути ҳукумати ҷадид. Аммо ҳама афроди оилаат имкони фирор аз кишварро надоранд. Медонед ин мардуми хашмгин бар онҳо чӣ хоҳанд кард? Борҳо гуфтам ва боз ҳам мегӯям,ки мардуми Тоҷик хело қасдгиранд ва ин дар хуни ин мардум вуҷуд дорад ва онро тағйир додан кори осоне нест.
Пас илоҷи воқеъа пеш аз вуҷқуъ гуфтаанд ҷаноби “Именинник”!
Медонед,ки тибқи маълумоти расида ба мо аз дохили оила 80% оила бо шумули ҳамсаратон мухолифи расидани Рустам ба қудрат аст ва ӯро чужой меҳисобад? Медонед,ки дар омадани Рустам ба қудрат ҳаёти худро дар хатар меҳисобанд? Ба мо маълумот ҳам расидааст, ки оила киро мехоҳанд ба ҷойи Рустам бубинанд, ки ҷонашонро эмин меҳисобанд? Аммо онро намехоҳам бигӯям, чунки чуноне худат мегӯйи вазъият тағйиркунанда аст.
Ҳамин қадар мегӯям афроди бештар зулмкардаи оилаатро бо дастони худат муҷозот кун, то афроди дигари оилаатро бо ин амалат аз хашми ин миллат ва мардум наҷот диҳи. Агар худат дигар корношоям ва ҳолататон вазминтар бошад бояд Апаи Азизмо ҳатман ончи гуфтам ба ҳар шакле метавонанд амалӣ намоянд.
Мо агар мухолифат ҳам бошем, мухолифи сиёсиат ҳастем, мухолифи фаъолиятат ҳастем, мухолифи мард ва мусалмонем ва ба мухолифи сиёсиямон дар рӯзҳо охири ин дунёяш,дар ҳолати назъи равонаш бадӣ ва марги рӯсиёҳонаро намехоҳем.
70 сола шудӣ, тавба кун, тавба кун, то пушаймон нашавӣ.