РОБИТАИ ҲАЗРАТИ УСМОН (Р) БО ҚУРЪОНИ КАРИМ

Ислоҳ нет

 

Танҳо роҳу равише, ки ҳазрати Усмон (р) ва дигар саҳобаи бузургвор (р) бар асоси он парвариш ёфтанд ва ба рушду мартабаи боло расиданд, Қуръони карим буд. Китобе, ки Парвардигори оламиён онро бар Паёмбараш (с) нозил фармуд ва ба ҳамин далел Набии акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)таъкид дошт, ки ин ваҳдати равишро ҳифз кунад ва фард-фарди мусулмонон ва ҷомеаҳои онон бар ин асос тарбият шаванд. Оятҳоеро, ки ҳазрати Усмон (р)  бевосита аз забони ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мешуниданд, таъсири чашмгире дар сохтани шахсияти ӯ дошт. Ҳамин оятҳо буд, ки қалби ӯро аз палидиҳо пок гардонид, ҷонашонро парвариш дод ва рӯҳашро тарбият намуд, то Усмон (р)  инсони наве шавад, бо арзишҳо, эҳсосот, аҳдоф, маърифат ва роҳу равиши дигар (1) ва ба ин сурат буд, ки Усмон (р)  шефтаи Қуръон шуд.

Абӯабдурраҳмони Сулламӣ аз чи гуна фаро гирифтани Қуръон тавассути Усмон (р)  назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва андозаи ишқи шадиди ӯ ба Қуръон ва амал ба он чунин сухан мегӯяд: Афроде мисли Усмон ибни Аффон ва Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳар гоҳ даҳ оят аз Қуръонро назди ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фаро мегирифтанд, то замоне, ки тамоми маорифи он даҳ оятро фаҳм наменамуданд ва ба он амал намекарданд, ба оёти дигаре намепардохтанд. Бинобар ин, мо ҳам Қуръонро ёд гирифтем, ҳам маорифи онро ва ба он амал намудем. Онҳо муддатеро сарфи ҳифзи он оятҳо мекарданд (2) то битавонанд бо онҳо унс бигиранд ва Қуръон дар ин робита чунин мефармояд:

 «Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд». (Сураи Сод, ояти 29)

Ҳазрати Усмон (р)  аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)нақл мекунад: «Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро ёд бигирад ва ба дигар мусулмонон низ ёд бидиҳад».(3)

Усмон (р) пеш аз вафоти Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)тамоми Қуръонро бар ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пешкаш намуд, то дурустии онро таъйид намояд.

Аз машҳуртарин шогирдони ҳазрати Усмон (р)  метавон ба Абӯабдурраҳмони Сулламӣ, Муғира ибни Абӯшаҳоб, Абӯласвад ва Зарр ибни Ҷайш (4) ишора намуд. Дар ин ҷо шоиста аст ин саҳифаҳоро бо ҷумлаҳое аз ҳазрати Усмон (р), ки дар бораи Қуръони карим аст, биороем. Усмон (р)  фармудааст: «Агар қалбҳои мо аз палидиҳои дунё пок гардад, ҳаргиз аз каломи Худованди бузург сероб нахоҳем шуд». (5) Низ фармудаанд: «Бадтарин рӯз он вақте аст, ки чашм ба аҳду паймони Худованд, яъне Қуръони карим наафтад». (6) Боз фармудаанд: «Се чиз дар дунё маро некӯ аст: Сер кардани гуруснагон, пӯшондани бараҳнагон ва тиловати Қуръон».(7) Ҳамчунин гуфтаанд: «Чаҳор чиз аст, ки зоҳирашон фазилат ва ботинашон фариза мебошанд ва онҳо иборатанд аз: Зиёрати қабрҳо, ки фазилат аст, аммо муҳайё шудан барои марг фариза, аёдати мариз фазилат аст, аммо шунидани васият ва супориши ӯ фариза, ҳамнишинӣ бо солеҳон фазилат аст, аммо пайравӣ аз онон воҷиб, тиловати Қуръон фазилат аст, аммо амал ба он фариза».(8) Низ чунин гуфтаанд: «Зарарноктарини чизҳо даҳ чиз аст: Олиме, ки аз ӯ савол нашавад; илме, ки ба он амал накунанд; назари дурусте, ки мавриди қабул қарор нагирад; аслиҳае, ки мавриди истифода воқеъ нашавад; масҷиде, ки дар он намоз нахонанд, мусҳаф – Қуръоне, ки ба тиловати он напардозанд; моле, ки аз он садақа надиҳанд; аспе, ки савори он нашаванд; илми зуҳд, ки дар назди толиби дунё бошад; умри дарозе, ки соҳиби он аз барои тадоруки зод ва тӯшаи охират суд наҷӯяд.»(9)

Ҳазрати Усмон (р)  ҳофизи комили Қуръон буданд ва ҳамеша мусҳафашонро дар даст доштанд, ба тавре, ки мардум ба ӯ мегуфтанд: «Марди бобаракате китоби бобарактро овард».(10) Он қадар ба қиръоати он мусҳаф машғул шуда буданд, ки пора-пора шуд. Ҳамсарашон ҳангоми муҳосираи хонаи Усмон (р)  хитоб ба шӯришиён гуфт: Ё ӯро бикушед ва ё раҳояш созед, ӯ мардест, ки шабро бо як ракъат ба субҳ мерасонд ва дар ҳамон як ракъат ҳамаи Қуръонро тиловат мекард.(11)  Аз ӯ (р)  ривоят аст, ки дар як шаб ҳамаи Қуръонро дар як ракъат тиловат карданд. (12)Ва ин таҳқиқи сухани Худо дар бораи ӯ аст:

«Оё он кас, ки дар ҳамаи соати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо хирадмандон панд мегиранд».(Сураи Зумар,ояти 9)

Ҳазрати Усмон (р) аз чашмаи зулоли Қуръон нӯшид ва назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)шогирдӣ намуд ва аз хилоли оятҳои Қуръон донист, ки киро бояд парастид ва итоат намуд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дарахти имон ва ишқ ба Қуръонро дар ботини Усмон (р)  борвар намуд ва талош кард, ки саҳоба (р)  ба фаҳми дурусте аз Парвардигорашон ва ҳуқуқи Ӯ таоло бар онон даст ёбанд, зеро он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) медонистанд, ки ин фаҳми дуруст агар бар асоси тоҳир кардани рӯҳу ҷон ва фитрати пок бошад, ба яқин ва имони росих хатм мешавад ва ба ҳамин хотир Усмон (р)   монанди дигар саҳоба (р)  фаҳми худ аз Худованди мутаъол, коинот, маргу зиндагӣ, Биҳишту Ҷаҳаннам, қазову қадар, ҳакиқати инсон ва набарди ӯ бо шайтонро аз худи Қуръон ва Суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дарёфт намуд.

 Худованди пок ва бузург аз ҳар кӯтоҳӣ ва айбе мубарро аст ва соҳиби камолоти беинтиҳо, мисли ваҳдоният ва надоштани шарику монанде ва ҳамсару фарзанд. (13)

Он зоти пок худ мафҳуми убудият ва тавҳиди хешро дар каломи Худ – Қуръони карим ошкоро баён доштааст. Ҳоло ба он мафҳумҳои баланде, ки саҳоба (р)  бо истинод ба онҳо ба фаҳми дурусте аз дин даст ёфтанд, мепардозем. Онҳо биниши худро дар мавриди коинот аз ин оятҳо дарёфт кардаанд:

«Бигӯ: «Оё ба зоте, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори ҷаҳониён! Бар болои замин кӯҳҳо падид овард ва ононро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро дар чаҳор рӯз, яксон барои ҳамаи пурсандагон (ризқталабон) муайян кард. Сипас ба осмон пардохт ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем». Он гоҳҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард. ва осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири (Худои) ғолибу доно». (Сураи Фуссиллат, оёти 9-12)

Саҳобагон бо биниши дуруст аз Қуръон донистанд, ки умри инсонҳо ҳарчанд, ки тӯлонӣ бошад боз рӯ ба завол ва нобудӣ дорад ва дунё ва матоъи он ҳарчанд, ки зиёд ва зебо бошад ночиз ва беарзиш аст. Ҳамон тавр, ки Қуръон мефармояд:

 «Масали ин зиндагии дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то ба он ҳар гуна рустаниҳо аз замин бирӯянд, аз он чи, одамиён мехӯранд ва он чи чорпоён мечаранд. Чун замин пирояи хеш баргирифт ва (бо гулу гиёҳ) ороста шуд ва мардумаш пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо шабҳангом ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯё дирӯз дар он макон ҳеч чиз набудааст. Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем».  (Сураи Юнус, ояти 24)

 Саҳобагон бо эътиқоди росих ва дуруст ба Биҳишт ва Дӯзах, ки аз оятҳои Қуръон дарёфт карда буданд, худ ва зиндагиашонро аз инҳирофу саркашӣ нисбат ба шариати Худованди пок нигаҳ доштанд. Ҳар кас, ки ба сирати ҳазрати Усмон (р)  ва дигар саҳобаи бузургвор назари амиқе биафканад, мебинад, ки чӣ қадар онон дар роҳи шинохти дини Худовандашон талош карданд ва ба чӣ андоза хавф ва тарс аз азобу иқоби Ӯро дар дили хеш мепарварониданд.

 Ҳазрати Усмон (р)  мисли дигар саҳоба (р)  мафҳуми дурусти қазову қадарро аз батни Қуръон ва сирати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дарк кард ва дар он дучори ифроту тафрит (каму зиёд) нагашт. Ин мафҳум дар дилу ҷони ӯ ҷой гирифт ва ба яқин ёфт, ки илми Худованд бар ҳама чиз иҳота дорад. Чунон ки Худованд дар Қуръон мефармояд:

  •  «1Дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ ва даст ба ҳар амале, ки бизанед, ҳангоме ки ба он мепардозед, мо нозир бар шумо ҳастем. Ва бар Парвардигори ту, ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пӯшида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар Китоби мубин навишта шудааст». (Сураи Юнус, ояти 6)

  Усмон (р)  бовар дошт, ки Худовани мутаъол ҳама чизро назди хеш сабт мекунад ва ҳеҷ чизро аз қалам намеандозад, чуноне ки Худои пок фармуда:

«ҳароина, Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин шумор кардаем». (Сураи Ёсин, ояти 12)

Усмон (р)  яқин дошт, ки хости Худованд фарогир ва қудраташ комил аст, чуноне ки Ӯ таоло дар каломи покаш мефармояд:

«Оё дар замин намегарданд, то бубинанд, ки оқибати мардуме, ки пеш аз онҳо будаанд ва нерӯе бештар доштаанд, ба куҷо кашид? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Худоро нотавон созад. ҳароина, Ӯ донову тавоност!» (Сураи  Фотир, ояти 44)

Ҳазрати Усмон (р)  эътиқоди росих дошт, ки Худованд офаридгори ҳама чиз аст, чунонки дар Қуръони карим омадааст:

«Ин аст Худои якто, ки Парвардигори шумост. Худое барҳақҷуз Ӯ нест. Офаринандаи ҳар чизест. Пас Ӯро бипарастед, ки нигаҳбони ҳар чизест!» (Сураи Анъом, ояти 102)

 Ин фаҳми дуруст ва амиқ ва эътиқоди росих нисбат ба масъалаи қазову қадар натиҷаҳо ва асарҳои муҳимме дар даруни ин марди бузург гузошт, ки дар баҳсҳои оянда ба тафсил ба он хоҳем пардохт. Усмон (р)  аз тариқи дарки амиқи Қуръон ва ҳақиқати худ ва ҳамаи инсонҳо пай бурд ва донист, ки ҳақиқати ӯ нахуст ба як асли дур, ки ҳамон хилқат аз хок аст, бармегардад ва сипас вуҷуди худро ба унвони як инсон аз як нутфаи ночиз ва беарзиш мегирад, ҳамчуноне ки дар Қуръони пок омадааст:

«Он ки ҳар чиро офарид ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати инсонро аз гил оғоз кард. Сипас насли ӯро аз усораи (шираи) обе беқадр (нутфа) падид овард. Он гоҳ аъзои ӯ рост кард ва аз рӯҳи Худ дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо ва дилҳо офарид. Чӣ андак шукр мегӯед!» (Сураи Саҷда, оёти 7-9)

 Усмон (р)  ба ин бовар расида буд, ки Худованд худ инсонро ба сурату зоҳири зебо ва мутаносиб офарида, ба ӯ неъмати ақлу ташхис ва тавони сухан гуфтан ато фармуда, осмонҳову замин ва ҳар ончӣ дар онҳо аст, дар тасарруфи ӯ гардонида, ин мавҷудро бар бештари офаридаҳояш бартарӣ дода ва ӯро ба фиристодани паёмбарон алайҳиму-с-салом қадру манзалат фармудааст.

 Усмон (р)  медид, ки Худованди азза ва ҷалла инсонро бо муҳаббат ва ризояти худ халқ намуда ва ин авҷи каромат ва шарофати навъи инсон аст ва ин шарофатро танҳо аз тариқи пайравии Набии акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки мардумро ба сӯи ислом ва ҳаёти пок дар дунё ва охират фаро мехонад, метавон ҷуст. Ҳамчуноне ки дар Қуръон омадааст:

«ҳар зану марде, ки кори некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард». (Сураи Наҳл, ояти  97)

 Ҳазрати Усмон (р) бо шинохти оёти Қуръони карим ба ҳақиқати адовати шайтон бо инсон ва лозим будани набарди башар бо ин вуҷуди палид, ки ба роҳҳои гуногун ва шеваҳои мухталиф талош мекунад инсонро васваса намояд ва оташи сӯзони шаҳватро дар ӯ шуълавар созад, пай бурда буд. Ӯ ва дигар саҳобаи киром бо талаби ёрӣ аз Худованди бузургу тавоно ба ҷиҳод бо он мавҷуди паст ва низ шайтони даруни худ (нафс) пардохтанд. Онҳо бо панд гирифтан аз достони ҳазрати Одам (а) ва берун гаштани ӯ аз Биҳишт, ба ин асл пойбанд буданд, ки ҷавҳар ва асоси ислом итоъати мутлақ ва бечуну чаро дар баробари Худованд аст ва инсоне, ки қобилияти гуноҳ ва исёнро дорад, бояд бо ибрат гирифтан аз исёни Одам (а), зарурати таваккал бар Парвардигорашро аз ёд набарад ва аз аҳамияти тавбаву истиғфор ғофил нашавад. Усмон (р)  ва дигар ёрони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нафси хешро аз такаббур ҳифз менамуданд, инчунин таъсири некӣ ва аҳаммияти суханони зебо ва таъсири он бар мухотабро дарёфта буданд. Дар ин замина дар Қуръони карим Худованд мефармояд:

«Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин ваҷҳ сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмане ошкор аст!» (Сураи Исро, ояти 53)

Бале, инчунин буд, ки Усмон (р)  бо ислом зист ва дар роҳи нашри он ҷиҳод намуд, усул ва фурӯъи динашро аз Қуръон ва Суннати Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷуст ва аз пешвоёни ислом шуд. Аз ҷумлаи имомон ва пешвоёне гардид, ки роҳи ростро ба мардум нишон медиҳанд ва мардум аз рафтор ва гуфторашон пайравӣ мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки Усмон (р)  аз котибони ваҳй ва мавриди эътимоди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд.(14)

Маъхаз:

.     Ас-сирату-н-набавия, Ассаллобӣ (1/145).

  1.     Ал-фатовӣ (13/177).
  2.     Саҳеҳу-л-Бухорӣ, фазоилу-л-Қуръон (5027).
  3.     Таъриху-л-ислом, аҳди-л-хулафои-р-рошидин, Аз-заҳабӣ, с. 467.
  4.     Алфатовӣ (11/122) ва Албидоя ванниҳоя (7/225).
  5.    Албидоя ванниҳоя (7/225) ва Фавоидул-калом, с. 275.
  6.    Иршоду-л-ъибод ли-л-истиъдоди лиявми-л-миъод, с.88.
  7.    Иршоду-л-ъибод ли-л-истиъдоди лиявми-л-миъод, с. 90., Фавоиду-л-калом, с. 278.
  8.     Иршоду-л-ъибод ли-л-истиъдоди лиявми-л-миъод, с. 91., Фавоиду-л-калом, с. 278.     
  9.    Ал-баёну ва-т-тибён (3/177). Фавоиду-л-калом, с. 273.
  10.    Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/227).
  11.    Ал-хилофату-р-рошидату ва-д-давлату-л-уммавия, с. 397.
  12.    Манҳаҷу-р-Расули фӣ ғарси-р-руҳи-л-ҷиҳодия, с. 10-16.
  13.    Ас-сиёсату-л-молияту ли-Усмон ибни Аффон (р), с. 22.,
  14.   Ат-табйину фӣ ансоби-л-қурайшийин, с. 94.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

 

Share This Article