Ҳеҷ касе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ чени Эмомалӣ Раҳмонов- ин пиракии дар курсӣ бӯву хӯ гирифта аз пирӯзии Сердар Бердимуҳаммадов хурсанд нашуд. Вай ин интихоб ва ин интихоботро бо ҷону дил интизор буд. Филҳол ба номи Сердар табрикнома фиристод. Барои вай саломатӣ ва барори кор хост. Аммо дилаш қарор нагирифту занг ҳам зад. Шодиву хурсандиашро изҳор дошту гуфт «Сердари азиз,қурбони шумо,як ҷаҳон ташаккур,дар ҳар фурсати муносиб метавонед ба Душанбе сафари расмӣ анҷом диҳед».
“Албат, давлатсозакон»-у «давлатмеҳваракон»(номашонро ҳам нагирем,маълум аст ва шарт ҳам нест, ки бигӯему рӯяшро сурх кунем) маро бар он муттаҳам мекунад, ки урфи давлатдориро намедонам, табрик, ки як русуми давлатдорон аст ва Сердарро Путин ҳам табрик кард. ”
Дуруст аст. Аммо табрики Раҳмонов ва занги телефонии вай фарқ дорад. Бо омадани Сердар Бердимуҳаммадов умедҳои дар мағзи дилаш мурдаи Раҳмонов зинда ва болу пар мебарорад. Дилаш тап-тап мезанад. Вай ҳамин ҳоло бисёр мехоҳад, ки мавҷи табрикот ба номи Рустам ҳам ояд. Бисёри бисёр мехоҳад, ки ҳоло ҷойи Сердар Рустам буду ҷойи Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов худаш. Ва, ҳамин тавр осону роҳат, бидуни кадом ҳойюҳуйе, бидуни кадом ихлолу монеае Рустам ба курсӣ бишинад.
“Вақте Рустамро оварду ҷойи Убайдуллоев шаҳрдор кард, гуфта буд, ки ту ҷавонӣ, дар сину сои ту ман ҳоло дар совхоз будам, ту серӣ, барои сериат туро инҷо овардам. Аммо, маълум буд, ки ин як гапи дурӯғ буд ва каме баъдтар ҳама чиз зоҳир шуд, ки Рустам ҳам айни падараш сер набудааст. Ҳамон дуздиҳои кумаки башардӯстонаи Чинро, ки бурданду аз номи Рустам тавзеъ карданд ёдатон ҳаст? Боз ин дуздӣ дар замоне, ки халқи тоҷик аз коронавирус заҷру азоб мекашид. Ана, дар чунин вазъияти бад, рустам чашмашро ба садақаи Чин, ки ба мардум карда буд, дӯхт.”
Албат, ин дар омадаи гап буд, чун ҳарфу гапи мо ҳам дар бораи Сердар нест, дар бораи Гурбангулӣ нест, инҳо баҳонае барои гуфтан аз Рустам ва Раҳмонов аст.
Бе гуфтани ман ҳам шумо хуб медонед, ки аз падар ба писар расидани курсии олии давлат дар Туркманистон ба Раҳмонов руҳу илҳоми тоза мебахшад, орзуҳои ғанабидааш ҷавлона мезанад, бол дармеёварад, ба таҳрик медарояд: «Мешудааст, ку! Рустам аз Сердар чӣ кам дорад? Ман аз Гурбонгулӣ чи фарқ дорам? Ҳама шароит фароҳам аст. Ҳамин ду рӯзи пеш бо Илҳом Алиев аз Рустам пурсидам. Гуфт, бад не. мешавад. Акнун, ки Сердар омад, ман бояд футаамро сахт бубандам».
Дар ҳақиқат Сердар орзуву ҳавасҳои дар ҳоли хазони Раҳмоновро дигарбора об дод. Шаби интихоби Сердар барои Раҳмонов яке аз шабҳое буд, ки шояд дар чанд вақти ахир ин қадар ба роҳат хоб нарафта бошад:
«Азизмои қурутобакам, фатирмаскаам, шири бо ҷурғот алалаам, бухе, къртаи чаканта бупуш, Рустаммона шоҳ мекунем, ту то ҳоло ага бо шоҳ ҳамхоба будиву модари шоҳбачаҳову шоҳдухтарҳо будӣ, акнун Худо хоҳад модари Шоҳ мешавӣ. Сардор роҳро бароямон эла кард. Вақте бо Илҳом Алиев дидору мулоқот кард, худам ҳам ба Рустам бовар кардам. На ҷанги қирғиз, на таҳдиди Толибон на Боқири помирӣ коре аз дасташон барнамеояд. Кабириву ҳизбашу боқии исломиҳои даъвогарро зада аз кишвар пеш кардам. Дигар касе нест, ки сари роҳи маро бигирад. Намебинӣ худи Путин Сардорро табрик кард. Қурбонгулӣ перед фактом монд. Ман чаро бояд бишинам? Ман бояд як бало карда Рустамро Эрон фиристам. Ин бадбахти Ятимов беҳуда маро бо эрониҳо чап кард. Дили эрониҳоро бояд ёбам ва ба воситаи онҳо ба Путин таъсир расонам, ки розӣ шавад».
Хуллас, омадани Сердар Бердимуҳаммадов сабру қарори Раҳмоновро гирифт ва ҳоло вай бетоқатона дар пайи татбиқи ҳамон барномаи аз чанд соли пеш омоданамудааш барои овардани Рустам ба ҷойи худаш ва татбиқи қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат машғул шуда истодааст.
Як нафари огоҳ аз ин барнома ва ҳиллаҳову макрҳои Раҳмонов барои иҷрои он гуфт,ки ҳамин чанд рӯзи пеш фиристодани Рустам ба Озарбойҷон ва ташкили мулоқот бо «ину он» ҳадафе ба ҷуз аз он надошт, ки ӯро «омода» ба намоиш диҳад. Яъне Илҳом Алиев, ки ҳокимиятро аз падараш гирифт, Рустам ҳам аз падараш мегирад. Рустам ҳам Илҳом мешавад.
Аммо, бале, инҷо аммое дорад, ки бисёр ҳам барои Раҳмонов сахту сангин аст. Рустам на Сердар мешавад ва на Илҳом. Чунки на падари Сердар ва на падари Илҳом сӣ сол дар сари қудрат набуданд. Яъне Раҳмонов ҳам ҳақи (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз буд) худашро, ҳам ҳақи Рустамрову ҳам ҳақи бачаи Рустамро пурра кард. Ва, дар ин сӣ сол, ки маълум аст Раҳмонов фақат ва фақат барои авлоду хонаводаи худ кор карду миллионҳоро муҳоҷиру овораву саргардон. Ин як факти раднопазир аст. Тобу тавони халқи тоҷик барои таҳаммули ҳузури Раҳмонов ва оилаи вай ба охир расидааст, Раҳмонов то пойи ҷон ба дили мардум задааст, аз вай мардум хаста шудааст, дигар ӯро ва табиист, ки писари ӯро низ намехоҳад.
” Замони диктотурҳо, замони дарозумрони сиёсӣ ба охар расидан дорад. Вай бояд на ба тарафиТуркманистон, ба самти Қазоқистон ва руйдодҳои он ва сарнавишти Нурсултон Назарбоев руҷуъ кунад. Элбасиро равониданд, чун аз ҳад гузаронида буд. Дурусту дақиқ мисли ҳамин пешво-Эмомалӣ Раҳмонов.”
Дар хабарҳои ахир аз ин кишвар омадааст:
Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурӣ интисобу таъйини наздикони президент ба мақомоти давлатӣ дар ин кишварро қатаған эълон кард, чи расад ба онки курсии президентӣ ба рағми мардум, ба писараш вогузор бишавад. Ҷаноби Тоқаев дар суханронии ахираш эълон кард, ки Қазоқистон аз тарзи мудирияти суперпрезидентӣ ба президентиву парламентӣ хоҳад гузашт. Ин паёми рӯшан ва кинояву ишораи ошкоро ба Нурсултон Назарбоев ва амсолуҳум аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонов аст. Манъи хешу табор, яъне манъи Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмон, Рухшонаи Эмомалӣ ва даҳҳову садҳо домоду ҷияну қудаву андаҳои Раҳмонов ба мақомоти давлатӣ. «Суперпрезидентӣ»-ин яъне Раҳмонов аст, ки ҳам раиси ҷумҳурӣ аст, ҳам раиси ҳукумат ва ҳам ҳатто раиси тую мотами мардум. Ҳоло акнун, бо омадани Сердар, орзуҳояш дигарбора нашъу нуму ёфтан доранду вай худро дар мақоми Асосгузору Пешво-фавқалкул ва фаросуперпрезидент диданист. «Суперпрезидент»-и ҷавонро меораду ин ҳама ихтиёроту салоҳиятҳои беҳадду ҳарсро барояш месупорад ва худаш «гиперсупер» ва фарофаро мешавад. Ингор, дигар халқи тоҷик яксара мурду тамом шуду аз ҷояш намехезаду тавон надорад ва ҳама амсоли «давлатлесак» фақат лесолес мекунад.
“Назарбоев-Элбасӣ ҳам ҳамин гуна фикр дошт, ки вай аз ирқи аршии қазоқҳост ва қазоқҳоро вай одам кардааст ва қазоқҳо абаддудаҳр ӯву духтару домодҳояшро бояд бипарастанд. Аммо дигар Назарбоев не имтиёзе дораду не нуфузу обрӯе. Як шармандаву раду рондае беш нест дигар. Тамоми дуздиҳояшро, дуздиҳои наздиконашро ошкоро мусодира карда истодаанд.”
Тафовути сиёсати давлат дар Қазоқистон ба ҳадде пеш рафт, ки гуфт ба ҷанги Русия алайҳи Укроин тараф намегирад. Балке ин кишвар дар тафовут аз даврони Назарбоеви диктотур ба Укроин ду навбат кӯмаки башардӯстона ирсол дошт ва он ҳам тавассути фурудгоҳҳои кишварҳои урупоӣ.
Аз ин ҷост, ки насиҳат ва машварати ман ба Раҳмонову «давлатчоплусаконаш» ин аст, ки собир бошад, шефтаву шайдои интихоботи Сердар нашавад, дил бой надиҳад, худашу Рустамро дар балои азим гирифтор накунад. Аз танаффури ғунуда, аз тазоҳуроту ошӯбҳои они воҳидии мардум биандешад.
“Охир ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов чанд рӯз пеш нагуфта буд: “вазъияти минтақа ва ҷаҳонро зудтағйирёбанда ва пешгӯйинашаванда” хонда буд?”
Тибқи баъзе аз маълумот Раҳмонов дар мавриди ҷойгузинии Рустам баъзе ҳаракотро анҷом дода истодааст ва алакай дар ин маврид корро шурӯъ намудааст. Аммо дар шакл ва шевои он ҳадс зада истодаанд. Масалан худашро касал гӯяд? Ё истеъфо диҳад ва Рустам иҷрокунандаи вазифа шуда ташаббусро ба даст гирад? Дар зиндагони ҳардуи ин нақшаҳо барои Раҳмонов хело сахт аст.
“Русия тарафи ӯро намегирад, ҳамчунон, ки тарафи Назарбоевро нагирифту «давлатмеҳваракон»ро доғун кард. Чун дар тафовут аз Содир Жапарови кирғиз Элбасии мо-диктотури сӣ сол дар қудрат дар иртибот ба ҳаводиси ахир лаб во накард. Зеро Раҳмонов ба фарқ аз Жапаров даҳҳо миллиард дуздиҳои худаш ва садҳо миллиард доллари наздиконашро дар бонкҳои урупоӣ амбору ғарам кардааст. Ва, аз тарси ин пулҳо ҳоло ҳатто мавқеъе ҳам гирифта наметавонад.”
Ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмонов дар маросими инаугуратсияи Сердар Бердимуҳаммадов Рустамро бифиристад. Аммо аз ҳамин ҳоло бояд санги хунукро дар банди дилаш бигзорад, ки Рустам Сердар намешавад ва Раҳмонов Бердимуҳаммедов….