Аз сафари”пешвои Миллат”ба Қазоқистон чӣ дастовардеро метавон интизор шуд

Ислоҳ нет

Аз сафари”пешвои Миллат”ба Қазоқистон чӣ дастовардеро метавон интизор шуд?

 

 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ин сафар  Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва рушди сайёҳӣ, директорони агентиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ??? ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин вохӯрии сарони кишварҳои осиёи,ки аз чор давалат иборатанд Қазоқистон,Узбекистон, Қирғизистон,Тоҷикистон ва намояндаи президенти Туркменистонҳам ҳамчун нозир иштирок мекунад.

Албатта дар ин нишаст чунонеки медонем ду кишвари бо нуфӯзи минтақа Қазоқистон ва Узбекистон мебошанд.Имкони ба ҳам омадани ин ду кишвар дар масоили ҳамкориҳои бештар ба назар мерасад. Тирагӣ миёни Қазоқистон ва Қирғизистон,то ҳол ҳалли асосии худро ба шакли табии наёфтааст.Он таниш миёни ин ду кишвар қабл аз интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистон тобистони соли гузашта ба вуҷуд омада буд,ки ба баста шудани сарҳад миёни ду кишвар ва сардии муносибот анҷом ёфта буд.Ҳукумати Қирғизистон Қазоқистонро ба дахолат дар умури сиёсии худ муттаҳам намуда буд.Агарчӣ дар замони ҳукумати диктатор Ислом Каримов муносиботи Узбекистон ва Қазоқистон хуб набуд ва пас аз ба қудрат расидани Мирзиёев чунонеки зикр намудам дар боло имкони муносибатҳои хуберо метавон интизор шуд.Мирзиёев сиёсати дарҳои боз ва ислоҳоти куллиро дар кишвар пеш гирифтааст.Бо иттиҳоди ин ду кишвар бозҳам сабаби инкишофи ҳарду кишвар мегардад.

Агарчӣ Қазоқистон ва Қирғизистон кишварҳои узви иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Евразия) бо Русия ва Белорус мебошанд.Миёни ҳам мушкилоти марзӣ ва дахолатҳои сиёсӣ дар умури якдигар доранд.Қазоқистон як кишвари бузургӣ осиёи ва ҳатто пас аз Русия дар минтақа мебошад.Мехоҳад кишваре чун Қирғизистонро, то ҷое зери нуфӯзи хеш қарор бидиҳад,аммо Қирғизҳо ба ин тасмим таслим намешаванд.Аз ин аст,ки ба ақидаи ман дар ин нишаст аз ҳама бештар Қазоқистон ва Узбекистон манфиати бештаре ё тавофуқоти тозаи ҳамкориро касб мекунанд.

Тоҷикистон аз ин ҳамоиш чӣ манфиъате метавонад ҳосил кунад?

Мо хуб медонем кишвари мо дар охири кишварҳои осёи миёна қарор дорад.Кишварҳои дигари осиёи таваҷҷуҳи зиёде ба кишвари мо надоранд.Масалан он табиъат ва маъданҳо,ашёи хомеки кишвари мо дорад Қирғизистон айнан онро дорад ва ҳама заминаҳо барои кишварҳои чун Қазоқистон ва Узбекистони қавитар барои дастрасӣ ва истифода аз онҳо вуҷуд дорад.Агарчӣ муносибати сиёсии Қазоқистон ва Узбекистон бо Қирғизистон на чандон хубҳам бошад.Метавонанд он колои мавриди ниёзи хешро бо пул харидорӣ кунанд.Қирғизҳо бо ин муомила ҳаргиз мухолифат намекунанд ва барои ин ду кишвар дастрастар аст.Пас ҳузури Тоҷикистон дар ин нишаст чӣ манфиат дорад барои кишвари мо?

Муҳимтарин фоидае тоҷикистон аз ин нишаст ҳосил мекунад ин ду чиз аст.

1.)  Мисли қабл бояд шикоятро шурӯъ кунад дар назди сарони ин кишварҳо,ки ман бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорам. Имконоти нигаҳдорӣ аз он бароям мушкил аст ва барои инки кишварҳои шумоҳам дар амн қарор дошта бошанд маро кумак кунед.Ба ин вожа диққат диҳед “ҳамлаҳои эҳтимоли” аз Афғонистонро гардонам.Барои ин маблағ лозим аст, таҷҳизот лозим аст, бояд онҳоро харидорӣ кунам. Шумо роҳат бошед ба ман фақад пулашро диҳед ман худам онҳоро харидорӣ мекунам.Хай маилаш агар силоҳ ва муҳимоте дошта бошедҳам ба ман диҳед мешавад.Чун медонад он силоҳу муҳимотро метавонад ба Афғонистон фурӯшад ва онро ба маблағ иваз  кунад.Мақсад ба даст овардани маблағ аз ин кишварҳо аст на чизи дигаре.

Ба матни поён диққат намоед:

– Васеъ намудани ҳамкории судманди байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ИДМ.

– Мусоидат ба танзими низоъҳо, инчунин фаъолияти сулҳпарварона зери сарпарстии СММ ва ташкилоти байналхалқии дигар.

– Рушд додани ҳамкории байналхалқӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории абармиллӣ ва терроризм.

 – Амалисозии чораҳои дастаҷамъӣ дар таъмини амнияти фазои сарҳадии кишварҳои ИДМ.

– Амалисозии чораҳои фаврӣ ва дарозмуддат барои пешгўӣ ва рафъсозии таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ.

(Ин нуқоти муҳимме барои ҷалби диққати сарони кишварҳо мебошад.)

2.)  Созишномаи амниятӣ ё истирдод миёни Душанбе ва ин кишварҳоро тақвият медиҳад.Агарчӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кишваре сафар кунад яке аз муҳимтарин шартномаҳояш ин созишнома аст.Ҳатто дар сафари тақдирсозашон ба Урдунҳам, ин шартномаро имзо карда буд.Дар ин сафар аз наздик, ҳамаи сарони кишварҳоро сахт ҳушдор медиҳад,ки мабодо дар худ мухолифони сиёсии маро дошта бошед ва онҳоро таслими душанбе накунед.Чунонеки як хабаре дирӯз аз нақшаи ҷангро нашр намуданд.Ин хабари дурӯғ як фишанги хубе барои тақвияти мустаҳкам мондани ин созишнома аст.Ҳатман ин созишномаро ба Афғонистон рабт медиҳад,то ба он аҳамияти ҷиддитар диҳанд ва ҳар шахси машкукро ба тоҷикистон истирдод намоянд,то онҳоро зиндонӣ кунад.

Сулаймон Давлатов узви ҳайат аст:

Инро мехоҳам дар охир изофа намоям мардуми  Қазоқистон кишварест дар мавриди ислом назар ба кишвари мо дар сатҳи поёнтар қарор доранд.Сафари Сулаймон Давлатов дар ин ҳайат барои он аст,ки кумитаи дини ин кишвар аз вуҷудашон касби файз намояд. Ман аз суҳбатҳое бо бародарони қазоқам дар гузашта доштам, Муродулло Давлатов,Сайид Ахмедов,Холиқов ва дигар шахсони исломситези мо дар кумитаи дини кишвар масъул буданд, дарсҳое ба кумитаи дини қазоқ медоданд.Дар мавриди чӣ гӯна бо ислом мубориза бурданро бо равишҳоеки дар тоҷикистон бурдаанд меомӯзониданд.Гӯё ин талаби Назарбоев аз Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 буда бошад,то аз таҷрибаи мо омӯзанд.Агар аҳамият диҳед кумитаи дини ин кишвар айнан тибқи формулаи тоҷикистон амал менамояд. Бародарони қазоқеки огоҳони ин соҳа ҳастанд, ҳама қонунҳои ҷадиди кумита динашонро,тарзи муборизаи беамонашонро ба ислом ба кумитаи дини мо рабт медиҳанд.Ҳатто нашри китобҳои динӣ дар собиқ озод буд ва онро пас аз омӯзаҳои динситезони мо зери рақобати шадиди ин кумита қарор додаанд.Дар мавриди ҳиҷоби занон,риши мардон ва дигар масоили динӣ.Дар гузашта дар сол то ҳафт миллион китоб нашр мегашт,албатта ба русияҳам мерафтанд он китобҳо.Ҳоло ин адад ба адади хело кам поён рафтааст.Ман ин суханро аз ношири китобе мегӯям,ки чор номгӯйи  китоби маро бо забони рӯсӣ тарҷума намуда буданд ва бо адади зиёд нашр мекарданд.Дар охир кумитаи дин барояшон иҷозати бознашрро надоданд.Инҳам аз таъсири бад ва зиди динии “пешвои Миллат” аст,ки ба ин кишвари бузурги минтақа таъсир расонидааст.

Дар ин сафар ба Эмомалӣ Раҳмон ордени “Фаросат” эҳдо гашт.Намедонам барои кадом фаросат бошад?

 

Share This Article