“СИТОДИ НАҶОТИ ҲАМЗАИ ТИЛЛОЗОДА” СОЗМОН ДОДА ШУД!

Ислоҳ нет

 

Вайсиддин Одинаев сухангӯи “Ситоди наҷоти Ҳамза” дар як навори 3 дақиқаву  45 сониягӣ аз таъсиси ин ситод хабар дод. Дар навор изҳор намуданд, ки мо то 27- уми июл мӯҳлат додем, ки Ҳукумат ба ин қазия расидагӣ намояд ва ӯро барои табобат иҷозати аз кишвар хориҷ шуданро диҳанд. Бори дигар мегӯям, ки Ҳамза Тиллозода мубталои бемории саратон аст ва ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад. Агар ин талаби моро Ҳукумати Тоҷкистон амалӣ накунанд мо ба таври дигар аз Ҳукумат, инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунем, ки Ҳамзаро бо модараш аз Тоҷикистон ба ҷои безарар интиқол намоянд. Дар ин ҳол агар мо ин амали худро бар алайҳи Ҳукумати кишвар дар сурати амалӣ нагаштани талабамон иҷро намоем  ба ҳайсият ё имеджи ҳукуматдорони кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ, зарбаи сахт ва латмаи сангине ворид менамояд. Аммо ҳеҷ амали дилхоҳеро дар қазияи Ҳамза то имрӯз надидем, ҷуз нашри чанд наворе, ки радиёи Озодӣ нашр намуд ва ин наворҳо дар ҳамкорӣ бо КДАМ нашр гардиданд. Ҳадаф аз нашри ин наворҳо як худнамоии пур аз макру рев чизи дигар нест ва ин ҳам бад-ин хотир, ки    дар чашми мардум хок бипошанд ва арз кунанд, ки дар қазияи Ҳамза бегуноҳанд. Аммо дигар наметавон бо ин амалҳои “моҳирона” моро бифиребед!!!  Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин қазия изҳоре доштанд, ки бояд умедро аз даст дод ва дидгоҳеро гуфтанд, ки гӯё мехоҳанд ин тифлро зинда ба зинда гӯронанд. Ин барои як Ҳукумат воқеан шармовар аст, дар ҳоле ки мо ҳанӯз аз ин қазия даст накашидаем ва то охир барои наҷоти Ҳамзаи хурдсол мубориза хоҳем бурд!. Агарчи табибон қасами Гепакритро барои наҷоти ҳар беморе хурдаанд ва агар онҳо ба ин қасами худ содиқ набоошанд, пас мо то охир дар ин қазия содиқ мемонем ва барои зинда монадаш талош меварзем.

Ҳадафҳои ин ситод иборатанд аз:

1.)    Ташкили флешмоб  дар ВАО

2.)    Дар ҳама ҷо ба кучаҳо мерезем ва ин талаби худро ҷаҳонӣ мекунем!!!

3.)    Дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷ, дар ҳар куҷое, ки онҳо вуҷуд доранд, то охир истодагарӣ мекунем ва он ҷо хайма мезанем!!!

Дар охир ҳаминро мегӯям, ки “Ситоди наҷоти Ҳамза” аз шахсони бонуфузи ҷомеъаи шаҳрвандӣ, муасисаҳои ҳукуқӣ, нависандагон, ҳизбҳо,  созмонҳои сиёсӣ, журналистон  ва дигар шаҳравдони кишвар, ки мустақар дар хориҷанд, ташкил шуд. Бори дигар таъкид мекунам, ки қазия сиёсӣ нест ва инро ба сиёсат ҳеҷ рабт надиҳед, зеро танҳо барои наҷоти ин тифли бемор таъсис дода шудааст. Аз шумо мехоҳем Ҳамзаро бо модараш иҷозат диҳед, то барои табобат ба хориҷ, ба ҷои амн фиристода шаванд. Мо ин ситодро бо ҳамоиши шахсони бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намудем ва агар хоҳиши мо иҷро нагардад онро дар рӯзҳои наздик хоҳед дид!!!…

Дар тамос бо Ислоҳ Вайсиддин Одинаев гуфт: Ситод тасмим гирифтааст дар чор давлати Аврупоӣ тазоҳуроти густурдаеро баргузор менамоянд.Ҷузиёти бештарро рӯзи душанбе дар ихтиёри мо мегузоранд.

Сухангӯи “Ситоди наҷоти Ҳамза”, Вайсиддин Одинаев

 

Share This Article