Шикояти оқил ба сӯйи Аллоҳ ва шикояти ҷоҳил аз Аллоҳ ба махлуқ

Ислоҳ нет

Шикояти оқил ба сӯйи Аллоҳ ва шикояти ҷоҳил аз Аллоҳ ба махлуқ

Дар дунё ҳеҷ инсоне вуҷуд надорад,ки мушкилоте, мусибате,ғаме,андӯҳе домангири ӯ ё атрофиёнаш набошад. Ҳарчиқадар воло мансаб,дорои обрӯй,қадру манзалат ва …. бошедҳам бидуни мушкилот ё ғаму андӯҳе нестед. Онҳоеки нодор,бекор,мардикор, бемор,қарздор зиндонӣ,шавҳармурда,талоқ шуда,ятимдор ва….ҳоро хуб дарк мекунам,ҳочҷат ба баёни ҳоли сахташон нест.Барои таҳаққуқ ёфтани орзӯятон, расидан ба ҳадафе доред,чӣ он марбут ба дунё бошад ва чӣ марбут ба охират.

Вожаи шикоят дар қуръон ду маротиба омада аст яке дар сураи юсуф,дуввумӣ дар сураи муҷодала.Шикоятҳам ду намуд аст яке шикоят ба сӯи Аллоҳ , дуввуми шикоят ба сӯйи махлуқе аз махлуқоти Аллоҳ.Уламо шикояти дуввумиро чунин таъбир намудаанд,ки гӯё банда аз Аллоҳ шикоят мекунад ба назди бандаи Аллоҳ.Ин шикоят хело хатарнок аст қабл аз шикоят намудан хуб диққат диҳед.

Ҳакиме мебинад марде ба марди дигаре шикоят мекунад ва ба ӯ чунин мегӯяд:: “Оё шикоят мекуни аз он(Аллоҳ)е,ки раҳмат мекунад ба он(банда)е,ки раҳме ба ҳолат надорад?”

Шикоят ба сӯйи Аллоҳ ҳаргиз мухолифат ё муқобили сабр нест.

-Яъқуб (а) ваъда кард Аллоҳашро ба сабри зебо ва накӯ.Паёмбар вақте ваъда кард ҳаргиз хилофи ваъдааш намекунад ва чунин гуфт:   Гуфт: «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи хеш танҳо бо Худо мегӯям.

                                                                                                 (Сураи Юсуф,ояти 86)

-Айюб(а) ҳам Аллоҳ аз забони ӯ дар қуръон чунин мегӯяд:

Ва Айюбро (ёд кун), он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».

                                                                                                                                (Сураи Анбиё,ояти 83)

Шикоят ба сӯйи Аллоҳ ҳаргиз мухолифи сабр набудааст балке айни сабр аст чунонеки дар боло зикрашон рафт.Аммо он шикояте,ки ба назди махлуқ карда мешавад ин мухолифи сабр аст.

Инчунин шикояти Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васаллам) ба Аллоҳ,ки маъруф аст.Дар тойф ҳангомеки дар аснои даъват бо сангҳо ӯро заданд ва хун аз бадани муборак ҷорӣ шуд такя бар девори боғе намуд ва чунин гуфт:

«Парвардигоро, ба Ту шикоят мебарам аз кам шудани тобу тавонам ва баста шудани роҳи чораам дар баробарам ва хиффату хориям назди мардумон, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.» Ту Худои мустазаъифонӣ ва Ту Худои манӣ, маро ба кӣ меспорӣ? Ба бегонае, ки бо ман пархош кунад? Ё ба душмане, ки зимоми корро дар дасти ӯ қарор додаӣ? Агар бар ман хашм нагирифта бошӣ боке надорам, зеро осоишу оромише, ки Ту бароям медиҳӣ бароям гуворову созгор аст! Паноҳ мебарам ба нӯри ҷамоли Ту, ки ҳар торикӣ ва зулумоте дар баробари он рахт мебандад ва ҳама кори дунёву охират салоҳ меёбад. Аз ин ки хашми Ту бар ман фурӯд ояд ё нохушнудии Ту шомили ҳоли ман гардад, ҳар чи хоҳӣ маро итоб кун, то саранҷом аз ман хушнуд гардӣ! Ҳеҷ касро ҷуз Ту тавону нерӯе нест ба ҷуз ҷониби Ту! »

Бародар ва хоҳари имонӣ!

Оё он махлуқеки ба сӯяш шикоят мекунем мо ва шуморо ӯ интизор аст?

Оё ӯ интизори мо ва шумост,то моро бидуни ҳеҷ тамаъе ё хоҳише хушнӯд кунад?

Оё ӯ омода аст моро икром иззат ва эҳтиром кунад,дар ҳоле мо ҳамчун корафтода ва муҳтоҷе сархам ба наздаш меравем?

Ҳаргиз на!

 Инро бояд бидонем,ки танҳо мусалмони ҷоҳил ва нодон Холиқашро,ки моро офаридааст ва моро аз падару модарҳоямон бештар дӯст медорад назди як фарде,ки ӯҳам мисли мост бо каме тафаввуқ ва фарохдастӣ ё султа ва қудрату вазифааш.Мо Аллоҳро дар назди яке аз бандагонаш шикоят мекунем ва мегӯем ҳоҷати моро бароварда кун! Қабл аз инки шикоят назди бандае мекунӣ каме биандеш сипас амал кун.

Ҳамеша шикоятҳои худро паёмбарони Илоҳӣ ва бузургони ин дин танҳо ба Аллоҳ карданд.Ончӣ мехостанд ва ҳоҷате доштанд,мушкилоте доштанд онро танҳо аз Аллоҳ мехостанд ва ба онҳо нойл гаштанд.Он иззату қадру маконат ва ҷойгоҳашон пас аз гузашти асрҳо аз насл ба насл ба мо расидааст.Насли ояндаи мо аз мо чӣ мешунида бошанд?

Нотавону заифу ҳақир буданамонро?

-Дӯр аз раҳмати Илоҳӣ буданамонро?

Сархамиамон дар назди махлуқе мисли худамонро?

Роҳбарони золиму мардумозорамонро?

Мардумони бе масъулияту бе ибтикорамонро?

Олимонеки суханашон ҳеҷ арзише надошта ва тарсуямонро?

Ин ҳама бе сабаб набуда ва дӯр будан аз мафоҳими асили шариъати ислом.Мутобиқат накардани зоҳирҳоямон аз ботинҳоямон.Фарқ накардани ҳалол аз ҳаром ва ҳамеша муртакиби гуноҳ шудан ва тавба накарданамон.Сухани ҳақро нагуфтан дар муқобили ҳар золиму ситамгар ва…ҳост.

Мо нахуст худамонро бо оилаҳоямон ислоҳ кунем сипас мухлисона, шикоятҳои худро ба сӯйи Аллоҳ кунем, ҳангомеки бароямон ҳар мушкилоту мусибате расид ва ё гирифтори ранҷ,азоб,балое гаштем.Шикоят ба сӯйи Аллоҳ ниёз ба рафтан ба ҷое минтақае надорад.Ҳеҷ масрафе ва заҳматеҳам бароямон нест дар расонидани ин шикоят ҳоямон.Танҳо самимият ва бо дили моил ба сӯйи Аллоҳ ва таваккули холис ва забони зикр гӯяндаи бе риё ва дастҳои бардошта дар дили шаб ва саҷҳдаҳои тӯлонии фурутанона кофист.

То имрӯз шикоятҳое ба халқи Аллоҳ,идора,вазорат, муассисаҳои гӯногӯн ,пешво ва … кардем.Агар бигӯям ҳаргиз ончӣ хостаем ҳосил нагаштааст хато намекунам.Дар ҳоле хело барои ин шикоят карданамон заҳматҳо кашидем,талошҳо кардем,озору азиятҳо дидем,таҳқирҳо ва хориҳо кашидем, зиндонҳам шуданд аз он шикоятҳо.Ҳеҷ самарае аз он ҳама талошҳое кардему карданд надидем.

Биёед аз ин пас шикояти худро ба сӯйи Аллоҳ аз самими қалб анҷом диҳем ва ҳолати ҳозираамонро ба оянда муқоиса намоем.Бо саҷдаҳои тӯлонӣ,бо забонҳои зикр гӯянда,тиловати китоби Аллоҳ таҷриба кунем.Бо ибодатҳо ба Аллоҳ наздик гардем бидуни шак ба ончӣ мақсуд аст мерасем. Ин аз комил будани бандагӣ ва таваккул ба Аллоҳ аст.

Дар охир аз Аллоҳ истидъо менамоям,то моро бандагони холис ва сабр кунанда дар азиятҳое бар сармон омада ва ё меомада бигардонад.Эй Аллоҳ ҳама ҳоҷатҳои мо танҳо ба ту ошкоранд,танҳо дарвозаҳои раҳмататро бар рӯямон бикушо,моро бар махлуқотат ҳаргиз ҳавола накун. Ботинҳоямонро мисли зоҳирҳоямон накӯ ва моро аз бандагони бо тамкину росих дар динат бигардон.Медонем  ҳар бандаеки гиря кунад,шикоят кунад,хитобашро ба ту мувоҷиҳ кунад ҳаргиз хораш намекунӣ.Салавот бар Муҳаммад ва олу асҳоб ва хонадони поки ӯ бод омин…

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article