Қатъи баякборагии иштироки тарафдорони Раҳмонов дар барномаҳои онлайнии «Минбари муҳоҷир» санади муваҷҷаҳ ва далели возеҳи пирузии «Ислоҳ» ва таъйиду тасбити шикасти шармандавори ин диктатор аст. Раҳмонов бо ҳама «фабрикаи ҷавоб», авангарду ававгард, чоплусу лесак, чокару навкар, хуллас, бо тамоми дастгоҳу васила ва омилони мафкуравиаш-шабакаҳои телевизионӣ, тоҷикфилм сс.синамо, ҷеки чани сенарист дар набарди беамони иттилоотӣ бо «Ислоҳ», ман -Муҳаммадиқболи Садриддин, мардуми ман ва тарафдорони ман ва ҳамраҳону ҳамсангарони ман бой дод, шикаст хурд.
Ман, ҳеҷ гоҳ аз онҳо нахоста будам, ки вориди барномаҳои «Ислоҳ» бишаванд. Аммо, онҳо бо ҷидолу ҷаҳд талош мекарданд, ки дохил бишаванд ва аз Раҳмонов ситоиш кунанд. Ман талош мекардам, ки онҳо дар барнома роҳ наёбанд, аммо онҳо бо ҳазоруяк роҳу васила «ход» ёфта ворид мешуданд. Фақат ба хотири онки як бало кунанду маро дашном диҳанд ва Раҳмоновро тавсиф намоянд.
Аз Душанбеву Хуҷанд, аз Бадахшону аз Бохтару Кулоб, аз Зафарободу Шаҳристону Истаравшану Панҷакенту Исфараву Айниву Кушониёну Ёвону Рашту Нурободу Сарбанду Муминободу Шаҳринаву Ҳисор, хулоса аз тамоми манотиқи кишвар ташкил мекарданд, ки бароянду дар «Минбари муҳоҷир» алайҳи мо ва бар тарафдории ин диктатор гап зананд. Ба масоф алайҳи «Ислоҳ» саф баста взводу ротаву баталион созмон дода ва якеяке аз окопҳо, аз блиндажҳо, аз траншеяҳо сар боло карда ба самти ман файр ва шиллик мекарданд. Фармондеҳону командирон дар ситодҳо дар бинои амният, дар бинои шуъбаи маориф ва дар бинои ҳукуматҳои маҳаллӣ нишаста аскарони аҷиркардаашонро машқу тамрин медоданд.
Дар оғоз тарҳро аз Шаҳристон оғоз бахшиданд ва диданд ончунон шарманда шуданд,ки дигар надонистанд чи гуна худро ҷамъу ҷур кунанд. Ҳама афродеро вориди баҳс мекарданд “Ислоҳ” аз онҳо огоҳи дошт. Ҳатто афроде барои воридшудан сабти ном мешуданд пеш аз воридшуданашон номҳояшон бо вазифаҳояшон ба мо мерасид. Ҳатто дар кадом хона ва куҷо нишастаанд мо огоҳ будем. Медонед чаро ? Чун мардум бо “Ислоҳ”анд ва муқобила бо оне мардум бо ӯст кори сахтест. Ончунон сиру пиёзашон баромад,ки дар ҳаёташон тавақуъашро надоштанд. Маълум аст,ки ҳар вазифадоре бе гуноҳ нест ва мардум вақте диданд баромадашонро гуноҳҳояшонро менависанд. Мо онҳоро дар барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ” мегуем.
Аз ҳама кишвар ворид намуданд ба иҷбор аммо Шаҳристон ва Зафаробод хело фаол ва тақрибан ҳама мақомдоронаш шахсиятҳояшон барои ҳама кишвар ошкор гашт. Ин кори кам набуд боявар кунед!
Зулм ба ҳадде расида буд,ки занҳои мақомдорро то соатҳои яки шаб дар кабинетҳояшон манъ мекарданд,то суҳбат кунанд. Боз рӯзи корияш ҷои худаш ҳатто рӯзи якшанбе дар кабинети корӣ интизори суҳбат буданд. Ин зулму иҷбор набуд чи буд дигар ?
Аммо, яку якбора гуму гуру нопадид шуданд, ғайбашон зад, таги замин даромаданд. Якуякбора ва саросар маҳву нобуд шуданд. Гуё кафки собун буданд, гуё ҳаври даҳони говҳо дар ферма буданд, ки ҳамагӣ дар як вақту дар як замон маҳв шуданд.
Фикр мекунед, ки чаро ин лашкари ҷаррору ин сипоҳи саропо мусаллаҳ ҳамакаса ва яку якбора майдонро холӣ партофтанду ру ба ҳазимат ниҳоданд ва ҳоло ҳатто якеаш ҳам намебарояду аз Раҳмонов дифоъ намекунад?
Қабл аз ин ҳам гуфта будам ва ҳоло боз ёдовар мешавам, ки наметавонистанд.
Як одамкуш, як дузд, як зиддидину оин, як зиддимиллат, як арусак, як гумошта, як ватанфуруш, як заминфуруш, як саропо ҷурму ҷиноят агар 30 сол ҳам бошад, агар 40 сол ҳам бошад, аз они мардум, аз они миллат, аз они халқ намешавад. Онро намешавад сафед кард, намешавад тарафдорӣ кард.
Ҳамин қадар, ки фабрикаи ҷавобу аванграду ававгарду радиову телевизонҳову ҳатто студияи давлатии «Тоҷикфилм» навиштанду гуфтанду навору кино карданд, то ки мухолифин, аз ҷумла ман Муҳаммадиқболи Садриддин ва «Ислоҳ»-ро бадному баднамо кунанд, нашуд. Гуфтам, ки намешавад, наметавонанд, наметавонистанд.
Як бародари имонӣ ва исломии мо, ки дар канори худи Раҳмонов аст ва ҳар аз гоҳе барои мо менависад, чанде пеш гуфт, ки ҳоло тактика ва стратегияи мубориза ва муқовимат бо «Ислоҳ»-ро тағйир карданд:
«И ҳаромо як тенденцияра пеш гирифтиян, ки бояд чунон кунанд, ки мардум гуяд, ки бади гуфтаи Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол ҳукумат боз хам сахттар кард лимити света. Яъне мардум фаҳманд, ки ҳукумат бо хоинҳо дар ҳеҷ вақт гуш намедиҳаду гуфтаҳояшро аҳамият ҳатто намедихад.
Мисол:-Муҳаммадикболи Садриддин гуфт оиди ҳолате, бояд онро бетағйир монд, аҳамияте надод».
Аммо ман Муҳаммадиқболи Садриддин роҷеъ ба ин тағйироту таҳаввулоти сиёсати пешгирифтаи Раҳмонову мушовирину мубаллиғину идеологҳову ройзанҳову назариячиёну мафкурасозонаш чи гуфтаниам:- то ба охир тоб оварда наметавонед. Чунки мехоҳед ё не, дили мардум пур аз дарду доғ аст ва ҷое барои ифшо ва холӣ кардан надорад ва мемонад ба ҷуз аз “Ислоҳ” ва сомонаҳои дигари мухолифин ва ин ба навбати худ барои афзоиш ва ҳарчи бештар шудани шумор ва сафи муроҷеин ва мухотабон аз дохилу беруни мамлакат ба мо мешавад ва албатта, боиси рубъу ваҳшат, ноамниву нооромии руҳиву равонӣ ва хашму ғазабатон мешавад.
Чунки дар ҳақиқат сухан морро аз хонааш берун меорад ва «гап олама вайрон мекунад» ва ин гап- гап оқибат боис мешавад, ки мардум ҷамъ шавад дар гирди мо ва мардум дақиқан мефаҳманд ки дигар тавони муқовимат дар баробари воқеиятро ҳукумат аз даст додааст, тамом кардааст. Ва боз ночор мешавад, ки вориди набарди иттилотӣ ва майдони бишавад.
Дар қатори он гапҳое, ки мегуфт, ҳоло боз ба синфхонаҳо даромада талабаҳоро таҳдид карда истодааст, ки ба масҷид барои намози таровеҳ нараванд. Амниятиҳо масоҷид даромада мардумро ҳушдор дода истоданд, ки бо ифротиҳо алоқа накунанд. (Аммо бо Толибон,ки расман дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дорад, ҳамкорӣ доранд. Бо Ансоруллоҳ, ки худи ҳукуматиҳо қаноти низомии ҲНИТ (аммо туҳмат аст) мегуянд, дар музокира шудаанд.
Дар ҳар сурат хоҳ бо мо даргир мешаванд ва ё хоҳ сарашонро даруни китфонашон мекашанд ва ба нафаҳмӣ ва нодонӣ мезананд бар манфиати мо аст. Албатта, ин маслиҳатро боз касе додашон, ки қатъ кунанд, тамоман нодида бигиранд. Мисли онки вуҷуд надоранд.
Аммо, ин бисёр ҳам натиҷаи мусбат ва хайр бор хоҳад овард. Чун мардум гуфтаҳои шуморо бо воқеияти ҳамарузаи гирду атроф қиёс ва чену баркаш карда дармеёбад, ки дар баробари ин ҳама ҳақиқат ва ростӣ, ки “Ислоҳ” мегуяд дигар Рамонов лолу музтар ва музтарибу пакар шуд. Чизе барои оправдат кардан надорад. Талош кард, ки оправдат кунад баракс шуд. Халқро бештар ва беҳтар муталеъ ва огоҳ кард, ки шабакае бо номи “Ислоҳ” вуҷуд дорад, ки ҳақиқатҳоро мегуяд ва муҳимтар аз ҳама опппозитсия вуҷуд дорад ва он нақшаву нияти чапа ва сарнагун кардани Раҳмонов ва ин ҳама беқонуниву дуздиву тозӣ ва азобу кулфату азиятро дорад ва мардум қалбан ва руҳан ба он ру меоварад ва эътиқод ва эътимод мекунад. Чунки роҳи дигаре вуҷуд надорад. Роҳи дигар ҳамин чизе аст ки ҳоло ҳаст: Раҳмонов.Раҳмонов,ки бо вай ва зиндагии имрӯз аз дирӯз бадтар шуда истодааст ва ҳиҷ умеди беҳие барои фардо ҳам дида намешавад. Пас, танҳо умеду бовар ба ҳамин мухолифин ва ба ҳамин “Ислоҳ” аст.
Магар ҳамин “Ислоҳ” нест, ки ҳарфи дили мо, мехостаи мо, воқеияти моро мегуяд. Чаро бояд ҳамроҳаш набошем?
Онҳоро чаро берун ва зиндон кард? Чунки онҳо чеҳраи Раҳмоновро ошкоро нишон доданд ва гуфтанд, ки бо ин сиёсати зидди мардумӣ ва зиддимилӣ мухолифанд. Бо ин сиёсат, ки танҳо як авлод,танҳо як оила ва танҳо як қабила болои мардум бошад мухолифанд.
Бо ин сиёсат ки зиддидину оин, зиди исломашон аст зидди худояшон аст зидди пайғамбарашон аст дар корҳои хонаводагӣ, дар корҳои оилавии мардум қуш мешавад, зид аст.
Мусалламан агар онҳо дар мубориза ва набарди иттилоотӣ бо мо муваффақ ва натиҷае дилхоҳ медоштанд ҳеҷ гоҳ намегурехтанд. Зиёд мекарданду зиёд мешуданд.
Корро болои онҳое, ки аз тарафи ҳукумат ба барномаҳои онлайнии «Минбари муҳоҷир» дохил мешуданд, ончунон сахту душвор карда буданд, ки ҳатто аз гуфтани ин ҳақиқат ки Раҳмонов ҳам банда аст як рӯз мемурад ҷуръат намекарданд. Метарсиданд. Ончунон мутамаллиқ, ончунон чоплус сохта буданд, ки бечораҳо наметавонистанд чизе бигуянд.
Вале бо ин ҳама вуҷуд тарроҳону барномасозону нақшаофарони Раҳмонов бар ин натиҷа расиданд, ки ҳузур ва ширкат дар барномаҳои “Ислоҳ” ҷойгоҳи Муҳаммадиқбол ва соири мухолифинро боло бурд.
Ҳаминки яку якбора ва ҳамакаса таги думу пордум руст карданд, худ далели он аст ки маркази қабули қарор аз ин ҳамлаҳову ҳуҷумҳо чизе оидаш нашудааст. Гуму гур, хоку туроб, хок бар даҳон ва куру кару гунг шуданд.
Аммо Худоро гувоҳ мегирам ва ба Худо қасам мехурам, ки ҳолашон хело бад аст. Шикастанду леҳу пора шуданд. Намедонанд, ки аз куҷояш қапанд, сарашро доранд ё гарданашро ё қадашро, аз кадом қисматаш қапанд, ҳисобашон гум,чунки дасташон нарасида истодааст. Кутоҳдастанд, Вале хун хурда истоданд. Чунки мо беш аз пеш нуфуз ва таъсир карда истодаем. Онҳо роҳу равишу самту суяшонро гум карданд, таҳтушшуо қарор гирифтанд. На авв –авв монду на чав -чав, не авангарду не Азизмои газетхонак.
Аммо “Ислоҳ” майдондорӣ мекунад.
СС ва РР (Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзод) акнун аз роҳи дигар, аз роҳи зотӣ ва ирсии худ, ки баладанду метавонанд, дар тамоми мамлакат аҷир кардаанд, ки ҳамкорони Ислоҳро бикованд, хабарнигорони Ислоҳро биҷуянд, Ислоҳхонҳо ва ислоҳхоҳонро пайдо кунанд ва 307 зананд ва пул бикананд. Облава кам буд, ки акнун участковий ва уголовний розиск дар бозор, куча, мактаб, маршрутка, таксӣ, фурудгоҳ, мағоза ресторан, хулоса ҳама ҷо телефони шуморо мегираду мековад, ки боз бо “Ислоҳ” иртибот надошта бошӣ. Яъне ошкоро бо ва ман мубориза карда натавонистанд,акнун бо роҳи тарсу фишор ворид кардан болои мардум мехоҳанд, ки алоқа ва робитаи моро бикананд.
Инро бояд бо сароҳат бигуям, ки аз аввал маълум буд, ки онҳое, ки аҷир мекарданд, ҳеҷ гоҳ бо ихтиёри худ ва бо майли худ ба барнома омада аз Раҳмонов пуштибонӣ намекарданд. Онҳо мехостанд, ки маро пачақмаҷақ ва халъи силоҳ кунанд, вале худашон баракс халъи силоҳ ва пачақ шуданд. Мо фукашонро ба замин шакидем. Табли расвоияшонро навохтем.
Тамоми сиру пиёзашон ру шуд. Вақте як нафари аҷиршуда ба ин саволи ман, ки Эмомалӣ аз падараш муҳтарамтар аст, наметавонад посух бигуяд, ё ки рӯзи ҳашр барояш беҳтар аст ки бо пайғамбар маҳшур бишавад ва ё бо Раҳмонов лолу музтар мемонад, мардум аз ин вазъият чи натиҷа ва хулоса гирифт?
Масалан як имомхатиб посух надошт бигуяд, ки чаро дар масҷид наметавонад ба кудакон сабақ диҳад? Ҷуръат намекард бигуяд, ки манъ карданд. Масалан наметавонад гуяд, ки чаро дар масҷид зиёдтар аз соҳиби хона Раҳмоновро меситояд ва аз Раҳмонов мегуяд.
Мегуяд, ки ҳам пайғамбар ва ҳам Раҳмонов барояш баробар азиз аст. Мефаҳмед ин ҳолатро мардум чи тур қабул мекунад? Албатта, ки ин ҳолат бар зарари ин режим аст ва ин ҳолатро ман ва “Ислоҳ” дорем ошкор мекунем.
Авзоъро то ин ҳад болои мардум душвор гардониданд, ки ин ҳама Раҳмоновро парастиш мекунад. Магар ин ҳолу ҳаво табиӣ аст? Магар ин парастиш воқеӣ ва бо ихтиёри худ аст ва ё аз тарс? Ва вақте тарс водор мекунад, ки нафареро, ки аслан чашми дид надорӣ, вале баночор ва ба иҷбор бипарастӣ, ҷомеа орому роҳат аст?
«Минбари муҳоҷир»-и Ислоҳ дар суҳбатҳои онлайниаш бо ин чоплусону косалесон ин ҳамаро ошкор кард. Ошкор кард, ки имомхатиб дуруғ гуфта истодааст, исбот кард, ки муовини раиси ноҳия дуруғ гуфта истодааст, исбот кард, ки сардухтури Шаҳристон на бо хоҳиши худаш ба Минбари муҳоҷир омадааст. Ва ин ҳама тасбиту исботро худашон бо ширкати худашон ошкор карданд, мадад, ҳамроҳӣ ва мусоидат карданд, ки чирку чарбашон ифшо ва ошкор шавад. То он андоза зомбӣ ва манкурт карда буданд, ки ба савол дар бораи онки агар ту мусалмонӣ, пешвоят Муҳаммад аст ё Эмомалӣ Раҳмонов мегуфтанд, ки ҳардуяшон. Ин ҳама нишона ва аломати чӣ буд? Ва, ҳамаи инҳоро мардум аз “Ислоҳ” медид ва барои худ таҳлил мекард ва хулоса мекард. Хулосааш ба ҳеҷ гоҳ бар манфиати ин ҳукумат набуд. Чун маълум буд, ки он нафари вобаста ва маъмуриятгирфита дар зиндагии воқеӣ нафари дигар аст ва аз руи иҷбор наметавонад воқеиятро бигуяд, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ пешво нест.
Албатта мо тасдиқу тасбит кардем ва худи онҳо иқрор карданд ва эътироф намуданд, ки бахши идеологӣ, шуъбаи маориф, участковий, ҷамоат 6-ой отдел ва амняит онҳоро водор мекард, ки вориди “Минбари муҳоҷир” шаванд.
Онҳо бо ин мақсад медаромаданд, ки маро сиёҳ ва аз чашми мардум дур кунанду биафтонанд. СМС равон карда таҳдид намуданд, ки мардум тамошо накунанд. Ҳиҷ фоидаашон накард. Дар набарди рубару баромаданд. Нашуд. Чаро?
Ман ки аз осмон начакидаам, ман, ки ягон супермен, фавқулбашар нестам. Ман як инсони одиям. Аммо ман дар баробари як лашкари сунъӣ, дар баробари донкихотҳо истодаам. Ин ки ман ҳудаву беҳуда гуфтам, инки ман пурлафзӣ ва пурҳарфӣ кардам, инки ман панҷ соат гуфтаму шаш соат гуфтаму мегуям, кори ман аст, аммо маро диданду дида истодаанд. Чаро?
Чунки ман воқеият ва ҳақиқат ва чизи бударо мегуям. Барои ҳамин шумо наметавонед. Ҷойи шумо ман ҳам будам наметавонистам. Чунки доманатон тар аст. Шумо тардоманед. Мефаҳмед , ки чи маъно дорад тардомонӣ? Ин яъне он аст ки қабл аз зифоф сақо заданатон, ба гуфти хуҷандиҳо фӯс ва ба гуфти дигарҳо ҳӯл.
Магар мешавад дуздро суфӣ ё порсои поксиришт бигуӣ, магар мешавад ғарро порсо бигуӣ, магар мешавад, кумурро сафед ва барфро сиёҳ гуфт? Кори шумо ҳамин хел аст. Шумо мегуед, аммо касе ва пеш аз ҳар каси дигар худатон бовар намекунед. Аммо ман ончиро, ки халқ дида истодааст, ҳамонро мегуям ва аз инҷо аст ки дар набарди иттилоотӣ ман баранда ҳастам.
Аммо чаро баякборагӣ ғайбашон заду нопадид шуданд ва дигар ба барнома намеоянд?
Чунки онҳо бо облава ҳукумат карданианд, чунки онҳо бо масҷид, бо риш, бо ҳиҷоб проблема доранд. Ва корашон аст пулканӣ, террору тергаву напугату, душняк.
Боз,ин корро масалан дар музофот ва манотиқ онҳое карда истоданд, ки бо лаҳҷаи дигар аз мардуми маҳал гап мезананд.
Аз як тараф саркубу хафақон, аз як тараф ошкоро дуздида истодаанд. Масалан началники КГБ меояд ба ноҳияи Исфара, Истравшан Рашт Ҳисор. Ҳар кадоме аз ин ноҳияҳо ҷамоат доранд даҳҳо ва шояд бештар. Масалан дар ҳар ҷамоат то як гектар замин мегираду мефурушад. Садҳо ҳазор доллар мешавад. Ба номи дигар кас мегирад ва ба дигар кас мефурушад. Ин як намуди пулкоркунии мақомоти имрӯза.
Облаваро кӣ мекунад? Дар тамоми ҷумҳурӣ бачаҳакои боло облава мекунанд. Бачаҳакои боло дар милиса, дар амният ва дар прокуратура ва дар военкомат ва боз намояндаи мудофиа ҳатман аз бачаҳакои боло аст.
Барои инҳо облава мавсими ғунучин аст. Дар ҳар ноҳия ҳади ақал панҷоҳ сад баробар бештар аз нақша даъватшаванда ҳаст. Аммо ҳамаи инҳо на кам аз сад доллар доля доранд ва ин доляро раисони ҷамоат, участковий масҷид домком ҷамъ мекунад.
Ин ҳама моя ва ангеза ва иллати танаффур ва хусумати саросарӣ ва ҳамагонӣ ба ин ҳукумат аст ва нафаре, ки вориди “Минбари муҳоҷир” мешуд, вақте баҳси ин масоил пеш меомад намедонист ва наметавонист аз ин ҳукумат ҷонибдорӣ кунад ва ин баҳсу мунозираро мардум медид.
Ин воқеият аст ки агар ҲНИТ дар дохили ватан буд, бо мулоҳизаҳое наметавонист ба ин ҳад бепарда, беибо ,ифшо ва ошкор созад ва мардум ҳам ҳамчунин минбаре мисли “Ислоҳ” дошта наметавонист ва яқинан сиёсати сабру таҳаммул идома мекард.
Аммо имрӯз барои мо обро чи як ваҷаб чи сад ваҷаб худи шумо кардед. Мо, об аз сарамон дигар боло шудааст. Чи як ваҷаб чи сад ваҷаб. Роҳи бозгашт ва баргашти мо осону сода нест. Дар масҷид свет нест, дар дискотека ҳаст. Дар масҷид облава ҳаст, дар дискотка нест.
Дар ин ҳолат кӣ тарафдори воқеии Раҳмонов мешавад?
Чораандешону мафкурасозони Раҳмонов бар ин ҳақиқат расиданд, ки кори сахт иштибоҳе карданд,ки мардумро дар суҳбат бо мо аҷир карданд.Чунки бо ин кори худ исбот карданд, ки ҲНИТ ҳаст, танҳо айни замон дар хориҷа ҳаст. Фикрашон ин буд, ки аз зеҳну фикри мардум поксозӣ карданд. Вале комилан баракс шуд. Дар набарди иттилоотӣ бо ҲНИТ ноком шуданд.
Мо мешунидем ва хабар мерасониданд, ки даҳҳо ва садҳо касро барои тамошои “Ислоҳ” ҷарима ва зиндонӣ карданд. Аммо онҳое, ки дар барномаҳо аз тарафи Раҳмонов ва барои тарафдории Раҳмонов ширкат мекарданд, чизеашон намешуд ва ҳоло ҳам нашудааст. Ҳатто ин масъала дар вақти барнома аз тарафи мардуми одӣ савол шуда буд ва чандин нафар аз ҳукуматиҳо лол монда буданд, ки чаро ба онҳо чизе намешавад ва онҳоро милиса ва амният суроғ намекунад ва намепурсад. Чаро имрӯз шикаст хурданду фирор карданд ва тирашон ба ҳадаф нарасид, балки хок хурд?
Чунки мо ба дуруғ ҳамроҳ ва шарик нестем. Бале, дар ҳақиқат дуруст қайд кард. Ҳукумат моро то ин муддат сахт реклама ва ҳамагонӣ ва сартосарӣ кард. Алатта инҷо чи қадар пул масраф кард, ки бизанад ,бишканад, вале нашуд ва ҳоло задний ход зад ва боз чанд модарпурхаторо ворид кардаасту ютуб сохтааст. Фаҳмиданд, ки ғалат кардаанд ва акнун дар Ютуб бо мо ба масфо бархостанд. Вале боз ҳам ноком хоҳед шуд. Чунки Раҳмонов, милоку маъбуди шумост, ки худ иштибоҳ аст ва боз Рустаму Озодаву …ҳоро ба ҳукумат оварда ҳукуматро оилавӣ кардааст, ки касе дар ин гуна сиёсату давлат муваффақ нахоҳад буд, чун ҳадаф хидмат ба мардум ва давлат нест, инҷо ҳадаф дуздӣ ва боигарӣ аст. Барои ҳамин аз ҳамин ҳоло шикастхурдаанд, онҳое, ки ҷои авангарду фабрикаи ҷавобу дигару дигарашро дар Ютуб гирифтанианд. Шикаст барои он мехурӣ дар набарди иттилоотӣ, ки барои гуфтан, барои инкор ва радди ҳарфи мо чизе наметавони бигуйи!