Ситоди «Наҷоти Ҳамза»: Дар қазияи Ҳамзаи асир бе тафовут будан гуноҳ аст

Ислоҳ нет

 

Ситоди “Наҷоти Ҳамза” эълон намуд, ки аз фардо сешанбе 31 июли соли ҷорӣ тазоҳурот ва флешмоби саросарӣ дар тамоми ҷаҳон оғоз хоҳад шуд.

 

 

Дар ин бора, бо пахши видео мубтакирони тазоҳурот Вайсиддин Одинаев, Алим Шерзамонов ва Муҳаммадиқболи Садриддин хабар доданд.

 

Алим Шерзамонов  гуфт, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи Ҳамза Тиллозода, кӯдаки 4-сола, ки то ба имрӯз мақомот барои табобаташ дар хориҷа иҷоза намедиҳад, ситод ташкил шудааст ва вазифаи асосии ин ситод ҳамоҳангии тамоми касоне мебошад, ки нисбати ин қазия бетараф нестанд.

 

“Имрӯз дар ситоди “Наҷоти Ҳамза” тасмим гирифта шуд, ки дар саросари кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тазоҳуроти густарда оғоз мекунанд.  Ба хотири ҳарчи зудтар аз Тоҷикистон баровардани Ҳамзаи 4-сола, ки ҳар соати таъхир боиси вазнинтар шудани вазъи саломатиаш мегардад, дар шаҳрҳои Вилнюс, Вена ва дигар шаҳрҳои Аврупо ва инчунин дигар шаҳрҳои давлатҳои  ғарб то Амрикову Русия тазоҳуроти густарда, барпо хоҳад шуд”. — гуфт Шерзамонов.

 

Ӯ афзуд: “Мутаасифона, баъди ин тасмим, хабар ёфтем, ки авбошии чанд ҷавон боиси ҳалокати гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон шудааст, вале аз шаҳрвандони муқими Аврупо талаб мекунем, ки масъалаи асосии мо имрӯз масъалаи наҷоти Ҳамза аст ва ба хешовандони ҳалокшудагони хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳалок шудаанд, таъзия баён мекунем, лекин мо масъалаи муҳимтаре дорем”.

 

Вайсиддин Одинаев зимни баромади худ гуфт, ки бояд ин қазия сиёсӣ карда нашавад ва инсонвор ҳама якҷоя бояд ба ин масъала расидагӣ кунем.

 

Одинаев дар бораи имзои ариза баро иҷозаи сафари Ҳамза ба хориҷ гуфт, ки аксари касоне, ки поёни ин ариза имзо кардаанд, шаҳрвандони дигар кишварҳо мебошанд.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз дар саросари дунё ба қазияи Ҳамза таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.

 

“Чи тавре, ки мо дидем, дар поёни аризаи дархостӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои иҷозаи сафар ба Ҳамза, ҷиҳати табобат дар хориҷ, тақрибан 120 000 нафар имзо кардаанд, ки аксарияти онҳо аз кишвари мо нестанд ва онҳо 80% аз кишвари рус ва дигар миллатҳои дунё мебошанд”. — мегӯяд ин фаоли сиёсӣ.

 

Ӯ афзуд:”Ман пеш аз ҳама бо арзи эҳтиром ба ҳаммаи онҳое, ки ба бетарафӣ роҳ надода, ҳаққи инсонии худро адо карданд, ташаккур мегӯям”.

 

Вайсиддин Одинаев сухангӯйи ситоди “Наҷоти Ҳамза”, дар мавриди баргузории ин тазоҳуротҳо гуфт, ки ягона мақсад ин аст, ки бояд ҳарчӣ зудтар ба Ҳамза иҷоза дода шавад, то ӯ ба беморхонаи замонавии ягон кишвари хориҷӣ интиқол дода шавад ва таботат гирад.

 

“Ситоде, ки мо созмон додем, ба он хотир аст, ки аз мақомоти Тоҷикистон якдилона талаб намоем, ки ба Ҳамза Тиллозода, барои табобаташ дар хориҷ иҷозат диҳанд. Дар куҷое салоҳ дониста шавад, хоҳ дар Русия, хоҳ Туркия ва ё Олмон ё ҳар ҷои дигар, муҳим бо кӯдаки бемор оҷилан мутахассисони варзида машғул шаванд. Мо шоҳиди он шуда истодаем, ки мақомот ба ин масъала беэътиноӣ мекунад. Фурсатеро, ки фаолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар ихтиёри мақомот гузоштанд, басанда буд, ки ҳуҷҷатҳои кӯдакро омода намуда, ӯро ба хориҷ гусел кунанд. Аммо онҳо мутаассифона ин корро накарданд.

 

Мо  ин қазияро ҷудо аз бозиҳои сиёсӣ медонем ва набояд сиёсӣ шавад. Вале мо фаъолон қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки то ҳалли худро ёфтани ин масъала, ҳама кӯшиши худро ба харҷ диҳем”. — таъкид намуд Вайсиддин Одинаев.

 

Ҳамчунин Одинаев илова кард, ки “бисёрии ҳамватанон аз садо баланд кардан то ба ҳол канораҷӯӣ мекунанд ва ин ҳароси мардум аз ҷониби мақомот сӯистифода мешавад. Аммо мо омодаем, ки ба таври зарурӣ садои мо, ҳамчун садои Ҳамзаи бемору асир ба гӯши тамоми оламиён расонида шавад”.

 

Дар ниҳояти баромадаш Одинаев тазаккур дод, ки “Мо тоҷикон ва ҳамчунин фаолони дигар миллатҳо, ки нисбати ин қазия бетараф нестанд, тасмим гирифтаем дар ду се рӯзи баъдӣ, дар тамоми гушаву канори олам, дар даст расмҳои Ҳамза, ба кӯчаҳо рехта, флешмоби саросарӣ ташкил намоем. Ин флешмоб аз шаҳри Вилнюс оғоз мегардад ва эстафетаро ба шаҳрҳои дигари Аврупову Амрико, Русия  ва дигар кишварҳои дунё ба навбат вогузор хоҳем кард. Аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҳаммаи миллатҳо ва ҳаммаи ононе, ки инсоният барояшон арзиш дорад, хоҳиш мекунем, дар ҳар куҷое набошед, ба мо ҳамроҳ шавед, то ҳамҷоя Ҳамзаи беморро дастгирӣ намоем».

 

Новобаста аз мухолифати андешаҳо ва бинишҳои сиёсӣ барои ҳалли ин қазия, биёед якҷоя инсонвор кӯшиш намоем.

 

Видеоро бо ангушт задан ба инҷо тамошо кунед.

 


Муҳаммадиқболи Садриддин, фаоли сиёсӣ ва ҳамоҳангсози ситоди “Наҷоти Ҳамза” бо флешмобҳои тамоми кишварҳои дунё низ, бо пахши як сӯҳбати видеоияш ба ҳамагон муроҷиат намуда гуфт, ки бояд нисбати ин қазия бетараф набошанд ва суратҳои Ҳамзаро дар дастони худ гирифта, дар хиёбонҳои шаҳрҳое, ки зиндагӣ мекунанд, бигарданд ва флешмоб ташкил намоянд.

 

“Мо расмҳоро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн мекунем, шумо метавонед онро дар қоғази формати А4 нашр намуда, бо худ дар хиёбонҳо бигардонед” — гуфт Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Ин фаоли сиёсӣ худро ҳамоҳангсози ситоди “Наҷоти Ҳамза” муаррифӣ намуда гуфт, ки ин амал албатта кори савоб ва вазифаи мусалмонии ҳар фард аст.

 

“Расонидани сухани ҳақ ба гуши золим беҳтарин ҷиҳод аст, беҳтарини мардум онҳоеанд, ки манфиаташон ба дигарон бирасад.” — бо далел аз аҳодиси набавӣ таъкид намуд Муҳаммадиқболи Садриддин.

 

Ҳамоҳангсози ситод барои флешмобҳо,  Муҳаммадиқболи Садриддин ба тамоми муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ муроҷиат карда гуфт, ки нисбати ин қазия бетараф набошанд ва аз рафти флешмоби худ аксбардориҳо намуда, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн кунанд.

 

 

 

 

ХАМЗА

ХАМЗА1

 

хамза2

Share This Article