Шоири угайи ҳукумат рафт. Аҳли назму шеъри муосири тоҷик ятим шуд

Ислоҳ нет

Имрӯз дар кишвари мо фазои маънавият торику сиёҳ аст. Шӯълаи фурӯзони адабиёти муосири тоҷик хомӯш гардид. Аҳли шеъру қалам ятим шуданд. Болу пари Гулрухсори Сафӣ шикаст. Шаҳсутуни назми тоҷик фурӯ рафт. Муъмин Қаноат моро тарк гуфт. Дигар “ба ҳар диёр дар зада” ҳам ӯро намеёбем.

 

Шоире моро тарк гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар ягон давру замон рисолати шоирияшро фаромӯш накард. Шоҳу гадо, ҳокиму маҳкум, шимолу ҷануб барояш яксон буд. Ду чашми хирадаш дуҷо наменигарист. Меҳраш дар қалби қишрҳои гуногуни ҷомеъа хона карда буд. Ҳама ӯро дӯст медоштанду одами худ мепиндоштанд. Фикру андешааш мардумсолор буд. Гуфтаҳояш дар қолаби шеър дилнишину дилнавоз ва таскинбахши ҳамагон буд. Чун ҷисму ҷонаш пур аз меҳр буд. Ин буд, ки ҳеҷ касе дар асри муосир, дар сабқати шеъру маънавият, то ба чанги изи пояш нарасиданд. Теъдоди шоирон зиёд шуд, шеъргунаҳо ҳазорҳо саҳифаҳоро сиёҳ карданд, аммо баробар бо вазни як мисраи Муъмин Қаноат, Лоиқ шералӣ ва Гулрухсор Сафӣ касе натавонист шеъре офарад. Ҳамоно ашъори шоирони имрӯзи мо побӯси назми Муъмин Қаноатанд.

 

Ҳатто андешаҳои Мӯъмин Қаноат озод ва берун аз қолаби сохтаи сиёсати давр ва хостаи дигарон буд. Гоҳе чунон аз сиёсат ҳарф мезад ва ба камбудиҳои сиёсати давр ишора мекард, ки бештар аз шоир, дар симояш як сиёсатмадори бузургеро медидӣ. Гоҳе чунон аз Зардушту Ориёно мегуфт, мепиндоштӣ ин шахс зардуштист. Аммо дар баробари ин, ба дини мубини Ислом эҳтиром қоил буду дар бисоти умраш ҳеҷ будгӯие нисбат ба Ислом, аз ӯ касе ҳарфе нашунидааст. Ҳарчанд мехостанд, тавассути ӯ гуфтаниҳое гуфта шавад, аммо ҳеҷ гоҳ зери бори ҳеҷ сиёсате нарафт. Ҳар гоҳ, ки зарур мешумурд, ки ҳарфе гуфта шавад, бидуни истиҳолае мегуфт. Хусусан борҳо аз сиёсати хатои режими вақт бо шадидтарин лаҳн интиқод кардааст. Аз ҳеҷ ҷизе ва ҳеҷ касе ҳарос надошт. Марди майдону Рустами замони хеш буд. Ҳамин “ҷурмҳояш” буданд, ки имрӯз ҳукумат сохтакорона, ташийъи ҷанозаашро ба вақти дигар эълон карду барвақттар аз он гузаронид. Ба мардум ҳақ надод бо шахси таърихӣ, ки ифтихори дар замони ӯ зистанро доранд, як бори дигар бо ӯ падрӯд гӯянд. Ҷанозааш хоксоронатар аз ҷанозаи шогирдаш Бозор Собир буд. Намояндагони баландпояи ҳукумат низ дар ҷанозаи шоир хеле кам дида мешуданд. Ҳол он ки мебоист худи президент Эмомалӣ ифтихори иштирок дар маросими дафни шоирро ба даст меовард. Дар зиндагияш ҳукумати имрӯза, бо Муъмин Қаноат  ба хотири бе парда сухан гуфтанаш ва фошкориҳояш мисли “шоири угай” рафтор мекард. 

 

Аммо Муъмин Қаноат қалби пур аз меҳру бахшанда дошт. Ёдам ҳаст, вақте Мӯъмин Қаноатро шогирдаш Бозор Собир бадгӯӣ карда буд, ҳеҷ вокунише накард, танҳо умед аз он кард, ки рӯзе ин “девонагияшро” бас мекунаду ба худ меояд. Ҳатто боре гуфта буд, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсори Сафӣ ва ҳатто Бозор Собир бо ҳамин девонагияш шахсони нотакроранд.

Муҳимтар аз ҳама, тамоми ашъораш ифодагари дӯстиву рафоқат, ва саршор аз муҳаббату самимият буданд. Ашъораш ба шахс болу пар мебахшиду рӯҳияро баланд мекард. Сабки назмаш инқилобӣ буд. Ҳарфе, ки қишре аз ҷомеа худро бегона ё таҳқиршуда эҳсос кунанд, нагуфт. Баръакс, муҳаббаташ ба ватану диёр ва халқаш сарҳад надошт. Як шеъре агар дар васфи Дарвоз мегуфт, ҷои дигар Исфараву Рашту Хатлону Суғдро васф мекард.

Ҳамин хислатҳои накӯяш буд, ки ҳамагон мухлисаш буданду дӯсташ медоштанд ва барои касе ӯ шахси бегонаву муқобилақида набуд.

 

Дар поён чандин андешаҳои устод Муъмин Қаноатро, ки дар мусоҳибаҳояш бо васоити ахбори умум расонаӣ шудаанд, ҳамчун тасдиқгари гуфтаҳои боло мекорам:

 

Суханрезаҳо аз Мӯъмин Қаноат

– “Дар мо масъалаи таълиму тадриси адабиёт дар мактабҳо нест, вуҷуд надорад. Яъне он чизе ки дарс медиҳанд, хато аст, аҳамият надорад, барои инсонсозӣ нақш надорад. Энергия надорад. Он чизе, ки мо ба мардум мегӯем, мурда аст. Ҳамааш мурдааст. Мурдае, ки 21 сол наҷунбонданд, вайро чӣ хел зинда мекунӣ дигар? Аз нав инҳо дар Русия мехоҳанд ҳамонро зинда кунанд. Ҳам робитаҳо, ҳам пайвандҳо, усули таълим, омӯхтан… Ба хулосае омаданд, ки бунёд ва решаи ҳама фарҳанг адабиёт аст, ҳофиза аст, китоб аст, андеша аст, пешгӯӣ ва калом аст дар он. Каломе, ки аз Худованд омадааст.”

 

–  “Имрӯз одамони боистеъдодро даъват намекунанд. Истеъдод як тараф мондагӣ. Онҳое, ки як чизи нав мегӯянд, дар як тараф мондаанд. Ҳозир тамаллукгӯёну хушомадгӯёне, ки ҳастанд, ҳамонҳоро ҷалб мекунанд. Аз шогирдони зӯре, ки ман дорам, ҳеч кадомашонро ба маҷлисҳо даъват намекунанд. Ба хотири он, ки шеъри онҳоро инҳо намефаҳманд. Имрӯз одамони боистеъдодро даъват намекунанд. Охир Лоиқ барин шахсро бароварда наметавонанд-ку, ё Бозор барин ба ҳамин девонагиҳояш, Гулрухсор барин одами размандаро бароварда наметавонад-ку. Инҳоро ман тарбия кардам. Шогирони мананд инҳо. Ғоиб Сафарзодаву дигару дигарҳояш, ҳама ҳамин гуруҳ шогирдони мананд…”

 

– “Албатта, таъсири замона аст. Аз як тараф корҳои хуб одамро ба илҳом меоранд, аз тарафи дигар, камбудиҳо бисёранд. Агар ҳамаи ин камбудиҳоро гӯӣ, ба зери танқиди нафарони шаккок мемонӣ, гуруҳи опозитсионӣ ҳисобат мекунанд. Инҳо на дасти кушод ва на дили кушод доранд. Дар аъроф мондагианд…”

 

– “Зайд Сайидро ман аз наздик намешиносам, ҳамагӣ се дафъа дидааму халос. Шахсан барои ман мавриди тавваҷӯҳ буд, ки як одам тавонистааст ин қадар ободкориҳо кунад. Ҳайф аст ки ҳамчунин инсон дар зиндон нишинад дар ҳоле ки метавонад боз ҳам обод кунад, со­зад, офарад… Зайд воқеан барои Тоҷикистон хидмат кард. Касе баробари ӯ бино бунёд накардааст, бо ин қадар зебо­иву шаҳомат! На ҳукумат ва на каси дигар ба ин поя сохта наметавонад. Мутаассифона сохторҳои қудратӣ табиатан як навъ кинава­рзию кинатӯзӣ ҳам доранд. Аз ин ҷо буд, ки гуфтем чун инҳо ки ин қадар сахт мегиранд, шояд Прези­дент бахшояндагиву меҳрубонӣ на­мояд…бахшидан дар кулли ҷаҳон мавҷуд аст ва аз фазилатҳои би­сёр ҳам олии роҳбарону раисони раиятпарвар маҳсуб мешавад! Дар ҳар сурат ҳоло ҳам умедамонро накандаем.”

 

– “Пойтахт бе ҷанг ба дасти нерӯе афтид, ки таҷрибаи таърихии давлатдорӣ надоштанд: мардумӣ ва деҳотӣ буданд. Маърифати давлатдорӣ надоштанд. Инҳо чӣ кор карданд, аз дигар гурӯҳҳо ба идораи давлат гирифтанд, ҳамчу мушовиру маслиҳатдеҳу роҳнамо.”

 

–  “Сохторҳоро шикастанду навашро сохта натавонистанд. Иморатро сохтем. Дар даруни иморат инсон муҳим аст. Вагарна чӣ даркоранд иморатҳо? Қолабҳои беруҳу равон…Охир гӯри худатон мешавад ҳамон чизҳои сохтаатон. Пеш аз ҳама инсонро сохтан даркор, баъди он иморатро мувофиқи ҳамон.”

 

– “Президент нерӯҳои дигарро низ гирд овард. Сарвазир ва раиси Академияи улум аз Хуҷанд оварда шуд. Вале ба назари ман усули давлатдори­ро дигар кардан даркор. Аз куҷо меореду намеоред ҳоло ин муҳим нест, муҳим он аст, ки дар доираи конун амал намоянд! Аз усули давлатдорӣ бояд шиносанд, ки ин миллати оддиву содда нест, ба умеди ташвиқу таблиғ намешавад дигаронро фиреб дод.”

 

– “Ин иттифоқро (Иттифоқи нависандагонро дар назар дорад) таъсири замони шӯравияш нест. Аввал ин ки роҳбарияташ куҳнакор аст, ё зӯрашон барои нав кардан намерасад. Кам-кам ҷуръату ҷасорат на ҳама доранд. Ҷуръату ҷасорат бошад, маълум аст, ки ба чӣ кор меанҷомад. Ҳама эҳтиёт мекунанд, метарсанд.”

 

– “Онҳое, ки барои Тоҷикистон хидматҳои арзан­да карданд, дар зиндонҳо зиёданд. Ҳатто одамоне, ки дар вақташ ба Президент хеле наздик ҳам буданд, шахсан амнияти ӯро таъмин наму­данду гоҳе барои давлату ҳукумат ҷонбозиҳо низ кардаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки бо дасисаи гурӯҳе нишастаанд…”

 

– “Сулҳ бошад, оромӣ бошад, мар­дум метавонад обод кунад, офарад, ихтироъ намояд, зеро мо аз азал, азалӣ аҳли фарҳангу фарҳангофар будему ҳастем. … вале чизи асосие, ки ҳадафи мо буд- Инсонсозиро фаромӯш кар­дем, инсонро насохтем, дар кадом ҳолате, ки буд то ба имрӯз ҳамон тавр боқӣ монда аст. Дар шууру ан­дешаву фарҳанги мо таҳаввулот во­рид нагардид! Илми мо натавонист инсонро такон диҳад. Чаро мо ната­вонистем? Чаро мо наметавонем? Решаву асли ҳама камбуде, ки до­рем, дар ҳама ришта, ин надоштани инсони замонавӣ аст!”

 

– “Гузаштан ба хати форсӣ зарурат дорад, аммо на имрӯз. Шояд як қисми корҳоямонро дар баробари кирилӣ ба хатти форсӣ кунем. Чунки дар ИДМ ҳастему тағййри хат ба муносибатҳо дар арафаи воридшавӣ ба созмонҳои ҷаҳонӣ сардӣ ба вуҷуд меорад. Вақташ, ки расид, бозгаштан мумкин аст. Агар имрӯз ба хатти форсӣ баргардем, он характери сиёсӣ ва мазҳабӣ мегирад. Фикр мекунанд, ки ба мо фишор оварданд ва мо ба хатти характери исломидошта баргаштем. Вақташ, ки омад, баъд кардан даркор. Чунки кореро пеш аз муҳлат кардан зиён меораду манфиат не. Имкон дорад, ки дар баробари истифодаи хати криллӣ ягон сохтори дигар барои истифодаи хати форсӣ дар китобҳои ҷашниро роҳандозӣ кунем.”

Шоири нотакрор Муъмин Қаноатро руҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод мегӯем!

Share This Article