САБР КАЛИДИ КӮШОИШҲОСТ!!!

“Аллоҳ ҳамроҳи сабркунандагон аст” то охирон дақоиқ бо шумоем ва дуъогӯйи Ҳамзаҷон ҳастем ва дастбардорҳам нестем!

 

Сабр кун эй дил, ки он бедоди ҳиҷрон бигзарад,

Роҳати тан чунки бигзашт, офати ҷон бигзарад.

( Ин қиссаи воқеъиро барои хоҳари азиз Миҷгонабону ва фарзандаш Ҳамза, ки имрӯзҳо дар имтиҳони сахту мушкил қарор доранд, мебахшам.)

Холид яке аз табибони моҳиру машҳурест дар бахши ҷароҳат. Ин устоди чирадаст, ки солиёни зиёд дар соҳаи пизишкӣ кору фаъолият дорад, яке аз ҷароҳии кардаашро, ки  як қиссаи  аҷибу ҷолиберо мемонад,  нақл мекунад:

Устод Холид  мегӯяд: Дар яке аз рӯзҳои корӣ, аниқтар рӯзи сешанбе буд, тифлеро, ки ҳамагӣ ду солу панҷ моҳ дошт, ҷарроҳӣ намудам. Баъд аз ҷарроҳӣ тифл дар ҳоли шифоёбӣ буд, аммо рӯзи саввум бароям хабар доданд, ки дил ва нафаси ин тифл таваққуф кард ва кор намекунад. Ба зудӣ наздаш рафтам ва қалбашро масҳ (массаж) кардам, то ин ки кор кунад. Бади 45 дақиқа бо изни Аллоҳ қалби тифл дар тапидан даромад. Бад аз ин назди падару модараш рафтам, то ин ки   онҳоро аз ҳоли фарзандашон  хабардор кунам.  Тавре  ки, маълум аст хабардор кардани падару модар аз ҳоли тифли бемор хеле сахту гарон аст. Ҳарчанд пурсон шудам падаршро натавонистам  пайдо кунам, аммо модаршро вохӯрдам ва аз таваққуфи қалби фарзандаш ва кори дубораи он барояш гуфтам. Модари тифл ба ҷойи гиряву садо сар додан, танҳо ҳамин ибораро мегуфт: “Алҳамдулиллоҳ”

Баъди  10  рӯз ҳолати тифл хеле хуб буд, аммо рӯзи дувоздаҳум дубора қалбаш  таваққуф кард. Аслан ин ҳолат дар тифл баъди  хунрезӣ ба вуқуъ меомад, аммо боре  ҳам модари ин тифл назди табибон норозигӣ ва бетоқатӣ нишон намедод. Ҳолати аввала боз такрор ёфт, яъне баъди 45 дақиқа қалби тифл боз ба кор даромад. Холид мегӯяд: Ман ба модари тифл гуфтам, ки ин бор ҳеҷ  умед нест. Модари тифл гуфт “Алҳамдулиллоҳ” ва афзуд, Худовандо, агар дар шифои фарзандам хайре бошад  шифояш бидеҳ. Аммо ин ҳолат баъди хунрезӣ дар гулӯи тифл 6 маротиба такрор ёфт, вале боз бо хости Худованд қалбаш дубора дар тапидан медаромад.

Аз миён се моҳу 15 рӯз гузашт тифл дар ҳоли беҳшавӣ буд, аммо ҳаракат надошт. Баъд аз муддате низ ҳаракат дар тифл пайдо гардид. Холид мегӯяд: ман чунин ҳолатро дар тамоми фаъолияти кориам боре ҳам надида будам ва аз чунин ҳолоте, ки дар ин тифл ба вуҷуд меомад мутаҳайир мондам. Дар давоми беҳаракатии тифл модарашро хабардор кардем ва гуфтем, ки мо наметавонем аз беҳбудии он бароятон чизе бигӯем, аммо боз ҳам модараш гуфтанд: “Алҳамдулиллоҳ”.Худованд ҳамроҳи сабркунандагон аст.”  Мо тифлро барои  муолиҷа дар ҳол ба  ҳуҷраи амалкарди мағзи сар  ва асаб бурдем ва баъди се ҳафта ба фазли  Худованд тифл  шифо ёфт, аммо ҳамоно ҳаракат надошт. Баъд аз ин модари тифлро, ки дар утоқи 5-ум қарор дошт аз ҳоли тифлаш хабар додам ва ба утоқи 6-ум назди бемори дигар рафтам.  Модари  мариз бошад  дод мезад, гиря мекард ва мегуфт: Эй табиб, эй табиб дараҷаи ҳарорати писарамро нишон бидеҳ ки ба 37,6 дараҷа расида аст ва наздик ба марг аст.  Пас  гуфтамаш  як бор ба модари тифле, ки дар утоқи рақами 5 қарор дорад таваҷҷӯҳ кунед, ҳарорати писараш зиёда аз 41 дараҷа аст, аммо ӯ сабр дораду “Алҳамдулиллоҳ” мегӯяд. Ин зан каме андешиду гуфт: модари ин тифл хеле огоҳу собир аст. Холид мегӯяд, ки ман дар давоми 22 соли фаъолияти кориам бори нахуст аст, ки чунин хоҳари  сабурро мебинам, то он ҷойе, ки ҳар гоҳ, ки ҳолати фарзандаш бад мешуд, огоҳаш мекардам, ки дигар роҳи наҷоти фарзандат нест, бо сабр ва таваккул бар Худои Мутаъол “Алҳамдулиллоҳ” мегуфт. 

Баъд аз панҷ моҳи бистарӣ  дар тифл ҳолати дигари аҷибе рух дод, тасби хеле баланд  дар қафаси сина ва дар атрофи тамоми устуғонҳояш ва ман маҷбур шудам қалбашро кушода кунаму кашф кунам, дар ҳоле, ки тифл то ҳамин ҳолат расид модарашро гуфтам, дигар ягон илоҷе нест, модараш ҳамоно мегуфт: “Алҳамдулиллоҳ”. Аз миён 6 шаш моҳу 15 рӯз гузашт тифл аз беҳбудӣ хориҷ шуд, ҳарф намезад, намедид,  намешунавид, ҳаракат намекард   ва қафаси синааш кушода буд, то он ҷо, ки дилашро дидан мумкин буд.

Хонандаи гиромӣ, баъди ин қадар ҳолати вазнину гарон, яъне бемориву  хатар  аз наҷоти ин писарбача ва ин модари собир чӣ интизор доред?

Интизор ҳамин аст, ки Худованд дар баробари ин ҳама сабру таҳаммули модар ва шукри беҳад гуфтани ӯ Худойро барои ин тифл шифои комил дод ва дубора барои ин модари солеҳа тақдимаш намуд.

Ҳамакнун ин писарбача дар пойга бо модараш мусобиқа мекунад, гӯё ин ки боре ҳам бемор нашуда бошад. Баъд аз як солу шаш моҳ рӯзе дар  ҳуҷраи  ҷарроҳӣ  будам яке аз бародарон хабар дод, ки як мард ҳамроҳи хонаводааш мехоҳанд шуморо бинанд, пас ба мулоқоташон рафтам ва ҳамроҳашон як писар ва як духтарча буд ва писар ҳамон тифле буд, ки ҷарроҳияш  карда будам. Ҳоло панҷсола аст, мисли гул аст. Дар саломатиаш мисле, ки ягон ҳодисае рух надода бошад ва пас хуш омадед  гуфтам онҳоро ва пурсидам, ин духтарча фарзанди чандум аст?

Бо лабханде ба сӯям нигарист ва гуфт: Ин фарзанди дуввуми ман аст  ва фарзанди авваламро ки ҷарроҳӣ  карда будед фарзанди якумам аст ки Худованд баъди 17 соли  зиндагӣ бароямон ҳамин писарро насиб гардонид. Вақте ки, фаҳмидам натавонистам нафасамро идора кунам беихтиёр ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Мардро ба ҳуҷраам даъват намудам  ва аз занаш пурсидам : Ин зани шумо чӣ хел зан аст ки, ин қадар сабрро бардошт кард, бар фарзанде ки, Худованд баъди 17 соли зиндагӣ насиб гардонид, пас қалби ӯ пур аз имон ба Худованд аст. Оё медонед мард чӣ гуфт?  Хонандаи гиромӣ гӯш кун ва хуб гӯш кун!!!

Ман 21 сол мешавад, ки бо ҳамин зан зиндагӣ дорам ва муддати ҳамин вақт  боре ҳам надидаам, ки намози шабро тарк карда бошад (қиёми лайл, яне намози шаб) ҷуз ин ки ба узри шаръӣ ва боре ҳам нашунидаам, ки  ғайбат ё суханчинӣ ё инки дурӯғ гӯяд ва ҳар вақт ки, аз хона берун мешудам ё ин ки бармегаштам ба сӯям дарро кушода мекард ва хуб пешвозам мегирифт ва хушомадедам мегуфт ва ба тамоми  дӯстдорӣ ба корҳояш  расидагӣ мекард ва то ба ҳол мекунад. Дар ҳамин ҷо нақли табиб ва пизишки нуктасанҷ Холид, Худо нигаҳбонаш бошад, анҷом ёфт.

Дар фарҷоми қисса камина мехоҳам бигӯям: бародарон  ва хоҳарони гиромӣ аз хондан ва шунидани   ин қисса ва аз сабру таҳамули  ин зани солеҳа дар воқеъ  тааҷҷуб кардед, аммо бояд донист, имон овардан ба Худо, таваккул кардан бар Ӯ, амали солеҳ намудан ва сабр кардан дар баробари  сахтиҳо муаслмони воқеӣ будани шахсро исбот мекунад. Сабр кардан муваффақият ва раҳматест аз ҷониби Худованд, тавре, ки Худованд дар Қуръон, дар сураи Бақара мефармояд:

 

وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِّنَ الْخَوفْ وَالْجُوعِ ..

وَنَقْصٍ مِّنَ الأَمَوَالِ وَالأنفُسِ وَالثَّمَرَاتِ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ

الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُم مُّصِيبَةٌ قَالُواْ إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّـا إِلَيْهِ رَاجِعونَ

أُولَـئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِّن رَّبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ وَأُولَـئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ

155. Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ.

156. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд:«Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ бозмегардем».

157.Дуруд ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд.

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) мегӯяд:

وَعنْ أَبي سَعيدٍ وأَبي هُرَيْرة رضي اللَّه عَنْهُمَا عن النَّبيِّ صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم قال:

«مَا يُصِيبُ الْمُسْلِمَ مِنْ نَصَبٍ وَلاَ وَصَبٍ وَلاَ هَمٍّ وَلاَ حَزَن وَلاَ أَذًى وَلاَ غم،

حتَّى الشَّوْكَةُ يُشَاكُها إِلاَّ كفَّر اللَّه بهَا مِنْ خطَايَاه » متفقٌ عليه.

Аз Абӯсаъид  ва Абӯҳурайра  (р) ривоят  шуда,  ки он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд:  Ҳеҷ  хастагӣ ва  мариз  (беморӣ) ва  ғаму андӯҳ ва озору  шиканҷае бар мусалмон намерасад,  ҳатто хоре, ки ба пояш  мехалад,  магар  ин ки Худованд  дар баробари он бархе  аз гуноҳонашро  меомӯрзад. Ва бояд фаромӯш ҳам насозем, ки “Аллоҳ  ҳамроҳи сабркунандагон аст” то охирон дақоиқ бо шумоем ва дуъогӯйи Ҳамзаҷон ҳастем ва дастбардорҳам нестем!

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад