Рисолати аҳли матбуот иҷро мешавад?

Ислоҳ нет

 Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи касбии рӯзноманигорон ва аҳли матбуот аст. Даврони шӯравӣ то истиқлолияти Тоҷикистон, аҳли матбуоти собиқ Иттиҳоди шуравӣ рӯзи 5-уми май, рӯзи нашри аввалин шумораи  «Правда» – нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди шӯравиро, ҳамчун рӯзи касбии худ таҷлил мекарданд. Аз соли 1994 рӯзи касбии аҳли матбуот 11-уми март дониста шуд. Ин сана, аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. Имсол 105-умин солгарди нашрияи “Бухорои Шариф” мебошад.

Тавре Қироншоҳ Шарифзод, устоди факултети журналистикаи ДМТ ва яке аз нахустин пажуҳишгарони нашрияи “Бухорои шариф” мегӯяд, “Нашрияи “Бухори шариф”-ро метавон ҳамчун як нашрияи мустақил матраҳ кард ва нақши ин нашрия дар инъикоси ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоии замони ҳукмронии Амир Олимхон дар Аморати Бухоро хеле бориз буд”.

Аммо дар мобайни ин 105 сол, зиёда аз як аср матбуоти тоҷик ҳазорон балоро пушти сар кард. Ба сензураҳои гушношуниду каснодиди замони Шӯравӣ гирифтор шуд. Айни ҳол низ ин ҳукумати чаҳорум натавонистааст, ҷойгоҳи худро бигирад ва то ба ҳол саркӯб мешавад.

Ҳамоно ҳукумати чаҳорум-яъне матбуот дар кишвари мо мурда-мурда зинда мондааст ва ало қадри ҳол нафас мекашад.

Имрӯзҳо матбуоти тоҷик беш аз пеш мустақилияти худро аз даст дода, дар ҳоли дарборӣ шудан аст. Аз ҳавои тираву буғикунандаи кишвар, танҳо ҳамон рӯзноманигорону аҳли матбуот нафас кашида тавониста истодаанд, ки бештаринашон кайҳо аз баҳри мустақилияти хеш гузаштаанд. Ба ҷои инъикоси ҳақиқати шароити сиёсӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва динии мардум, танҳо “кор иҷро намуда”, қути лоямут ба даст меоранд. Як иддаи ангуштшумори аҳли матбуот, ки феъли чоплусӣ надоранд, дар кишвар то ба ҳол ба ин умед ҳастанд, ки “поёни шаби сиёҳ сафед аст”. Матбуот дар Тоҷикистон то ба андозае буғӣ шудааст, ки аксари аҳли матбуот ҳангоми инъикоси як ҳодиса ё хабар аз рӯи шиори “на сих сӯзаду на кабоб” кор мегиранд ва дар натиҷа, ҳақиқати ҳол аз назарҳо дур ва ё навиштаҳо якҷониба инъикос меёбанд.

Садҳо масъалаҳои доғ, ки тули чанд соли охир дар Тоҷикистон рӯй додааст, дар бораи ин рӯйдодҳои таърихӣ ягон рӯзноманигор ё расонаи тоҷик ҷасорати бурдани тадқиқоти журналистиро накардааст. Садҳо дурдонаҳои миллат, иқтисодшиносон ва сиёсатдонҳое, ки калиди маънавии пешрафти кишвар дар мағзи сарашон аст, пушти панҷараи зиндон ба сар мебаранд, аммо  ягон рӯзноманигори тоҷики имрӯз ҷуръат накардааст, дар бораи яке аз онҳо як тадқиқоти журналистӣ барад.

Ин ҳам бесабаб нест. Сабаб ин аст, ки худи рӯзноманигор ва аҳли матбуоти имрӯза, ҳар ҳарфе урёнтар менависанд, ба раъду барқи қаҳру ғазаби  ҳукуматдорон рӯ ба рӯ мешавад. Садҳо рӯзноманигорон ба раъду барқу фазои тираи матбуот дар кишвар тоб наоварда, ҷони худро саломат ба кишварҳои ғайр расонидаанд. Онҳо аз “ҳаёти осоиштаву фазои сулҳу салоҳи ватан” даст кашида, гузашти умри худро “бо обу лаби нон” дар ғурбат авло донистаанд.

Шигифтовараш онаст, ки он рӯзноманигороне, ки имрӯз дар берун аз вакиуми матбуотии тоҷик қарор доранду дар хориҷ ба сар мебаранд, то ба ҳол аз ҳолати “шок” берун нашудаанд. То ба ҳол ба қалами шикастаи онҳо “қаламтарош” пайдо нашудааст. Ба ҷои он ки ба фазои озод баромада, дарди дили мардум ва ҳолати имрӯзаи матбуот ва шароити сиёсии Тоҷикистонро ба гӯши ҷаҳониён расонида, бонги хатар зананд, “аз бало ҳазар” гӯён гунгиро пеша кардаанд.

Дар замоне, ки хабарнигорону рӯзноманигорони кишварҳои дигар дар майдонҳои ҳарб, таги тупу туфанг фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ мебаранд, ваҳшати сиёсати ҳукумати худкомаи Тоҷикистон то ба андозае ба дили рӯзноманигори тоҷик асар кардааст, ки ҳатто дар хориҷ аз кишвар, дар дохили хона, таҳдиди ин ваҳшат аз пеши чашмонаш дур намеравад. Ваҳму ҳарос кайҳост, ки қалби рӯзноманигори тоҷикро асир гирифтааст.

Оё бо феъли тарсӯиву худро канор кашидан аз назари ҷамъият, гунгӣ ихтиёр намудан, нанавиштану аз назарҳо пинҳон шудан, рисолати рӯзноманигорӣ иҷро мешавад?

Вақте як шахс аз худ ба ҷамъият  ҳамчун рӯзноманигор дарак дод, дигар ҳамарӯза аз ӯ мардум умед мебарад, ки дарди дилаш тавассути қалами ин рӯзноманигор навишта мешавад. Доди мардум ба гӯши золимон тавассути рӯзноманигор мерасад.  Аз ноадолатиҳо нисбати мардум ин рӯзноманигор аст, ки менависад. Аммо ҳайҳот, ки қишре аз рӯзноманигори тоҷик, имрӯз худ хонандаи навиштаҳои мардуми ом дар шабакаҳои иҷтимоъӣ шуда, ба ҷуз доварӣ ба ҳарфҳои онҳо кори дигаре аз дасташ намеояд.

Дар ҳама кишварҳо агар ҳукуматдорону мансабдорон андешаву гузоришҳои худро ба хотири тарс аз ҳангомаи рӯзноманигорон баркашидаву санҷида, чор тарафи онро омӯхта, ироа намоянд, дар кишвари мо баръакс аст. Ҳукуматдору мансабдор ҳарчи дилаш хост, новобаста аз он ки дуруст аст ё не гуфтан мегирад. Рӯзноманигор ба хотири фардо таъқиб нашуданаш  гушҳояш кар, забонаш гунг ва қаламаш гум мешавад.

… Пас, оё дар ҳолати шикаст қарор доштани ҳукумати чаҳорум-матбуот, ки набояд ҳеҷ гоҳ шикаст хураду бояд ҳамеша ҳамчун оинаи миллат хидмат кунад, метавонем бар зидди зулму истибдод, худкомагиву худхоҳии ҳукуматдорон ва фасоди ҷомеъа мубориза барем? Ҳаргиз на!

Тағйиру ислоҳот, сохтани як ҷомеъаи мардумсолору адолатпарвар ва аз байн бурдани фасоди ҷомеъа, бидуни иштироки матбуот дар ҳаёти имрӯз иимконнопазир аст. Бояд аҳли матбуот “зинда” шаванд, аз хоби ғафлат бархезанду миллатро аз нобудӣ наҷот диҳанд. Кишварҳои ҳамсоя қадам ба қадам дар корвони сиёсат пеш рафта, моро ба ақиб гузошта истодаанд. Агар онҳо суръати пешравиро аз ин ҳам зиёдтар кунанду мо хастаҳол дар ин роҳ ҳаракат кунем, аз корвон мемонем ва роҳро гум хоҳем кард. Ёдамон наравад, ки “гургҳои мардумхор”-у  “даррандаҳои мардумдар” ин рӯзи моро поида истодаанд, то моро ба нобудӣ расонанд. Бинобар, оқибатҳои ин рӯзҳои гунг будан низ, ҳаввола, ба виҷдони аҳли матбуот аст.

Рӯзноманигорон, зиёиён ва қаламбадастони азиз!

Ин ҳама ҳарфҳо ба баъзе аз шумоёни гиромӣ, ки ҳақиқатнигорӣ мисли оташпора ангуштони қаламгиратонро месӯзонад, шояд рабт надошта бошад. Аммо чи кунем, ки гӯем забон сӯзад ва дар ҳолати нагуфтани он “мағзи устухон месӯзад”.

Ба якояки аҳли матбуот рӯзи касбияшон ҳуҷаста бод. Аз даргоҳи Худованд талаби онро дорем, ки тарсу ваҳмро аз дили аҳли матбуоти тоҷик бардошта, ба ҷои он шуҷоату ҷасорати инъикоси ҳақиқатро ба онҳо бидиҳад. Дар оинаи аҳли қалам ҳам мансбадору ҳам мардуми оддӣ роҳи ислоҳи худро дарёбанд. Дуъо мекунем, ки ба мардуми азияткашидаи тоҷик билохира, имконияти нафаси тозаву озод кашидан ва дар фазои адолат зиндагӣ кардан ҳам бирасад.

 

Share This Article