Шикастани ғурури мутакаббирон

Ислоҳ нет

 

(се қиссаи такондиҳандаи таърихӣ)

Умар ибни Хаттоб (раз) дар яке аз солҳои хилофаташ, ки барои адои ҳаҷ ба Маккаи мукаррама рафта буд, мардуми яке аз маҳаллаҳои Макка ба ҳузураш рафтанд ва шикоят карданд,ки Абўсуфён Сахр ибни Ҳарб(раз)  раиси банӣ Умайя маҷрои оби яке аз дараҳои атрофи Маккаро ба нафъи худаш ба тарафи хонаҳои онҳо тағйир додааст. Ҳар гоҳ борон биборад, хонаҳои онҳо дар зери хатари сел хоҳанд монд.

Умар ибни Хаттоб (раз) ҳамроҳи шикояткунандагон ба он ҷо меравад ва аз он боздид менамояд. Сипас Абўсуфёнро ба ҷойи ҳодиса ҳозир карда, мефармояд, то банди оберо, ки сохта буд, бо дасти худаш хароб кунад ва сангҳои онро бо дасти худаш ба ин тараф ва он тараф бипартояд.

Абусуфён, сардори муқтадири банӣ Умая ҷуз итоати амри Умари Форуқ(раз) чорае намебинад. Дар ҳузури шикояткунандагон ва мардуми дигаре, ки дар он ҷо буданд, сухане нагуфта, сангҳоро бо дасти худ аз ҷой меканад ва ба ҷойи дигар мебарад.

Умари Форуқ (раз) дар ин ҳангом рўй ба Каъба меистад ва Худованди мутаъолро ситоиш карда мегўяд:

– Худоро ситоиш мекунам, ки бандааш Умарро ба ҷое расонида, ки дар шаҳри Макка ба Абўсуфён фармон медиҳад ва ў итоат карда, фармон мебарад.

 Абўсуфён акнун дар баробари фармони Умар ибни Хаттоб(раз)  банди оберо, ки сохта буд, акнун тибқи фармони халифаи одил бо дасти худаш хароб мекунад. Он ҳам дар шаҳри Маккаи мукаррама, ҳамон шаҳре, ки худи Абўсуфён пештар фармонравояш буд, фармон медод ва мардум итоаташ карда, фармон мебурданд.

Дақиқан ба ин монанд се қисаро метавонем ҳамчун намунаи возеҳ ва равшане аз адолати Умар ибни Хаттоб кутоҳ ба ёд орем. Чунонеки борҳо хондаем, Умари Форуқ(раз) дар  ҳаққи як нафари қибтии насрониро аз писари Амр ибни Ос (раз),ки фарзанди фармонравое буд ва ин мансабро ба ў дода ва кишваре таҳти фармонаш буд, ситонид. Бояд таъкид кард, ки Амр ибни Ос (раз) – сипаҳсолори машҳури мусалмонон сарзамини Мисрро ба фармони Умар ибни Хаттоб фатҳ карда, ба тасарруфи давлати Ислом оварда буд, вале дар назари халифаи дуюми рошидин адолат чизе буд, ки бидуни риояи чизи дигаре бояд иҷро гардад ва қасоси қибтии ғайри мусалмонро аз ӯ ситонид.Ин қисса маъруф аст онро барои тулонӣ нашудан намеорам.

Қиссаи дуввум аз ин қарор аст,ки онро Донишмандони мисрӣ Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ дар «Доирату-л-маориф» овардааст:

Ҷабла ибни Айҳам, подшоҳи араби банӣ Ғассон дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб мусалмон шуд ва дар мавсими ҳаҷ бо сарони тоифа ва бузургони қавмаш барои анҷоми маросими ҳаҷ ба Макка омад. Иттифоқан, ҳангоме ки машғули тавофи Каъба буд, марде ба нохост пой рўйи ридояш, ки бар дўш афканда буд, мегузорад. Подшоҳи банӣ Ғассон, ки ғурури салтанат дар сар дошт, амали ин мардро беадабӣ медонад ва бар худ раво намедонаду намеписандад, ки нодида гирифта бигзарад, аз ин рў, сахт ба рўяш мезанад.

Ин мард, ки худро бегуноҳ медонад, наметавонад таҳаммул намояд ва чашм бипўшад. Ў медонист, ки дар асри Умари Форуқ (раз) зиндагӣ мекунад, асре, ки адолати иҷтимоӣ ба таври баробар, бидуни фарқ гузоштан байни подшоҳ ва дигарон иҷро мешавад.  Аз ин рў, ба ҳузури Умар, ки дар Макка буд, мешитобад ва шикоят мекунад. Умар ибни Хаттоб (раз) ин подшоҳро барои муҳокима ва талаби ҳаққи араби бадавӣ ба маҷлиси хилофат ҳозир мефармояд:

-Бояд дар ивази як зарбае, ки ба ноҳақ ба ин бандаи Худо задаӣ,  аз дасти ин мард як зарба бихўрӣ ё аз ў бихоҳӣ, ки афват намояд ва аз ҳаққаш даргузарад.

 Подшоҳи ғассонӣ ҳайрон шуда мегўяд:

-Оё шумо барои шахси оддӣ аз подшоҳ қасос мегиред?

 Умари Форуқ  мефармояд:

– Бале, дини мубини ислом туро дар баробари ҳақ ва адолат бо ў яксон медонад ва дар ҳуқуқи иҷтимоӣ байни ту ва ў камтарин фарқе намегузорад.

Ҷабла барои интихоби яке аз ин ду коре, ки Умари Форуқ фармуд, то фардои он рўз мўҳлат мехоҳад, вале ҳамин ки шаб фаро мерасад, дар торикии шаб бо ҳамроҳонаш ба Қустантания фирор мекунад ва ба дарбори қайсари Рум паноҳанда мешавад ва ба дини масеҳии собиқи худ боз мегардад. Гўё Ҷабла баъдан аз кораш пушаймон мешавад ва ашъоре дар ин бора чуни месарояд:

«Аз нанги таҳаммули як шаллоқ, ки барои гирифтани қасос маҳкум шудам, аз дини ҳақ баргашта, ба дини масеҳият боз гаштам ва агар сабр мекардам ин зарбаи қасосро таҳаммул менамудам, зиён надошт. Ин фахре, ки барои ҳифзи ҷоҳу ҷалол буд, маро аз пазириши қасос боздошт ва натиҷатан, аз дини ҳақ баргаштам. Ин амр чунин менамояд, ки чашми солимро бо чашми кўр иваз карда бошам.  Эй кош, модарам маро намезод, то чунин намебудам ва эй кош, он чиро, ки Умар гуфта буд, мепазируфтам».

Бале хонандаи гиромӣ Умари Форуқ(раз) як нафар подшоҳро бо он ҷалол ва шавкати подшоҳӣ барои гирифтани қасос ва адои ҳаққи як нафар араби оддии бадавӣ ҳозир ва маҳкум фармуд ва подшоҳро маҳкум намуд.Дар қиссаеки дар боло овардам фаҳмидем, ки Умари Форуқ (раз) сарвари банӣ Умая, фармонравои собиқи Макка -Абўсуфёнро барои гирифтани ҳаққи мардуми оддии Маккаи мукаррама маҳкум ва ҳукмашро шахсан иҷро фармуд.

Бо каме таваҷҷўҳ ба ҳар як аз ин се қазияи адолатгустарии таърихӣ барои мо маълум мегардад, ки Умари Форуқ (раз) чунонки дар аввалин хутбаи худ дар Масҷиди Набавӣ ва бар минбари Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфта буд: – Барои гирифтани ҳаққи заифон аз зўргўён ва золимон беш аз пеш сахт хоҳам гирифт», на фақат дар сухан, балки дар амал ба касе таҳвил надод, балке беш аз он чи интизор мерафт, ба қавлаш амал кард ва ончиро гуфт, ҷомаи амал пўшонид.

Ба таври куллӣ ақидаи Умари Форуқ(раз) ин буд, ки мусалмон бояд марди кор бошад, на марди гуфтор, мард бояд камтар ҳарф бизанад, зиёдтар кор кунад, худаш чунин буд ва аз мардум мехост чунин бошанд. Ўст, ки мегўяд: – «Ҳар гоҳ Аллоҳ бихоҳад қавмеро хушбахт фармояд, онҳоро тавре менамояд, ки кирдорашон зиёд бошад ва гуфторашон кам ва агар бихоҳад қавмеро бадбахт намояд, кору кўшишро аз онҳо бармегирад ва гуфторашонро зиёд мекунад, яъне некбахтии ҳар қавм дар ин аст, ки камтар сухан бигўянд ва зиёдтар амал аз худ нишон диҳанд ва баръакс, маҳрумият ва бадбахтӣ ин аст, ки камтар кор кунанд, то битавонанд ваъдаи холӣ ва навиди беҳақиқат ба мардум бидиҳанд.

Умар ибни Хаттоб(раз) гуфтааст: “Бароям беҳтар аст,ки ҳар рӯз як ҳокимеро аз вазифааш озод намоям,аз инки барои як соат золимеро дар ҳукумат боқӣ гузорам ва ӯ бар мардум зулм кунад”

Агар аз адолат дар кишварҳои мусалмоннишин бипурсанд.Барояшон бгӯ Умар ибни Хаттоб вафот намудааст!

Бале хонандаи гиромӣ мутаассифона ҳолати имрӯзии уммат дар умум ва мо Тоҷикон ҷуз гуфтори зиёд ва амали кам чизи дигареро надорем.Аз “пешво” то шаҳрвандон ҳама бисёр зебо мегӯянду мегӯем вале хело кам амал мекунем.Умед дорем рӯзе дар сарзамини моҳам чунин додгустаре бар миллат ҳукм мекунаду ҳаққи мазлумонро аз золимону фармонравоёни манотиқи дигари кишвар меситонад.Аллоҳ ба мо бисёр амал кардану кам гуфтанро иноят фармо омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article