Сабабҳои хотима ё марги бад (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

 

Инсон бояд охиратро бар дунё тарҷеҳ диҳад ва аввал ба фикри обод кардани хонаи охирати худ бошад, зеро обод кардани хонаи охират асл аст ва баъд ба фикри дунё бошад, зеро дунё маҳали кишт аст ва охират маҳали бардошти кишт, ки ҳамон амали солеҳ мебошад. Ҳар тавре кишт кардӣ ба ҳамон тариқ кишти худро бардошт мекунӣ ва бояд инсон тавре дар дунё амал кунад, ки Худованд ӯро бо мунъамини даргоҳи худ машҳур гардонад.

Осор ва аломатҳои орзӯҳои кӯтоҳ дар ду чиз аст:

  1. Пешдасти намудан ба сӯи аъмоли хайру нек
  2. Ғанимат шумурдани вақтҳои зудгузар, умр, зеро муддати умри инсон аз тарафи Аллоҳ муқаддар аст ва каму зиёд намешавад ва дар ихтиёри ӯ аст ва ҳар чӣ аз даст рафт барнамегардад.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳадисе моро ба сабқат гирифтан дар ҳафт чиз амр кардааст ва фармуда:

«بادِرُوا بِالأَعْمَالِ سَبْعاً، هَلْ تَنْتَظِرُونَ إلاَّ فَقراً مُنسیاً، أَوْ غِنىً مُطغِیاً، أَوْ مَرَضاً مُفسِداً، أَوْ هَرَماً مُفْنداً، أَوْ مَوتاً مُجْهزاً، أَوْ الدَّجَّالَ فَشَرُّ غَائِبٍ یُنْتَظَرُ، أَوْ السَّاعَهَ فالسَّاعَهُ أدهَى وَأَمَرُّ».

« Пеш аз ҳафт чиз ба анҷоми аъмоли солеҳа биштобед: Оё интизор мекашад магар фақреро, ки шуморо ба фаромӯшӣ во дорад ё сарвате, ки шуморо туғёнгар созад ё беморе, ки вуҷудатонро фосид кунад ё пирие, ки шуморо харифу танбал кунад ё марге, ки шуморо ба шитоб дарёбад ва ё даҷҷоле, ки бадтарин ғоибе аст, ки интизорашро мекашад ё қиёмат, ки ҳақо қиёмат бузургтарин озмун ва талхтаринашон аст.»

Дӯстдории маъсият ва анҷоми гуноҳ

Ҳангоме ки инсон ба гуноҳ унс гирифт ва гуноҳро ҳамеша анҷом дод ва ба даргоҳи Илоҳӣ руҷуъ накард шайтони лаъин бар вуҷуди фикри ӯ ғолиб мешавад то инки ӯро аз ҳадафи аслӣ, ки ризояти Илоҳӣ ва расидан ба ҷаннат аст боз медорад ва ҳатто дар лаҳазоти охири ҳаёташ низ ӯро танҳо намегузорад, яъне ба гунае бар ӯ ҳоким мешавад, ки ҳар чӣ хешовандон ва атрофиёнаш калимаи шаҳодатро ба ӯ талқин мекунанд гуноҳ ва маъсият бар фикраш ғолиб мешавад ва тавоне надорад калимаи шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ кунад ва аз корҳое, ки қабл аз марг анҷом медодааст, суҳбат мекунад ва бидуни калимаи шаҳодатайн ва ба ҳамон ҳолати фаҷеъ аз дунё рахти сафар бармебандад чи басо марг. Худованд бар забони ману шумо ва тамомии муслимин калимаи шаҳодатайнро ҷорӣ гардонад ҳоло ба суроғи инсон меояд, ки ӯ машғули маъсият ва гуноҳ аст ва Аллоҳ бар ӯ ғазаб мекунад ва руҳаш дар ҳамон ҳоле, ки ба ғазаби Илоҳӣ дучор шуда аз бадан ҷудо мешавад ва бар ҳамон ҳол дар ҳузури Илоҳӣ қарор мегирад ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд:

«من مات علی شیء بعثه الله علیه»

«Аллоҳ бандагони худро бар ҳамон ҳоле, ки ҷони онҳоро қабз кардааст маҳшур мегардонад».

Худкушӣ

Ҳангоме ки ба инсон маъсият ва балое расид ва дар муқобил сабр кард ва аз Худованд аҷр ва подош талаб намуд Худованд низ подоши зиёде насиби ӯ мекунад. Аммо агар дар муқобил бесабрӣ кард ва аз зиндагӣ ба танг омад ва худкуширо беҳтарин равиши халосӣ аз ин мушкилот ва масоиби худ ёфт бидуни ҳеҷ шаке ба сӯи маъсият ва ғазаби Илоҳӣ рӯй оварда ва ғазаби Худовандро барои худ фароҳам овардааст ва нафсеро ба ноҳақ аз байн бурдааст ва  Абуҳурайра аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад, ки фармуд:

«الذی یخنق نفسه یخنقها فی النار، والذی یطعن نفسه یطعنها فی النار»

«Ҳар инсоне, ки худро дар дунё ҳифз кунад дар оташи дӯзах низ худро ҳифз хоҳад кард ва ҳар касе худро дар дунё найза бизанад дар охират низ худро найза хоҳад зад». Яъне ҳар шахсе ба ҳар ҳолате, ки дар дунё худкушӣ кунад дар охират низ ба ҳамон сурат дар оташи дӯзах азоб дода хоҳад шуд.

Ва ҳамчунин Абуҳурайра ривоят кардааст, ки шахсе бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ғазваи Хайбар ширкат намуд ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ӯ ки иддаои ислом мекард ишора карда, ки ӯ ҷаҳанамӣ аст.Ин ривояти дигаре аст,ки дақиқиқан ӯро дар мақолаи пеш оварда будам вале бо шакли дигар аст. Ҳангоме ки ҷанг шуруъ шуд ин шахс дар муқобили мушрикин хуб ҷангро шуруъ кард ва бо онҳо ҷангид, вале дар аснои ҷанг ба ӯ маҷрӯҳияти шадиде расид ва дар ҳамин ҳангом шахсе ба назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омад ва гуфт: Он шахс, ки ту гуфтӣ ҷаҳанамӣ аст, бо мушрикин хуб ҷангид ва фавт кард. Расули Худо (саллалоҳу алайҳи васаллам) боз ҳам фармуд: Аҳли дӯзах аст. Ҳангоме ки мусалмонон ин каломи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро шуниданд тааҷҷуб карданд, аммо дар ҳамин асно шахсе ба назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омад ва гуфт, ки ӯ фавт накарда, балки мавзуъ аз ин қарор аст, ки ҳангоми ҷанг шадидан маҷрӯҳ шуд ва бар ин ҷароҳати худ тоқат наёвард ва сабр накард ва дар посе аз шаб худкушӣ кард. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ин ҳангом гуфт: «اللَّهُ أَکْبَرُ أَشْهَدُ أَنِّی عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ»،

Ва ба ҳазрати Билол дастур дод, то барои мардум эълон кунад:

«إِنَّهُ لن یَدْخُلُ الْجَنَّهَ إِلاَّ نَفْسٌ مُسْلِمَهٌ، وَإِنَّ اللَّهَ لَیُؤَیِّدُ هَذَا الدِّینَ بِالرَّجُلِ الْفَاجِرِ»

«Эй мардум! Огоҳ бошед, ки ҳеҷ шахсе дохили ҷаннат намешавад магар инки мусалмони комил бошад ва ҳамоно Худованд дини худро бо мардуми бадкор низ нусрат ва тақвият мекунад».

Аз Аллоҳ оҷизона истидъо менамоем,ки аз марги бад ва фарҷомеки он сабаби вуруди ҷаҳаннам гардад нигоҳамон дорад.Моро бо камоли имон ва дини ислом зинда нигаҳдору,бо каимаи шаҳодат бимирон омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

 

 

 

Share This Article