Рэкетири ДДОТ: «Ман аз Данғара ҳастам, ҳамаро ҳал мекунам»,

Ислоҳ нет

Нома аз Донишгоҳи Омӯзгорӣ

Да Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ тағироти кадрӣ ба вуҷуд омад. ИБОДУЛЛОЗОДА АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛО ба курсии ректории донишгоҳ нишаст,аммо кору амали вай тарзе сурат гирифта истодааст,ки  ректор неву “рэкетир”дар ин Донишгоҳ аст.  Нафаре ректор таъин шуд, ки бесавод,бе таҷриба ва бадбахтона сахт бе тарбия аст. Садҳо устод дар ин даргоҳ солҳо дарс додаанд ва соҳиби илму малакаанд, чаро ин ҳама устодон нею як ҷавони данғарагӣ ва ҷияни Асадулло Раҳмонов ба ин мақом интихоб шавад? Ин саволест ҳама аҳли илм ва дониши донишгоҳи қадимтарини Тоҷикистон ва як замон маъруфи кишварро ба ҳайрат овардааст. Мо намехоҳем номҳои устодони ин даргоҳро биоварем, чунки ба   хатар вуҷуд дорад вале ҳама аҳли зиё ва илми ин даргоҳ ва кишвар онҳоро хуб мешиносанду эҳтиромашон доранд.  Вақте ректори тозатаъин Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло ба донишгоҳ омад ҳама деканҳо ва проректорҳо ба пешвози ӯ ба саҳни донишгоҳ баромаданд. Аммо ӯ бо ягон кас салом накард, мисле,ки як фотеҳ ва ё ягон аҷнабӣ ба ин даргоҳи муқаддас барои аҳли илму дониш ворид мегардад. Ё дақиқтараш як “рэкетир”-и данғарагӣ вориди донишгоҳ шуд. Бовар кунед ҳатто президенти кишвар ба мисли ӯ вориди ин донишгоҳ ворид нашуда буд. Ибодуллозода Аҳлиддин ҳатто ба устодони ба истиқболаш баромада ним нигоҳе накарда ба донишгоҳ даромад. Ба он хотир ӯро Ректор нею “рэкетир” номидем,ки аслан дар 90 сол чунин ректорро ин донишгоҳ на дида буд ва на дошт ва ӯро,то имрӯз ректор ҳам намешиносем.

Тамоми ёрдамчиҳояшро дар нахустфармонаш аз вазифа озод кард. Ва ҳамчунин сармуҳосибро низ барканор намуд.

«Ҳамин тариқ зиёда аз 100 нафарро аз кор бе ягон асос озод кард. Гуфт : “маро президент 45 дақиқа дар наздаш рост монд, ки бояд шуморо озод кунам”. Ростӣ,ҳама ҳайрон шудем,ки наход роҳбари давлат ҳамин суханҳоро бигӯяд. Бовар накунед видеояш ҳаст, ки гӯйё президент ба ӯ гуфта бошад кормандони донишгоҳро бе раҳмона озод кунад.»

Баъд аз ин корҳоро фаҳмидан корманди амният-куратори донишгоҳ барои санҷидани ин қазия омад. Ӯро умуман қабул накард ва нагузошт ба кабинеташ ҳатто дохил шавад. Пас аз ин кораш тамоман сиёсаташ дар донишгоҳ бештар шоеа шуд: “ тамоман зур будаст КГБ-ро задагӣ ин мардак”.  Ҳамин тавр то ба имрӯз дар донишгоҳ ҷураҳо ва арусҳояшро ба кор монда истодааст. Хеле аз устодони донишгоҳ корро тарк намуда ба Русия рафтанд. Баъзеашон то ҳоло бекор, чанде аз онҳо бевазан ҳастанд.

Аммо ин ректор Ибодуллозода Аҳлиддин тамоман раҳм надорад. Ҳайратовар ин аст ки ректор ба ҷураҳояш, ки ман низ дар онҷо ҳузур доштам гуфт : «ба ман ин вазифа аз осмон начакидааст, ман ин вазифаро ба Асадулло Раҳмон (ҳамон Сумбулоғо, ёрдамчии Президент дар умури кадр) 200.000 $ дода гирифтам, чи коре мефорад мекунам. Ман аз Данғара ҳастам, дар осорхона  60 нафарро аз кор озод кардам, ягон кас ягон кор карда натавонист.Дар ин донишгоҳ ҳам ҳеҷ кас маро ҳеҷ коре карда наметавонад. Дар ҳама ҷо одамам ҳаст. Ман 2 зан доштам, амният справкаи тоза дод, ку, ман ин кураторои амниятша  задагиюм, ман кати шефош гап мезанам. Дар прокуратура генерал Наботов ҳаст, касе  гап мезанд ӯ ҳама кори прокуратураро ҳал мекунад, дар амният низ ҳамин тавр.»

Ректор бо Аҳророва Марҷона гуфтанӣ духтар алоқаҳои маҳрамона дорад,ки ҳама инро медонанд ва пинҳонӣ ҳам нест, аз замони духтарияш бо ӯ будааст. Омадан замон дар ҳол ба хоҳари ҳамин Аҳророва Марҷона вазифа дод- мудири шуъбаи дуюм ҷойе,ки хуб даромад дорад. Ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин ҷойи сумдори донишгоҳро медонад. Ҳама ҷураҳояшро ба ҷойи сумдор мемонад. Бе ягон асос шуъбаи фосилавиро маҳкам кард. Ба ҷурааш гирифт дод. Яъне Давлатов Фаридун, ки дар ин шуъба 11000 донишҷуи ғоибона мехонад. Имтиҳон хаттӣ мешавад гуфту ҳамаро аз кор ронд. Аммо ин кор нашуд. Ҷурааш Фаридун Давлатов ҳама имтиҳонҳоро худаш гирифт, ки дар даҳсолаҳо ректорон ин корро накарда буданд. Пештар ин хел гап набуд.

«Худатон қазоват кунед, вақте ки 11000 донишҷу 700 сомонӣ барои имтиҳон месупорад ва ҳисобаш мешавад 7 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, ки тақрибан 750 ҳазор доллар. Давлатов Фаридун  супориши ректор гуфта ҳамин тавр кард. Баъдан Фаридунро декани факултети педагогика монду ба ҷойи Фаридун Давлатов,Назаров Давлатхон Қурбонмуродович (сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус)  таъин кард. Ҳама ифлоскориро карда як занро оварда монд. Транскрип, ки бепул аст ба 200 сомонӣ гирифтанд. Яъне варақаи баҳоҳо. Ҳамин тавр ҳама дилмонда шудааст аз ректори донишгоҳ.»

Ҳатто профессорони донишгоҳ, ки ба табрикаш омада будаанд,аз дар ронд. Ягон одамро дар вақти қабулаш, ки аз 1то 3 соат сурат мегирад,қабул намекунад. Ду-се нафарро қабул мекунад, тамом. Ректор Ибодуллозода Аҳлиддин забони русиро аслан намедонад.Ҳар рӯз як муаллима як ё ду соатӣ, баъди соати 5 ба ӯ дарси забони русӣ медиҳад. Охир вақте савод надоранд чаро чунин ашхосро дар болотарин мақом мегузоранд, мо ҳайронем. Чанд нафар аз ҳамкорон ба Дастгоҳ навистанд, аммо бенатиҷа. Мегӯяд ман ҳамаро ҳал мекунам, аз Данғара ҳастам.Хеле маҳалгаро аст. Мардуми вилояти Суғдро хеле бад мебинад. Фақат як гап дорад, “ман супориши Ҷанобро гирифтаам бояд шумо озод бошед”.Вақте ки аризаи аз кор равироменпвисӣ ё нанавишта ҳам маҷбуран озодат мекунанд,якҷо бо муовини кадр даъват мекунанд. Ошкоро бе ибо мегуяд, надавед ин тағояш вазнин аст, гапи ягон касро намегирад. Намебинед, амниятро аз дари кабинеташ даромадан намонд. Дигар чи кор кунем,ин мардак аз Данғара мо аз Душанбе инҷо таваллуд шудаем ва 35 соли умрамон дар ин даргоҳ гузашта аст, география ва зодгоҳамон ҷой хуб набудааст, бояд равем.

Ҷураҳои ректор-рэкетир инҳоянд:

Якум:  Муовини якум- Айнуллозода Наҳтулло Айнуло, (муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент).Яке аз одамҳои порахури арусбоз ва хело шахсияти фосиде мебошад. Бо донишҷудухтарҳо кораш айшу ишрат асту тамом, ҳама коргузорҳоро «доля»и муайяне бастагиаст.

Дуввум: Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ- Исроилов Исмоил Исроилович, ин ҳам як порахӯри дигар. Арусбози моҳир ва маъруф дар донишгоҳ. Ҳама дар Донишгоҳ медонанд корҳои ӯро, ниёз ба шарҳу тафсири бештар надорем.

 Севвум : Давлатов Фаридун, директори марказ ва декани факултети педагогика, Суханаш ин аст:  “падари ман ҳам синфи президент, мо аз Данғара, ягон кас ягон ҷои моро хурда наметавонад, ман ҳама корро ҳал мекунам”. Ба ректор аз 6000 нафар 700 сомонӣ ҷамъ карда дод. Яъне чор миллиону дусад ҳазор сомонӣ. Аҷоиботи кор боз дар он аст, ки аз коррупсия ва зарари он гап мезанад. Мабодо хабар шунавад, ки кадом устоде аз донишҷӯ 50 сомонӣ гирифтааст, зуд аз кор пешаш мекунад, дар ҳоле, ки худаш ва командааш миллионҳо сомонӣ дар ду-се моҳ кор кардаанд.

Чаҳорум : Мустафозода,шӯъбаи кадр. Ӯ ҳам одами нав омадааст, одами ректор, ба ҳама  кор қодир. Чанд зан дорад. Касе аруси инҳо мешавад ба кор қабул мекунанд. 60 нафар устодонеро, ки шуъбаи ғоибонаро хатм кардаанд, бе ягон асос аз кор озод карданд. Ҳамаи онҳо зиндагӣ ва зану фарзанд доранд, баъзеашон бева ҳастанд.

Панҷум : Назаров Давлатхон Қурбонмуродович , котиби комиссия, мушовири ректор ва роҳбарии раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро бар уҳда дорад.Собутилники ректор.Ҳар шаб менӯшанд. Ректор дар донишгоҳ то ними рӯз дар кабинет хоб аст. Касеро қабул намекунад.Ректор бо машварати ҳамин одам кор мекунад дар донишгоҳ. Ректор чанд арус дорад, ки якеяш Мафтуна. Ҳамаро бо сум ба кор мемонад. Бо мақомот алоқаи зич дорад. Вай котиби комиссия аст. Аз ҳар як қабулшаванда 3000 мегирад. Ҳисоб кунед, ки 3000 донишҷу қабул шавад 3000х 3000= 9.000.000- нуҳ миллион сомонӣ мешавад.Ҳеҷ тиҷорате дар Тоҷикистон ба мисли донишгоҳҳо фоидаовартар ва сердаромадтар нест. Мегуяд ман ҳама мақомтро сумашро медиҳам.Бо Назаров Давлатхон арусбозӣ, варзобравӣ. Давлатхон ҳама нақшаи донишгоҳро мекашад ва ба ректор пешниҳод мекунад. Ректор ба гуфтаи ҳамин одам ҳама корро мекунад. Назаров Давлатхон бисёр одами ҳушёр аст ва ҳама корҳояш махфӣ. Мегӯяд, ки ман ҳама мақомоти амниятиро сум додаам, ягон гап намебурояд. Аз номи генерал Наботов бисёр баромад мекунад. Як шогирд дорад бо номи Сафар. Ҳама амалиётро ҳамин Сафар анҷом медиҳад. Ҳамаи сумҳоро бо дасти Сафар мегирад. Инчунин Назаров Давлатхон директори нави маркази тестӣ шуд, ки аз ҳама ҷойи сердаромади донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Имтиҳони 20 ҳазор донишҷӯро ҳамин шахс мегирад. Даромад миллионҳо сомонӣ аст.

Шашум:  Шарипов Шуҳрат, юристи донишгоҳ. Бисёртар бо ӯзбекистониҳо сару кор мегирад,ҳама корҳои интиқолу барқарорро иҷро мекунад,суми хуб кор мекунад бо хориҷиҳо. Бе сум бошад ягон санадро имзо намегузорад.

Ҳафтум: Мирзозода Шаҳриёр Мунавар,муовини сардори раёсати кадр. Бо Муаттара,як корманди донишгоҳ рӯирост алоқаҳои маҳрамона дорад. Ӯро аз ҷои аввали кораш бо «статя» уволит  карда буданд. Аммо инҷо ҳоло «деловой.» Танҳо бо омадани ректори нав чунин афроди тасодуфӣ дар чунин мақоми муҳим дар донишгоҳ

Ҳаштум: Куҳзод, сармуҳосиб, ки ҳама корро мекунад. Ин нафарро  ректор Ибодуллозода Аҳлиддин аз осорхона бо худаш овардааст, корро аз дуздиҳои хело калон шурӯъ кардаанд. Метавонем бигӯем миллионҳо сомонӣ.

Нуҳум: Кабутов Муҳаммад замдекани факултети филологияи рус, корманди хуфияи амният. Аз дасти ҷаноб медал гирифтагӣ аст. Аз номи амният ҳамаро тарсонида истифода мебарад, як порахури бо таҷруба ва моҳире мебошад.

Даҳум: Ғайрат, мудири шуъбаи архив,ин нафар ҳам ба Назаров Давлатхон Қурбонмуродович доля ҷамъоварда медиҳад.

Ёздаҳум: Қосимов Қурбон, муовини маркази тестӣ. Тағояш дар амният аст ва ҳамроҳи Назаров Давлатхон Қурбонмуродович ҳама корро мекунад, яке аз сумҷамкунаки Назаров Давлатхон аст ва ба ректор мерасад.

Дувоздаҳум: Ансорӣ, ёрдамчӣ- юристи донишгоҳ аст. Ин ҳам ба ҳама кор қодир аст, тамоми кори фармудашударо аз тарафи ректор ва Назаров анҷом медиҳад ва ҳеҷ раҳме ба касе надорад.

Сенздаҳум : Назаров  Беҳруз, бародари Назаров Давлатхон, боз як ришвахори дигар ва сумҷамъкунак.

Чордаҳум : Холов Шералӣ, додари ректор. Вай расман аз кор озод шудааст аммо ҳама корро мекунад, баҳоҳои донишҷуёнро гирифта сум кор мекунад. Холовро баъди 3 моҳ боз дар ҷояш гузошт,чунки Холов Шералӣ, додари ҳамин ректор ҳаст, агарчи насабаш дигар аст вале чунин мегӯянд ва мумкин аст ҷиянаш бошад вале додари ректор мешиносандаш.

Понздаҳум: Хаспалаев Турахон, ин ҳам шогирди Давлатов Фаридун  аст хело моҳир аст дар корҳои коррупсионӣ.

Шонздаҳум : Сарварии Маркази тестии ДДОТ Хидиров Улуғбек Одилхонович, аз ҳама порахури калон, ба ҳама кори бад дар донишгоҳ қодир ва миллионҳо сомонӣ ба даст меоварад. Ба Назаров Давлатхон ва ҳам ба Давлатов Фаридун аз донишҷӯён пул ҷамоварда месупорад. Ректор хост ӯро аз кор гирад вале бо пули калон худро барқарор кард,чун ҷой пулкоркуниро бар уҳда дорад.Ҳама донишҷӯён хуб мешиносанд ин ҷонварро ва маъруф аст.

Ҳафтдаҳум: Абдуҷаббор, ҷураи Назаров Давлатхон аст. Ин дар қабули комиссия донишҷӯён устухон надорад. Ба Назаров Давлатхон сум мебараду Назаров Давлатхон ба ректор. Ҳар шаб дар ресторананду кораш бо ректор Ибодуллозода Аҳлиддин арусбозӣ ва маишат аст. Бо мошинҳои 20- 30 ҳазор доллара мегарданд.

Мо фикр мекунем аз ин ҳама корҳо мақомот дарак надоранд. Биёянд, тафтиш кунанд, як- ду студентро пурсон шаванд. Назаров Давлатхон бисёр одами номард аст, ҳам маҳалгаро мебошад. Дар вақти ректори пешин ҳама маълумотҳоро бурда ба мақомот мерасонид.Ректорро сиёҳу торик кард ва оқибат ҷураи худ Аҳлиддин Ибодуллозодаи  данғарагӣ ба гуфти худ шуд ректор. Ва инро ҷаноб супориш додааст, ки ҳамаро озод кунад.

Ҳаждаҳум :  Эҳсон, коргузори факултети филология тоҷик. Ин ҳам одами Назаров Давлатхон аст, ҳама фармонҳои ӯро бе чуну чаро анҷом медиҳад, ҳатто ҷиноят ҳам бошад.

Нуздаҳум : Мирзоев Шаҳбоз, яке аз сумбиёрҳои Назаров Давлатхон аст, ки дар маркази тестӣ кор мекунад. Пули  транскрипро ба Назаров оварда супорид. Ба ҳама «доля» бастагӣ буд. Назаров бо Давлатов Фаридун   мехоҳанд барномаро нав кунанд, чун ҳама корашанро мақомот нафаҳманд. Аммо мақомот ҳам пул гирифта ҳама ором гаштаанд. Агар вазорати маориф ва илм, кумитаи Амният, дастгоҳи президент як комиссия ташкил кунанду тафтиш намоянд ҳама ончи гуфтем бар ало ошкор мегардад.

Бистум : Аламов, мудири кафедра яке аз Мушовирҳои  ректор Ибодуллозода Аҳлиддин дар корҳои коррупсионие бояд анҷом диҳад, чун куҳна инҷо кор мекунад ва дар гузашта устоди ҳамин Аҳлиддин Ибодуллозода аст.

Бисту якум : Аҳророва Фарзона, мудири шуъбаи дуюм. Хоҳари аруси ректор. Ин ҳам як порахури дигар асту пулҳое дар ин чанд моҳ кор кард аз ақл ва тасаввури шумо дур аст. Агар нависем схемаи пул кор кунии ӯро дар ҳолати шок мемонед.

Хулоса, ана ҳамин одамҳо донишгоҳро идора мекунанд. Аз осорхона 20 нафар зиёдро ба донишгоҳ бо худаш овард ректор. Муаллимоне, ки дар донишгоҳ солҳои зиёд кор мекардаанд, бе ягон сабаб озод кард. Биёед бихонед чи мегӯяд ҷаноби ректор : «кодекси меҳнат худум ҳастум, кодексора задагиюм». Парво надорад, ки ин устоди донишгоҳ кудак дорад, бевазан аст. Парвои илму маърифат ва дониши донишҷӯён аслан надорад. Нафаронеро,ки ғоибона хонда буданд, ҳамаашонро дар ҳол бе таваққуф пеш кард ва гуфт “шумода ҷавоб”. Боз гапи дигари аҷибаш “рав ту зашита карда биё деканат мемонам”.

  «Дар ягон қонун наомадааст, ки одами ғоибона хондагӣ дар донишгоҳ кор накунад. Мебинем муаллимаҳо ва муаллимонро диламон месӯзад. Ман 16 сол аст инҷо устодам ва номзади илмам вале ҳоло вазъи донишгоҳ риқатовар ва буҳронист. Ҳайрон мешавӣ, раиси ҷумҳуриамон ғоибона хондагӣ аст, президент асту кор мекунад. Худи ректор пас аз ректорияш тоза дарси забони русӣ меомӯзад.»

Мо дар мавриди ин мушкилот ба чандин ҷойҳо муроҷиат кардем, касе аҳамият надод. Шояд, баъди нашри ин матлаб фикр мекунанду ба сарнавишти мо таваҷҷӯҳе мекунанд…

«Мо ба воситаи “Ислоҳ”  мехоҳем дарди устодони ин донишгоҳро ба мақомот расонем ва ҳамааш санҷида шавад ва ҳамаи аз кор пешкардаҳоро, ки зиёда 120 нафаранд бо кор дубора таъмин намоянд. Беш аз 12 нома ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ навиштем ва 17 нома ба вазорати маориф ва илм. Аз ҳеҷ кадоми ин номаҳо дараке нашуд.Ростӣ дигар бовар накардем,ки шикоятҳои моро расидагӣ мекунанду месанҷанд. Ночор ба «Ислоҳ” навиштем. Дар ҳоле даҳҳо маротиба дар аудитория шогирдонро гуфтам “Ислоҳ” -ро набинед,ки онҳо хоинанд. Аммо имрӯз боз корамон ба ҳамин “хоинон” афтод. «

Агар мо аз Данғара нашудем бояд ба Русия равем ва дар стройкаҳо кор кунем? Наход Асадулло Раҳмонов чунин шахси бе савод ва бе маърифатро ба чунин макони илму дониш таъин намоянд.Шумо як журналист ва шахси равшанфикр будед дар гузашта ва хуб мешиносем шуморо. Ҳатто падарам шуморо дарс додагӣ ҳастанд. Барои 200 ҳазор доллар ба ин ҳолат овардани вазъи як донишгоҳи маъруф ва то ба ин сатҳ расонидани ҳолати он хело аламовар аст.

«Ман аз Данғара, ман ҷияни Асадулло Раҳмон, маро Президент гуфт, ки бояд шуморо аз кор озод кунам», тамом,фақат ҳамин гапро мезанаду бас…

Ҷаноби ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО!

Мо медонем шумо тоза ба ин мансаб интихоб шудаед, вале   Ибодуллозода Аҳлиддин ба ин мақом пас аз вазир интихоб шудани шумо ректори ДДОТ таъин шуд.Бовар кунед,дар ҳама ҷиноятҳо ва бедодгариҳои ӯ шумо ҳамчун вазири маориф ҳам шарик ва масул ҳастед. Қазияи ДДОТ-ро,ки 91 сол аз таъсиси он мегузараду ҳазорҳо донишҷӯ аз ин даргоҳ фориғ шудаанду ба қуллаҳои боло расидаанд,имрӯз дар ҳама соҳаҳои кишвар ифои вазифа доранд.Агарчи шумо фориғуттаҳсили донишгоҳи техникӣ ҳастед, аммо ҳоло масъулияти шумост таъин ва барканории чунин “рэкетир”-ҳо. Имрӯз дар сангинтарин ҳолати худ қарор дорад ва гӯйё дар ҳолати қабзи руҳ ва сакарот аст. Ин ректори тоза интихобшуда аслан лаёқат ва малакаи касбӣ дар ин даргоҳро надорад. Охир инҷо донишгоҳ аст, на бозор ва ё супермаркет. Агар дилатон камтар ба илму дониш тапад масъалаи таъйини ин ректоро сареъан бозбинӣ намоед. Бо тамоми масъулият мегӯем,ки он маблағи додаашро чанд карата  рӯёнду гирифт ва ин масъулияти ҷониву касбии шумост,ки донишгоҳро аз чунин афрод наҷот диҳед. Ин садои наҷот талабонаи моро шунаведу амал кунед! Ё шумо ҳам метарсед,ки ӯ аз Данғара ва ҷияни Асадулло Раҳмон аст?

Ҷамъе аз устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Share This Article