Сабаби афзоиши мушкилоти муҳоҷират нотавонбинии ҳукумат аст

Ислоҳ нет

Масъалаи муҳоҷират барои Тоҷикистон  яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ буда, ба як  ҷанбаи глобалӣ табдил ёфтааст ва нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос мешавад.

 

Мушкилоти мавҷуда дар ин самт, хоси теъдоди муайяни мардум набуда, балки фарогири тамоми сокинони кишвар мебошад.

Ба ҷуз ду се оилаи ҳукмрон, оилае,  ки бо ин падида рӯ ба ӯ нашудааст, шояд дар Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад. Ҳукумат муҳоҷиратро як раванди табиӣ ва ҷаҳонӣ дониста, даъво мекунад, ки ин раванд хосси Тоҷикистон нест ва сиёсати дарҳои боз барои муҳоҷират имкониятҳои муносиберо фароҳам овардааст. Бино ба бовари ҳукумати Тоҷикистон иҷозаи қонунии сафар ва муҳоҷират ба ҳар кишвари дигар, шароитеро фароҳам овардааст, ки бо ин восита шаҳрвандон метавонанд дар кишварҳои дигар барои худ ҷои кор ва тиҷорат пайдо намуда, маблағи дилхоҳ ба даст оранд.

Бале,  касе ба ин ҳам шак надорад, ки аксарияти кишварҳо муҳоҷир доранд ва шаҳрвандонашон барои кору пайкор ба кишварҳои дигар мераванд, вале  савол инҷост, ки як муҳоҷири тоҷик аз як муҳоҷири рус, муҳоҷири лаҳистонӣ ва ё қирғизу қазоқ чи фарқе дорад?

 

Муҳоҷири қирғизу казоқу рус ҳар куҷое муҳоҷир мешаванд, ба ҳукумату намояндагиҳои кишварашон эътимод доранд, ки онҳоро пуштибонӣ ва ҳимоя мекунад ва ягон миллат онҳоро таҳкиру таҳвин намекунад. Ба онҳо дар ҳар шароите кӯмак ва аз ҳуқуқашон ҳимоят мекунанд, вале  муҳоҷири тоҷик дар аксарияти вақт худро танҳо ва бе пушту паноҳу бе ҳимоят медонанд. Ба сафоратхонаву консулгарӣ эътимод надоранд. Ҳар кучо таҳқиру тавҳин ва ҳуқуқҳояш поймол мешаванд, аммо ба мақомотҳои дахлдори тоҷик ва сафоратхонаҳо ҳам шикоят намекунанд. Чун медонанд, ки бефоида асту ҳимоят намешаванд ва  камтарин кор бепул ҳал шуданаш амри муҳол аст. Ҳатто муҳоҷирони мо дуо мекунанд, ки корашон ба сафоратҳо наафтад. Пас. бояд ҳукумат, вазорати хориҷа ва вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барономаеро пиёда намояд, ки эътимоди муҳоҷир нисбати намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ ба миён ояд.

 

Масъалаи дигар ин аст, ки ҳукумат ҳамеша масъалаи муҳоҷиринро табиӣ медононад ва аз кишварҳои дигар мисли Мексикаву кишварҳои Африкоӣ мисол меоранд, аммо ба бахши дигаре аз ин масъала ҳаргиз аҳамият намедиҳанд, ки муҳоҷират дар як ҳадди муайян табиист, на дар ҳоле, ки аксарияти мардуми як кишвар ҳамешагӣ муҳоҷир шавад. Тақрибан, кишваре дар дунё ба мисли Тоҷикистон нест, ки мушкилоти муҳоҷират ва дарду ранҷи он  хоси тамоми сокинони ин кишвар бошад. Тақрибан ҳар як оилаи тоҷик муҳоҷир дорад ва бо дарду ранҷу машақати муҳоҷират рӯз мегузаронад.

 

Пас, барои Тоҷикистон ин масъала табиӣ набуда, балки иҷборӣ аст.  Бо адами ҷои кори муносиб мардум маҷбур мешавад ба муҳоҷират меравад ва  дур аз ватан, дур аз наздикону хонаводааш бо ранҷу азобу машаққат дар сармову зери барфу борон кор мекунад, то ноне ба даст овараду аҳлу аёли худро  аз гуруснагӣ наҷот диҳад.

 

Раванди муҳоҷиратро дар ҳоле месазад табиӣ номид, ки дар натиҷаи барномаҳои созанда ва ғамхории давлат рӯ ба коҳиш бошад. Вагарна, на танҳо табиӣ нест, балки   як хатар ва таҳдид ба истиқлолият ва ҳастии миллат аст.

 

Агар ҳукумат ҳавасманди коҳиши ин хатар ва таҳдид бошад, бояд институт ё маркази тадқиқотии махсус дар ин ҷода ташаккул ёбад ва ба он мутахассисони дохиливу хориҷӣ ҷалб карда шаванд.  Таҷрибаҳои ҷаҳонии аз байн бурдани раванди муҳоҷират ва барқарории иқтисодиёт омӯхта шуда, мутобиқи шароити Тоҷикистон пиёда гарданд.

 

Ба ҷои   аз ҷанг, аз зимистони қаҳратун, аз хушксоливу обхезӣ тарсонидан, барномаҳои рӯҳбаланд кардани мардум бояд рӯи кор оянд ва ба ҷои тарс додани мардум аз ҳабсу зиндон, мардум бояд ба фидокориву азхудгузаштагӣ, далериву ҷасурӣ, озодандешиву адолатпарварӣ, эҷодкориву худсозӣ роҳнамоӣ карда шаванд. Миллати тарсӯ эъҷодкору ихтироъкор ва асарнавис намешавад. Миллате, ки барои иқдоми як кор аз чанд ҷониб ҳарос дорад, ҷойи кори нав таъсис дода наметавонад. Миллат вақте тарсӯ мешавад, ба ояндаи кишвару ҳукумати  худ бовар намекунад ва ин аст, ки аксар вақт роҳи наҷотро дар тарки ватан ва муҳоҷир шудан муҷӯяд.

 

Мушкилоти дигар ин аст, ки то имрӯз оид ба теъдоди умумии муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони   меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва маблағҳое, ки аз ҷониби онҳо ирсол мегарданд, иттилои аниқ вуҷуд надорад, ки ин нишони бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба масъалаи мазкур маҳсуб мешавад. Тибқи омори расмӣ аҳолии синни қобили меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  5,6 миллион нафар расидааст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамеша кӯшиш мекунад, омори муҳоҷиринро аз 400 ҳазор то 850 ҳазор нафар нишон диҳад, ки ҳамагӣ 10 то 15 фоизи аҳолии синни қобили меҳнатро дар бар мегирад, ки ин ба воқеият рост намеояд. Дар ҳоле, ки худи вазорати корҳои дохилаи Русия  дар гузориши охираш эълон доштааст, ки танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон беш аз ду миллионро ташкил медиҳанд. Пас, ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки ҳукумати ҶТ аз мардум ва миллати худ воқеъияти омориро пинҳон мекунанд. Чаро?

Чанд сабаби асосии пинҳон кардани омори теъдоди дар муҳоҷират будагони шаҳрвандони Тоҷикистонро метавон тахмин зад.

Якум; Вақте ҳар ҳукумат дар мудирияти кишвараш заъф ва нотавонӣ дорад, ҳамеша кӯшиш мекунад, омор ва рақамҳои  нигаронкунандаро ба мисли муҳоҷират, сатҳи камбизоатӣ, сатҳи бекорӣ ва ғайраро аз воқеъият чанд маротиба паст нишон диҳад.

 

Дуввум; Мушкилоти муҳоҷират яке аз мушкилотҳои умумимиллӣ ва нигаронкунада барои Тоҷикистон аст ва аз ин сабаб  омори муҳоҷиратро ҳамеша пасту ночиз нишон медиҳанд, хабарҳоро дар бораи муҳоҷират инъикос намекунанд то мардум ва миллат пай набаранд, ки ин мушкилот  умумимилливу буҳронӣ аст ва дар суръати пай бурдани мардум норизоиятҳои идоранашаванда ба миён омада, метавонад ҳукуматро аз байн барад.

 

Саввум; Пинҳон доштани ноуҳдабароии худ дар назди ҷомеаи байналмиллалӣ ва кишварҳои кумаккунанда.

Бисёре аз созмонҳо, институтҳои иқтисодӣ ва кишварҳои пешрафтаи демократӣ  ба кишварҳои оқибмонда, мисли Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи муҳоҷират, камбизоатӣ, бекорӣ ва демократикунонии ҷомеъа миллионҳо доллар кумак мекунанд, вале дар ин ҷода  хукумати ҶТ бо вуҷуди ба даст овардани миллионҳо доллар сармояи хориҷӣ, муваффақ нашудааст, ки сатҳи ин падидаҳо паст шавад. На фақат паст нашудаст, балки ба сатҳи нигаронкунанда расидааст, бинобар, барои рӯйпушии ин ноуҳдабароӣ низ, оморро сол аз сол кам нишон медиҳанд. Пас, он маблағҳо ба куҷо мераванд? Албатта, ин мавзуъи дигар аст, ки дар фурсати муносиб хоҳем гуфт.

 

Чорум; Ин ҳам бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии пинҳон кардани омори воқеъии муҳоҷирон, кӯшиши ҷомаи расмӣ пушонидан ба интихоботҳои тақаллубӣ дар кишвар мебошад. Зеро, дар ҳеҷ як интихоботи парлумонӣ ва ё президентии Тоҷикистон, ҳадди ақал дар 15 соли охир, аксари интихобкунандагон ба сабаби муҳоҷират натавонистаанд ширкат кунанд. Табиист, ки дар ҳолати ифшо шудани омори воқеъӣ, ҳатто президенти имрӯзаи кишвар новобаста аз қонундигаркуниҳо барои бақояш дар курсӣ, ғайрилегитимӣ дониста мешавад ва сирри ҳастии ғайриқонунии ӯ дар курсии президентӣ бармало хоҳад шуд.

 

Ин гуна ҳукуматҳо  омори гӯё хушҳолкунандаро барои мардум  боло нишон медиҳанд. Ба таври мисол кишвар 17 масҷид дошт, ҳоло беш аз 4000 ҳазор масҷид сохта шудааст. Инро дар ҳоле ба худ нисбат медиҳанд, ки ман нахондам ва ҳатто нашунидаам, ки як масҷидро ҳукумат бо маблағи буҷа сохта бошаду барои баровардани ниёзи динии мардум пешниҳод карда бошад.  Ин кӯшиш ва ранҷи муҳоҷирону соҳибкорон буд, ки масҷидҳо ва дигар иншоотҳо сохта шудааст ва ҳеҷ гоҳ ҳукумат аз муҳоҷирон ташаккур накардааст.

Мисоли дигар автомобилҳои сабукрав 10 сол пеш чанд адад буду ҳоло чи қадар аст, автомобилро ҳам муҳоҷирон мехаранд, ҳеҷ ақли инсон қабул намекунад, ки як хизматчии давлатӣ ба мисли муаллиму духтур ва ё нақлиётчӣ аз маошаш як автомобил харида бошад.  Маоши хизматчиёни давлатӣ ҳатто ба зиндагии рӯзмарраашон намерасад. Зиёд шудани автомобилҳо ҳам заҳмати муҳоҷирон аст. Як мисоли дигар, сол аз сол нишон додани зиёд шудани корхонаҳо мебошад, ки ин ҳам омори ғайри воқеъӣ аст ва ҳама медонанд, ки корхонаҳои навсохташуда, ақалан дар бештари вақт 1 моҳ ҳам фаъолият намекунад. Ҳатто тамоми асбобҳо ва техникаҳои корхонаҳоро ба дигар ноҳия ва ё шаҳр бурда, дар онҷо дар як бинои нав насб мекунанду  ҳамчун як корхонаи нав бо иқтидори фалон қувва ва барои фалон нафар ҷойи кор гузориш медиҳанд ва лентаро зери қарсакҳои дурудароз мебуранд. Ингуна фиребҳо бештар ба хотири ғайримақсаднок аз худ кардани буҷаи кишвар, ки барои сохтмони иншоотҳо ҷудо мешаванд, амалӣ мегарданд. На барои офаридани ҷои кор. Вагарна, тули ин 27 соле, ки президенти кишвар лентаи ифтитоҳи корхонаҳои наверо, ки мебурад, агар идомаи фаъолият мекарданд, дар берун аз кишвар ягон муҳоҷир намемонд ва ҳама шаҳрвандони қобили меҳнати Тоҷикистон дар худи кишвар ба кор таъмин мешуданд.

 

Фаразан, омори ҳукумати ҶТ дар бораи муҳоҷирон чун гуфтем дар кишвар 5,6 миллион нафар шаҳрванди қобили меҳнат мавҷуд аст ва аз ин ҳар сол аз 400 то 850 ҳазор ба муҳоҷират мераванд, омори воқеъӣ бошад, пас   он 5 миллион аҳолии синни коргар дар куҷои кишвар, дар кадом сохторҳо, кадом фабрикаву корхонаҳо кор мекунанд? Дар ҳоле, ки пай дар пай корхонаҳо фаъолияти худро қатъ карда истодаанд. Танҳо бо гузориши расмӣ дар се моҳи соли ҷори 163 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст. Дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор  соҳибкорони хурду миёна фаъолияти тиҷории худро бастанд, вале мақомоти марбут ба муҳоҷират пай дар пай гузоришҳои ғайри воқеиро барои мардум пешниҳод мекунанд.

 

Кормандони 163 корхонаи саноатӣ, ки аз кор мондаанд, табиист, ки теъдоди бекорони кишварро афзуданд. Аз он ҷумла, 40 ҳазор соҳибкори хурду миёна, ки аз ду се то даҳ коргар доштанд, онҳо низ ба сафи бекорон пайвастанд. Теъдоди корхонаҳо бо вуҷуди пайдо шудани корхонаву коргоҳҳои нав, ба ҷои зиёд шудан то рафт кам шуда истодааст. Ин нишонгари онаст, ки рӯз ба рӯз ба ҷои коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, раванди бекорӣ ва рӯ ба  муҳоҷират овардан дар афзоиш буда, сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 фоиз мебошад.

 

Бӯҳрони  25 солаи иқтисодӣ ва ихтисор гардидани ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноатӣ, сокинони шаҳрҳоро бештар ба бекорӣ ва маоши паст рӯ ба рӯ карда, барои бештар сафар кардан ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар водор месозад. Ба гузориши созмонҳои ғайридавлатӣ кишвари мо беш аз 2,5 млн муҳоҷир дорад ва беш аз 70 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил мекунад.

Бетаваҷӯҳии ҳукумати ҶТ дар ин самт, адами омори дақиқ ва барномарезӣ дар ин ҷода, ҳамчунин набудани стратегия барои эҷоди ҷои корӣ сабаб мешавад, ки иқтисодиёти кишвар ба нокомӣ дучор шуда, амнияти истиқлолияти давлатӣ ва ҳастии миллатро  зери суол барад.

 

Ҳар ҳукумате, ки дар ин ҳолат қарор дорад, ҳатман ба норизоияту мухолифати шаҳрвандони худ нисбати сиёсати пиёдакардааш рӯ ба рӯ мешавад.

Дар кишварҳои демократӣ агар миссияи  аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳамчун оинаи камбудинамо хидмат кардану пешниҳоди роҳҳалҳои алтернативӣ бошад, дар кишварҳои диктотурӣ мисли Тоҷикистон гуфтани камбудӣ ва ишора ба нотавониҳои ҳукумат душманӣ ва хиёнат маҳсуб мешавад. Бо ин фаҳмиш ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои бартараф кардани мушкилиҳо, шабу рӯз овораи мубориза бо “душманону хоинон”-и худ аст. Ин маънои онро дорад, ки пеш аз ҳама барои роҳбарияти Тоҷикистон бақои курсияш муҳим аст, на ҳалли мушкилоти мавҷуда. Барои ҳамин ҳар амалу гуфторе, ки маънои таҳдид ба курсии роҳбарияти кишвар дорад, мушкилоти рақами яки ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин ҳолат қисми зиёди буҷаи давлатӣ ва ҳам қувваи зеҳнӣ ба мубориза бо мухолифандешон нигаронида мешавад.

Ҳамин сабаб мешавад, ки тамоми мушкилоти мавҷуда ҳалношуда боқӣ монад, дороии кишвар тороҷ шавад, қувваи зеҳнӣ ба ҷои эҷодкорӣ ва кашфиёт сарфи мубориза ба таҳдидҳо ба бақои курсӣ гардад.

Мисли рӯз рӯшан аст, ки ҳукумате, ки ба ин ҳол дучор шудааст, на тавони идораи босалоҳияти давлатро дораду на аз уҳдаи ҳалли мушкилоти мавҷуда мебарояд.

(давом дорад)

Илҳомҷон Ёқубов

Роҳбари Асотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ

 

Share This Article