Ин бор ва дар ин навбати нашри барномаи «Семейканюс» (№6) дар бораи Рустами Эмомалӣ ва «круг»- «давру бари»-ҳои Рустами Эмомалӣ, яке аз аъзои пурнуфузи Семейка ва умед ба ояндаи «Семейка» ва ояндаи Тоҷикистон мегуем.
Аммо қабалан чанд хабар ва ё маълумот аз ин Оила:
Ин гапи солҳои хелехеле пеш аст. Солҳое, ки Ҷаноби Олӣ ва Пешвои муаззами Абдуллоҳи Раҳнамову СС.Ятимов ҳоло ҳиҷ касе набуд ва тоза раиси совхози ақибуфтодаи Ленини Данғара шуда буд. Он солҳо ӯро ҳамин Рамазон Раҳимзода, ки дар БХСС-и ноҳия кор мекард, ном намегирифт, Эдики педик мегуфт.
Хуллас, дар ҳамон сол падари Ҷамолиддин Нуралиев, ки сардори ПМК38-и Данғара буд, ба ҳолу аҳволи зори ҳамин Эдик дилаш сухта як дегдонхона рост карда медиҳад.
Раиси совхоз як вақт дар хонааш шакарови бо илича карда Камол Нуралиев, падари Ҷамолиддинро ба меҳмонӣ фарёд мекунад.
Камол Нуралиев меояду мебинад вазъу ҳоли зиндагии Эмомалиро. Аз вай мепурсад, ки Эмомалӣ ту як дегдонхонаи ҳалол надорӣ ку? Дегдонхонааш чорчуб задагӣ, ранги як шипанг кришаву дар байн дегдон. Ва дар даруни ҳамон Азизмо почакҳои эзораш бо заки гов шакидагӣ дар як деги дуғ кафлес зада истодааст. Баъд мераваду сементблок ва шиферу арматуру тахта роҳӣ мекунад ва усто ҳам мефиристад, ки ба Эмомалӣ дегдонхона рост карда диҳанд. Ва ҳамин тавр ду кас рафиқ мешаванд. Хонаи Эмомалӣ ранғи оғил, болои бомаш чор шифери сурох, ки об мечакид дар он зиндагӣ мекард.
Солҳо баъд ин ду нафар қудо мешаванд ва Раҳмонов ҳам Камол Нуралиевро муовини вазири нақлиёт таъин мекунад. Камол Нуралиев, падари Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад, ки чанд соли пеш дар роҳи ба самти Норак дар қарибиҳои гарданаи Себистон дар як мавзеъе, ки Сурмаи Сайёд ё лагери Сайёд мегуянд дар як автоаврия аз ҷар париду мурд, дуруст дар ҷое, ки чанд соли қабл ронандаи Шералӣ Гул қудои дигари Раҳмонов Раҷабов Сайдулло,ки аз Ёхсуи Данғара буд онҷо авария карда ба ҳалокат расида буд. Ба гуфти Семейка аҷаб ҷои безебе ҳаст.
Ду, се сол аст ки Ҷамолиддин ҳам дар назди Оила дигар обруву эътибор надорад, беш аз ин мардуди марҳамату илтифот Ҷаноб шудааст. Писари вай Фаридун дар соли гузашта бо мошин чанд нафарро заду кушт ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад.
Вале ба фарқ аз Ҷамолиддин Ашраф Гулов, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва шавҳари Парвина Раҳмонова, раиси ширкати «Сифатфарма» гул халонида гаштааст. Агарчи боиси ҷорӣ шудани визо миёни Тоҷикистон ва Туркия шуда бошад ҳам ва агарчи вазорати хориҷаи Туркия тақозои иваз кардани ӯро карда бошад ҳам, ҳамоно мехи фурукуфтааст, ки касе ҷунбониданаш наметавонад. Гуфти аъзои Семейка «Домодира сварка кардагӣ аст» Инро низ бояд гуем,ки Фаридуни писари Озода домоди Ашраф Гулов шуд яъне духтар холаашро гирифт. Барои мардуми одди иҷозат нест вале барои аъзои оила никоҳи хешутаборииҷозат аст дигар.
Ҳоло боз аз забони як бародар дар бораи Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва яке аз домодҳои расмии Раҳмонов мегуем:
Ин матлабро рӯзи 1-уми май менависам. Дирӯз, 30-юми апрел як дӯстам аз Туркия ба ман паёми садоӣ фиристод ва бо итимонон гуфт, ки ҷорӣ кардани раводид барои сокинони Тоҷикистон танҳо ба хотири Ашраф Гулов аст. Дӯсти ман дар вазорати хориҷаи Туркия кор мекунад. Фақат номи ӯро мегузорам, Сулаймон А. Вай зиёда аз 8 сол боз дар он ҷо кор мекунад. Дар авоили моҳи январ Ашраф Гуловро ҷинояткори рақами яки қочоқи ҷинсӣ дар Тоҷикистон аз сӯи “Милли Истеҳбарат Тешкилати Туркия” муаррифӣ кард. Дар ду соли охир ӯ беш аз 1000 духтари ҷавонро ба Истамбул, Бурса ва Анталия қочоқ кардааст. Ҳукумати Туркия ин масъаларо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон матраҳ карда хост, ки Ашрафро баргардонад ва сафири нав фиристад. Аммо Раҳмонов инро рад кард ва он вақт ҳам дар моҳи январ Эрдуғон қасд дошт, ки ин таҳрим ва раводидро бо Тоҷикистон ҷорӣ кунад, то аз қочоқи занони фоҳиша ба Туркия ҷилавгирӣ шавад. Акнун, тоҷикон ва ҳамватанони азизи ман, худатон як фикр кунед: мо дар ин режим чи гуна зиндагӣ кунем?!
Акнун биоем ба мавзуъи асосии ин навбати «Семейканюс».
«Круг»-«давру бариҳо»-и Рустами Эмомалӣ хеле васеъ аст. Аммо боз «узкий круг»- «давру бариҳои худӣ» дорад, ки бидуни шакку тардид дар ҳукумате, ки қарор аст Рустам раиси он бишавад постҳои калидиро ишғол хоҳанд кард.
Яке аз тафовутҳои Рустам аз падараш ин аст ки дар кору амалаш такя ба рафиқону дӯстонаш мекунад. Ба фарқ аз падараш, ки такяи асосӣ ба ҳаммаҳалу ҳамшаҳриву хешу табораш карда Ҳукумат ва Дастгоҳу Парлумонро аз данғарагиву хешу таборони бесаводаш пур кардааст.
Мо бо ин гуфта, гуфтанӣ нестем, ки Рустам корҳое бар манфиати мардум ва миллат хоҳад кард. На, ва ҳаргиз на. Манзури мо аз зикри фарқи Рустам аз падараш ин аст ки Рустам дар дуздии молу пули мамлакат ва талаву тороҷи он дӯстону рафиқонашро дар канораш гирифтааст. Фосидиву фосиқиву фаҳҳошиву наркомании вай ба ҳама маълум аст. Аммо, корҳое пушти парда дорад анҷом медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонови падараш дар ҳеҷ сурат намекунад.
Масалан Раҳмонов то тавонист барои бойшавии Ҳасан Асадуллозодаву дигар додарарусҳояш- ҳоҷӣ Амонуллову ҳоҷӣ Амируллову ҳоҷӣ Муҳибуллову ва ғайраҳо ва ё домодҳояш-Зоиру Шамсуллову Зарифбеку Ашраву ва ғайраҳо ва ё қудаҳояш Шерали Гулу Бег Сабуру Юсуф Раҳмону ва ғайраҳо сабукиҳо ва имтиёзҳои давлатӣ дод. Аммо, Рустам чунин шароитро барои рафиқонаш-«давру барӣ-круг»-и худаш фароҳам мекунад.Фарқият дар ин аст миёни Рустам ва Эмомалӣ. Эмомалӣ бо ҳеҷ рафиқаш то охир содиқ набуда ва як сара ҳамаро фидои «Семейка» кардааст, то имрӯз, аммо Рустам барои дӯстонаш ва кругаш бо апаву домоду язнаҳояш даъво кардааст.
Бояд мутазаккир бишавем,ки «круг»-и Рустам ба ҳадде таҳкиму тақвият пайдо кардааст, ки талхаи баъзеҳо дар ҳукуматро кафонидан дорад. «Круг»-и Рустам ҳоло на Ҳасан Асадуллозода ва на Шамсуллову дигару дигарашро писанд ва гуш мекунад.
Вақте «круг»-и Рустам мегуем шумо фақат Шоҳрухро дар назар надошта бошед. Ин Шоҳрух барои Рустам, ҳамчуноне Фаттоҳ Саиди падараш барои Раҳмонов буд, нанги ҳукуматаш хоҳад буд. Чунки дар ҳақиқат самту суи безеб ва касали нохалосон дорад. Бигзор ҳарфу гапамон зиёд шавад. Аммо мехоҳам як ҳикояти воқеъиро аз забони як духтар, ки ҳоло аз тарси Шоҳрух ба ватан бозгашта наметавонад, бароятон пешниҳод кунам. Гуфтем,ки ин бор ва ин навбат гап аз «круг»-и Рустам меравад. Шоҳрух на фақат узви асосии «куруг»-и Рустам, балки бренди тими вай ҳам ҳаст. Шоҳрух ҳамин тавр муаррифӣ шудааст, ки наздиктарин дӯсти Рустам аст. Ва ҳоло ин ҳикоят чунин аст: Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия тасодуфан бо як духтари 27-сола аз шаҳри Турсунзода шинос шудам. Бо вай хеле суҳбат намудам. Номи ин духтар Шаҳноза аст. Хело духтари зебову қоматбаланд, узбекзабон. Ин духтарро ҳам Рустам ва Шоҳрух ба касали худашон мубтало кардагӣ будаанд-наркоман. Ин духтар дардҳояшро нақл кард. Хеле ғамгин шудем. Падараш оқ карда аз хона берун андохта будааст. Ин духтар ба мо дар бораи Шоҳрух ва Рустам нақл кард. Дар вақти дар круги онҳо буданаш соли 2021 духтар бо рафиқи Рустам бо номи Ҳабиб дар Инстаграм шинос мешавад ва бо вай ошқиӣ карда як сол мегардад.
Як рӯз, саҳар ба ин занг зада мегуяд, ки бегоҳӣ омода шав,ман туро бо дӯстонам шинос мекунам. Ин духтар майлаш гуфта розӣ мешавад. Бегоҳ Ҳабиб омада соатҳои 11-и шаб ин духтарро ба кохи Навруз, ба дискотека мебарад. Ин духтар меравад, ки дар онҷо Рустами Эмомалӣ бо Шоҳрух Саид ва боз ду нафари сипсиёҳи негр шиштагӣ буданд. Он ду нафар бо англисӣ гап мезаданд, камкам бо русӣ низ гап мезадаанд. Ин духтарро Ҳабиб ба онҳо шинос мекунад. Ҳамон шаб боз 4 духтари дигар омадаст. Инҷо рақсу бозӣ ва тамоми хурок фароҳам будааст. Соатҳои 1 ё 2 будааст, ки Шабнами Сураё бо Фарзонаи Хуршед омада суруд хонданду рафтанд. Баъд инҳо тақсим шуда ҳар кадомеашон ба ҳар комната даромадаанд. Рустам як духтарро гирифта даромадааст. Шоҳрух ба Ҳабиб гуфтааст, ки ин духтар, яъне духтари Ҳабиб ба ман маъқул шуд, ин бо ман медарояд. Ин ҳам «майлаш, бемалол» гуфта ба духтар гуфтааст, ки «рав як Шоҳрух қати дам гир, ҳамаш 100%, ягон гап намеша. Ва оҳиста сарашро дар бехи гуши духтар бурда гуфтааст, ки «агар ҳозир ту норозигӣ кунӣ, туя ино нест мекунанд». Ин духтар ҳам, ки уже вискиро хурда маст шудагӣ будааст, дигар не гуфта натавониста бо Шоҳрух ба як спалнии дигар даромадааст. Шоҳрух ҳам духтар ва ҳам худашро танаи луч карда гуфтааст, ки ман ҳозир дар миёни ту як чи мебандам, ту кордор нашаву чи чизе гуям ҳамон корро кардан гир. Ин ҳам аз тарс ва ҳам аз мастӣ ягон чи гуфта натвониста майлаш гуфтааст. Шоҳрух як шкафро кушода аз дохили як қутии картонӣ як тасма бо сабзӣ-…. резиниро гирифта ба миёни ин духтар мебандад, сахту таранг карда мегуяд, ман ҳозир ин сабзиро меҷафам, ту бо ҳар поза меистӣ, баъд дар қафои ман телааш мекунӣ. Ин ҳам дигар, ки тарсу ваҳшат зераш кардаву ҳайрон шуда буд, ҳеҷ чизе нагуфтааст. Шоҳрух дар ҳар хел поза сабзии резиниро макидааст. Баъд як наворро аз интернет дар телефон мондааст. Дар он навор як духтар дар миёнаш айни ҳамин тасмаи резинии сабзидорро баста як бачаро таҷовуз карда истодааст. Шоҳрух ба ин духтар гуфтааст, ки ранги ҳамин духтар мекунӣ. Ин ҳам ба навор нигоҳ карда дар қафои Шоҳрух халондан гирифтааст. Мегуяд 5 минут ҳамин корро кардам
Баъд Шоҳрух омода шуду «Шоҳрух акнун шуд гуфта сабзиро аз миёнам гирифту баъд бо ман …..» мегуяд ин духтар. Баъди ҳамхоба шудан ба ин духтар таҳдид карда гуфтааст, ки агар ин кори кардагиатро ба ягон кас гуӣ ман туро бо авлодат нест мекунам. Ва ин духтар ҳа майлаш ба ҳеҷ кас намегуям гуфта аз спалний боз ба дискотека баромада то дер боз рақсу бозӣ кардааст. Саҳар духтарро Ҳабиб ба мошинаш мешинонаду хонааш мебарад. Дар роҳ аз ин духтар мепурсад, ки шаб бо Шоҳрух чи хел дам гирифтӣ?
Духтар мегуяд, ки нағз дам гирифтам. Ҳабиб ба духтар мегуяд, ки аз имруз алоқаи ман бо ту тамом. Минбаъд бо Шоҳрух алоқа мекунӣ. Духтар мепурсад, ки чаро? Ҳабиб сабабашро намегуяду аз мошин пиёдааш мекунад.
Баъд аз якчанд рӯз Шоҳрух ба духтар занг мезанад ва мегуяд, ки ман ба хонаат мошин равон карда истодаам, савор шаву Душанбе биё. Духтар майлаш гуфта меравад Душанбе. Уро рост УУР ба ҷойи кори Шоҳрух мебаранд. Вақтҳои шом будааст. Ронанда духтарро ба кабинети Шоҳрух мебарад. Шоҳрух бо яке аз ду негри ҳамоншаба телевизор тамошо карда шишта будааст. Духтарро меҳмондорӣ мекунанд. Секаса мешинанд. Шоҳрух писта, сихкабоб,арақу виски, қалян заказ мекунад. Як соат ҳам нагузашта ҳамачиро дар кабинети корӣ меоранд. Мехуранду хурсандӣ карда мешинанд. Соатҳои 10-шаб мешавад, ки Шоҳрух сархуш мешавад. Баъд бо ҳамон негр як комнатаи дигар медарояд. Ба ин духтар мегуяд, ки ту хурдаву нушида шин, мо ҳозир камтар кор дорем гуфта якҷо бо негр дохили дигар кабинет мешавад. 15-20 дақиқа пас негр аз комната баромада ба духтар бо ишора мефаҳмонаду мегуяд, ки даро, Шоҳрух туро фарёд дорад. Духтар медарояд он комната, ки онҷо спалнийи Шоҳрух будаст. Дивани васеъ, душ, бо тамоми шароит. Шоҳрух танаи луч, тарафи духтар мегуяд, ки чи нигоҳ мекунӣ, зуд либосҳоятро каш. Як дам мегирем мегуяд. Баъди «дамгирӣ» ҳардуяш даромада душ мекунанд.
Как будто ҳеҷ чиз нашуда бошад ба ронанда занг мезанад. Ронанда ба кабинет медарояд. Мегуяд, ки ин хоҳарро аз куҷо гирифта будӣ обратно бар мон. Духтарро боз обратно Турсунзода бурда мемонад.
Хулоса, ин духтар чандин бор бо Шоҳрух ин корҳоро иҷро мекунад. Аммо дар ин миён духтар наркоман мешавад. Чунки Шоҳруху Рустам ҳамеша наркотик мезадаанд.
Ин духтар гуфт ҳамонҷо фаҳмидам, ки инҳо-Шоҳруху Рустам боз аз Турсунзода чандин духтари дигарро оварда бо онҳо айнан чунин корҳо карда будаанд.
Аммо дар охир дигар ин духтар барояшон неинтересно мешавад. Ин духтарро Шоҳрух куштанӣ мешавад. Духтар тавассути Ҳабиб аз нияти Шоҳрух огоҳ мешавад. Ҳабиб ба ин духтар мегуяд, ки агар саратро гирифта гурехта наравӣ, як руз не як руз Шоҳрух ҳатман туро пайдо намуда мекушад. Духтар гурехта Туркия меравад ва онҷо танфурушӣ карда мегардад. Як сол зиёд ба ҳамин кор машғул мешавад. Баъд аз онҷо Санкт-Петербург меояд ва ҳоло ҳам ҳамин корро манбаи зиндагиаш кардааст. Гуфт, ки ҳоло худро «лечений» карда истодааст.
Ин духтар барномаҳои Шуморо дар бораи Шоҳрух ва Рустам тамошо карда қасам хурд, ки ҳамаи гуфтаҳоятон рост аст.
Нақли ҳикоят дар бораи Шоҳрух Саид, сардори УУРи ВКД ва наздиктарин дӯсти Рустам «круг»-и асосии Рустам дар омади гап буд. Ва на фақат Шоҳрух аст ки чунин фаҳҳошу фосид аст. Дигар руфақои «круг»-и Рустам, яъне «давру бари»-ҳои вай ҳам айни Шоҳруханд.
Инҷо дар бораи яке аз аъзои дигари «круг»-и Рустам, Хуршед Мирзоев мегуем, ки ахиран бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов аз мақоми муовинати Кумитаи сармоягузорӣ то ба мансаби раиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон боло рафт. Ин ниҳоди навтаъсис аст. Вақте вай ба ин мақом таъин шуд нашрияи Азия плюс ӯро ба хонанадаҳояш чунин муаррифӣ кард:
«Президент курсии роҳбари аввали ин ниҳодро ба Файзулллозода Хуршед Мирзо бовар кард. Ӯ нахустин раиси ин оҷонсӣ аст. Хуршед Мирзо то ин замони ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекард.
Вай то расидан ба курсии муовинӣ, директори КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд.
Номбурда ҳарчанд шинохти ҳамагонӣ надорад, аммо дар командаи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ аз одамони асосӣ дониста мешавад. Аз соли 2013 инҷониб ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниҳоди ҷамъиятие, ки роҳбарии онро Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад.
Иттифоқан Хуршед Мирзо имрӯз, 17-уми январ, зодрӯз дорад ва 40-сола шуд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисоддон ва баъдан Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст.
То соли 2009 дар корҳои тиҷоратӣ буд. Аз ҷумла, солҳои 2005-2009 роҳбари ҶДММ “Ориёнфарм” – ширкате, ки ба кишвар дору ва маводи тиббӣ ворид мекунад, буд. Аз соли 2009 то 2010 мутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони Умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон будааст. Ду соли дигар, то соли 2012 ҳамчун сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони Умумиҷаҳонии савдои ҳамин вазорат кор кардааст.
Баъдан, то соли 2015 боз ба тиҷорат, роҳбарии ҶДММ “Ориёнфарм” бармегардад. Аз ҳамон сол то 2019 роҳбарии “ТВ Варзиш”- ро, ки нав таъсис ёфта буд, ба зиммааш мегузоранд. Баъд ба роҳбарии КВД “Тоҷикинвест” баргашта, баъди се сол, моҳи апрели соли 2021 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Қаблан бо ишора ба наздик будани ӯ ба Рустами Эмомалӣ тахмин зада мешуд, ки ӯ ба ягон мансаби баландтари дигар, масалан, муовини аввали сарвазири кишвар таъин мешавад, вале чунин нашуд».
Хуршед Мирзоев айни Шоҳрух Саидов аз дӯстони деринаи Рустами Эмомалӣ мебошад. Рустами Эмомалӣ, валиаҳд ва меросбари Раҳмонов тими худ барои ояндаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро аз ҳамин ҳоло танзиму тадвину таҳия карда лаҳзашуморӣ дорад, ки кай пешвои муаззам «добро» диҳад ва «старт» шуруъ шавад ва вай ҳам дар ҳалқаи Шоҳруху Хуршеду Дилшоду Зафару Нурику ва дигарҳо дар сар тоҷи мурассаъ ва дар гардан тавқи подшоҳӣ ҳамоил мекунад. Аммо, ба назар мерасад, ки пешвои муаззам ба ин зудиҳо доданӣ нест…..
Ин ҳикоятро аз забони як шахсе меоварам, ки ҳам бо Хуршед Мирзоев ва ҳам бо Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи бонки муфлисшудаи «Тоҷпромбонк»,ки ҳоло зиндонӣ аст ошноӣ ва равуо дошт.
Хуршед Мирзоев бо Ҷамшед Зиёев сахт дустӣ доштанд. Хуршед Мирзоев як одат дорад, ки бо нафарони сумдор дустӣ барқарор мекунад. Бо ин гуна нафарон наздикӣ пайдо карда ба боварашон даромада маблағҳои калони онҳоро барои тоб додан мегирифт.
Хуршед бо Ҷамшед Зиёев чандин доду гирифтҳо карда будааст. Ба гуфти ин дусти мо Хуршед аз Ҷамшед Зиёев маблағҳои калон мегирифту дар тиҷорати наркотик тоб медод. Замоне Ҷамшед Зиёев аз куҷое фаҳмид, ки Хуршед бо кадом бародараш ба тиҷорати наркотик машғуланд ва агар ӯро қапанд, тамом, капаи Ҷамшед дуд кард. Ҷамшед Зиёев ҳолати Боимро ба ёд оварду гуфт, ки «Боима қапидан,чанд каси дигара қатиш бурданд».
Ҷамшед Зияев бо Хуршед Мирзоев дар тарабхонае, ки дар чорроҳаи Домпечат воқеъ асту Сириус ном дорад вохурда оиди хабарҳои тиҷорати наркотики Хуршед мегуяд. Хуршед пурра аз ин овозаҳо даст кашида Ҷамшедро бовар мекунонад, ки «и ҳамаш туҳматай». Ҳозир ҳам ҳамин сенарияро Хуршед бо Рустам мекунад.
Вақте барномаҳои «Ислоҳ» дар бораи Хуршед чоп мешавад, ӯро мепурсанд, ки «э бача гапои нав ку?» Хуршед зуд мисли шағол мегуяд «Раис и ҳама туҳматай. Мехоҳан мара да пеши Шумо сияҳ кнан».
Хуршед аз Ҷамшед Зиёев чанд миллион доллар гирифта дар проектҳои Авесто- групп, ки роҳбари он бародараш мебошад, зад. Вақте барои бозгардонидани пулҳо Хуршед таъхир кард, Ҷамшед Хуршедро гуфт, ҷура кам- кам пулҳоро биёр, ба ман проблема мешавад. Хуршед ваъда медод, ки қариб омад, меорам.
Рузе Хуршед Мирзоев бо Ҷамшед Зиёев вохурда ба ӯ мегуяд, ки ҷура гап байни худамон, муовини Бонки миллӣ мешавӣ, монамат? Ҷамшед дар ҳайрат афтода мепурсад, ки чи хел? О, онҷо Ҷамолиддин аст,ку? Хуршед мегуяд, корат набоша. «Ты сумота ҷам кн усуш кори ма». Ҷамшед мегуяд, ки бо чи хел сум? О, гирифтагиҳоятро биёр. Хуршед мегуяд, э, содда он вазифаро гир, сум худаш мерезад аз сару руят, давай ҷамъ кун. Ҳамин тавр Хуршед боз аз Ҷамшед Зиёев як миллиону 800 ҳазор доллари дигар мегирад. Боз аз байн чанд вақт мегузарад. Ҷамшед Зиёев аз Хуршед мепурсад о, кай маро таъин мекунанд. Агар нашавад байнамон хафагӣ мешавад.
Хуршед як инсони бениҳоят муғамбир ва маккор аст. Вай маълумотҳоро роҷеъ ба Ҷамолиддин Нуралиев, муовини онвақти Бонки миллӣ ҷамъоварӣ мекунад. Сум медиҳад, ки аз қафояш наблюдение кунанд. Хуб, кӣ бе айб аст, ҳама дорад камбудӣ.
Чанд моҳ маълумотҳоро оиди Ҷамолиддин ҷамъоварӣ карда баъд бояд бо як роҳе ба ҷойҳои лозимӣ расонад. Дар аввал ба воситаи як чанд одамҳо овозаҳоро паҳн мекунад ва баъде, ки овозаҳо ба гуши Раҳмонов, Озода ва Рустаму дигару дигар расид, технично –анонимно маълумотҳоро роҳӣ кардан мегирад.
Аммо он хеле, ки Хуршед Мирзоев нақша дошт, ки кор тез мешавад, он хел нашуд. Ҷамолиддинро сразу нагирифтанд. Ҷамолиддинро ҳамин маълумотҳои анонимии Хуршед равонкарда сабаб шуд, аммо дертар гирифтанд.
Дар ин миён Ҷамшед Зиёев бетоқат шуд ва аз Хуршед Мирзоев талаби маблағҳои гирифтаашро кард. Хуршед ба гуфти худаш пулҳоро дар сохтмони заводи Сиёма зад. Вай ба Ҷамшед мегуяд, ки бо супориши Рустам аз худат пул гирифта будам. Рустам пулҳоро ба сохтмони корхонаи Сиёма харҷ кардааст. Аммо, Хуршед ҳис мекунад, ки кор ба хости дили вай нарафта истодааст. Хуршед боз анонимно санҷишро нисбати Ҷамшед Зиёев ташкил мекунад. Хуб, он тарафаш дигар маълум. Ҷамшедро сокашро ҷафиданду, лублучак карданду бурданду шинониданд.
Нафаре, ки қисса кард, гуфт Хуршед агар лозим шавад занашро ҳам фурухта барои расидан ба мақсад истифода мекунад. Хуршед вақти дар Кумитаи сармоягузорӣ муовин буданаш сари чанд касро хурду бомж кард, ки и қиссаро дар оянда хоҳем гуфт.
Хулоса, Хуршед Мирзоев бозингари сахт будааст. Вай аз чанд вақт аст ки аз пушти Ҳасани Ориёнбонк «кор» карда истодааст. Дар бораи Ҳасан маълумотҳои зиёд ба даст овардааст. Бояд зарбаи сахт занад. Хеле аз манбаъҳои даромади Ориёнонк-муштариҳои серсуми онро Душанбе-ситии Рустам гирифт ва низ Авесто-группи Рустам, ки ҳамин Хуршеду бародараш гардонандагӣ мекунанд, низ бизнесҳои Ҳасанро кашида гирифта истодаанд.
Аммо дар круги Рустам соли охир миш мишҳост, ки Рустам дар гумон аст ки аз уҳдаи Президенти намебарояд. Ин дуруст аст.
«Ҳар вақте Рустам да круг байни хыдшон мезана кында меша, дига раҳша гум мекна. Баъзе аз ба ном дустони ҷониш семкаш (навор)мекнан ба мешинан тамошо када. Яке аз иштирокунандагони ин ба ном маҳфилҳо гуфт, ки худам дидам, ки зад Рустам иқа пас бд, ки даҳаш қати фыкыш каҷала шиду нақла сар кард. Хуршеди Мирзоев қати Нурик дарав телефоношона гирифтану семкара сар кардан. Рустама кофтан гирифтан, ки гапое, ки дар ҳушёриш намега да ҳолати ҳавоӣ бга.
Як замон буд, ки Шорух омаду инҳо телефонноша баҷо кадан».
Нафаре, ки қисса кард инро, гуфт дар аввал нафаҳмидам,бад аҳамият додам, ки Хуршеди Мирзоев бо касе дар телефон гап мезаду мегуфт записои нав роит кадум, задагӣ ридагияй Президенти оянда.
Ин вақте буд, ки мо аз ҳавлии қафои чойхонаи Роҳат, ки онҷо офиси Рустаму Шоҳрух аст мебаромадем. Аввал бачаҳои УУР, шогирдҳои Шоҳрух дарвозаро ҳуй кардану вазъияти берунро дидан баъд мо баромадем. Он нафар баъд гуфт, ки ман ҳайрон шудаму дигар ба аҳамият додан сар кардам.
Ҳаминро фаҳмидам, ки самимият нест дар байни Хуршеди Мирзоев ва Рустам. Аҷиб, ки ҳама кару фари Хуршеди Мирзоев аз пушти Рустам аст, аммо Хуршед дар ҳамаҷо Рустамро ҳамчун нафари ноуҳдабаро муаррифӣ мекунаду мегуяд, ки «хайрият мо ҳастем, агане ҳамара мерина».
Хуршед ба дараҷае худашро кордону мутахассис мегирад, ки мегуӣ Тоҷикистонро ҳамин сохта аст. Вақте дар Кумитаи сармоягузорӣ буд ҳамаро расво кард. Санҷишҳо гузарониданд. Миллион-миллион камбуд ёфтанд, аммо тарсиданд, ки Рустамро «фас» мегуяд. Рустам пуштии Хуршедро мегирад.
Муҳаммади акаи Хуршед, ки роҳбари Авесто -групп мебошад, боз аз додараш дида «вазнинтар» аст.
Ҳамин қадараш маълум шуд, ки ҳар касе дар «круг»-и Рустам ҳаст бо ҳар ҳилаву найранг «ҷафидестай».
Аммо худи Рустам ҳам по..йша, ки дар Тоҷикистон чи гапу хабар аст. Вазъияту шароити селзадаҳо, махсусан восеъиҳоро мебинӣ, дилу ҷигарат мерезад. Мегуянд, ки дар мактабу дар масҷидҳо хобем.
Ба ҷои он ки дар фикри рафъи оқибатҳои сел бошанд, кор фақат исрофу ҳаромгаштӣ. Рустами герчик бо тантана ҷашни футбол гузаронид, дар ҳоле, ки ҳазорҳо хона вайрону соҳибонаш нодор шудаанд. Миллионҳо сомониро барои як рӯзи футбол сарф карду барои мардуми осебдида коре накард.
Худи Раҳмонов дар Данғара дар кайфу сафо машғулу ин бачаи наркоманаш дар Душанбе, зану мардуми Восеъу Нуробод бошанд не ҷойи хоб не хуроки гарм доранд.
Рустам, шахсан худаш дар ягон масъала на фикр дорад, на андеша ва на як роҳи ҳал пешниҳод карда метавонаду на хулоса бароварда метавонад.
Агар Раҳмонов фикри шахсии худро дорад ва ё фикрҳои дигарҳоро гирифта аз номи худ баён доштанро метавонад ва худро аз ҳама боло мегирад, аммо ин мисли талабаи духон ва донишҷуи ҳамеша муҳтоҷ ба шпаргалка мунтазир мемонад, ки ягон кас ба вай маслиҳат ва луқма диҳад. Дуруст аст ки амру фармон дода, сиёсат карда метавонад. Гуё худро серьёзный мегираду сиёсатдор, аммо ноли нол, «о»-и гирдак. Тамоми решенияҳоро нафарони гирдаш мекунанд. Бо истифода аз ин вазъият одамони «круг»-и Рустам аз чандин мансабу вазифахоҳҳо маблағҳо гирифтанду ваъдаи курсӣ додаанд, аммо касе, ки зур овард одами онро монданд.
Рустам монанди як кукла аст, ки ӯро бозӣ медоранд. Дар ин «битва интересов», ки дар круги Рустам рафта истодааст, зиёд соҳибкорон, нафарони сумдор ва баъзан шахсони оддӣ ҳам зарар мебинанд. Контроли сохтор ва ниҳодҳои ҳукумати Душанбе умуман дар дасти на худи Рустам, балки «круг»-и вай аст. Яке аз сабабҳои нобоварӣ ва ҳануз ҳам вогузор накардани курсии Раҳмонов ба Рустам ҳамин бе салоҳиятӣ ва бе дирояти Рустам ҳам ҳаст. Чунки ҳамаи ин кору хабарҳоро нарезонидаву начаконида ба Раҳмонов бурда мерасонанд.
Рустам фикри мустақилона надорад. Ҳамеша дудила аст. Аз ин ҳисоб Хуршед Мирзоев, яке нафарони наздики «круг»-и вай аз ин истифода карда ҳам вазифафурӯшӣ мекунад ва ҳам проектҳои асосии давлатиро ба гурӯҳҳои муайян бо пули калон мефурӯшад.
Дар барномаҳои баъди дар бораи афроди дигари «круг»-и Рустам хоҳем навишт.