Сабабҳои хотима ё марги бад (бахши аввал)

Ислоҳ нет

Дар ду мақолаи қаблӣ дар мавриди фарҷом ё хотимаи нек баён доштам,акнун мепардозем ба хотимаи бад.Аллоҳ мо ва шуморо аз ин хотимаи бад нигоҳ дорад..Аллоҳи таъоло бо атои неъмати ҳидоят ба Ислом, бар шахси мусалмон миннат ниҳода ва эҳсон намуда,  барои мусалмон шоиста аст, ки қадри ин неъматро бидонад ва шукри онро ба ҷой оварад ва дар ҳифозати он бикӯшад ва ҳамвора қалбаш байни шавқу бим ва умеду хавф бошад ва ғарқ шудан дар орзӯҳои дунявӣ ӯро аз азоби Худо ғофил накунад ва ҳамчунин тарс аз азоб ба ноумедӣ аз раҳмати Худо мунҷар нашавад, балки дар ҳолати он ду қарор дошта бошад.

Сабабҳоеки сарчашмаи хотимаи бади инсон мегарданд:

  1. Таъхир дар тавба
  2. Орзӯи тӯлонӣ
  3. Дӯстдории гуноҳон ва анҷоми онҳо
  4. Худкушӣ

 

1.) Таъхир дар тавба

Ончи бар ҳама мусалмонон воҷиб аст, ин аст, ки дар тамоми даврони лаҳазоти зиндагӣ ба сӯи Аллоҳ руҷуъ кунанд ва ба даргоҳи Ӯ тавба намоянд. Аллоҳ дар Қуръон мефармояд:

وَتُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ جَمِیعًا أَیُّهَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لَعَلَّکُمۡ تُفۡلِحُونَ﴾

«…Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед» (Сураи Нур, ояти 31)

Ҳамон тавре, ки медонем Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) маъсум аст ва тамоми гуноҳони гузаштаву ояндаи ӯ бахшида шудааст бо он ҳол рӯзҳам сад бор ба сӯи Худованд тавбаву истиғфор мекарданд.

Воғир Алмузанӣ ривоят мекунад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд:

«یَا أَیُّهَا النَّاسُ تُوبُوا إِلَى اللَّهِ فَإِنِّی أَتُوبُ فِی الْیَوْمِ مِائَهَ مَرَّهٍ»

 «Эй мардум!  Ба сӯи Худованд тавба ва руҷуъ кунед, зеро ман дар рӯзе сад бор ба сӯи Ӯ тавба мекунам» Ва дар ҷое фармудааст:

«إن التائب من الذنب کمن لا ذنب له»

«Тавбакунанда аз гуноҳ монанди шахсе аст, ки гуноҳ надорад».

Агар шахсе аз омоҷи ҳамалоти васвос ва фиреби шайтон, ки ба василаи он инсонро гумроҳ мекунад, наҷот ёфт ва дучори васвоси шайтонӣ нашуд ӯ пирӯз шуда, зеро шайтон дар дили инсон русух мекунад ва ба ӯ мегӯяд, ки барои руҷуъ ба сӯи Худованд фурсати зиёде дорад ва ӯро бо фикру васвасаи худ фиреб медиҳад, то дар тавба таъхир кунад. Ҳамчунин дар дилаш васваса меандозад, ки агар тавба кардӣ ва баъд аз он бори дигар муртакиби он гуноҳ шудӣ тавба аслан пазируфта намешавад ё ин ки мегӯяд: эй инсон ту ҳоло ҷавон ҳастӣ аз ин ҷавонӣ ва шукуфаи умрат истифодаи комил бигир ва худатро дар ин муддат зиёд пойбанд ба тоату бандагӣ қарор надеҳ ва ҳангоме ки ба синни боло (50-60) расидӣ тавбаи нусӯҳ хоҳӣ кард. Дар он вақт масҷидро бар худ лозим бигир ва аъмолеро анҷом бидеҳ, то муқарраби даргоҳи Илоҳӣ шавӣ. Аммо эй инсон, огоҳ бош, ки инҳо ҳама васвоси шайтонӣ аст ва чӣ басо афрод ҳастанд, ки ба сини пирӣ намерасанд ё фурсати тавбаро ба даст намеоранд. Дар оёти қуръонӣ ва аҳодис омада, ки агар сад бор тавба кардӣ баъд аз он гуноҳ анҷом додӣ аз даргоҳи Илоҳӣ  ноумед машав ва ҳамчунин баъзе аз бузургон фармудаанд, ки агар дар тавба имрӯзу фардо кардӣ бидон,ки “яке ё агар” аз васвоси шайтонӣ аст ва шайтон ҳамеша дар ин фикр аст, ки инсонро аз ҳақ мунҳариф гардонад.Миёни муъмини пойбанд ба умури шаръӣ ва инсони ғофилу гумроҳ ин дур шудан аз аҳкоми шаръӣ аст.

Дунё ба манзалаи ҳамин шаҳр аст, ки бояд инсон барои саройи охират тамоми тӯшаи худро муҳайё кунад ва омодаи сафар бо дори охират бошад. Муъмини қави ирода ва устувор ҳангоме ки дар ин дунёи фонӣ ба фикри охират аст ва амали некӯ анҷом медиҳад ва ҳангоме ки марг ба суроғаш меояд бо оғӯши боз аз ӯ истиқбол мекунад ва хушҳол аст, ки ба мулоқоти Парвардигор ва ҷаннатулмаъво, ки тамоми неъматҳо дар он ёфт мешавад, меравад, аммо шахсе, ки дар анҷоми умури шаръӣ кӯтоҳӣ мекунад монанди ҳамон мусофирати ғофил аст, ки барои сафараш ҳеҷ  тӯшае барои худ омода накарда ва ҳангоме ки марг ба суроғаш биёяд хеле нороҳат мешавад ва дар он ҳангом афсӯс мехурад, ки эй кош амали некӯ анҷом медодам ва тӯшае барои охират бармедоштам, аммо ин афсус хӯрдан ҷуз надомат ва пушаймонӣ натиҷаи дигаре надорад ва дар он вақт мегӯяд :

﴿حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ لَعَلِّیٓ أَعۡمَلُ صَٰلِحٗا فِیمَا تَرَکۡتُ﴾

«Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон.  Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.» (Сураи Муъминун, оёти 99-100)

2.) Орзӯҳои тӯлонӣ

Сабаби бадбахтии бисёр аз мардум ҳамин орзӯҳои тӯлонӣ аст тавре ки шайтон онҳоро васваса мекунад ва дар муқобили чашмонашон амри зиёдеро ба тасвир мекашанд, онҳоро тавре васваса мекунанд, ки аз охират ғофил мешаванд ва мудом дар ин фикранд, ки чӣ гуна ба ин орзӯҳои худ бирасанд ва ҳеҷ гоҳ марги дигаронро низ ба ёд намеоваранд ва агар лаҳзае ба ёд оваранд ба он таваҷҷӯҳ намекунанд ва аз марги дигарон низ ибрат намегиранд, зеро ба лаззот ва хушгузаронии дунё машғул шудаанд ва муҳаббати дунё пеши чашмонашонро гирифтааст ва чашми басират ҳам надоранд, ки бо чашми басират ба дунё назар кунанд, ин дунё мисли боди зудгузар аст ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ду чиз барҳазар доштаанд ва мефармоянд:

 

«إن أشد ما أخاف علیکم خصلتان: اتباع الـهوی وطول الأمل، فأما اتباع الـهوی فإنه یصدّعن الحق وأما طول الأمل فإنه الحب للدنیا».

 

«Ба дурусти,ки ман дар мавриди ду чиз барои шумо метарсам:

1. Пайравӣ аз ҳавоҳои нафсонӣ.

2. Орзӯҳои тӯлонӣ»

Пайравии орзӯҳои нафсонӣ шуморо аз ҳақ мунҳариф мекунад ва орзӯҳои тӯлонӣ сабаби афзоиши муҳаббати дунё дар қулуби шумо мегардад.

Поёни бахши аввал,идома дорад

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

Share This Article