Шамсиддини Саид: “ Аз роҳи интихобидаам пушаймон нестам”

Ислоҳ нет

 

       Cӯҳбат бо Шамсиддини Саид, яке аз собиқадорони ҲНИТ ва аз фаъолони ҳаракатҳои миллӣ-мазҳабии Тоҷикистон

 

       Бистуми апрели соли ҷорӣ аз таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 46 сол сипарӣ мешавад. Тӯли наздик ба панҷ даҳа Наҳзат даврони мухталиферо дар фаъолиятҳои худ пушти сар кардаст. Наҳзат ҳам давраҳои пинҳонкорӣ, ҳам фаъолияти ошкоро, ҳам ҳиҷрат, ҳам муқовимати мусаллаҳона ва ҳам ҳузур дар идораи давлатро таҷриба карда то як ба ҳизби ҷиддии соҳиби нуфуз дар миқёси мамлакат ва ҷаҳон рушд кардааст. Айни замон ин ташкилоти муътабари сиёсӣ дубора дар ҳиҷрат ва ин бор дар кишварҳои урупоӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

    Пойгоҳи таҳлилии “Islon.net” тасмим гирифт бахшида ба рӯзи ташкилёбии Наҳзати исломии Тоҷикистон бо чанде аз аъзои аршади он сӯҳбатҳо анҷом дода пешкаши хонанда ва ҳаводорони ин ҳизб созад. Шамсиддини Саид, яке аз аъзои аршад ва бособиқаи Наҳзат аз ҳамсӯҳбатони аввалини мо ҳастанд.

 

  Тӯли фаъолияти  46 солаи худ ҲНИТ давраҳои гуногуни муборизаро пушти сар кардааст.Шумо дар кадом давра аз фаъолияти ҳизб узвияти онро пазируфтед.Дар давраҳои пинҳокориаш дар замони шӯравӣ ва ё баракс, баъде, ки ба фаъолияти расмӣ пардохт?

 

  Ба номи Аллоҳи пок

    Банда аз ҳанӯз аз даврони мактабӣ- аз 15 солагиам бо афроди саршиноси ин ҳаракати бедорӣ иртибот пайдо кардаам.Сабаби ин иртибот дар он буд, ки мо бо қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид  ҳамсоя будем ва он солҳо дар ҳалқаи дарсии ҳазрати эшони Абулҳусайни заргарӣ ширкат доштам ва аз шогирдони ин бузургвор ба шумор мерафтам.Ба василаи ҳамин бузургон тавонистам  бо шахсиятҳои маъруфи он солхо Абдуллоҳи Хаттоб(Хурдӣ),устод Қаландари Садриддин –падари бузургвори шумо,ки ҳамаашон дар  Қурғонтеппа кору зиндагонӣ мекарданд, аз ҷумла зодгоҳи ман низ ҳамин ҷо аст, ошноӣ пайдо намоям. Ва соли баъд таҳсили диниамро дар ҳалқаҳое,ки ба Ҳаракати наҳзат муртабит буд идома додам ва аз ҳамон солҳо гоҳ-гоҳе ба фаъолиятҳои ин ҳаракат пайвастам.

Дар соли 1982 мактаби миёнаро хатм карда ният доштам ба факултаи   шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Душанбе  шомил шавам. Аммо бо шуморе аз устодони мактаб, ки сарсахтона аз сиёсатҳои коммунистони дифоъ мекарданд ва дидгоҳи коммунистӣ доштанд, баҳсҳое ба миён омад, ки ниҳоятан  то ба шӯъбаи маориф кашида шуд. Аммо дар ин миён пойи падарамро ҳам ба амният кашиданд.(Худо биомурзад падари бузургворамро, ки дар соли 1992 тавассути афроди Фронти халқӣ аз манзиламон гирифтанд ва то ба имрӯз аз сарнавишти баъдии ӯ маълумоти дигаре пайдо карда натавонистем). Ва ҳамин тавр орзуи таҳсил дар риштаи шарқшиносӣ ҳам барбод рафт.Аз он ба баъд комилан бо Наҳзат пайвастам.

 

    То ҷое медонам шумо танҳо наҳзатие ҳастед,ки ҳатто дар зиндон бо Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳ будед.

 

Бале. Қисмат ингуна будааст, ки банда ҳам аз ҷумлаи иштирокчиёни аввалин тазоҳуроти мардумӣ, ки барои дифоъ аз устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар миёнаҳои моҳи августи соли 1986  дар муқобили бинои ҳукумати комунистии шаҳри  Қурғонтеппа сурат гирифт, будам.Дар ҳақиқат ин аввалин гирдаҳамоии мардумӣ ба хотири раҳоӣ ва дифоъ аз як пешвои сиёсиву мазҳабӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қаламрави СССР-и собиқ буд.Ин гирдиҳамоӣ бесобиқа ва беназир буд ва пояҳои ҳокимияти комунистонро, ки бо сиёсатҳои зиддиниашон ҷавру зулми зиёд болои мардум оварда буданд, такон дод. Хуб, ин як қиссаи алоҳида ва хеле ҳам шуниданӣ аст, ки шояд ягон вақте бо тафсил ҳикоят кунем. Банда ҳам  барои иштирок дар ин тазоҳурот бо ҳукми суди вилояти Хатлон 3 сол (1986-1989) аз озодӣ маҳрум ва ба Сибириё бадарға шудам. Мулоқоти аввалини банда ҳам бо ҳазрати устод дар зиндони шаҳри  Қурғонтеппа иттифоқ афтод. Фаъолияти банда дар сафҳои ҲНИ дар солҳое шурӯъ шуданд, ки ҳанӯз ба таври расмӣ ва озодона амал намекард. Мо фаъолияти пинҳонӣ доштем.

 

  Имрӯзҳо васоити ахбори умуми режими  ҳоким кораш аз бадном ва сияҳсозии муассисони ҲНИТ ва аъзои аршади он иборат аст. Шумо, ки бо онҳо ва кору пайкори онҳо шинос будед дар ин маврид чӣ назар доред?

 

  Бидуни муболиға метавон гуфт, ки таъсиси як чунин ҳаракате, бар зидди сиёсатҳои як давлати абарқудрат ва он ҳам дар замони авҷи қудрати он як қаҳрамонии бемисл ба ҳисоб меравад, ки тавасути фарзандони бузурги ин миллат сурат гирифтааст.Инҷо мехоҳам ба як нукта ишора бикунам.Баъди пошхӯрдани шӯравӣ ва аз байн рафтани низоми коммунистӣ дар бисёре аз кишварҳои дар суроғи шахсиятҳои муборизе  шуданд, ки барои насли оянда ва ҷавонон улгу  бишаванд. Барои мисол русҳо онҳоеро, ки бар алайҳи режими комунистӣ мавқеъ доштанд, мубориза бурда буданд, ранҷи он режимро ба хотири дидгоҳҳои сиёсиашон кашида зиндон шуда буданд ва ё аз кишвар берун андохта шуда буданд,дубора ба сифати қаҳрамон эҳё карданд ва дар бораи онҳо менавиштанд, кино месохтанд, барномаҳои телевизионӣ таҳия ва ба намоиш медароварданд ва хулоса аз ин гуна дигарандешон ва диссидентҳо ба ваҷҳи аҳсан ёдовар мешуданд. Ба гунаи мисол адиби тавоно  Солженитсинро, ки бо як эҳтиром хос ба ватан бозгардониданд. Мутаассифона дар кишвари мо бо ба қудрат расидани гурӯҳе,ки даъвояш миллат,аммо амалкардашон зидимиллист на танҳо ба қадри ин ҷавонмардони бошараф нарасиданд,балки ҳамеша кӯшиш карданд, ки ин хиттифоқоти нодири таърихи миллат  нодида гирифта шавад.

 

   Кудетои Ҳоҷӣ Ҳалим-Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистонро баҳона карда ҲНИТ-ро бастанд ва террористӣ хонданд. Иттиҳоме, ки бо гузашти чаҳор сол ягон давлати дунё напазируфт.Фикр мекунед сабаби асосии манъи фаъолияти ҳизб чӣ буд?

 

Бояд бигӯям, ки банда аслан ба ин афсона, ба «кудетои» генерал Назарзода бовар надорам. Ва боварам бар ин аст,ки эшон ва ҳамроҳонаш ҳам мисли дигар ҷавонмардони бо ору номуси миллат (масалан Мирзои Зиё) бо барномаи махсуси аз пеш тарроҳӣ шуда ба шаҳодат расонида шуданд ва дур нест он рӯзе,ки ҳама хиёнатҳо ошкор шаванд. Дар мавриди сабабҳои бастани ҳизб ҷонибдори он афроде ҳастам,ки мегӯянд ин нақшаи нангин бояд пештар (пас аз интихоботи 2010) анҷом мегирифт вале ин фаъолиятҳои муассири роҳбарияти Наҳзат буд, ки боз чанд соле   идома пайдо кард. Иллат ва сабаби асосии он тоза кардани майдон барои «Президенти ҷавон  аст.

 

 Дар мавриди зиндониёни аршади ҲНИТ ва ё 16 нафар узви Раёсати олии ҳизб,ки феълан дар зиндонанд чӣ метавонед бигӯед?

 

Онҳо ҷавонмардонанд, ҷавонмардтарин мардони кишваранд, ки сабаби рашку адовати чанд нафари тарсу ва бехирад гашта Юсуфвор дар банди зиндон қарор доранд.Ва ҳеҷ ваъдаи пулу мансаб ва ҳеҷ шиканҷаву истинтоқ иродаи онҳоро натавонист бишканад. Онҳо ифтихори ҳар инсони ватандӯст ҳастанд. Ифтихори онро дорам, ки ширинтарин лаҳзаҳои умрам бо ин бародарону устодон гузаштааст. Ба гуфтаи шоир:

Аҷоиб ҳолате дидам дар ин дунёи зулмонӣ,

Ки нокас соҳиби давру касон дар банду зиндонанд.

 

Дар ҳар сурат ин бори дуввум аст ки ҳукумати Раҳмон фаъолияти ҲНИТро дар кишвар мамнӯъ эълон мекунад. Ва бори дуввум аст ки аъзо ва бархе аз раҳбарияти ҳизб маҷбур рӯ ба ҳиҷрат меоваранд. Шумо ҳам яке аз онҳоед, ки тавонистед аз ҳабсу зиндон наҷот ёфта  дубора ба фаъолиятҳои сиёсӣ идома диҳед. Фаъолиятҳои ҲНИТ-ро дар шароити феълӣ чи гуна баҳо медиҳед? 

 

Бале, банда соли 2015 маҷбур ба тарки Ватан шудам аммо инҷо ҳам аз шарри онҳо халос нашудам ва бо ҳукми додгоҳи Хатлон ғоибона ба 15 сол зиндон маҳкум шудам.Албатта ҳиҷрати дуввуми мо аз ҳиҷрати аввал фарқ мекунад. Ҳам замони ҳиҷрат  ва ҳам макони ҳиҷрат., ҳам шароит ва ҳам тарзу усули мубориза. Аммо новобаста аз тағйири усул мубориза идома дорад. Барои ҳамин бар ин назарам, ки мо тавонистем сафҳои худро дубора рост кунем ва танҳо бояд ин нуктаро ошкоро бигӯям, ки бовар надоштам,ки бародарон бо камтарин вақт битавонанд болои пои худ рост шаванд ва фаъолиятро ба роҳ андозанд. Албатта, камбудиҳо ҳам кам нестанд. Умедворам рӯз то рӯз фаъолияти бародарон боз ҳам хубтар шавад.

 

  Ба назари Шумо ин бор даврони ҳиҷрат чи тавр ва кай  анҷом меёбад? Ва ҲНИТ метавонад ба фаъолиятҳои расмиаш дар кишвар идома бидиҳад?

 

Мо барои бозгашти сарбаландона ва шарофатмандонаи худ ва ҳамроҳонамон, барои раҳоии зиндониёнамон тамоми талошҳоро, тамоми имкониятҳоро истифода хоҳем кард. Мо дар масири мубориза ҳастем. Умедворам, ҳиҷрати мо ва шумо зиёд тӯл накашад.

 

Феълан чи масъулиятеро дар ҲНИТ ифо мекунед?

 

  Феълан банда узви раёсати Олии ҲНИТ ҳастам ва дар канори устодон ва хоҳарону бародарони азизам қарор дорам.

 

Беш аз ними умри шумо ба хотири ҲНИТ зери фишор ва таҳдид сипарӣ мешавад. Боре ҳам шуда, ки аз роҳи интихобидаатон  пушаймон шуда бошед?

Ба ҳеҷ ваҷҳ  аз роҳи интихобидаам пушаймон нашудаам.Мутмаинан агар аз роҳи пешгирифтаам пушаймон мешудам ҳоло бо Шумо ин сӯҳбатро надоштам.

Сипосгузорам устод аз суҳбати озод ва шевову равонатон. 

 

Share This Article