Шармандагӣ. Самбочиёни тоҷик аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маҳрум шуданд

Шарматон бод риёкорон! Ҳар вақто як варзишгар аз ин сӯ қарз, аз он сӯ қарз карда, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунаду ба мувафақият ноил мегардад, бо карнаю сурнай пешвоз мегиред ва дар ҳол дастоварди ӯро дастоварди сиёсатҳои хирадмандонаи ҷанобатон унвон мекунед. Эълон мекунед, ки бо дастгирии пешво, ҷаноби олӣ, муҳтарам фалонӣ дар мусобиқа иштирок намуда, ба мувафақият ноил шуд. Аммо мебинем, шумо на дастгирӣ мекардаеду на пуштибонӣ на сарпарастӣ.

Муддати се сол инҷониб Федератсияи самбои Тоҷикистон ҳаққулузвият ба FIAS-ро пардохт карда наметавонистааст. Ба сабаби напардохтани ҳаққулузвияти сесола,  Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистонро аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барканор кардааст.

Ин хабари нигаронкунанда, дар ҳоле аст, ки дар чунин шароити мушкили молӣ варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, моҳи ноябри соли 2017 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Ҳангоми сарфароз шуданаш ба медали тилло суруди миллии Тоҷикистон сароида шуда, парчами Тоҷикистон барафрохта шуд.  Хоҷазода, инчунин дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тилло, дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод дар намуди самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тилло ва дар намуди гуштини кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст.

Ҳамчунин Акмалиддин Каримов дар чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сочи, ҷойи дуввум, дар чемпионати Осиё дар Тошканд, ҷойи якумро дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод ишғол намуда парчами кишварро баланд бардошта, обрӯи кишварро боло бурдааст. Ҳамчунин даҳҳо самбочиёни дигари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба мувафақиятҳои назаррас ноил шуда, обрӯи Тоҷикистонро боло бурдаанд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон мисли варзишгарон ҳеҷ як сиёсатмадор ва ё донишманде то ба ҳол дастоварди назаррасе надорад.

Чанд соли охир ҳамин варзишгарон буданд, ки парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баланд бардошта, обрӯи Тоҷикистонро ҳифз менамуданд.

Мо ба тамоми чорабиниҳои беҳуда маблағ дорем. Риёкорона, барои масрафи ҷашнҳо маблағ ёфт мешавад, аммо барои дастгирии як Федератсияи самбо дар муддати як сол 300 доллари амрикоӣ ёфт намешавад. Ин кор се сол давом карда, муддати се сол федератсияе, ки ба кишвар қаҳрамонон омода кардааст, номи кишварро дар кулли ҷаҳон машҳур кардааст, 900 доллар маблағ ёфт нашудааст, ки роҳбарияти ин федератсия то ба ҳол аз паи ҷустуҷӯи сарпараст овора будааст. Ҳукуматдорони номуҳтарами Тоҷикистон инсофатон куҷо шуд?

Шарматон бод риёкорон!

Ҳар вақто як варзишгар аз ин сӯ қарз, аз он сӯ қарз карда, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунаду ба мувафақият ноил мегардад, бо карнаю сурнай пешвоз мегиред ва дар ҳол дастоварди ӯро дастоварди сиёсатҳои хирадмандонаи ҷанобатон унвон мекунед. Эълон мекунед, ки бо дастгирии пешво, ҷаноби олӣ, муҳтарам фалонӣ дар мусобиқа иштирок намуда, ба мувафақият ноил шуд. Аммо мебинем, шумо на дастгирӣ мекардаеду на пуштибонӣ на сарпарастӣ.

Шояд бигӯед, ки ин Федерастия ташкилоти ғайридавлатӣ аст ва давлат барои дастгирияш вазифадор нест.  Аммо бояд бидонед, ки дастгирии бевоситаи варзишгарони болаёқат вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат мебошад.

Варзиш ҳам яке аз зинаҳои сиёсат аст. Сиёсати шумо бидуни дастгирии варзиш ҳеҷ буда, маъное надорад. Агар варзиш як узви ҷудонашавандаи баданаи сиёсат намебуд, ҳангоми ба ғолиби мусобиқаҳо супоридани ҷоизаҳо суруди миллии кишвари ғолиб сароида намешуд ва ҳам парчами он кишвар боло бардошта намешуд.

Давлатмардони беномуси кишвар ё ҷойро холӣ кунеду ба касоне супоред, ки наммие дар бадан доранду дар рагу паяшон хуни ватандустӣ ҳаракат мекунад ё ин ки як каме ба худ омада, бингаред, ки чӣ беномусиҳое аз дасти шумо сар зада истодааст.

Магар танҳо ба хотири 900 доллар аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани дастаи мунтахаби як кишвар шармандагӣ нест?

Магар се сол пай дар пай пардохт карда натавонистани ҳаққулузвияти федератсияе, ки чандин қаҳрамонҳоро ба кишвар ҳадя кардааст, беномусии роҳбарияти кишвар ҳисоб намешавад?

Шумо чигуна дар ин ҳолат боз сар бардошта, гап мезанеду “сиёсатҳои хирадмандонаатонро” лоф мезанед?

Шумо аз уҳдаи дастгирии як федератсия намебароед, аммо вақте мардум аз уҳданобароии шумо забон мекушояд, дарҳол ӯро ба зиндон меандозед ва ё нобудаш мекунед. Бо ин зургӯиву бандитизим то ба куҷо мерасед?

Ҳоло ҳам дер нашудааст. Лутфан ба худ оед, сари хами ин миллати бечораро аз инҳам поинтар накунед!

 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Бадгумонӣ ва дармони он

Бадгумонӣ навъе ситамгарӣ дар ҳаққи дигарон аст ва боиси афзоиши тарс миёни ҳама ҷомеа мешавад, зеро мардум пайваста дар ҳаросанд, ки мабодо бе далел дар маърази иттиҳом қарор бигиранд ва обурӯяшон ба хатар бияфтад.
Read More

Конфронси обсофкунаки МТС: Таҳдиду хатарҳои ҲНИТ ба амнияти миллӣ?

Ба ақидаи ман ин конфронс барои он ташкил карда шудааст, ки ба конфронси солонаи САҲА дар Варшава рӯзҳои башумор мондааст. Баргузории ин конфронсро метавон як омодагие ба нишасти байналмилалии САҲА номид. Зеро ин дафъа ҳуқумат ба хотири шарманда нашуданаш мисли ду соли гузашта ба худ ҳаққ намедиҳад, ки бидуни омодагӣ ширкат варзад.
Read More

“ДОИШ” ё Раҳмон

Ҳадафи Раҳмон ва дору дастааш аз анҷоми ин қатли омм тамоман чизе дигар аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ДОИШ ба он даст надорад.
Read More

“Озодӣ”-ро кӣ мебандад? Раҳмонов ё “Озодӣ”

Радиои “Озодӣ” бо ирсоли як номаи дигар(ба эҳтимолӣ зиёд охирин) аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки ба фаъолияти хабарнигорони ин расона монеа нагузорад, парвонаи кори онҳоро бидиҳад ва уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро созад.