“Rahvid-28” “Covid-19”-ро пинҳон ва террори биологӣ…

Ислоҳ нет

 

Раҳмонов алйҳи мардуми худ террори биологиро ҳам озмоиш кард

Мақомоти Тоҷикистон бо нодидаангорӣ ва сукут дар баробари хабари коронавирус ва қурбонӣ гирифтани он дар шимоли кишвар мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш дар изтироб ва таҳлука андохта истодаанд. Бо махфисозии маълумот дар бораи онки коронавирус ҳанӯз дар ҳафтаи дуввуми моҳи март ва бар тибқи баъзе сарчашмаҳо ҳанӯз дар авохири моҳи феврал дар Тоҷикистон ошкор шуда ва ҳатто чанд қурбонӣ ҳам гирифта буд, Раҳмонов ва режими зиддимиллии вай ба ҷинояти мудҳиши зиддибашарӣ даст заданд. Мо қаблан маълумотҳои таъйидношудае дар мавриди вуҷуди алоими коронавирус дар ватанамон дар даст доштем ва навишта ҳам будем,ки мақомот набояд ин мушкили мусибатборро аз мардум пинҳон кунад ва чораҳои ҳарчи зудтар ҷилавгирӣ ва муқобала ва маҳор кардани онро якҷо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ биандешад. Аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бақия мақомоти он мукаррар аз набуди коронавирус ва ба қайд нагирифтани он дар кишвар мегуфтанд. Ҳатто ба Созмони Ҷаҳониии Тандурустӣ маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ ироа дода ба чашми мардуми тоҷик ва дунё хок пошиданд.

 

Кишварҳои абарқудрати дунё дар баробари ин бало ва офати оламгир оҷизу нотавон шудаанд ва рӯ ба калисову куништу дайру масҷид оварда ва зориву тавалло аз худо карда истодаанд,ки аз ин бемории оламгир раҳояшон кунад. Шумораи қурбониҳо ба дар олам наздики як миллион ва вафот кардаҳо беш аз панҷоҳ ҳазор нафар расидааст. Аз чаҳор сӯи марзҳо Тоҷикистон дар иҳота ва инҳисори кишварҳое қарор дорад, ки аллакай ҳазорҳо нафар бар асари ибтило ба коронавирус ҷон бохтанд. Аммо Раҳмонов ё “Covid28” бошад маълумотро пинҳон дошт.

 

Ёдатон бошад Юсуф Раҳмонов-Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси Миллӣ гуфт,ки дар парвози рӯзи 15 марти Истамбул-Тошканд,ки аввалин бемори ибтило ба коронавирус дар Узбакистон маҳз дар ҳамин рейс пайдо ва ошкор шуд, 10 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам буданд. Додситони кулл гуфта буд,ки 6 нафари онҳоро рӯзи 19 март, баъди 5 рӯз иҷборан оварда карантина карданд, аммо 4 нафари онҳоро ҳамон вақт ҳанӯз пайдо накарда буданд. Ва,низ чанде аз шаҳрвандони таҳти карантин қарордошта дар Варзобро хешовандонашон фирорӣ дода буданд. Инҳо ҳама шаҳодат ва далели он буданд,ки коронавирус дар кишвари мо ҳам мутаассифона қадами наҳсашро гузоштааст ва шарти инсофу одамият ва раҳбарӣ ин аст ки пайи тадовии он шуд ва аз мардум набояд махфӣ нигоҳ дошт ва ҳамгому ҳаммаром бо ҷаҳон буд,на инки худро аз тамоми дунё канду ба гунае,ки боварнакарданист, матраҳ ва муаррифӣ кард. Ҳоло дигар яқин ва ошкор шуд,ки як сокини60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли Тоҷикистон бар асари ин беморӣ кушта шуда ва 11 пизишки ин бемористон ҳам бо гумонӣ мубтало шудан бо коронавирус таҳти карантина қарор дода шудаанд.

 

Инҷо дар бораи соҳати густариши ин беморӣ нагӯям ҳам худатон бояд пай бубаред, ки чи шуморае аз сокинон сироят ёфтанд,ки манбааш маҳз ҳамон марди кушташуда аст.11 пизишк чи қадарро сироят карданд? Ва сироятшудаҳо чи қадари дигарро гирифтор намуданд? Медонед сабаби ин ҳама паҳну густаришёбӣ,ки хоҳем-нахоҳем ошкор хоҳад шуд чӣ аст? Ҳамон изҳороту баёнияҳои вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки бо пӯшида ва махфисозӣ ҳатто пизишкони ин бемористонро бовар кунонд,ки коронавирус дар мо нест ва онҳо ҳам бепарвоёна ”грипп” ва “пеневмания” диагноз монда нафаҳмиданд, ки бо чи балое гирифтор шудаанд. Воқеан ин як даҳшат аст. Ин террори биологӣ аз тарафи давлат аст. Раҳмонов ва давлати вай бар зидди мардуми худ террори биологиро ҳам озмоиш карданд. То ин замон болои мардум террорӣ сиёсӣ ва террори тарсу ҳаросро таҳмил ва татбиқ карда буданд, ҳамакнун террори биологиро ҳам истифода карданд. Воқеан ҳам ин ҷиноят аст. Дидаву дониста кишвар ва мардум дучори офат ва бало кардан ва мардумро бардурӯғ маълумот додан ин ҷиноят аст.

 

Аммо Раҳмонов оқибат ночор шуд, эълон кунад,ки коронавирус дар Тоҷикистон ҳаст ва ҷони як нафарро ҳам гирифта ва як ноҳия ҳам дар ҳолати карантин қарор дорад Чуноне,ки гуфтам ҳанӯз аз рӯзҳое, ки дар кишварҳои ҳамсоя ин вабои оламгир ошкор шуд, маълум буд, ки дар кишвари мо ҳам мутаассифона пайдо шудааст. Аммо дар пеш Наврӯз ва иштироки Раҳмонов дар он буд, ки нахостанд онро эълон кунанд. Аз инҷо буд, ки муносибат ва тарзи бархурди Тоҷикистон бо ин беморӣ аз тамоми ҷаҳон фарқ кард. Ҳамсояҳои мо карантин эълон карданд,марзҳояшонро роҳҳояшонро бастанд. Макотиб ва донишгоҳҳо таътил шуд. Тамоми ҷашну маросимҳои вобаста ба Наврӯз ва мусобиқоти варзишӣ мамнӯъ карда шуданд вале Раҳмонов ва Рустами бачааш дар Хуҷанд ва Душанбе бо баргузории ҷашнҳои пуртаҷаммӯъ ба хушгузаронӣ машғул шуданд. Ба ҳоли мардум ва миллат тараҳҳум накарданд. Худнишондеҳӣ карданд.Тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро,ки аз баргузории ҷашну чорабиниҳои сераҳолӣ ва аз ҷумла Наврӯз даст бикашад, сарфи назар намуданд. Мутмаинан, барои фиреб ва маълумоти бардурӯғ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муҷозот хоҳад шуд, аммо ҳоло даст ба гадоӣ дароз кардани ӯ ҳам як навъи пуррӯӣ ва беҳаёии ӯро нишон медиҳад.

 

Ин Пешвои худхонда аз мусибате, ки ҷаҳонро бо фоҷиаи башарӣ рӯбарӯ кардааст,мехоҳад пул кор кунад. Барои ӯ муҳим нест,ки ин пулро аз куҷо бо чи шароит ва бар ивази чӣ ба даст хоҳад овард, муҳим он аст ки онро ба чанг оварад. То инки бароятон беҳтар ва рӯшантар мафҳум бошад, ба ҳамин чанд рӯзи пеш бармегардем ва аз ҷоизаи мусобиқаи асбдавонии Душанбе мегӯем,ки аз ҳисоби бюҷети пойтахт ва бо имзои Рустами Эмомалӣ доир шуд. Ҷоизаи ин пойга ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ,чизе бештар аз 5уним ҳазор доллар муқаррар шуда буд,ки 70%-и онро асбҳои Анӯшервони Рустам ва Исмоили писари Фирӯза ба даст оварданд. Фикр мекунед, ки барои Анӯшервон ва Исмоил -набераҳои Эмомалӣ Раҳмон касби ин пул муҳим буд? Ҳоло маълум нест, ки дороиҳои Анӯшервони 10-сола чанд миллион доллар бошад аммо танҳо 1 мошине аз порки мошинҳои Исмоили писари Фирӯзаи Эмомалӣ 400.000 доллар арзиш дорад. Пули ҷоизаи асбдавонӣ барои човандоз ва саисбони онҳо пешбинӣ шуда будааст,ки ҳатто ҳамонро ҳам аз маблағи бюҷет-халқ пардохт намуданд.

 

Раҳмоновдар воқеъ як каламуши сохти колхозӣ аст ва як дузде аст ки дар ҳар шароит мехоҳад пул “канад”. Вай имрӯз даст ба гадоӣ дароз карда аз мардуми кишвар хостааст,ки ӯро дар роҳи муқобала бо коронавирус ва ҷилавгирӣ аз он бо сомонӣ, евро, доллар ва рубл кӯмак кунанд. Таҷҳизоту лавозими тиббиву табобатӣ намехоҳад, фақат мехоҳад,ки сомонӣ, евро, доллар ва рубл пешпардохт кунанд. Аз як сӯ мегӯяд,ки дар кишвар коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аз тарафи дигар хӯрҷин ва халтаи гадоӣ ба гардан ниҳодааст. Вай барои коронавирус пешпардохт мехоҳад. Суратҳисоб боз кардааст. Шахсони дорову нодор,кишварҳои дӯсту нодӯст, одамони ҳатто на он қадар пулдор ҳам “як чи-нимчи” бояд бидиҳанд. “Шукронаи ана ҳамин давлат кунанд” ва пул гузаронанд.Тоқии чакани “Made in …”-ашро рӯи роҳ гузошта хайру садақа пурсида истодааст.Кореро,ки дар ягон кишвари дунё накардаанд,кореро,ки ягон роҳбари давлати дунё накардаастро карда истодааст. Тамаъ ва гадоӣ аз мардум. Мардуме,ки ҳоло худаш бо дарди худаш гирифтор аст. Ин воҳимаю дағдаға,ки захираи дусола дорем мегуфт, куҷо шуд? Бубинед ва худатон ба хулоса оед, ки дар давлатҳои дунё барои муқобала бо ин бемории оламгир чи гуна мубориза ва муқобала карда истодаанду Раҳмонов чи кор карда истодааст. Давлатҳои дунё бо онки карантин эълон карданд,маоши мардумро пурра пардохт мекунанд.Тамоми пардохтҳои иҷтимоӣ:-об,газ,барқ ройгон шуд, интернет ва алоқаи мобилӣ ё бепул ва ё коҳиш дода шуд. Корхонаҳо,нуқтаҳои савдо, муассисаҳои бузургу кӯчак аз пардохти молиёт озод карда шуданд. Дарсҳо аз тариқи онлайн ва аз хонаҳо доир карда мешаванд. Шаҳрвандони дар хориҷа буда ройгон ба ватан баргардонида мешаванд.

 

Аммо ин калламуши пӯстғафсро бубинед,ки як ҳафта дар Хуҷанд кунак заду абрупарронӣ,мастиву аластӣ ва айшу ишрат кард? Шаҳрвандон дар фурудгоҳҳои Маскав ба номи ӯ нома менавиштанд аммо вай ба арақхӯрӣ банд буд. Дар Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон сел хонаҳоро валангор кард, одамҳо мурданд вай сархушу сармаст дар ноҳияҳои атрофи Хуҷанд сайру саёҳат мекард. Парво ва ғам надошт.Рустами писараш бошад дар Душанбе мусобиқаи асптозӣ ташкил намуд.Чандин манбаъ ба мо хабар доданд,ки аз талабаҳои мактабхон сӣ сомонӣ барои хариди моску маҳлул ҷамъ оварда истодаанд. Дар Ваҳдат аз ҳар талаба 5 сомонӣ барои маск гирифта истодаанд.Муҳоҷирону мусофирони бандмонда дар Маскавро бо нархи гаронтарин баргардонид аммо бурду дар Қурғонтеппа Бохтари имрӯза ҷо кард,то муҳлати карантинашонро онҷо бигзаронанд. Бемористонҳои маркази Душанберо барои карантина тахлия кард. Истироҳатгоҳҳои кӯдакона дар Варзобро барои карантин вогузор намуд. Аммо Хоҷаобигарм ва Шоамбариро надод. Барои он ин санаторияҳоро барои карантина надод,ки онҳоро домоду духтарҳояш харида хусусӣ кардаанд. Нахостанд,ки ин санаторияҳоро “бадном” кунанд то ба бизнесашон дар оянда латма зада нашвад. Шаҳрвандони Тоҷикистон чандин шабурӯзро дар фурудгоҳҳои Маскав гузарониданд.Сафорати Тоҷикистон нигоҳ накард. Як тоҷик омад ва ҳоло онҳоро дар хонааш ҷо додааст.

 

Аз чунин роҳбар ва давлатдоре,ки барои мардум манфиат ва нафъаш намерасад чӣ фоида? Баракс дар ҳар маврид зарару зиёнаш ба мардум мерасад. Вай ҳатто ҳамин коронавирусро ба бизнес табдил доданӣ аст. Ба бизнесе,ки ба вай ва хонаводааш даромад меовард. То ҳамин ҳоло Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Олмон,Швейсария,СММ ва чандин кишвару созмонҳои дигар ҷиҳати муқобала бо ин беморӣ чандин миллион доллар ҷудо карданд ва дар оянда ҳам кӯмакҳои худро идома доданианд. Аммо боз ҳам рӯ ба халқ овардаву дасти тамаъ ва гадоӣ дароз кардааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ифтитоҳи суратҳисоби коронавирусӣ хабар медиҳад. Аммо бурути Раҳмонов ва инак Рустамро табар намебуррад, ки барои Наврӯзи шаҳри Хуҷанд чандин миллион долларро бар бод доданд. Магар ҳамон пулро барои мубориза бо коронавирус харҷ мекард, чи мешуд? Хуб, агар як бор Наврӯз доир намекард чӣ мешуд? Чаро пешниҳоди Созмони ҷаҳонии тандурустиро сарфи назар карда тавонисту ҷашни Наврӯзро не? Ва ҳоло акнун дасти тамаъ ва гадоӣ дароз кардааст?

 

Бар асоси иттилоъи дарёфтӣ Раҳмонов бо муассиса ва давлатҳо барои гирифтани ёрӣ гуфтугӯ дорад. Интизор аст ки Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Исломии Рушд ва Бонки Осиёии Рушд пулаш диҳанд.Гуфта мешавад бо Сандуқи Байналмилалии Пул барои гирифтани 120 миллион ва бо Бонки Осиёии Рушд барои 50 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз ба буҷаи Тоҷикистон гуфтугӯ дорад. Бонки ҷаҳони 11,3 миллион доллар ҷудо кардааст. Маълум нест,ки ин пулҳоро чи гуна ва барои чи сарф мекунад. Аммо яқин аст ки ними халқи тоҷик мурад ҳам як тини онро барои беҳбуд ва саломати мардум харҷ нахоҳад кард.

 

Ин беҳаёӣ ва беномусиву бешарафиро чӣ метавон гуфт? Ин ҳам дар ҳоле,ки нафари кушташудаи сокини Қурғончаи Пролетар (Меҳрободи Ҷаббор Расулов) ҳанӯз рӯзи 20 март, ду рӯз пеш аз ҳузури Раҳмонов дар ҷашни Наврӯзи Хуҷанд бо ин беморӣ дар бемористон бистарӣ шуда будааст? Маълумотҳо ҳокӣ аз он аст ки табибони ин бемористонро тарсонидаанд, ки агар дар бораи ин беморӣ ҳарфе аз даҳонашон барояд зиндон мешаванд. Ин бемори короноӣ рӯзи 31 март кушта шудааст.Аммо вазорати тандурусти баъди ин сана ҳам аз набуди коронавирус дар Тоҷикистон баёяния пахш кард. Ҳамин ҳоло ҳам маълумотҳое мерасанд, ки дар Исфара,Уротеппа,Панҷакент, Турсунзода, Душанбе ва Хуҷанд ҳам чандин нафар дучорӣ ин беморӣ мебошанд аммо мақомот аз ироаи хабар мамнӯъ карда шудааст.

 

Мо,аз нашру пахши маълумоте,ки дар иртибот бо коронавирус ва масоҳати забткардаи он дар кишварро дорем. Аммо ба хотири онки онҳо таъйидношудаанд ва тасдиқ ношудаанд, аз нашри он худдорӣ мекунем. Вале як нуктаро бароятон бигӯям,ки ба гапи мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон ва худи Раҳмонов бовар накунед, ва лавозимоти зиддикоронаиро ҳатман бихаред ва тавсия ва чигунагии шароит дар кишварҳои дунёро ҳатман ба эътибор бигиред.

 

Раҳмонов ва режими зиддимиллии вай ҳоло дар фикри овардан ва интисобу таъйини Рустам ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳастанд. Мехоҳанд ӯро раиси Маҷлиси миллӣ кунанд. Барои онки вай дар як муҳити ором ба ин мақом таъйин шавад ва барои онки нагӯянд мардум мурда истодаасту Раҳмонов дар фикри худу хонаводааш аст хабари воқеӣ дар бораи коронавирсуро пинҳон карда истодаанд. Вале онро намешавад пинҳон кард. Агарчанде ки то ҳамин ҳоло маълумот дар бораи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва гирифторону кушташудагони онро на эълон мекунанд ва на рад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон сокит аст, сукуте,ки сахт шубҳаовар аст ва мардумро дучори воҳима ва таҳлукаву изтироб кардааст.

 

Share This Article