Семейка news №5

Technik
By Technik

Нақши қудоҳои Раҳмонов ва домодҳои мансабдори пурнуфузи вай дар «давлати ниҳодина» кардааш ва дар «мактаби сиёсиаш» бисёр ҳам барҷаста ва ҳалкунанда мебошад. Ҳамаи қудоҳои Раҳмонов набошанд ҳам аммо бештарини онҳо дар мақомоти раҳбарӣ дар ҳукумати Тоҷикистон кор мекарданду ҳоло ҳам зимоми аркони муҳимми давлатиро дар даст доранд.

Мо, вақте барномаи «Semeykanews»-ро роҳандозӣ кардем, гуфта будем, ки ин барнома мухтас ва мансуби ҳамин “Оила” ва давру атрофи он аст.Бовар кунед, он қадар ин Оила ва атрофиёни он ба ҳукумат часпидаанд, ки кана ба пусти барра ин қадар намечаспад ва теъдоди онҳо ҳам аз саршумори ҳайвони калони шохдор ва бузу гуспандони рамаҳои Нуриддини трактористи тагтаррафта камтар нест. Айни яъҷуҷу маъҷуҷанд. Хулоса, ҳисобу сарфарои шумораи онҳоро намеравӣ.Мешавад инҷо бемалол ва нотарсида аломати беохири арифметикаро монд.

Вале, инҷо ва ин бор дар бораи «қудаҳо»-и Раҳмонов гуфтанием.

Соҳибовҳоро, ки медонед. Зоир ва Шамсулло Соҳибовҳо, амак ва ҷиянанд ва боз Зайнуллои зайчик ҳам ҳаст, ки чанд сол мешавад аз «Тоҷиксемент» ба курсии раёсати Оҷонсии хариди давлатӣ ва захоири моддӣ мансуб шудааст. Зоир шуи Фируза ва Шамсулло шуи Рухшона Раҳмонова сафири кабири Тоҷикистон дар Бритонёи Кабир мебошанд. Зайнулло Соҳибов ҳам шояд ягонтоашр мегирифт, вале фикр мекунам успет накард, опоздат кард. Аммо Зайнулло духтари Бег Сабури қудоро гирифту хуб дигар ба шакле бе насиби бе насиб ҳам намонд. Сарвари ин хонавода Ҳоҷӣ Шарифи ё “Шарифи магазинчӣ” қурғанӣ вазифаи давлатӣ надошта бошад ҳам ,аммо аз ҳарчи манмангуи ҳукуматӣ весу роли калон дошт. Танҳо Шариф ба Зайнуллои домодаш шавҳари Сафаргул 14 ҳазор молу гов гузошту рафт.

Аз Ҳоҷӣ Шариф шаш писари сархур ба ҷо мондааст:

Маҳмадулло Соҳибов

Азиз Соҳибов

Маҳмадраҳим Соҳибов

Маҳмадзоир Соҳибов

Нарзулло Соҳибов

Зубайдулло Соҳибов

Духтарҳояш:

Зулхумор,ҳамсари Файзулло Ҳукумов бародари Амонулло Ҳукумов

Сафаргул, ҳамсари Зайнуллои зарди кангуртӣ

Моҳсафар,ҳамсари Ҳасан Асадуллозода

Оминаи чанд шавҳара, як ҳамсараш Саймуддинро

куштанд ва ҳамсари дигараш Марси сангтудагӣ,ки дар мавридаш навишта будем.

Роҳила, ҳамсари Фирӯз,участковийи бозори собиқи Қурғонтеппа буд.

Тақрибан бо ҳама авлоду набераву бачу качашон аз 113 нафар бештар мегуянд.Намехоҳем,ҳамаро инҷо нависему бигуем. Аммо ҳама соҳиби мақом,тиҷорат ва ҷойгоҳанд дар давлати “ниҳодина”-кардаи пешво.

Аммо, падари Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини Бонки Миллӣ, ки чандест ёғӣ шудаву дар бараш ҳазоруяк овозаро кашол кардаанд, вақте бо Раҳмонов «қуда» шуд, аз курсии ПМК мустақим муовини вазири нақлиёт шуда омад. Яъне,ин ба он маъно аст ки имкон надорад, ки «қуда»-и Раҳмонов бошиву аз сахову карами Ҷанобашон бебаҳра бимонӣ ва дар кадом як ПМК бимонӣ. Шояд солҳои тулонӣ дар вазорати нақлиёт кор мекард ва ба бовари калон метавон гуфт, ки вазир ҳам мешуд, аммо ин «қудо» дар як сонеҳаи автомобилӣ ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Вай Озода- духтари «весавой»- беҳ аз сад писари Раҳмоновро аз миёни ҳафт духтари вай келин карда буд.

Вале бахти Ёрмаҳмад Гулов, собиқ вазири саноати сабук,ки баъдан раиси Кумитаи хурокворӣ ва саноати сабук шуда буд, омад накард. Вай падари шавҳари Тахминаи Клеопатра буд. Тахмина ҷудо шуду ҳоли рӯзи Ёрмаҳмад Гулов ҳам ба табоҳӣ гароид. Раҳмонов ҳам аз вазифа сураш карду ҳам бизнесашро кашида гирифту қоқи қоқаш карду ҳам дар як гушае, ба хориҷ аз назарҳо дур андохт. Вагарна аз наздиктарин «сабутилник» ва аз қаринтарин дӯстони Эмомалӣ Раҳмонов буд.

Вале ҳоло корди Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, ду нафар қудоҳои соҳибмансаби Раҳмонов болои думба аст. Дар тамоми кишвар ҳама чиз барои инҳо доступно аст. Як мисоли одӣ меоварам. Ҳарду ин мансабдори давлатӣ, ки яке Зарина Раҳмоноваю дуввумӣ Фарзона кенҷагии духтарони Раҳмоновро келин кардаанд, бизнесҳои чандмиллионӣ доранд. Дар бораи бизнеси героини ин ду инҷо чизе намегуем. Аммо ин ду дар тиҷорати сохтмон-домсозӣ хеле ҳам пешрафтаанд. Ин дар ҳоле аст ки тибқи қонун мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон ҳақи машғул шудан ба тиҷоратро надорад. Аммо, чуноне мебинем, ҳатто офиси корхонаи домсозии Бег Сабур дар бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қарор дорад.

Чанд муддат болои сари Бег Сабур ҳам зоғони сиёҳ ба қарқар даромаданд. Кумитаи меъморӣ, ҳукумати шаҳри Кулоб, прокуратура ва ҳукумати шаҳри Душанбе бо кову чови корҳо-аниқтараш бизнеси домсозии Бег Сабур пардохта кам монда буд, Бег Сабурро ҳам радди майкадаи Раҳмонов кунанд.Ҷарима ҳам карданду тавассути матбуот аз манъи корҳои сохтмонии ширкати домсозии вай гуфтанд. Як каме баъдтар мушаххас шуд, ки иллати асосии чунин вазъияти Бег Сабур ин байни Рамзу Зарина пеш омадани ҷангҷоли оилавӣ будааст. Рамз чанд бор Заринаро бо хушдораш меқапад ва талоши ҷудошавӣ мекунад ва ин хабар ба Азизмову Раҳмонов мерасад ва онҳо мурватҳоро таранг -тов медиҳанд ва Бег Сабуру Рамз ақибнишинӣ мекунанд.Рост аст ё дуруғ, инро чизе гуфта наметавонем. Аммо мегуянд, ки Заринаву Рамз ба ном зану шавҳаранд, амалан ҳарду ҷудо ҷудо зиндагӣ мекунанд.

Чун сухан аз сохтмони хона ва домсозону домсозӣ баромад инро ҳам мебояд гуфт, ки дар домсозӣ ҳоло ба як машғулияти дустдоштаи ин Оила гаштааст. Барои мисол дар чорроҳаи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» (аз они Тоҷиддин Пиров, ки ба фуруш гузошта шуда буду вале бо ҳазору як ҳилла боз худи Пиров харидааст ва дар ин бора баъдан як матлаби муфассал омода хоҳем кард)

Тахминаи Раҳмон-Клеопатра як дом рост кард, ки дар он факат худаш зиндагӣ мекунаду тамом. Он дом шояд 80 квартира дошта бошад ва мумкин аз ин ҳам зиёд. Ҳасан Асадуллозодаи тағои Тахмина боша чанд дом барои худаш сохтааст. Дар сентри Душанбе ва фақат барои истифодаи худашон. Ҳавлӣ не, целый доми 16 ошёна карда истодааст.

Ҳасан дар бари Ориёнбонк, дар ру ба руяш, дар пеши бинои миноборон-вазорати мудофиа домҳои калон- калони 16 ошёна сохтагӣ аст, ки ҳоло намедонам аз чи сабаб бошад, хобанд, буд нашудаанд. Ҳавлиҳояшон бошад ҳисоб надорад.

Озодаи Раҳмон, бошад дар муқобили зиндони №1 дар маркази пойтахти Тоҷикистон як ҳавлӣ-қасри муҳташам дорад. Аммо ҳоло бошад онҷоро мондаанду боз дар пушти чойхонаи «Роҳат» як қасри дигар сохтанд ва вай онҷо рафт.

Дар телевизор нишон медиҳанд, ки дар як маросими мутантан Президент бо «ғамхории падарона» ба кормандони КГБ, МВД ва дигар мақомот хона туҳфа кард. Аммо намегуянд, ки он хонаҳо ҳамааш иҷораанд. Ҳамин ки он коргарҳо аз кор рафтанд,омада хонаҳояшонро мегиранду онҳоро беруни дар мекунанд. Бисёр кормандони КГБ норозианд.Чунки вақте хонаашон медиҳанд,як гап мегуянд, аммо вақте аз кор рафтанд,хонаҳоро пас мегиранд.

Хуб, ҳоло боз меоем ба сари қудоҳову домодҳо.

Рамзи бачаи Бек Сабур, шавҳари Зарина Раҳмонова, муовини раиси «Ориёнбонк» вақте Сафари писари Юсуф Раҳмон ба Эмомалӣ Раҳмонов домод мешавад, яъне Фарзона, охирин аз ҳафт духтари Раҳмоновро ба занӣ мегирад, ба вай мегуяд, ки аз ман ба ту як насиҳат

«лаҷоми занта ай рӯзи аввал каш, ки никто мешай». Ва ҳамин тавр ду боҷа ба ҳам ва Рамз ба Сафар рози дил мекна, ки зани ма умуман мара одам ҳисов намекнаву мегарда.Фақат кати Шаҳроми ҳофизай». Сафар Рамзро мегуяд, ки «ба ту намегуй ягон чи?»

Рамз мегуяд, ки фоида надора.

Сафар ин нақли Рамзро ба падараш Юсуф Раҳмон мекунад. Юсуф Раҳмон, ки саги хапгир аст, ин гапҳора дар ёдаш мегирад. Вақте ҳодисаи куштори Шуҳрат Исматуллоеви муовини Ҳасан Асадуллозода руй медиҳад ва дар руйхати қарзрдорҳои Шуҳрат номи Қамар Азизовро мебинад, худо медиҳад Прокурори генералиро.

Юсуф Раҳмон гуруҳи Анису Мунисро бисёр ҳам шум медид. Вай Рамзро бо Сафари бачааш фарёд мекунад ва мегуяд: «ҳози шансай, авлоди Шаҳроми ҳофиза душманта наказат мекунем, ҳам ту қасдта мегирӣ, ҳам келини мода дарс меша, ки путат накна дар оянда». Дар ҳақиқат ҳамин хел ҳам шуд. Қамарро чи хеле, ки хабар доред, ҳукми абад доданду акаву додару ҷиянҳои Қамарро полностю душняк карданд. Шаҳромро ҳам чанд бор худи Юсуф Раҳмон фарёд карда кашида сар додааст. Ва, ҳоло аз яке аз онҳое хоҳем гуфт, ки мансуб ба хонаводаи пурнуфузи Соҳибовҳо аст:

Азизулло Соҳибов ва қиссаи нави вай

Дар хонаводаи Соҳибовҳо на танҳо Исмоили пингвин, ки дастбахайраш ҳам мегуянд, ангуштнамову «борзий» ва «по….уист» ва ҳамаро ва дар ҳамаҷо задагӣ аст, Азизулло Соҳибов –амаки Исмоил ҳам ранги Исмоил «безпредел» ва «безправила» мебошад.

Чанд соли пеш, мушаххастар бигуем дар тирамоҳи соли 2021 Азизулло Соҳибов ва достони қасди таҷовузи як зан аз тарафи вай ҳам титри расонаҳои дохиливу хориҷӣ шуд ва ҳам маводу мадрак барои ифтитоҳи як парвандаи ҷиноӣ дар додситонии Бохтар-Қурғонтеппаи собиқ.

Аммо на додситон уро коре карду на милисаву на суд. Чаро? Чунки Азизулло аз олу ъуруқи Соҳибовҳои «дваждиқудо»-и Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Зоир Соҳибов, шавҳари Фируза, отаи Исмоили пингвин, домоди калонии Раҳмонов ва Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва яке аз ҳафт домоди расмии Раҳмонов мебошанд ва Азизулло, ки фомили Соҳибовро дорад ва раиси «Тоҷикматлубот»-и вилояти Хатлон мебошад, низ бо доштани як чунин фамилия агар одам кушад ҳам, агар сад занро таҷовуз кунад ҳам, дар гарданаш корд занад ҳам чизеаш нахоҳад шуд.

Инҷо як каме аз навиштаи расонаҳо дар бораи он ҳодиса иқтибос меоварем:

«Шоми 10-уми октябр як зани 36-соларо аз ин манзили зист бо як захми корд дар гардан ба бемористони шаҳри Бохтар интиқол доданд. Азизулло Соҳибов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зан “худро бо корд зад” ва “касе дар ин ҳодиса даст надорад”.

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта “маводҳои тартибдодаи РВКД-ро ба додситонии шаҳри Бохтар супоридаанд.” Ба гуфтаи ӯ, он шаб дар хонаи Соҳибов 25 нафар меҳмон будааст, ки бо аксари онҳо суҳбат шудааст.Ин манбаъ гуфт,ҳанӯз нисбат ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.

“Раёсати корҳои дохилии Хатлон бо ҳама шоҳидони ҳодиса суҳбат кард ва мавод тартиб дод. Маводҳоро ба прокуратураи шаҳри Бохтар супориданд.”,–гуфт ӯ.Манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки С.О.-и 36-сола “аз дӯстони Азизулло Соҳибов аст”.Азизулло Соҳибови 50-сола, бародари Зоир Соҳибов ва амаки Шамсулло Соҳибов, домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст.Азизулло Соҳибов 20- октябр ва пас аз нашри хабар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки он шом аз Хуҷанду Душанбе ба хонааш меҳмон омада буд ва “ин зан ҳамроҳи кӣ ба манзил ворид шудааст, намедонад”.Ба гуфтаи ҳамсоягон, шоми 10 октябр, пеш аз сар задани ҳодиса, дар хонае, ки аз он Азизулло Соҳибов истифода мекунад, “чанд зану мард ворид шуда, зоҳиран аз дохили бино садои хурсандӣ берун меомад”. Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, “пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд.”Ин занро намешиносам ва баръакс ба ӯ кумак кардам, ки роҳи зиндагиашро ёбад. Дигар кас табъи ӯро хира карда, ин корро кардааст. Худаш дар пеши ҳамаи кормандони Раёсат (Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон) ҳаминро гуфт. Ҳам ёрӣ кунем ва ҳам гап шунавем. Ӯ бори дуввум ин корро карда будааст”, — иддао карда буд Соҳибов.

Вай афзуд, зан чӣ гуна дар хонаи ӯ гарданашро бурид, бо чашм надидааст ва фақат пас аз рух додани ҳодиса шоҳид шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд мусоҳиби Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, “ба зан Азизулло Соҳибов ҳамла кардааст”. Ба пизишкони бемористони шаҳри Бохтар ҳангоми интиқоли зани маҷруҳ гуфтаанд, ки “ӯ қасди худкушӣ кард”. Хонаводаи Соҳибовҳо бо далели наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз нуфузи хос бархӯрдоранд. Онҳо соҳиби даҳҳо навъи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳастанд. Бозори бузурги “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар ва ширкати “Фароз”, ки ҳоло бо номҳои дигар даҳҳо навъи тиҷорат дорад, мансуби ин хонавода дониста мешаванд.»

Он замон сомонаи «Ислоҳ» ҳам роҷеъ ба ин масъала як матлаби муфассал дарҷ карда ва аз ҷумла навишта буд:

«Дар ҳоле, ки милиса дақиқан санад тартиб медиҳад, ки ин зан дар пайи ҳамлаи Азизулло Соҳибов бо силоҳи сард захмӣ шудааст. Ин зан се рӯз дар шӯъбаи реаниматсионии Бохтар бо марг даступанҷа нарм мекунад, вале шифо меёбад. Азизулло Соҳибов ба тафтишот гуфтааст, ки ин занро дар манзилаш «бори аввал» дидааст ва ин зан «худаш дар гарданаш бо корд задааст». Ҳамин тариқ ин «аллиби»-и Азизулло мавриди қабули додситонӣ қарор гирифт ва мақомот парвандаро махтума эълон карданд ва Азизулло ҳадди ақал ҷарима нашуд, куҷо расад ба сӯй қасд ба ҷони шаҳрванду ҳукм гирифтан. Аммо савол инҷо аст, ки Азизулло кист? Азизулло Соҳибови 50-сола,бародари Маҳмадзоир Соҳибов шӯи Фируза, духтари калонии Раҳмонов ва амаки Шамсулло Соҳибов-шӯи Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, духтари дигарии Эмомалӣ Раҳмонов, яъне домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов мебошад».

Хуб, ҳоло ин Азизулло чи ғалате кардааст, ки дар борааш менависем. Яке аз афроди бо вай шинос дар бораи Азизулло, ки ҳоло низ раиси «Тоҷикматлубот»-и Хатлон аст, нақли ҷолибе кард, ки инҷо ва ин зайл китобат кардем:

«Соҳибов Азизулло акаи Зоири мындық аст. Рақамҳои мошинаш 1000оо01. Дар мошинаш, дар сиденияи пеш, паҳлуи худаш ҳамеша як адад автомати Калашников мондагӣ. Дар мошинаш ҳама вақт на кам аз 4-5кило наркотик дорад. (савдо мекунад конкретно). Ҳар руз озодона савдо мекунад. Харидорҳо меоянду наркотикро аз Азизулло мегиранду сумро медиҳанду мераванд. Ана, марҳамат, наркотик, статяи 200 қисми 4, ки ба муҳлати аз 25 сол боло ва боз ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ҳамли яроқ. Ҳардуяшро ҷамъ намоем пожизненно маҳкам мешавад. Вале озод гаштаст, шукронаи Истиқлолият ва ин ватани маҳбуб карда. Азизулло дар любой ҷое, ки кайфаш дод, манъ мекунад мошинашро. Любой магазин ё супермаркет медарояд, рост туалет мераваду мезанад дозаша кында. Мебарояд кайф карда меравад.Чандин бор дар мағозаҳои Пайкар охраникҳо ба мақомот занг заданду хабар доданд. То началник милитсияи Шоҳмансури пойтахт омад, ягон чи аз дасташ наомад. Азизулло гуфт «занта хтам ме..ом,зани вазиртам». Баромад рафт.Чанд бор задагӣ кында (кунда) наркотикҳояшро дар магазин фаромуш кардагӣ аст. Охранникҳо мақомотро фарёд кардагианд. Мақомот хурсанд, воҳима карда медароянд, Азизуллоро мебинанд, оҳиста тоб хурда мераванд.

Дар Қурған мезанад наркотика кында, меояд дар кольцевой хобаш мегирад. Мошинро дар байн манъ мекунаду хоб мекунад. Ду ГАИ меоянду яктояш аз пеши мошин яктояш аз қафои мошин меистанд, ки ягон кас сигнал надиҳаду бедораш накунад. Аз хоб, ки хест бо ҳай мекунаду меравад.

Юсуф Раҳмон гаштаст,даҳанаш кандагӣ.О,ина рав қап,ҳам Зоирро, як тир мезанӣ ҳам Азизуллоро маҳкам мекунӣ».

Ин буд ин нақли ҷолиб аз ҳаёту зиндагии Азизулло Соҳибов.

Бо расидани маълумотҳои тоза дар бораи ин хеши Ҷаноби олӣ боз хоҳем навишт.

Ашраф ва Диловар Гуловҳо ва моҷароҳои нави онҳо

На танҳо Соҳибовҳо, масалан ҳамин Азизулло аст ки дар чавкоти қонун ва қоида «туғрӣ» намегирад ва барояш ҳатто муҳит тангӣ мекунад, инчунин Гуловҳо-писарони Шералӣ Гул ҳам ҳамин тавр фароқонун ва бидуни қоидаанд. Инҷо, як ҳисса аз ҳикоёти ҷолиберо аз рузу рузгори писарони Шералӣ Гул пешкашатон мекунем.

Сразу бояд таъкид ва гушшинон кунам, ки Шералӣ Гул ҳам мисли Соҳибовҳо аз зумраи қудаҳои расмии Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вале «дваждиқудо» неву танҳо яке аз духтарони сершумори уро келин кардааст.

Ва аммо….Писарони Шералӣ Гул дигар хеланд. Аз ҳамсолону ҳамсинфону ҳамкурсон, умуман аз бақия фарқ мекунанд. Дар чаҳорчуба ва меъёре, ки барои дигарҳо ҳатмӣ аст намеғунҷанд. Тангӣ мекунад. Валвалаву ҳамҳамаи дигар доранд. Барои мисол на танҳо Диловар аст ки ҳар аз гоҳе расона ва шабакаҳои иҷтимоиро бо ному рафтори худ “зебу оро” медиҳад. Алишер Гулов, бародари танӣ ё нотании Диловар (Шералӣ Гул се зан ва фарзандони зиёде дорад) ҳам ҳамин тавр.

Моҳи декабри соли гузашта Алишер Гулов Шердил Сироҷов, писари сардори собиқи Идори андози Душанбе ва молики бозори ҳамакнун аз байнирафтаи «Ҷал-ҷам»-ро дар тарабхонаи «Бухоро»-и Душанбе бо ҳамроҳии рафиқонаш зад. Хулосаи ин кор он шуд, ки Алишер барои ҳафт руз маҳкум ба боздошт шуд. Аммо нуктаи ҷолиб ҳарфи Шердил Сироҷов аст, ки он шабурузҳо ба расонаҳо иброз дошта буд:

«Шердил Сироҷов, ки дар бемористони Қарияи Боло муолиҷа мегирифт, рӯзи 1-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ӯ инҷо гуноҳе надорад. Вай афзуд: “Рафта камераҳоро бинед, айби онҳо шудааст, агар камераҳоро бинед, худатон ҳамаашро мефаҳмед. Мо ду кас будем, онҳо 12-13 нафар.” Шердил Сироҷов дар бораи сабабҳои эҳтимолии занозанӣ гуфт, Алишер Гулов “нисбати ман хусумат дошт, барои ҳамин бисёрӣ шуда, моро заданд.”

Аммо Шердил инҷо нагуфтааст, ки хонаводаи Гуловҳо аз робитаи Шердил ва Парвина, зани Ашраф Гулов,ки гуфтем шавҳари расмии Парвина Раҳмонова аст огоҳ буданд ва рашк мекарданд. Чунки Эмомалӣ Раҳмонов муқобили раъйи Парвина уро ба Ашраф додааст. Вагарна аз қиссаи ишқу ошиқии Парвина ва писари Давлат Сироҷов, падари Шердил дар доираҳои муайян огоҳ буданд ва Парвина лобаву зорӣ ҳам кард ва ҳатто гуфт, ки духтариашро ҳам бохтааст, аммо Гул Шералӣ уро ба Ашраф дод. Дар бораи Ашраф як каме поинтар хоҳем гуфт.

Аммо писари сарвайрон ва гизалаи Гул Шералӣ, ин Диловар аст ки дар панҷ -шаш соли ахир се бор ба қапи мақомот хурда бо ҷарима ё ҷазои сабук раҳо гаштааст. Вай як маротиба барои латукӯби корманди милиса барои 1 сол ба зиндон маҳкум шуда буд. Маълум нест, ки он як солро вай дар куҷо сипарӣ кардааст. Дар ҳақиқат дар зиндон буд ва ё дар озодӣ. Аммо ҳамеша Гул Шералӣ онҳоро тарафгирӣ карда мегуфт,ки душманону бадхоҳонаш ба вай ва писарони вай туҳмат мезананд.

Диловар Гулов дар воқеъ тамоман безпределшик аст.Як мисол меоварем.

Ҳозир мақомот дар ҳама ҷои кишвар дар кучаву бозору мактабу масҷид мардумро доштаву бурда ришҳояшонро қоқоқоқ тарошида ғам дода истодаанд. Мабодо корат ба ягон мақомот афтад,ҳатман бояд ришат гирифтагӣ, дар пой туфлӣ, курта ва брюк пушида сипас метавонӣ дароӣ. Аммо Диловар бошад таги тапочки ва бо риши расида медарояд, ҳамаашро задагӣ, любой ҷо, любой идораву кабинет спокойно даромада мебарояд. Мегуӣ,ки УУР-и ҷумҳурӣ ҷойи кораш бошад. Аз Шоҳрух дида уро коргарони УУР бисёртар ҳурмат мекунанд. Мегӣ,ки ин сардори УУР аст, на Шоҳрух. Дар як ресторан(боз ресторан) мезанад, кайф карда истода будааст, ки коргарони УУР ҳам ҳамонҷо. Диловар мегуяд, ки «иёра ма шефшона арусша ме..ум, магардум».

Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов) соли 2001 раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ таъин шуда, то соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. Дар гузашта ба ҳайси раиси ноҳияи Данғара низ кор кардааст. Ҳоло нафқахӯр аст.

Албатта, ин бародарон маълум аст ки пушташон ба кӣ ва чаро гарм аст. Шералӣ Гул ҳам аз Данғара аст ва аз дустону собутилникҳои қадимӣ -ёри ғори Раҳмонов аст. Ба фарқ аз марҳум Маҳмадназар Солеҳов, ки Раҳмонов уро бо Азизмо рашк меард, чунин гапу хату хабар инҷо-дар мавриди Шералӣ Гул нест.

Вале дар бораи Парвина ҳаст. Парвина, ҳамсари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия, духтари Эмомалӣ Раҳмонов аст. Парвина Раҳмонова, раиси ширкати фарматсевтии «Sifat-pharma» ва молики асосии “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” – Международный банк Таджикистана мебошад. Дар бораи «Sifat-pharma» ин ширкати монополист дар арсаи тандурустии Тоҷикистон, ки ҳам истеҳсол ва ҳам воридоту содирот мекунад, мо қаблан навишта будем. Таъминоти доруворӣ ба пуррагӣ набошад ҳам аммо ба гуфтаи як нафари огоҳ беш аз 70% аз тарафи Парвина ғасбу забт шудааст.

Парвина ҳам мисли хоҳарони амалдори дигараш Озода, ки роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Рухшона, ки сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст бе амалу мансаби давлатӣ нест.Дар кадоме аз раёсатҳои вазорати тандурустӣ ё муовин ё роҳбар аст.

Аммо ҳоло ҳарфи ин матлаб Парвина нест. Вале бе вай намешавад. Ҳатман “фигурироват” мекунад. Чунки вай зани Ашраф Гулов, писари Шералӣ Гул аст ва мо ҳам дар бораи Ашраф ва Диловар гуфтему боз мегуем.Ин нукта ҳам ҷолиб аст ки писарони Шералӣ Гул, маслан ҳамин Диловар Гулов аксари вақт ҷангҷолу хархашаро дар ресторанҳо доир мекунад. Як маротибаи дигар дар ресторани “Сим-сим”-и Душанбе ба роҳ андохта буд ва ҳатто ВКД уро таҳти кофтукоб қарор дод. Моҳи июли соли 2018 Диловар Гулов, як афсари милисаро латтукуб кард ва дигарбора дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Ин афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола буд, дар пайи удари Диловар устухони рухсора ва димоғаш шикаста буд.

Аммо дар омади гап, ҳамин ки ҷояш омад аз мадам Парвина ҳам гап мезанем. Масалан инро мегуем, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рузи чаҳоршанбеи1 майи соли ҷорӣ, яъне ҳамин чанд рузи пеш Созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон бо ҶДММ “Разес-фарма”-ро тасвиб кард. Ҳоло таваҷҷуҳ фармоед ба ин маълуимот дар бораи ин ширкати дорусозӣ, ки аз манобеи бози интернетӣ дастрасамон гардид:

“Дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар баҳри рушд бахшидани соҳаи фарматсевтӣ ва ба ин васила зиёд кардани маҳсулоти воридотивазкунанда 12 феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Разес Фарма” оиди сохтмони як маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ созишнома ба имзо расид. Ширкати «Разес Фарма» ҳадаф дорад дар Тоҷикистон бо ҳазинаи 70 милён сомонӣ бунгоҳи тавлиди дору ва молҳои пизишкӣ сохта ба истифода диҳад”

Соҳиби ин ширкат Парвина Раҳмонова аст. Яъне Раҳмонов бо духтараш Созишнома имзо карда барои сохтмони ин бино аз ҳисоби бюҷети мамлакат 70 миллион сомонӣ ҷудо кард. Ана инро мегуянд “давлати ниҳодина” шуда ва ана инро мегуянд “ҳамкории давлат бо шарикони рушд”.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ Ҳокон Фидан вазири хориҷии Туркия дар Душанбе бо Раҳмонов мулоқот кард. Дар ин мулоқот, албатта,масоили ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Аммо вазири турк бо Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ҳам суҳбат кард ва суҳбати тамоман ғайримунтазира

Вазири хориҷии Туркия ба Раҳмонов гуфт, ки ҷаноби Президент шумо огоҳ ҳастед, ки сафири шумо, дар Истанбул дар як тарабхона ҷангҷол кард.(Мутаваҷҷеҳ шудед? Инҷо ҳам ҷангҷол дар тарабхона аст). Ҳамроҳ бо сафир ду хонуми дигар ҳам будаанд, ки аз Тоҷикистон ба Туркия бо даъвати худи ҷаноби сафир омада буданд. Баъди ин ҳодиса, ки дар охирҳои соли гузашта рух дода буд, Ашраф пеш аз соли нав Тоҷикистон меояд. То чанд вақт дар хонааш, дар рубаруи сафорати Хитой, ки дар маркази шаҳр, дар хиёбони Рудакӣ воқеъ аст, меистод. Вале Парвина ба падараш масъалаи Ашрафро ҳал карду уро боз ба Туркия фиристоданд. Яъне сад обруи “давлати ниҳодина”- кардаи Раҳмонов садқаи як тори зулфи Парвина шуд.

Баъди он ҳодиса, ки дар тарабхонаи Истанбул гузашт мақомоти турк муайян карданд, ки Ашраф Гулов, ҳар моҳ аз Тоҷикистон ду -се духтарро ба Туркия даъват мекардаасту ягон ҳафта айшу ишрат карда ва суми хубашон дода бозпас мефиристодааст. Аммо, дар ин миён бо қочоқчиёни инсон, ки асосан духтарҳоро ба фоҳишагӣ ҷалб мекунанд, алоқа карда он духтарҳоро мефурухтааст. Аммо ҷавоби Раҳмонов ба вазири турк дар робита ба қазияи ҷангҷоли Ашраф Гулов чӣ аст номаълум мебошад.

Share This Article
By Technik
Follow:
Test test trst test test test