Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ ё рақиби кисагии Рустами Эмомалӣ

Ислоҳ нет

Шаҳбози Аброр, вакили 34-солаи Маҷлиси вакилони Душанбе бо анҷоми як табаддулоти  барқосо Сайидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро аз раёсати ҲДТ –Ҳизби демократи Тоҷикистон барканор ва курсии №1-и демократҳои ин кишварро  ишғол кард.

Тардид надошта бошед, ки ин навбати табаддлот дар ҳайати раёсати ҲДТ ҳам бо мусоидати дақиқан ҳамин «боло» анҷом шуда буд. Вале дар тафовут аз табаддулотҳои қаблӣ ин бор ин табаддулот ба андозаи сурохии сузан ангезаи дарунҳизбӣ надорад. Саддарсад кори дасти «боло» аст. Ва Сайидҷаъфар Усмонзода, ки низ чанд соли пеш бо кумаки ҳамон «боло» вале бо пуштибонии ҷамъе аз демократҳо табаддулоте барпо ва ин курсиро аз марҳум Масъуд Собиров кашида гирифт, агарчи мегуяд вокуниши вай ин табаддулот ба мавқеъи раиси ҷумҳурӣ вобаста аст, аммо хуб медонад, ки пушти ин корҳо худи раиси ҷумҳурӣ  истодааст ва дақиқан аз ин табаддулот огоҳ аст ва ҳатмани ҳатман «о,кей» дода ва ба барномарезону муҷриёни он «як ҷаҳон ташакур» ва «аҳсан» ҳам гуфтааст. Аз ин ҷо аст ки Усмонзода гуфт, ки даъво ва судкашӣ нахоҳад кард.

Аммо ҳоло пурсиш инҷост, ки чаро ин табаддулот руй дод ва ҳадафи он чӣ аст? Ва чаро «боло» ҳамчунин тасмим гирифт ва магар Сайидҷаъфар Усмонзода, чи бад кард, ки осӣ ва рад шуд?

 Сайидҷаъфар Усмонзода давоми раисиаш дар ин ҳизб ба ҳеҷ амале даст назадааст, мавриди итобу дучори нобоварӣ ва нороҳатии «боло» қарор гирифта бошад. Балки баракс ҳамвора гапу ҳарферо мезад, ки дар асл он гапу ҳарфи ҳамин «боло» аст. (Вақте мо «боло» мегуем, шумо бидуни ягон фикру мулоҳиза Раҳмоновро  дар назар дошта бошед). Барои ҳамин ангеза, сабаб ва ҳадафи табаддулоти навбатӣ дар ҲДТ, барканории Усмонзода ва овардани Шаҳбози Аброр ба фаъолияти Сайидҷаъфар Усмонзода аслан рабт надорад. Чун, чуноне гуфтем, ҷаноби Усмонзода сохтаву овардаву руёнида ва шинонида ва дастнигари худи ҳамин «боло» аст ва ҳеҷ вақту ҳеҷ гоҳ аз лутфу марҳамати  «боло» канор намондааст. Ва, ин эҳтимол, ки тавассути ин ҳизб дар маъракаи ояндаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки номзади асосии «боло» Рустами Эмомалӣ аст, рақибе бар муқобили он қад алам хоҳад кард ҳам вуҷуд дошта наметавонад. Ҳамон «рақибони эҳтимолӣ», ки хоҳ ҳоло дар сари кор нестанд ва хоҳ дар сари коранд, яқинан ҳаваси ин курсиро доранд, аммо ҷуръат ва ҷасорати вориди арса ва корзор шуданро надоранд. Вагарна дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 шонс ва имконоти Маҳмадсайид Убайдуллоев бартар ва муҳкамтар аз Эмомалӣ Раҳмонов буд.

Аммо ҳоло чи шуда, ки Шаҳбози Аброрро, як шахси ноошно ва тамоман номаълум ноаёнро  оварданду бар сари ҲДТ шинониданд ва ӯ ҳам дар суҳбати аввал ё нахустин баёнияии матбуотиаш  эълон кард, ки «киссагӣ» нахоҳад буд. Ин дар ҳоле, ки вай то инки раиси калон шавад, раиси ҲДТ дар Душанбе буд. Ва, то ҳоло касе ҳатто аз вуҷуди вай огоҳӣ надошт.

Шаҳбози Аброр агарки киссагӣ набуд тамоми ахбори марбути ин табаддулот дар расонаҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон: «Ҷумҳурият» ва «Ховар» дарҷ намешуд. Беш аз ин ҳатто «Ховар» бо нашру чопи матолиби ҷонибдорони Шаҳбози Аброр ошкоро аз вай тарафдорӣ кард ва ҷавоби навиштаи Сайидҷаъфар Усмонзода ба ин «ибтикорот»-и Шаҳбози Аброрро «игнор» кард.

Дар шумори вакилони Анҷумани ғайринавбатӣ шинонидани донишҷуёни кадоме аз донишгоҳи Душанбе ҳам шаҳодат медиҳад, ки «мо киссагӣ» намешавем гуфтанӣ Шаҳбози Аброр як ҳарфи пучу бемоя аст.

Аммо чаро ҷаноби Шаҳбози Аброр ҳамчунин баёния дод? Барои онки ҲДТ солҳост, ки кисагӣ аст ва на танҳо ҲДТ, тамоми аҳзоби мавҷуд дар Тоҷикистн киссагианд.

Шаҳбози Аброр на фақат киссагӣ аст, Шаҳбози Аброр бадтар ва беобрутар аз киссагӣ хоҳад буд.

  Сайидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Амир Қарокулов, Олим Бобоев, Исмоил Талбаков дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар солҳои 2006у 2013у 2020 рақибони Эмомалӣ Раҳмонов буданд. Рақибони беҳтар ва муфидтар аз рақиб.

Масалан ҳамин ҷаноби Усмонзода он вақт ки худаш муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ буд мегуфт, ки аъзои хонаводааш ба Эмомалӣ Раҳмонов овоз медиҳад. Мазоҳу масхараву обрурезӣ аз ин бештар  дигар  намешавад. Таҳқири демократияву интихоботу миллату мардуму давлат аз ин бештар намешавад. Киссагӣ будан аз ин бештар намешавад.

Фақат ба хотири онки дар барга-бюллетени интихоботӣ ин номҳо дар паҳлуи номи Эмомалӣ Раҳмонов навишта шавад ва онҳо рақибони интихоботӣ ҷилва дода шаванд ва дар ҷомеаи дохил ва байналмилалӣ вонамуд кунанд, ки интихобот бо рақобат буд, ин нафаронро ҳамчун номзадҳои интихоботӣ сабти ном мекарданд ва ҳама афроди зикршуда раисони аҳзобанд ва дар Тоҷикистон танҳо ҳизбҳо ҳақ доранд, ки барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ намоянд.

 Бовар кунед, ки Раҳмонов ва дастгоҳи вай шабуруз дар фикру хиёли гул задан, аҳмақ кардан фанду фиреб додани мардуми тоҷик аст. Раҳмонов ҳам Усонзодаро задагӣ ва ҳам ҲДТро. Вай бо ин кор қасду ғарази дигар дорад.

  Гуё Шаҳбози Аброр аз фаъолиятҳои ду соли ахири Саидҷаъфар Усмонзода норозӣ асту барои фаъолиятҳои ҲДТ-ро пурсамар кардан курсиро аз зери пойи вай гирифтааст. Кӣ ба ин гап бовар мекунад?

Ин баёния ҳам як ҳарфи ҳавоӣ ва тамоман бемаънову бемантиқ аст.

Шаҳбози Аброр чи кор карда метавонад? Ҳеҷ!

Вайро оварданд, ки акнун рол ва миссияи Сайидҷаъфар Усмонзодаро дар интихоботи ояндаи президентӣ, ки ин бор Рустами Эмомалӣ номзад мешавад бозӣ ва иҷро бикунад. Барномарезони он интихобот, ки дар саргаҳаш худи Эмомалӣ Раҳмонов истодааст, мехоҳанд, ки Рустам ҳамроҳ бо кондидҳо-рақибони ҷавон вориди маъракаи интихоботӣ бишавад ва акнун мунтазир бошед, ки дар бақия аҳзоб ҳам ҷавонҳо-ояндаҳои миллат курсии раисҳоро мегиранд ва омадану овардани онҳо на барои он аҳзоб, ки дар асл онҳоро ҳизб гуфтан ҳам ҷоиз нест, ба хотири ҳамин Рустам  ва интихоботи вай аст. Яъне Шаҳбози Аброрро на барои ҲДТ оварданд, Шаҳбози Аброрро оварданд, ки рақиби Рустами Эмомалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кунанд. Маълум аст ки вай чи гуна рақиб хоҳад буд. Рақиби номаълумтар, рақиби белабу даҳантар, рақиби гунгтар аз худи Рустам, яъне як рақиби пасттару поинтар, аммо ҷавон. Чунки «боло» фикр кард, ки бо рафтан ба интихобот бо Саидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффорзода,Рустам Латипов, Толиб Бобоев ва амсоли инҳо, ки раисони аҳзобанд Рустам дар хиҷолат хоҳад шуд, чун инҳо «як ҳаёт» рақибони Эмомалӣ Раҳмонов буданд ва шояд барои Рустам «западло» бошад, ки вай ҳам бо ҳаминҳо маъракаи интихоботӣ ташкил бикунад. Чи магар ҷавонҳои довталаб вуҷуд надоранд? Як каме бошад ҳам тавре интихобот баргузор бишавад, ки мардум ва махсусан оппозитсион ва ниҳодҳои байналмилалӣ мазоҳу масхара накунанд.

Аз инҷо аст ки мегуем Шаҳбози Аброр зишттар аз киссагӣ хоҳад буд ва маъракаи интихоботӣ ҳам дар пеш аст ва хоҳем дид, ки вай худашро таблиғу ташвиқ мекунад ва ё Рустами Эмомалиро?

Аммо мутмаинан ӯро барои Рустами Эмомалӣ оварданд ва дар ҳамон суҳбаташ худаш ҳам иқрор ва эътироф кардааст, ки дар доираи «сиёсатҳои ҷавонсозӣ» омадааст. Яъне тайёрӣ ба интихобот ва овардани Рустам шуруъ шуда истодааст ва дастандаркорон доранд иқдомот пиёда мекунанд.

Инҷо ҳадаф рушан аст. Ҳеҷ чизи хубу мусбатро мунтазир наметавон шуд. Рустам ҳам айни падараш аст. Аз ҳоло маълум шуда истодааст, ки барои «н…бат»-и мардум кор карда истодааст. Ягон касеро иҷозат намедиҳанд, ки ба унвони рақиби воқеӣ дар интихобот ширкат варзад ва агар чунин нафаре садо баланд кард бо саду як баҳона амсоли Фаромуз Иргашев зиндонӣ мекунанд ва афроди номаълуму номушаххасе мисли Шаҳбози Аброрро меоваранд, ки обсофкунак ё обтозакунаки интихоботи Рустами Эмомалӣ хоҳанд шуд.

Усмонзодаву садҳо амсоли вай қурбонӣ ва фидои чунин бозӣ бишаванду мешаванд, аммо бояд Раҳмонов кори худашро кунад.

Ин бор ҳам бо тазвиру риё мамлакат ишғол ва тасарруфшуд тасарруф ва ишғол мешавад. Кишвар   моли як гуруҳи ғосиб ва ишғол мешаваду гуруҳе дигар ба  почахорӣ ва маддоҳии ин гуруҳ касби маош мекунанд,  доми ризқ мечинанд. Ва ин гуруҳи ғосиб ва ишғолгар боз ҳам ба дуздиву ғорат ва талаву тороҷи манобеъ ва сарвати миллат машғул мешаванд.

  Маълум нест, ки кай интихобот баргузор карда мешавад. Меистанд то анҷоми муҳлати ҳафтсолаи Раҳмонов ва ё пештар. Аммо аз ҳамин ҳоло барои Рустам саҳна ва манзара дуруст карда истодаанд. Дизайнерҳову ороишгарони саҳнасозӣ доранд. Ному насаби онҳоро намеоварем. Шарт нест, чун маълум аст ки онҳо киҳо ҳастанд.

Усмонзода сад сол мунтазири мавқеи президент монад ҳам чизе иваз намешавад ва Шаҳбози Аброр сад бори дигар гуяд, ки «киссагӣ» нест касе бовар намекунад.

 Акнун ин  «гуруҳи ташаббускор» ва «шурои сиёсӣ» -и ҷадид, ки дар Анҷумани ғайринавбатӣ ташкил шуд, кам-кам дар нашароти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳувайдо мешавад. То фардо нагуянд, ки ин Шаҳбози Аброр аз миёни замину осмон аз куҷо пайдо шуд ва барои Рустам як ҳарифе месозанд, ки гуё барои ҷомеа ошнову шинос ва як шаъсият аст. Хуллас як арусаки дастисохтро аз ҳоло доранд барои интихобот омода мекунанд.

Шаҳбози Аброр дар бюллетени интихоботӣ минҳайси рақиби Рустами Эмомалӣ навишта мешавад. Шаҳбози Аброр мисли бақия рақибони ҷаълӣ  200уандҳазор имзо ҷамъоварӣ мекунад, сади 5%-и интихобиро убур мекунад вале  вақти ҷамъбасту шумориши оро ҳамааш шуда1% ё 2% мегирад.

Аз ҳамин ҳоло нақша кашида истодаанд ки чи тавр дар дар чашми халқ ва ҷомеаи байналмилалӣ хок пошанд ва дар куни интихобот чуб зананд. Фикру хиёли инҳо ҳамин аст ки Рустамро чи гуна сари кор оваранд, фикру хиёли инҳо ин нест, ки тоҷики бечора дар Русия чи рузу рузгор дорад.

Бинобар навиштаи хабаргузории русии  Спутник Шаҳбози Аброр гуфтааст, ки  вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳад кард.

“Мо дар амри ободиву рушд ва амнияти Тоҷикистон ҳамкори ҳукумат хоҳем буд”, — гуфт раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир (Имомов Аброр Зоҳирович ) ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

Ин хабаргузори менависад, ки Шаҳбози Аброр яке аз корҳои барҷастааш гирифтани интервю аз Рустами Эмомалӣ аст ва ингор вай аз шиносҳои Рустам мебошад:

  «Як замон дар рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” (2009-2016) рӯзноманигор буд ва аз корҳои барҷастааш мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Ин танҳо мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ ба расонаҳо аст.

Шаҳбози Зоҳир яъне писари Зоҳир  муассиси рӯзномаи “ИСТИҚЛОЛ”, маҷаллаи “Набзи Душанбе” ва сомонаи “Истиқлол” ба шумор меравад. Ҳамзамон мудири Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати шаҳри Душанбе аст.

Дар ҳар сурат мо гуфтему шумо шунидед, ки ҳам Саидҷаъфар Усмонзода, раиси акнун собиқ ва ҳам Шаҳбози Аброри раиси феълӣ ва ҳам худи ҳизби демократ ва агар руку рост бигуем ҳам тамоми халқи Тоҷикистон ба фано бираванд, Эмомалӣ Раҳмонов парво надорад, ҳама садқаи сари Рустам ва интихоботи вай аст ва Шаҳбоз рақиби интихоботии Рустам мешавад ва Рустам ҳам гуё ҳизби оппозитсиониро шикаст дода раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Ps: Ва дар охир як нукта. Ин табаддулот ончунон сареъу фаврӣ ва таъҷилӣ иттифоқ афтод, ки масалан демократҳо аз Хатлону Раштону Хуҷанд бехабар монданд ва ҷойи вакилон дар Анҷуманро бо донишҷуҳои кадом донишгоҳ пур карданд.

Дастандаркорон мехоҳанд интихоботи Рустами Эмомалӣ ҳам ҳамин гуна барқосо, таъҷилӣ, бе гапу калоча ва зуд бигзарад. Ва, мардум як сабоҳ хезанд, ки дар ҷойи Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои муаззами миллат, ҷавони “ояндадор”у дуввумин фарзанди фарзонаи миллат руи курсӣ нишастааст.

Ҳангоми навиштани ин матлаб бо яке аз дӯстон суҳбат доштам чанд эҳтимолотеро дар ин қазия зикр намуд. Масалаи 50 ҳазор долларе бояд пардохт мешуд аз тарафи Сайидҷаъфар Усмонзода,ки он пардохт нашуда буд. Фишори Толибон ба ҳукумати Раҳмонов дар мавриди Усмонзода ва се нуктаи дигареро ҳам зикр намуд,ки бароям ғайри маъқул буданд зикрашон намекунам.

Дар охир ба ҷаноби Усмонзода пешниҳоде дорам,ки ба умеди СС.Ятимов ва Ҷамшеди қудояш набояд шавад ва истодагарии бештар намояд сарнавишти Маҳмадрӯзӣ Искандаров раиси зиндонии ҲДТ ӯро интизор аст. Чикор кунад бояд худаш тасмимашро бигирад!   

Share This Article