Рустам аломат дода истодааст,ки “пешво”як ҷасади сиёсӣ аст

Ислоҳ нет

 

 

Моҷарои “финансист”-и Рустами Эмомалӣ,таҷлил аз Рӯзи Артиш ва сӯҳбатҳои Раҳмонов дар мавриди “коҳиши эътимоди миёни давлатҳо” ва ин ки мегӯяд “хатари фурӯрезии низоми байналмилалӣ” ба миён омадааст, таҳрик дод ва водор кард, ки лабтобро пеш кашам. Чанд рӯзи пеш дар нашароти маҷозӣ аз як “аммо”-и дар сари роҳи Рустами Эмомалӣ ва фаромӯшмонда навишта буданд, ки шлагбаумвор иҷоза ва имкон намедод, ки шаҳрдор курсиии Убайдуллоев дар Маҷлиси миллиро ҳам муфту ройгон тасоҳуб кунад. Анде нагузашта буд, дигарбора сар задам,ки он “аммо” –ро ҳазф ва пок кардаанд ва бо ин ҳол қоил омадаанд, ки ҳеҷ “аммо”-е дар кор нест, ҳама “аммо”-ҳо аз байн бурда ва шикаста ва ба дур афганда шуда, лобал ба “оре” иваз шудааст.

 

То ҷузъиёту то резаҳояш бартараф ва ҷода ҳамвору нарм аст. Убайдуллоев ба пенсия фиристода мешавад, шоядам раиси Профсоюзи ҷумҳурӣ бишавад, бастагӣ дорад ба илтифот ва ҷуди Раҳмонов. Орзуву ҳавасҳои Раҳмонов барои ҷойгузинии Рустам аз ҳамин “стул”-и Убайдуллоев бароварда хоҳад шуд. Сад бор ба сӯи он стул“чашмак” зада шавад ҳам Рустам ба таври расмӣ нафари дуввуми Тоҷикистон хоҳад шуд ва камтар аз андозаи чанд ангушт то қудрати асосӣ хоҳад монд ва фосила ҳам чандон тӯлонӣ нест.

Имкон дорад Рустам аз баҳор то тирамоҳи соли ҷорӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва сипас раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бишавад. Шояд ҳам худи Раҳмонов ин бор низ номзад ва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бишавад ва яке ду сол ва ё се-чаҳор сол биистад ва истеъфо диҳаду ҳама зарфият ва шароитро барои Рустам бигзорад. Бале ,инро дигар ба гуфтаи русҳо мешавад гуфт “дело техника” аст. Инҷо аз авомил, ки тавонад ин ҳамаро маҳор ва ба ҳам занад, танҳо Русия хоҳад буд. Ингор Қазоқистон ва наҳваи таҳаввули қудрат дар он кори русҳо буда бошад ва бар ҳамин бовар такрори он дар Тоҷикистонро баъид намедонанд. Ба ин маъно, ки на Раҳмонов ва на Рустам дигар ҷойи Раҳмонов нахоҳанд буд. Бидуни шак,ин як гузинаи ормонӣ аст ки тамоми халқи Тоҷикистон, маҷомеи байналмилалӣ ва ҳама қувваҳои прогрессивӣ дар саросари дунё таҳаққуқ пайдо кардани онро мехоҳанд. Вале кадом фишореву фишанге вуҷуд надорад, ки болои Раҳмонов зер кунанд ва зӯр оваранд, то аз нақша-ниятҳояш даст бикашад.

 

Маъаласаф ба назар мерасад дар худи Русия ҳам мисли онки ҳаво ба самти як диктотурии бадтар аз даврони коммунистӣ тағйир мекунад. Ва баъид аст,ки Русия Раҳмоновро аз роҳаш бозгардонад.Аз инҷо метавон гуфт, ки ҳеҷ “аммо”-е Рустам надорад. Вай дар ҷойи падараш меояд. Аммо… бале аз ҳаминҷо,шурӯъ аз нишастан ба курсии падар “аммо” ва на як тову на як бор, сару садо баланд мекунад. Хеле сахт ва хеле тунд. “Аммо”-е ва “аммоҳо”-е, ки Рустам ба он мавоҷеҳ хоҳад шуд,ҳамин аъзои оилаанд. Дар даврони риёсати Рустам туғёну тӯфон мекунанд, тундтару шадидтар хоҳанд шуд. Рустам ҳисса ва саҳме аз тиҷорати язна ва хоҳаронашро хоҳад гирифт. Мисли онки ба “Авесто-групп” — ширкати ҳамсинфаш дод. Ҳол ки Раҳмонов сари кор аст,шурӯъ кардааст,он вақт, ки “в не игри” бишавад, фикр мекунед чи хоҳад шуд?

 

Ҳафт хоҳари монои ҳафт аждаҳо бо ҳафт шавҳари гургхӯ ва тағоҳои дарёдаркаше чун Ҳасан Асадуллозода сокит хоҳанд шуд, ки яке, яке тиҷоратҳояшон гирифта бишавад? Бале ҳамин “аммо” дар воқеъ барои Рустам хеле ҷиддӣ аст. Боз ҳам такрор бишавад ҳам бигӯям,ки Рустам барои касби қудрат “аммо”,ҳатто барои гирифтани ҷойи имрӯзии Убайдуллоевро надорад, чун инҷо низ 35-ро ба 30 иваз кардаанд, ҳама аммоҳо маҳор шудааст, вале баъди нишастан дар қудрат “аммо”-ҳо яке пайи дигаре буруз хоҳад кард. Ва барои рафъ ва дафъи ҳатто як дона аз ин аммоҳо зилзилаҳое рух хоҳад дод. Заминларзаҳое, ки ба андоз таъсир мекунад, ба нафақа таъсир мекунад, ба маош таъсир мекунад….Талотуму такопӯи нафсҳои миллион ва миллиарддолларӣ, вақте Раҳмоновро дар маҳалли мақбараи мӯҳташами момаи Майрам “прописка” мекунанд, шӯри маҳшар барпо хоҳанд кард. Фиръавн, Қорун, Чингиз, Темур Ҳитлер, Чувашевский,Каримов ва Қаззофӣ ҳам буданд, рафтанд…. истисное нест.

 

Дар ин чанд соли ахир, ки дасташро ба оби хунук назадааст ва ягон бор аз оғилу каҳдон ҳам хабар нагирифтааст, кораш фақат хӯрдану варам кардан, дилу шушу ҷигараш рӯған бастааст, на танҳо чашму гарданаш чарбӣ бастааст, барои ҳамин зуд ва фаврӣ меравад, зиёд мунтазир намекунад. Рагҳои дилаш ва ё шарёни мағзи сар дошт намедиҳанд. Ҳамаро аз вуҷуди касифаш роҳат мегузорад. Ин ша Аллоҳ ин ҳама дар роҳ аст ва кишварро ба як марҳалае орзуӣ хоҳад расонд. Аммо, “аммо”-и Рустам то ҳадди охир мерасад, барои молу манол ҳамдигархурӣ мешавад, зеро ҷое барои хӯрдани тими Рустам боқӣ нагузоштаанд, ҳамаро гирифтаанд ва Рустам ҳам барои хуронидан боқии чизҳои бударо мегирад ва ба аъзои командааш медиҳад ва дар ҳақиқат онгоҳ заминларза ва зилзила иҷтимоъро, на танҳо Рустамро фаро мегирад. Аммо, аммо ҳоло чӣ?

 

Ҳоло Раҳмонов аз Артиши миллӣ ва рӯзи таъсиси он ҷашн гирифт. Аз рӯзе,ки Фронти халқии зиддихалқӣ дар соли 93 мунҳал эълон шуду командирону боевикҳои он табдил шуданд ба афсару сарбози Артиши миллӣ. Ҳамин рӯзи Артиши миллиашро ҳам ба рӯзи Артиши аҷнабӣ ва ғосиб якҷо ва якрӯз кардан худ шаҳодати он аст ки ин Артиш ва ин давлат то куҷо тоҷикӣ ва миллист. Раҳмонов аз он гуфт, ки Артиши миллӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ чи корнамоҳо нишон дод ва чи корномаҳо барои эъмори сохт ва ҳокимияти конститутсионӣ.

 

Дар асл Артише, ки Раҳмонов аз он воҳима мекунад, ки ҷанги шаҳрвандиро фурӯ нишонд, ҳеҷ коре ҳам аз дасташ наомада буд ва ин як дурӯғи дигари вай аст. Артише,ки дар заминаи Фронти халқӣ ва бо имдоди Узбакистон ва Русия ташаккул ёфт, зери итоати В. Шишляников шаҳрванди Русия ва афсари Нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон ташкил шуда буд. Худи ҳамин вуҷуди аввалин вазири мудофиаи ба ном ҳукумати конститутсионӣ кофӣ аст, бигӯем,ки ин артиш то куҷо миллӣ буд?

 

Ва ҳам ин воҳима, ки ҷанги шаҳрвандиро нишонд,низ воқеият надорад. Разманда ва муҷоҳидин ин артишро зада зада, то ба хиёбонҳову доманаҳои Душанбе омаданд. Муқобили афроди бесилоҳ дар Бадахшон “қаҳрамонӣ” кард, хуни даҳҳо бадахширо рехт ва андаруни чойнику косаи хуҷандиҳо “салдатҳои Маҳмуд” кофта то дастбанду побанд ва сибаву сучуки онҳоро бурданашро мешавад дар корномааш зикр кард. Алайҳи Аловуддин Давлатов ба Ғарм юриш бурда ӯро баъди ба асорат бурдан,бар хилофи тамоми меъёрҳо бо дастури Раҳмонов куштан ва ҳамин тавр Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои изтирориро ҳадафи тир қарор доданашро ҳам аз “қаҳрамониҳо”и ин артиш метавон гуфт.

 

Аммо ҳоло вазъу ҳоли ин артиш ин аст ба як дарди сар табдил шудааст. Касе намехоҳад, ки дар сафи он сарбоз бошад. Ҳолат ва мавридҳое, ки ҷавонони навхат “облава” шуда ва аммо дар артиш кушта шуданд ва инки артиш низ ба як манбаи ғорату бизнес табдил шудааст, аз хурд то калон огоҳ аст. Раҳмонов,гӯиё тоза фаҳмида бошад, ки дар артиш фарзанди вазиру раис хидмат намекунад. Вақте на писари худаш ва на набераи худаш хизмат намекунад, магар вазир ҳозир аст ки писарашро бигузорад аскарӣ равад?

 

Инки мегӯяд нерӯи захираии артиш то 300 ҳазор афзуда бишавад, чун хатар таҳдид мекунад, як таҳлука ва воҳимаандозии аблаҳонае беш нест. Артише,ки аз “облава” ташкил мешавад чи 10 ва чи 300 ҳазор захира дошта бошад ҳам ҳеҷ гоҳ ҷанг намекунад. Дар асл чаро бачаҳои мардум бираванду барои Раҳмонов посбонӣ ва ҷанг кунанд? Раҳмонову оилааш ғорату дуздӣ карда гарданд, ин сарбозони камбағалбача, ки падарони муҳоҷир доранд , ӯро ва давлати ӯро бояд муҳофизат мекардаанд?

 

Дар мулоқоташ бахшида ба Рӯзи артиш аз “коҳиши эътимоди байнидавлатҳо” ва аз хавфи фурӯ рехтани низоми байналмилалӣ ва аз “исломи сиёсӣ” изҳори нигаронӣ кардааст. Мусалламан ҳар гоҳе Раҳмонов аз “исломӣ сиёсӣ” ҳарф мезанад, дақиқи ки он шаб ҳатман ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ дар хобаш даромадаанд.Вай вақте аз “исломи сиёсӣ” ба унвони як абзори тарсу ваҳшат сифат мекунад, ки ҳамин ҳамсояҳояш, Афғонистон, Покистон ва Эрн дар номи давлати худ “исломӣ” доранд ва гузашта аз ин аз нисф зиёди кишварҳои мусалмоннишин ба шумули Арбасистони Саудӣ ва ё ҳамин Қатар девону минбару қавоид ва қавонинашон исломӣ аст ва мардумонаш ҳеҷ хатаре аз “исломӣ” будан надоранд. Ин номусалмон аст ки аз “исломӣ” будан ҳарос дорад ва дигарҳоро метарсонад.

 

Аслан маълум нест,ки “ коҳиши эътимоди байни давлатҳо” – гуфта ба чи ишорат мекунад? Байни кадом давлатҳо эътимод коҳиш ёфтааст ва чи рабте ба Тоҷикистон метавонад дошта бошад? Аммо инки давлатҳои дунё бо Раҳмонов ҳамкорӣ надоранд ва ҳамкорӣ карданӣ нестанд, иллаташ маълум аст. Чун вай на як роҳбари давлат аст, балки дар воқеъ сардори Гурӯҳи муташаккили ҷиноист, ки давлатро дорад ғорат мекунад. Дар ҳоле, ки давлатҳои дунё боз ҳам ба самти мардумитар, халқитар шудани давлат мубориза мебаранд, Раҳмонов давлатро ба шакли феодалӣ ва сохти ғуломдорӣ табдил дода ҳокимиятро хонаводаӣ карда боз аз эътимоди миёни давлатҳо гап мезанад. Тамоми дарду ранҷи ин ҳарфҳо аз он маншаъ мегирад, ки давлатҳои дунё даъвати ӯро барои террористӣ шинохтани ҲНИТ напазируфтанд, балки давлатҳо ба аъзо ва сарони он шароити зиндагӣ ва фаъолият фароҳам оварданд. Чун дунё бар пояи қонун ва адл бар по аст на усул ва василаҳое,ки ҷангалиҳо дар Тоҷикистон ба кор бурдаанд.

 

Маълум аст ки бо “фурӯрезии низоми байналмилалӣ” гуфтан ӯ чиро дар назар дорад ва ишорааш ба самти кист.

 

Вақте як диктотур аз низоми байналмилалӣ ва назми ҷаҳонӣ сӯҳбат мекунад, ҳарфи маъно ва моҳият надорад. Охир бо ин собиқаи нангин ва ҳозира бадтар аз он Раҳмоновро ба назму низоми байналмилалӣ чи кор. Магар як худкомае, ки ҳудуди сӣ сол бар хилофи ҳама қонунҳо дар сари қудрат меистад чи метавонад бигӯяд. Ва гуфтаи вай чи арзише дошта метавонад? Агар аз низоми байналмилалӣ мегӯӣ чаро аз тавсия ва пешниҳодҳои мароҷеи ҳамин низоми байналмилалӣ муроот намекунӣ. Чаро СММ раҳоии аъзои аршади ҲНИТ-ро талаб кард, ба эътибор намегирӣ?

 

Бубинед, як нафаре, ки демократия ва ҳуқуқи инсонро,ки пояҳои низоми байналмилалианд, муроот намекунад,боз аз фурӯ рехтани он система ҳарф мезанад. Ин ту ҳасти ки ин низомро дорӣ фурӯ мерезонӣ. Як бадраҳ, бадрафтор бадгавҳар, бадният чи тавр аз роҳ аз рафтор аз ҷавҳар ва аз ният мегӯяд?

 

Низоми байналмилалӣ ва ниҳодҳои он Раҳмоновро дар асоси факту рақам мунзавӣ кардааст.Ӯро тақаллубкор, тахаллуфпеша ва фосид ва ноқизи ҳуқуқи башар шинохтаанд, аз инҷо аст ки вай аз коҳиши эътимоди давлатҳо ва аз фурӯрехтани низоми байналмилалӣ гап мезанад. Дар тамоми ҷаҳон медонанд, ки сӣ сол боқӣ мондани ӯ дар қудрат ин ҷавру зулм ба халқу давлат аст ва ин хостаи халқи тоҷик нест. Бадтар аз ин ӯ пири фарсуда ва шикамбора шуда бошад ҳам боз ҳам аз қудрат рафтанӣ нест ва ба ҷойи худаш боз бачаашро оварданист.

 

Аммо инки “финансист”-и Рустам бар рағми баҳои комиссияи аттестатсионии ташкилдодаи худи Раҳмонов дар мақомаш истод, дар назари аввал як кори сода метобад, аммо дар асл шаҳодати он аст ки дар зери об киштиҳои ҷангӣ бо ҳам дар задухӯрданд. Рустам аз ҳамин ҳоло аломат дода истодааст, ки бо нишастан дар қудрат, ончиро хоҳад кард, ки худ мехоҳад ва тавре пеш хоҳад рафт, ки Пешво беш аз як “ҷасади сиёсӣ” манзалте нахоҳад дошт. Ин ша Аллоҳ кам монд, ҳамаашро хоҳем дид…….

 

Share This Article