Шуришчиён Мадинаро ишғол мекунанд

Ислоҳ нет

Шуришчиён Мадинаро ишғол мекунанд

(бахши даҳум)

 

Аввал: Ҳаракати фитнаангезон аз сарзаминҳои худ.

 Пас аз тавофуқи фитнаангезон бар оғози қиём бар зидди  ҳукумат, бар ин масъала иттифоқ карданд, пас аз ворид шудан ба Мадина, Усмон ибни Аффон (р)- ро   ба ҳар  шакли мумкин водор кунанд, ки аз мақоми  худ  истеъфо диҳад ва дар сурати худдорӣ, ӯро ба қатл расонанд. Нақшаи  онҳо ба ин сурат буд, ки ҳаракати он ба сӯйи Мадина аз се нуқта Куфа, Басра ва Миср оғоз шавад ва худро ҳамроҳи дигар ҳоҷиҳо ба он шаҳр бирасонанд ва чун ҳоҷиҳо ва аксарияти сокинони Мадина  ба қасди адои  маносики  ҳазми Макка намуданд, метавонанд дар набуди бештари мардони  шаҳр,  Усмон ибни Аффон (р)– ро  ба муҳосира  дароваранд  ва ӯро маҷбур  кунанд то аз мақоми хилофат истеъфо диҳад.[i] Дар  моҳи  шаволи  соли 35 – баъд аз ҳиҷрат, фитнаангезон тавонисттанд худро ба Мадина бирасонанд.[ii]

Ошубталабони Миср дар қолаби чаҳор корвон ба ҷониби Мадина ҳаракат карданд, ки ҳар  корвонро амире ва ҳамаи амиронро низ як амир буд. Дар миёни ин корвониён худи Абдуллоҳ ибни Сабаъ низ ҳузур дошт. Амирони ин  чаҳор корвон иборат буданд аз: Абдурраҳмон ибни Удайс Балавӣ, Кинона ибни Бишри  Таҷибӣ, Савдон ибни   Ҳирмони Сакунӣ ва Қутайра ибни Фулони Сакунӣ, ки таҳти назари Ғофиқ ибни Ҳарби Уккӣ амал мекарданд.

 Ошубталабони Куфа низ монанди Мисриҳо дар  қолаби  чаҳор корвон, ки ҳар як  зери  назари як амире  буд ба ҷониби  Мадина раҳсипор шуданд. Ин амирҳо иборат буданд аз: Зайд ибни Назри Ҳорисӣ ва Абдуллоҳ ибни Асам, ки Амр ибни Асам амирии ҳамаи он амиронро бар уҳда дошт. Басриҳо низ мисли  дигар ҳамдастанашон дар  Куфа ва Миср дар қолаби чаҳор корвон хуруҷ карданд  ва Ҳаким ибни  Ҷабалаи Абдӣ, Зариҳ ибни  Убоди Абдӣ, Бишр  ибни Шурайҳи Қайсӣ  ва Ибни  Алмаҳраш ибни Абдӣ Ҳанафӣ таҳти назари Ҳарқус ибни  Заҳири Саъдӣ, амирии чаҳор корвони Басриҳоро ба даст доштанд. Ҷамъи  нафарҳои  ошубталабони ҳар як аз ин сарзаминҳо қариб ба ҳазор нафар мерасидааст, ки ҳар  якро номзаде барои  ҷонишини Усмон ибни Аффон (р)мадди назар буд. Мисриҳо аз Алӣ  ибни Абитолиб (р) ҳимоят мекарданд ва Куфиҳо ва Басриҳо ҳар як   ба тартиб ҷониби  Зубайр  ибни Аввом (р) ва Талҳа ин Убайдуллоҳро гирифта  буданд.[iii]

 Дар воқеъ ҳадафи  гардонандагони  ин балво  ва ошуб аз чунин мавзеъгириҳо эҷоди ихтилофоти амиқ миёни худи  Асҳоби  бузурговор буд. Имом  Оҷурӣ  дар ин робита чунин сухан мегуяд: Худованди азза ва ҷалла Саҳобаи бузургворе мисли Алӣ (р), Зубайр (р) ва Талҳа (р) –ро аз тамоми  он фитнаҳо мубарро намуд. Он мунофиқон танҳо ба ин хотир он номаҳоро ба Саҳоба нисбат  медоданд то  мардумро фиреб диҳанд ва Саҳобаро бо ҳам даргир намоянд. Аммо Худованди карим, Саҳобаи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ро  аз он фитна  ҳифз  намуд.[iv]

 Пеш аз ворид шудани эътирозгарон ба Мадина, Усмон ибни Аффон (р)аз ҳаракати онҳо хабардор шуда буд, аммо ҳеҷ иқдоме барои муқобила бо онҳо анҷом  надод. Чун эътирозгарон ба Мадина расиданд Усмон ибни Аффон (р)дар деҳае берун аз шаҳр ҳузур дошт ва чун назди ӯ рафтанд аз онҳо истиқбол намуд.

 Аввалин гуруҳи  эътирозгарон  Мисриҳо буданд. Онҳо назди  Усмон ибни Аффон (р) рафтанд ва бо ӯ муоҷдила пардохтанд. Аввал аз ӯ хостанд то мусҳафе биёваранд ва чун мусҳаф оварданд, ба Усмон ибни Аффон (р)гуфтанд:  Қуръонро бикушо,[v] онгоҳ ин оятро бар ӯ хонданд:

Сухани Худо:

        «Бигӯ: «Оё ба ризқе, ки Худо бароятон нозил кардааст, нигаристаед?  Баъзеро ҳаром  шумурдед ва баъзеро ҳалол». Бигӯ:  «Худо ба шумо иҷоза додааст ё ба Ӯ дурӯғ мебандед?»

                     (Сураи Юнус, ояти 59)                                                                                                                                                                                                                                           

 

 Сипас  аз ӯ пурсиданд, ки  бар чӣ  асос чарогоҳҳоеро  махсуси  шутурон ва асбҳои  ҳукумат қарор дода ва дигаронро аз онҳо  маҳрум намудааст? Оё Худованд  чунин иҷозатномаеро ба ту дода ва ё бар Худованд  дуруғ бастаӣ? Усмон ибни Аффон (р)дар мақоми посух  баромад  ва шаъни нузул ва мисдоқҳои ин оятро барои онҳо баён намуд ва бо онҳо гуфт, ки пеш  аз ӯ Абубакр (р) ва Умар (р) низ чунин чароғҳоеро эҷод  карда  буданд ва чун дар аҳди ӯ шумораи  он шутурон ва асбҳо бисёр шуданд, ночор шуд, ки  васеъии он чарогоҳҳоро  афзоиши  диҳад. Чун қонеъ шуданд, Усмон ибни Аффон (р) бо онҳо паймоне баст аз онҳо қавл гирфт, то ҳаргиз бар зидди ӯ шуриш накунанд. Пас аз ин мулоқот ҳамаи эътирозгарон ба минтақаи  Зилмарва  расиданд, Усмон ибни Аффон (р), Алӣ ибни Абутолиб  (р) –ро назди онҳо фиристод , то бо онон музокира намояд. Ӯ  ҳамроҳи  марди дигаре, ки номи ӯ бар мо  маълум нест, назди эътирозгарон рафт ва онҳоро ба иршодти Қуръон  фаро хонд ва онҳо низ қабул карданд.[vi]

 Дар ривояти дигаре омадааст, ки ӯ чандин бор бо онон баҳс ва гуфтугу кард то тавонист онҳоро қонеъ кунад, Қуръонро меъёри ин рафторҳои  худ қарор диҳанд.[vii]

Онҳо дар панҷ  масъала ба тавофуқ расиданд: табъидшудагон ба диёри худ боз гардонда шаванд; саҳми маҳрумшудагон пардохт шавад; ғанимат ва хумс дар байтулмол захира шавад. Дар тақсими сарватҳо адолат риоят шавад  ва танҳо афроди  амин  ва тавоно ба кор  гузошта шавад. Сипас  ин  мавридҳоро рӯйи  қоғаз оварданд. Ҳамчунин онҳо эълон карданд, ки бояд Абдуллоҳ ибни Омир дар иморати Басра ва Абу Мусои  Ашъарӣ дар хилофати Куфа  гузошта  шаванд.[viii]

 Ба ин тартиб Усмон ибни Аффон (р)бо ҳар як аз гуруҳҳои эътирозгар мусолиҳа намуд ва онҳо низ ҳар як роҳи сарзамини худро  дар пеш гирифтанд.[ix]

–      Номаи сохташудае, ки  ҳукми  марги эътирозгарон буд

Пас аз бозгашти эътирозгарон ба диёри  худ, фитнаангезон нақшаи  дигареро  тарҳрезӣ карданд то он сулҳеро, ки миёни  эътирофгарон ва  Усмон ибни Аффон (р)баста шуда буд, аз миён бибаранд. Онҳо номаеро сохтанд ва ба дасти  марде супурданд, то онро масалан ба ҷониби  Миср бибарад. Ӯ дар миёни роҳ аз канори корвони Мисриҳо гузашт ва ба гунае рафтор мекард, ки назари онҳоро ба худ ҷалб намуд. Ӯ вонамуд мекард, ки аз Мисриҳо  метарсад ва  гуё, ки назди  ӯ чизе аст, ки  набояд Мисриҳо онро бубинад. Чун Мисриҳо ӯро дастгир карданд, номаеро назди ӯ ёфтанд, ки дар он Усмон ибни Аффон (р)хитоб ба Абдуллоҳ ибни Абисарҳ ҳокими Миср дастур дода буд, то  ҳамаи эътирозгаронро, ки ба Миср боз мегарданд ё бикушад ва ё мусла (гушу бинӣ  буридан) намояд.

 Мисриҳо низ хашмгин шуда ва ба Мадина бозгаштанд ва он номаро ба Усмон ибни Аффон (р)нишон доданд.[x]  Усмон ибни Аффон (р)ба онҳо гуфт, ки ӯ чунин номаеро нанавиштааст ва ба онҳо пешниҳод кард, ки  ё ду марди мусалмонро, ки  шоҳид будаанд ӯ ин номаро навишта назди ӯ биёваранд ва бар зидди ӯ шаҳодат диҳанд ва ё савганди ӯ ба  Худованди ягона  ва  беҳамторо бипазиранд, ки ӯ на худ номаро навишта ва на дастури навиштани онро додааст. Ӯ ба онҳо эълон намуд,  ки аз вуҷуди чунин номае хабар  надоштааст ва эҳтимол дорад, ки дигарон ин номаро навишта  ва ба Усмон ибни Аффон (р)нисбат  додаанд  ва сипас  мӯҳри  хотами ӯро  ҷаъл кардаанд. Аммо бо вуҷуди  баёноти Усмон ибни Аффон (р), боз эътирозгарон қонеъ нашуданд ва суханони ӯро  бовар накарданд.[xi]

Муҳимтарин далилҳои сохта ва ҷаълӣ(фалш) будани ин нома, ки Усмон ибни Аффон (р)дар он ҳукми  марги эътирозгарони мисриро  имзо намуда ва  сипас онро  ба ғуломи  худ дода, ки онро ба дасти Абдуллоҳ ибни  Абисарҳ бирасонад то ӯ низ он ҳукмро иҷро кунад,  иборатанд аз:

1.) Номабар бо рафторҳои худ шакки  Мисриҳоро  барангехта ва  ба гунае вонамуд мекард, ки гуё ӯ аз Мисриҳо метарсад. Дар  воқеъ ин рафтори ӯ  ин гумонро назди мардум тақвият мекарда, ки назди ӯ чизе аст, ки  набояд Мисриҳо  аз он хабар ёбанд. Агар дар  ҳақиқат  ин номаро  Усмон ибни Аффон (р)навишта буд, ба барандаи он дастур медод аз роҳе биравад, ки  ба Мисриҳо бархурд накунад ва  дар зудтарин вақт онро ба дасти  Абдуллоҳ ибни Абисарҳ бирасонад, то онро иҷро кунад.

2.)Бояд ин суолро  матраҳ кард, ки  Ироқиҳо, ки фосилаи  бисёре бо Мисриҳо доштанд, чигуна  аз вуҷуди  он нома бохабар шуданд.  Онон, ки  дар шарқ буданд, чигуна  хабар ёфтанд, ки  Мисриҳо  чунин номаеро ёфтаанд? Аҷибтар он, ки  ҳар ду гуруҳ ҳамзамон ва  дар як вақт ба Мадина расиданд. Танҳо  метавон  чунин ҷавоб дод, ки  онҳо  ки  ин номаро сохта  ва онро  ба дасти  фарде доданд то  масалан ба Миср  бибарад, марди  дигареро аҷир намуда то хабари ин моҷароро ба Ироқиҳо хабар  диҳад!! Ин ҳамон  суоле аст, ки  Алӣ ибни Абитолаб (р) аз Куфа  ва Басриҳо пурсид, ки  шумо бо вуҷуди он фосилаи  бисёр бо Мисриҳо  чигуна аз вуҷуди он нома бохабар шудед?[xii] Алӣ (р) худ посухи ин  пурсишро чунин баён кард, ки ин моҷаро дар Мадина тарҳрезӣ шуда буд, то бори дигар  мардум дучори  фитна ва ошуб шаванд.[xiii]

3.)Ин суол матраҳ аст, ки Усмон ибни Аффон (р) чигуна ба Абдуллоҳ ибни Абисарҳ дастур  медиҳад то  эътирозгарони Мисриро бикушад, ҳол он, ки  худи  Абдуллоҳ пас аз сафари эътирозгарон ба Мадина ва  пас аз шуриши  Муҳаммад ибни Аби Ҳузайфа, Мисрро тарк карда ва қасди Мадина намуда буд. Ӯ дар Ақабаи  Фаластин мунтазир буд то Усмон ибни Аффон (р)ба номаи ӯ оид бар иҷозаи ворид шудан ба Мадина, посух диҳад.

4.)Чигуна мумкин аст, ки Усмон ибни Аффон (р)дар номаи худ ба Абдуллоҳ ибни Абисарҳ фармони қатли  эътирозгаронро дода бошад, ҳол он, ки дар тӯли муддате, ки онон Усмон ибни Аффон (р)– ро ба муҳосираи худ дароварда буданд, ӯ ҳама Саҳоба ва дигар  мусалмононро аз ҷанг  бо эътирозгарон ва саркуби онон манъ мекард.

5.) Суоле дигаре, ки  инҷо матраҳ мешавад, ин аст, ки Ҳаким ибни Ҷабала ва Молики Аштар чаро  ва бе ҳеч далили равшане дар  Мадина монданд ва бо дигар Ироқиҳо ба сарзамини худ барнагаштанд. Шояд битавон чунин иддаъо намуд, ки  онҳо  бо пешниҳоди Ибни Сабаъ он номаи дуруғинро сохтанд ва  сипас  он сенарияи нангинро ба роҳ андохтанд. Дар воқеъ ин Сабаъиҳо буданд, ки аз  вуҷуди ин нома суд мебурданд ва метавонистанд аз тариқи  он ба ҳадафҳои  палиди  худ даст ёбанд.[xiv]

Аз тарафи  дигар онҳо бо нисбат  додани он ба Марвон ибни Ҳакам қасд доштанд то Усмон ибни Аффон (р)–ро  як фарди  бехабар  аз ҳукумати худ ва  табиатан нолоиқ ҷилва диҳанд ва чунин вонамуд кунанд, ки  фасодзада аст. Агар Марвон чунин номаеро навишта буд ба барандаи он тавсия мекард, ки аз роҳе ҳаракат кунад, ки ба Мисриҳо бар нахурад  ва дар ғайри ин сурат агар ӯ қасдан чунин равишу рафтореро ба номабар гуфта бошад то  Мисриҳоро ба шак андозад, бояд гуфт, ки худи Марвон низ ҳамдасти ошубталабон будааст, ки ин эҳтимол бар асоси  шавоҳид ва қаринаҳо ва иқдомоти  баъдии ӯ комилан ғайри мумкин менамояд.

6.) Ин нома аввалин номаи сохташудае набуд, ки мусалмононро дучори фитна мекард, балки  фитнаагезон пештар аз номи Уммулмӯъминин Оишаи Сиддиқа (р) ва Саҳобагоне мисли Алӣ (р), Талҳа (р) ва Зубайр(р) чунин номаҳоеро сохта буданд, ки дар онҳо он бузургворон мардумро ба шуриш бар зидди Усмон ибни Аффон (р)тарғиб мекарданд. Баъдҳо худи Оишаи Сиддиқа  (р) дар радди ин туҳматҳо чунин гуфт: “ Савганд ба Парвардигоре, ки муъминин ба Ӯ имон доранд ва кофирон Ӯро ошкор мекунанд, ман ҳаргиз чунин номаеро нанавиштаам”.[xv]

 Ҳамчунин номаҳори  дигареро ба дигар Саҳоба (р) нисбат дода буданд, ки он бузургворон дар он номаҳо чунин гуфтаанд, ки дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар  хатар аст  ва бояд ҳамаи мардум ба Мадина биёянд, ки  дар ин шароит ҷиҳод дар Мадина воҷибтар аз ҷиҳод дар марзҳо аст.[xvi]

 Ибни Касир низ дар ин робита чунин гуфтааст: “ фитнаангезон номаҳоеро сохта ва сипас ба Саҳобаҳое мисли Алӣ (р), Зубайр (р) ва талҳа (р) нисбат медоданд ва чунин вонамуд мекарданд, ки ин номаҳоро он Саҳоба ба онҳо навиштаанд. Аммо Саҳоба бо инкору радди ин туҳмат, худро аз ин ифтиро мубарро намуданд. Мунофиқон чунон густох буданд, ки номаеро аз номи халифа сохтанд, ки дар он ҳукми муҷозоти  эътирозгарони Мисрӣ ба ҳокими Миср расонда шуда буд, ҳол он, ки Усмон ибни Аффон (р)аз вуҷуди чунин номае низ хабар надошт.[xvii]

 Дар воқеъ ин гуфтаҳои Ибни Касир таъкиде аст бар ривояте, ки Табарӣ ва Халифа  ибни  Хайёт нақл карданд, ки тибқи он Алӣ (р), Оиша (р), Зубайр (р) ва Талҳа (р) (раз анҳум)  худро аз он номаҳо мубарро эълон намуданд.[xviii] Хоҳиш менамоям ба ин масъала онҳоеки гӯши оламро кар кардаанд диққат кунанд.Боз ба такрор дар коментҳо нанависанд аз ин масъала.

 Ба яқин вуҷуди ин номаҳои  дуруғин таъсири бисёр муҳимме дар оғоз ва анҷоми он фитнаи бузург дошт. Мунофиқон аз тариқи сохтани  он номаҳо тавонистанд зеҳнҳои мардумро фиреб диҳанд ва афроди соддалавҳ ва нодонро бо худ ҳамроҳ созанд. Бояд донист, ки дар ин миён Усмон ибни Аффон (р)шаҳид шуд  ва фидои  каҷфаҳмиҳо ва надонам кориҳои мусалмонон гардид, аммо қурбониёни ҳақиқии ин номаҳо ва  овозаҳо, худи ислом, таърихи он ва  наслҳое аст, ки фиреби ин ривоёти нодуруст ва сохташударо хурдаанд, аммо имрӯз дигар набояд чунин асир ва дарбанди ин таърихи машкук шуд. Бояд даст ба кор шуд ва  таърихи воқеъӣ ва дур аз кинаҳо ва ҳаво ва ҳаваси душманони Ислом ва мусалмононро ёфт. Бояд бо таҳқиқ ва ковиши мушикофона ба мутолиаи ин таърих пардохт то бори дигар мисли пешиниён забон ва дасти  худро ба туҳматҳо ва дуруғҳое, ки ба ноҳақ дар мавриди бузургмардони поксирати таърихи  ин уммат сохта шудаанд, олуда накунем ва дар пешгоҳи Парвардигорамон сарбаланд бошем.[xix]

Дуввум: Оғози муҳосира ва мавзеъи Усмон ибни Аффон (р)дар мавриди барпо кардани намоз ба имомати раисони фитна

Ривоятҳои муътабар чигунагии дақиқи оғози муҳосираи хонаи Халифа (р) –ро баён накардаанд, аммо шояд битавон бо мутолиаи ҳодисаҳое,  ки хоҳем  дид то ҳудуде ба ин матлаб даст ёфт. Дар ривояте нақл кардаанд, ки пас аз бозгашти шуришиён ба шаҳр, рӯзе Усмон ибни Аффон (р)дар  масҷид машғули хутба гуфтан буд, ки  ногаҳон марде ба номи  Аъян ибни Забъияи Тамимӣ суханони ӯро бурид  ва ба ӯ гуфт: Эй рубоҳи пир, дигар дуруғ гуфтан бас аст. Чун ӯ инро  гуфт, мардум ба самти ӯ ҳамла карданд, аммо дар ин миён марде аз Бани Лайс  ӯро  аз миёни ҷамъият  наҷот дод ва ба хонаи худ бурд[xx].

 Пеш аз оғози муҳосира, Усмон ибни Аффон (р) метавонист ба масҷид биравад ва  намоз гузорад ва ҳар касро, ки бо ӯ коре мебуд, метавонист назди ӯ биравад, аммо бо оғози муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (р), ӯ  наметавонист ҳатто барои адои  намозҳои  панҷгона низ аз хонаи  худ хориҷ шавад.[xxi] Дар тӯли ин муддат яке аз раҳбарони фитна, имомати ҷамоати  мардумро бар ӯҳда  дошт. Нақл  мекунанд, ки марде бо номи  Убайдуллоҳ  ибни Адӣ ибни Хиёр назди Усмон ибни Аффон (р) омад ва ба ӯ гуфт, ки ҳозир нест пушти сари он мард намоз гузорад, аммо Усмон ибни Аффон (р) ӯро аз ин кор  манъ намуд ва ба ӯ гуфт, ки намоз беҳтарини корҳо аст ва чун мардум кори нек бо онҳо саҳим бош, аммо агар даст ба анҷоми кори баде заданд ту аз он иҷтиноб кун.[xxii]

 Дар ривояти заифе чунин баён шудааст, ки Ғофиқӣ ибни Ҳарб имомати ҷамоатро ӯҳдадор буд.[xxiii]

 Воқидӣ  низ дар  ривояте, ки  санади он заиф мебошад, иддаъо мекунад, ки дар тули муҳосираи хонаи халифа, Алӣ ибни Абитолиб (р), Абу Аюби Ансориро маъмур намуд то имомати ҷамоатро ба уҳда бигирад ва худ низ имомати намози идро уҳдадор шуд.[xxiv] Аммо ин ривоят илова бар заъфи санади ривояти он бо мушкили дигаре низ рӯ ба рӯ аст ва он ин аст, ки  агар Алӣ (р) ва ё Абу Аюби Ансорӣ (р) уҳдадори амри имомати ҷамоати масҷид буданд, Убайлдуллоҳ ибни Адӣ ибни Хиёр ҳаргиз аз ҳузур дар намози ҷамоат ва  хондани намоз пушти сари он ду худдорӣ намекард.[xxv] Ин ривоят барои он ашхоси кинатӯз беҳтарин далел аст агар мардона диққат диҳанд.

Саввум:  Музокороти Усмон ибни Аффон (р) бо муҳосира кунан дагон

 Пас аз ин ки эътирозгарон хонаи Усмон ибни Аффон (р)-ро ба муҳосираи худ дароварданд, ӯро таҳдид карданд, ки бояд аз мақоми худ истеъфо  диҳад ва дар сурати худдорӣ аз ин кор, онҳо ӯро хоҳанд кушт.[xxvi]  Аммо Усмон ибни Аффон (р)ба онон посух дод, ки ӯ ҳаргиз либосеро, ки Худованд бар тани ӯ кардааст аз тан берун нахоҳад кард.[xxvii]  Ин калом ёдовари ҳамон супориши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба ӯ аст, ки солҳо  пеш ӯро ба сабр ва муқовимат дар баробари он фитна хонда буд. Дар ин миён баъзе аз Саҳоба (р)  мисоли  Муғайра ибни Анас (р) чунин дидгоҳе надоштанд ва муътақид буданд, ки Усмон ибни Аффон (р)бояд аз мақоми худ истеъфо диҳад то ҷони ӯ дар амон бимонад.[xxviii]

1 – Абдуллоҳ ибни Умар (р), Усмон ибни Аффон (р)-ро фаро мехонад то аз  мақоми худ истеъфо  надиҳад:

Дар ҷараёни муҳосираи хонаи Усмон ибни Аффон (р), Абдуллоҳ ибни Умар (р) назди ӯ рафт, то бо ӯ  мулоқоте дошта бошад. Чун Усмон ибни Аффон (р) ӯро дид ба ӯ гуфт: “ Бубин ин мардум чӣ қадар  густох  ва бешарм ҳастанд, ки  халифаи интихобкардаи умматро таҳдид мекунанд, ки ё истеъфо диҳад ва ё худро барои марг омода кунад”. Ибни Умар (р)  ба Усмон ибни Аффон (р) гуфт” Агар ту ба дархости номашруъи онҳо тан дода ва истеъфо бидиҳӣ, оё ин шуришиён дар ба биҳишт рафтан ва ё ба ҷаҳаннам рафтани ту нақш доранд?”.  Усмон ибни Аффон (р)боз ҳам посух дод: не. Онгоҳ  Ибни Умар (р) ба Усмон ибни Аффон (р)гуфт: “ Пас ин ҷомаеро, ки  Худованд бар ту пушонидааст, аз танат берун наёвар ва бо истеъфои худ суннати нописандеро дар миёни  мардум ривоҷ мадеҳ, ки чун аз имом ва халифаи худ безор шуданд ба  ноҳақ ӯро бикушанд”.[xxix]

 Худованд аз Абдуллоҳ ибни Умар (р)  хушнуд бошад, ки ин қадар дурандеш буд. Ӯ намехост, ки Усмон ибни Аффон (р)поягузори як суннати шум бошад. Усмон ибни Аффон (р)агар дар баробари хости  номашруъи шуришиён кутоҳ меомад, ки ҳаргиз чунин намекард дар он сурат манзалати хилофат ва  баргузидагони уммат пас аз ӯ чунон беарзиш мешуд, ки дар ҳадди  бозичаи дасти дунёталабон ва бадтинатон мефаромаданд ва дигар онҳоро назди уммат ҳеҷ эътибор ва манзалате намебуд. Аммо Усмон ибни Аффон (р)роҳи некеро дар пеш гирифт ва бо сабру истиқомат дар баробари таҳдидоти шуришиҳо аз мақоми хилофат канорагирӣ накард ва дар айни ҳол нагузошт хуни мусалмоне низ бар замин резад.[xxx]

 Дар воқеъ  қабули хостаи номашруъи  он шуришиён, ки на аз ҷониби ҳамаи уммат сухан мегуфтанд ва на  ҷузви шурои ҳаллу ақд ва аз бузургон ва фарзонагони уммат ба ҳисоб мерафтанд сарнавишти уммати ислом ва хилофати бархоста аз худи ононро ба хатари бисёр бузурге рӯ ба рӯ  месохт ва танҳо роҳи муқобила бо ин хатар рехта шудани хуни халифа буд ва ӯ низ бо илм ба ин сарнавишти ҳатмӣ,  масолеҳи ислом ва мусалмононро бар худ бартарӣ медиҳад ва худро фидои саодати уммат мекунад. Ба яқин ин тасмими ҷасурона танҳо аз афроде бармеояд, ки  қудрати ирода  ва шуҷоати камназире бархурдор бошанд ва ин худ беҳтарин посухе аст, ки ба ҳамаи он туҳматҳое, ки ба он  наҷибмарди роҳи ҳақиқат мебастанд ва ӯро марди нотавон, тарсу ва сустирода мехонданд. Бе шак ӯ аз чунон қудрате бархурдор буд, ки ба як ишора он фитна ва гардонандагони онро саркуб намояд ва авзоъро зери контроли худ дароварад. Аммо ӯ  хуб медонист, ки агар чунин кунад решаи он фитна дар батни ҷомеаи мусалмонон сироят хоҳад кард ва фитнаҳои дигаре аз он ҷавлона мезанад ва ба  ҳамин далил ва саркуби он парҳез кард. Ба ин шарҳ, пай ба бардошти нодурусти Уққод аз мавзеъгирии Усмон ибни Аффон (р)дар баробари он фитна мебарем, онҷо, ки дар китоби худ дар тавсифи ин фитна чунин гуфтааст: “ маҷарои қатли Усмон ибни Аффон (р)ба яқин фитнае буд бузург, ки  кеҷ касро тавони маҳори он набуд.”[xxxi]  Ин таъбир худ иҳонате аст ба пешгоҳи поки он марди ростин.  Ҳарчанд он моҷаро фитнаи бузурге буд, аммо саркубнакардани он аз ифтихороти Усмон ибни Аффон (р) аст. Ӯ бо вуҷуде, ки  метавонист онро тору мор кунад, аммо ба хотири ҳифзи масолеҳи уммат ва дур нигоҳ доштани онҳо аз ихтилофот ва ошуб ва низ амал ба супоришҳои Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар ин навъ масоил, аз саркуби он фитна иҷтиноб кард.[xxxii]

1-    Муҳосиракунандагон Усмон ибни Аффон (р)-ро  ба қатл таҳдид мекунанд

          Як рӯз, ки Усмон ибни Аффон (р)вориди долони дари хонаи худ шуда буд, садои таҳдидомези шуришиёнро шунид, ки ӯро таҳдид ба қатл мекарданд. Ӯ бо ғами бисёр назди сокинони манзил рафт ва моҷароро барои онҳо бозгӯ намуд. Онон низ ба ӯ гуфтанд, ки Худованд моро дар баробари ин ситамкорон бас аст. Усмон ибни Аффон (р)ба онон гуфт: “ онҳо чаро мехоҳанд маро бикушанд?! Ман аз худи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)шунидаам, ки рехтани хуни фарди мусалмон танҳо дар сурате ҷоиз аст, ки ё баъд аз издивоҷаш муртакиби зино гардад ва ё фарди дигареро ба ноҳақ бикушад. Савганд ба Худованд, ки ман на дар даврони ҷоҳилият муртакиби зино шудаам ва на дар аҳди ислом, ҳаргиз  дине ғайр аз исломро орзу надоштаам ва ҳеҷгоҳ дастамро ба хуни фарди бегуноҳе оғушта накардаам, пас ба чӣ алил мехоҳанд маро бикушанд?![xxxiii]

Сипас Усмон ибни Аффон (р)ба гуфтугӯ бо шуришиён пардохт ва талош намуд бо музокира бо онҳо, оромашон кунад. Ӯ  ба суолҳо ва туҳматҳо ва ифтироҳое, ки бар зидди ӯ равона шуда буд, посух дод ва ҳақиқатро бар он мардуми нодон равшан намуд. Онгоҳ аз онҳо хост то як нафар аз ҷониби  онон назди ӯ биёяд то бо ӯ гуфтугӯ кунад. Онҳо ҷавоне ба номи Саъсаъа ибни Савҳонро назди Усмон ибни Аффон (р)фиристоданд. Усмон ибни Аффон (р)низ аз он ҷавон хост то сабабҳои шуриш ва эътирози ин мардумро ба ӯ бозгӯ кунад.[xxxiv]

 

2-    Усмон ибни Аффон (р) ба истидлоли нодуруст ва дурӯғи Саъсаъа посух медиҳад:

Саъсаъа ба Усмон ибни Аффон (р)гуфт: “ шумо моро танҳо ба ин далил аз сарзамини худ берун ва табъид кардед, ки сухани ҳақ мегуфтем ва хостори барпо намудани шариати ноб будем. Онгоҳ ба ин оят истинод кард:

    Сухани Худо:

         «Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо бар пирӯз гардониданашон тавоност».

    (Сураи Ҳаҷ, ояти 39).

 Аммо Усмон ибни Аффон (р)далили ӯ ва ҳамдастонашро  рад намуд ва исбот намуд, ки мисдоқи ин оят ӯ ва дигар мусалмонони ростин аст, ки чунин ба ноҳақ мавриди туҳмат ва ситами он шуришиён қарор гирифтааст. Сипас ба баёни оят пардохт то ин  дурӯғи Саъсаъа бар мардум ошкор шавад. Ӯ ин оят ва оятҳои баъд аз онро, ки бо ҳам дар иртибот буданд, қироат намуд:

     Сухани Худо:

         «Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо бар пирӯз гардониданашон тавоност. Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буда, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст! Ҳамон касон, ки агар дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост!».

   (Сураи Ҳаҷ, оятҳои 39 -41).

Усмон ибни Аффон (р)шаъни нузул ва мисдоқҳои ин оятро ба тарзи шоистае баён намуд, то мардумро  аз дурӯғҳои фитнаангезон огоҳ намояд, ки  бо истинод ва оятҳои Қуръон, бардоштҳои ботили худро далилнок ва асоснок мекарданд.[xxxv] Ӯ баён намуд, ки Саъсаъа ва дигар ҳамдастонашро бар асоси ҳамин оят  ва дигар оёти Қуръон ва ҷиҳати ҳифзи дини Худованд ва нусрати он ва дур нигоҳ доштани уммат аз ошуб ва фитна табъид кардааст.

 Агар Саъсаъа ба ин оят истинод кард, ин оят сароҳатан ҳокимони заминро ба барпо кардани амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар фаро мехонад ва Усмон ибни Аффон (р)низ ба унвони  халифаи мусалмонон, Саъсаъа ва ҳамфикронашро ба хотири таҷовуз ба ҳуқуқи дигар мусалмонон ва талош дар ҷиҳати эҷоди фитна ва ошуб дар миёни уммат, аз сарзамини худ табъид намудааст.[xxxvi] 

 

3-    Усмон ибни Аффон (р)фазилатҳо  ва собиқаи худ дар Исломро ба мардум ёдовар мешавад

 

Чун Усмон ибни Аффон (р)бо иддаҳҳои дурӯғини фитнаангезон посух гуфт дар баробари  иҳонатҳо ва туҳматҳои онон фазилатҳо ва собиқаҳои худ дар исломро ба мардум ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки чун рӯзе ҳамроҳи Расули Худо (с), Абубакр (р) Умар (р), Алӣ (р), Талҳа (р), ва Зубайр (р)  ба кӯҳи Ҳиро рафтам куҳ ба ларза афтод. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)бо пойи мубораки худ бар кӯҳ зад ва  гуфт: “ эй Ҳиро! Ором гир, ки бар ту Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ва Сиддиқи ӯ ва шаҳиди роҳи Худо истодаанд”.[xxxvii] Онгоҳ (дар баробари туҳматҳое мисли ҳозир набудан дар Байъатур – ризвон) гуфт, ки рӯзи Байъатур – ризвон, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)маро барои музокира бо мушрикони Макка назди онҳо фиристода буд ба ҷои дасти ман бо  дасти мубораки худ байъат намуданд ва ба Саҳоба (р) фармуданд, ки: “ ин дасти ман ба ҷои дасти Усмон ибни Аффон (р)байъат мекунад”. Сипас ( дар баробари туҳматҳои фитнаангезон, ки ӯро ба дуздӣ ва фасод дар байтулмол ва бахил будан айбдор мекарданд) баён кард, ки чун Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармуд: “ ҳар кас, дар васеъ кардани масҷид кӯмаке намояд ва хони атрофи онро бихарад ва ба масҷид замима кунад, Худованд низ хонае дар биҳишт барои ӯ хоҳад сохт”, ман низ он хонаро харидам ва ба масҷид бахшидам. Усмон ибни Аффон (р)сипас идома дод, ки дар явмулъусраи Табук чун Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нидо баровард, ки: “ ҳар, ки имрӯз дар роҳи Худо садақае пардохт кунад, Худованд онро қабул менамояд”, ман аз моли худ нисфи хазинаҳои муҷҷаҳаз  кардани сипоҳро қабул намудам. Сипас  афзуд, ки ман чоҳи Равмаро бино ба супориши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва оби онро дар роҳи Худо дар ихтиёри мусалмонон гузоштам[xxxviii]

  Абусаври Фаҳимӣ нақл мекунад, ки чун аз пеши Усмон ибни Аффон (р) боз мегаштам, дидам, ки эътирогарони Мисрӣ ба Мадина бозгаштанд. Зуд назди Усмон ибни Аффон (р)рафтам ва молҷароро барои ӯ бозгӯ кардам. Ӯ ба ман гуфт, ки онҳоро чигуна ёфтам. Ман низ ба ӯ гуфтам, ки шарро дар чеҳраи онон  метавонистам бубинам. Роҳбари онҳо Ибни Удайси Балавӣ буд ва чун рӯзи ҷумъа фаро расид, ин мард ба минбари Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)бар мардум хутба хонд. Ӯ дар хутба бар зидди Усмон ибни Аффон (р)суханони бисёр гуфт. Ман низ онҳоро барои Усмон ибни Аффон (р) бозгӯ намудам, Усмон ибни Аффон (р) низ ба ман ва дигарон баён намуд, ки “ тамоми иддаъоҳои Ибни Удайс дурӯғ аст ва Худованд ӯро ба хотири ин дурӯғҳо азоб диҳад. Онгоҳ ба мо гуфт, ки ман  чаҳорумин фарде будам, ки ислом овардам. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ду духтари худро яке пас дигарӣ ба никоҳи ман даровард. Чӣ дар даврони ҷоҳилият ва чӣ дар аҳди ислом ҳаргиз дар ҳаққонияти он шак нанамудаам. Аз замоне, ки бо дасти ростам ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) байъат намудам, ҳаргиз шармгоҳамро бо он ламс накардаам. Бар асоси нусхаҳои муътабари  даврони Расули Худо (с), Қуръонро дар як мусҳаф ҷамъ намудам ва аз ҳангоме, ки  ислом овардам ҳар ҷумъа ғуломеро дар роҳи Худо озод намудам ва агар наметавонистам дар як ҷумъа ғуломеро озод намоям дар ҷумъаи баъд ду ғуломро озод мекардам. Инро мегӯм чун Ибни Удайс он туҳматҳои нораво ва дурӯғро ба ман  мебандад”[xxxix]

 Чун Усмон ибни Аффон (р)медид, ки тамоми ин суханон, суде ба ҳоли он шуришҳо надорад,  хитоб ба он  мардуми каҷфаҳм ва гумроҳ чунин гуфт: “ Аз куштани ман ҳазар кунед, ки ба Худованд савганд бо қатли ман дигар наметавонед дар канори ҳам ба ҷанг бо душманон равед ва бо ҳам ба ҷиҳод бо кофирон бипардозед. Бидонед, ки пас аз қатли ман чунон бо ҳам даргир мешавед, ки ин  ангуштони ман дар ҳам фуру рафтаанд”.[xl]

 Дар ривояти дигаре ин матлаб ингуна нақл шудааст: “Э мардум! маро накушед, ки ман  ҳоким ва бародари мусалмони шумо ҳастам, ба Худованд савганд, ки дар тули хилофатам то онҷо, ки тавонистаам дар роҳи хайр ва салоҳи ислом ва мусалмонон талош намудаам. Бидонед, ки агар маро ба қатл расонед, дигар наметавонед дар як саф бо ҳам намоз бихонед ва дар канори ҳам ба ҷанг бо душманон бипардозед ва ғаниматҳои ба даст омада аз футуҳотатонро миёни ҳам тақсим кунед”.[xli]

 Ҳамчунин хитоб ба он мардумони носипос ва  каҷрав чунин гуфт: “ агар маро  ба қатл расонед дигар якдигарро дӯст нахоҳед дошт ва наметавонед дар канори ҳам бо душманон ба набард бипардозед”.[xlii]

 Ҳамоно пас аз қатли он марди бузург, тамоми он ҳушдорҳои ӯ ба вуқуъ пайваст ва уммати ислом дигар натавонист ба он ваҳдату якпорчагии  бузурги худ даст ёбад. Ҳасани Басрӣ низ дар  ҳамин робита чунин гуфтааст: “Ба Худованд савганд, ки агар мардум бо ҳам намоз гузоранд боз ҳам қалбҳояшон аз ҳам дур аст ва ҳар як ба роҳи худ равад”.[xliii]

Сарчашмаҳои истифода шуда:


[i]. Алхулафоур – рошидун саҳ 159.

[ii]. Алхулафоур – рошидун саҳ 159.

[iii]. Таърихи Табарӣ (5/ 357).

[iv]. Истишҳоду Усмона ва вақаъатул – Ҷамал, Холид алғайс с. 118.

[v]. Фитнату мақтали Усмона (1/128).

[vi]. Таърихи Димишқ; тарҷумату Усмон с. 328. Таърихи Халифа с. 169.

[vii]. Фитнату мақтали Усмона (1/129).

[viii]. Фитнату мақтали Усмона (1/129).

[ix]. Фитнату мақтали Усмона (1/129).

[x]. Таърихи Табарӣ (5/379).

[xi]. Фитнату мақтали Усмон (1/ 132). Албидоя ванниҳоя (7/ 191).

[xii] .Усмон ибни Аффон алхалифатуш – шокирус – собир саҳ. 227.

[xiii] .Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1/334).

[xiv] .Таърихи Халифа ибни Хаёт саҳ. 169.

[xv] .Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1 /335).

[xvi] .Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати (1/335).

[xvii] .Албидоя ванниҳоя (7/175).

[xviii] .Таҳқиқу мавиқифис – саҳобати (1/335).

[xix]. Усмон ибни Аффон  алхалифатуссобируш – шокир с. 228.

[xx]. Фитнату мақтали Усмона (1/143) ва Таърихи Димишқ тарҷумату Усмон с. 247.

[xxi] . Таърихи Димишқ, тарҷумаи Усмон с. 141.

[xxii] . Саҳиҳул – Бухорӣ, китобус салот  (ҳадиси 192).

[xxiii]. Фитнату мактали Усмон (1/ 145).

[xxiv]. Таърихи  Табарӣ (5/ 444).

[xxv]. Фитнату мақтали Усмона (1/145).

[xxvi]. Табақоти Ибни Саъд (3/66).

[xxvii]. Аттамҳид с. 46 -47.

[xxviii].Фитнату мақтали Усмона (1/147).

[xxix] . Фазоилус – саҳобати (1/ 473), санади ин ривоят саҳиҳ мебошад.

[xxx] . Алхулафоур – рошидун, с.179

[xxxi] . Зуннурайн Усмон ибни Аффон с. 122.

[xxxii]. Фитнату мақтали Усмона (1/149).

[xxxiii]. Муснади Аҳмад (1/ 63).

[xxxiv]. Фитнату мақтали Усмона (1/150).

[xxxv]. Фитнату мақтали Усмона (1/ 151).

[xxxvi]. Фитнату мақтали Усмона (1/152).

[xxxvii]. Ба ривояти Муслим, “ китобу фазоилус – саҳобати (ҳадиси 2417).

[xxxviii]. Муснади Аҳмад (1/59).

[xxxix]. Аммаърифату ватторих (2/ 488). Хилофату Усмон ибни Аффон с. 91.

    [xl] . Табақоти Ибни Саъд (3/71). Таърихи Ибни Хаёт с. 171.

    [xli] . Таърихи Ибни Хайёт с. 171.

    [xlii] . Таърихи Ибни Хайёт с. 171.

    [xliii] . Таърихи Ибни Хайёт

Share This Article