Шикояти зане аз меҳмонони шавҳараш назди Расули акрам (с.а.в)

Ислоҳ нет

 (қиссаро, то охир хонед муҳим охири қисса аст)

Як зан аз меҳмонони зиёди шавҳараш, ки ҳамеша ба хонааш даъват мекардааст, ба назди  Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) рафта шикоят намуд.

Аз ҳузури меҳмонҳо ба хонаашон ин занро хуш намеомад, чун меҳмондорӣ ва пӯхтани хурок бар душаш буд. Ин амал занро хаста карда буд ва эҳсоси хастагӣ ва дилтангӣ менамуд. Аммо ҳангоме, ки ин саволро аз паёмбар пурсид, ҳеҷ ҷавобе аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нашунида ба хонаашон баргашт.

Албатта, ин амали Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам),ки ба ин зан посухе надоданд ҳатман дорои ҳикмате буд,ки  мехост посухи он занро ба шакле бидиҳанд,ки қаноатмандашон гардонанд.

Пас аз гузаштани чанд рӯзе Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба назди ҳамсари ин зан рафта гуфтанд: “Ман имрӯз дар хонаи шумо меҳмонам”

Шавҳари ин зан хело хушҳол гашт ва аз шунидани ин сухани он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба назди ҳамсараш рафта, ин хабарро ба ӯ расонид. Зан аз  хабари меҳмон шудани Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хело хушҳол шуд. Ончи дар бисоти худ доштанд ба рӯи дастархон гузошта, меҳмонро хуб пазироӣ ва меҳмондорӣ карданд.

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қабл аз хориҷ шуданашон  ба шавҳари зан гуфтанд: ”Ҳангоме, ки ман аз хона хориҷ мегардам, ҳамсаратро ба наздат фаро хон ва аз он даре ман хориҷ мегардам, ҳамсарат нигоҳ кунад”

Мард ҳам чунин кард  ва ҳамсарашро ба наздаш даъват намуд, то хориҷ шудани меҳмонро аз пушташ нигоҳ кунад. Ҳангоме, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз хона хориҷ шуданд, ҳама каждум ва ҳашароти зарар расоне, ки дар хона буданд аз пушти меҳмон хориҷ шуда аз хона рафтанд.

Ин ҳангом зан аз ончӣ бо чашми худ дид, хеле  таъаҷҷуб намуд.

Бо ин амалашон Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ин зан посух гуфтанд, ки ана ҳаминхел ҳангоме, ки меҳмон аз хонаи мо ва шумо берун меравад, ҳама бало ва зарару ҳашароти зараррасон ҳам аз пушташ хориҷ мегардад.

Бале инҷост ҳикмати эҳтироми меҳмон ва дилтангӣ нанамудан аз қудуми меҳмон ба хонаҳоямон.

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: ( إذا أراد الله بقوم خيراً أهدى لهم هدية) ، قالوا: وما تلك الهدية؟ قال: (الضيف ينزل برزقه ، ويرحل وقد غفر الله لأهل المنزل

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ҳангоме, ки Аллоҳ ба ҳар қавме хайреро хоҳад барои онҳо ҳадияе медиҳад. ”Гуфтанд: Он ҳадия чист? Гуфт: Меҳмон бо ризқаш меояд (дохил мешавад) ва ба таҳқиқ Аллоҳ гуноҳони аҳли хонаро мебахшад”.

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: كل بيت لا يدخل فيه الضيف لا تدخله الملائكة

 

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ҳар хонае, ки дар он меҳмон ворид намешавад, дар он хона малоикаҳо ворид намегарданд”.

Ин қиссае, ки  овардам аслан як қиссаи дурӯғ ва бофтае ҳаст, ки қиссагӯйҳо инро қисса мекунанд. Ҳеҷ санади саҳеҳе барои ин қисса вуҷуд надорад, ҳатто аз чанд муллои тоҷик ҳам инро шунидам ва хостам дар мавриди он нависам, то мардумро бо ин қиссаи бофта ва хаёлӣ гумроҳ накунанд.

Ҳадиси аввалӣ хело заъиф аст ва аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) собит нашудааст. Агарчӣ аз чор саҳоба ин ҳадис ривоят шудааст.

Аввал: Аз Абу Қарсофа(раз) ривоят шудааст, ки дар санади ин ҳадис мусалсал ҳама маҷоҳил ва ношиносон вуҷуд доранд.

Дуввум: Аз Анас (раз) ва санади ин ҳадис мункар аст.

Севвум: Аз Абудардо(раз) ривоят шудааст, ки мавзӯъ аст.

Чорум: Аз Абузар (раз) ривоят шудааст, ки дар санади ҳадис шахси каззобе бо номи Исҳоқ ибни Наҷиҳ Ал Малтӣ вуҷуд дорад. Аҳмад ибни Ҳанбал Ӯро дурӯғгӯтарини мардумон мешуморад.

Дар умум ин ҳадис аз нигоҳи санад “Заъиф ҷиддан” аст, тақрибан ба мавзӯъ ва ҷаълӣ ҳам ин ҳадисро  уламо расондаанд ва аслан қобили қабул нест.

Акнун дар мавриди ҳадиси дуввуме, ки дар ин қисса омадааст бо ин мазмун :

“Ҳар хонае, ки дар он меҳмон ворид намешавад, дар он хона малоикаҳо ворид намегарданд”

Ин ҳадисро Имом Ғазолӣ дар китоби “Эҳёи Улуми дин” овардааст. Вале бидуни санад онро зикр намуда аст. Уламои ҳадис ин ҳадисро кизб ва дурӯғ мешуморанд.

ааа

Барои чӣ ман аввал ин ривоятро айнан чуноне, ки ҳаст овардам ва дар поён инро нақд намудам, то инки хонандаи гиромӣ ҳар ривоят ва қиссаеро мешунавад, ки ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васалам) марбуташ медонанд, диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро дурӯғ бар он ҳазрат на мисли дурӯғ бар ҳар каси дигар аст.

Ин қиссаро дар суханронии ду муллои тоҷик дар хутбаи намози ҷумъа, ки  дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр шуданд, шунидам. Албатта намехоҳам аз он ду ном бубарам вале ман натавонистам дар ин маврид чизе нанависам. Дини ислом комил ва шомил буда, ҳеҷ ниёз ба ривоёт ва қиссаҳои ташфиқии бофта ва сохтае надорад.

Дар шариъати ислом эҳтироми меҳмон хело дорои фазли бузурге ҳаст, вале на бо чунин ривоёти дурӯғ ва бофтае, ки қиссагӯён онро ривоят мекунанд. Муҳим ин қиссаро дигар нашр накунед ва гуноҳ нагиред. Барои огоҳ намудани ноогоҳон ин навиштаро нашр кунед, то ноогоҳеро огоҳ намоед.

Умед дорам, дар мавриди фазли эҳтироми меҳмон, мақолаи муфассале менависам, бо ривоёти саҳеҳе, ки он дар шариъати ислом асл доранд ва бо санад ворид шудаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article