Сиёсати кадрии Э. Раҳмон ва нақши трактористи вазифа фурӯш

Ислоҳ нет

 

Сиёсати кадрии қабл аз заволи “пешво”

 

    Бо таъйини Муҳаммадалӣ Ватанзода, ба мақоми котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин Шӯро фақат зодагони вилояти собиқ Кулоб ва бештар аз ҳама ноҳияи Данғара ҳузур хоҳанд дошт. Абдураҳим Қаҳҳоров, ки то ҳамин чанд рӯзи пеш котиби Шӯрои амният ва танҳо намояндаи шимолу марказ ва куҳистони кишвар дар ин ниҳоди давлатӣ буд, ба нафақа гусел карда шуд.  Дар ин Шӯро,ки Раҳмон ҳаммаҳал ва ҳамшаҳриҳояшро гирд овардааст,нафареҳам аз вилояти Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат нахоҳанд кард.Ва акнун бидуни кадом дудилагӣ ва бемалол ин Шӯроро метавон ном ниҳод:

 

           Шӯрои амнияти як маҳал:

 

 Э. Раҳмон,Раиси ҷумҳур аз Данғара

С. Мӯҳриддин, вазири умури хориҷӣ,аз Темурмалик

 Ш. Мирзо, вазири мудофиа, аз Ҳамадонӣ (шаҳрванди Русия)

Ф. Қаҳҳорзода, вазири молия, аз Восеъ

 Н. Олимов, вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз Хуҷанд

 С.Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз Фархор.

  Р. Раҳимов,вазири дохила, аз Ховалинг

Аммо на танҳо Шӯрои амният аст ки аз намояндаҳои Данғара таркиб ёфтааст. Ин нуктаро аҳамият бояд дод,ки дар зиндагиномаи ҳар шахсе ҷойи Инҷо ба таваҷҷӯҳи шумо рӯихати аъзои Ҳукумати Тоҷикистонро ҳам пешниҳод менамоем, ки аз бистуяк узв беш аз 70% онро ҳам аз як маҳал ташкил медиҳанд.

 

      Аъзои Ҳукумати Тоҷикистон:

 

 Э. Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон, аз Данғара

 Д. Сайид, нойиби аввали сарвазир,аз Данғара

Н.Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз Хуҷанд

Н. Сайид, вазири маориф ва илм, аз Данғара,

С.Тағоева, вазири кор, иштиғол ва муҳоҷират, аз Файзобод

Ф. Ҳамралӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ, аз Данғара

З.Файзулло, вазири саноат ва технологияи нав, аз Данғара

 А. Иброҳим, муовини сарвазир,аз Ҳамадонӣ,

 Р.Раҳимзода, вазири умури дохила, аз Ховалинг

Ф.Қаҳҳорзода, вазири молия, аз Восеъ

С. Мӯҳриддин, вазири умури хориҷӣ,аз Темурмалик

Ш.Мирзо, вазири дифоъ,аз Ҳамадонӣ (шаҳрванди Русия)

С. Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз Фархор

Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Қонуни асосӣ дорои се шохаи мустақили ҳокимият мебошад. Ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти судӣ. Ҳоло бубинед, ки дар раъси ин шохаҳои ҳокимият киҳо қарор доранд.

 

              Се шохаи ҳокимият дар Тоҷикистон 

 

 

Э. Раҳмон, Президент, раиси ҳокимияти иҷроия, аз Данғара
М. Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, ҳокимияти қонунбарор аз Фархор,дар мавриди муовинонаш чизе намегӯем.

Ш. Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, ҳокимияти судӣ аз Кулоб

Ҳамчунин ба феҳристи пойин мутаваҷҷеҳ шавед ва бубинед, ки дар раъси вазорат ва мақомоти дигари  ҳифзи ҳуқуқ, амният, назорати қонун, андоз, киҳо қарор доранд. Ва оё як нафар аз Шимол ва ё аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ё Вилояти Бадахшони Куҳиро пайдо мекунед:

 Ю.Раҳмон, Додситони кулл,  

С. Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,  

Ш.Мирзо, вазири дифоъ,

Р. Раҳимов,вазири дохила,  

Қ. Чиллахон, раиси Палатаи ҳисоб,  

Ш. Салимзода, раиси Агентии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор,  

Н. Давлатов, раиси Кумитаи андоз,  

 

 Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон:

 

Озода Раҳмон-роҳбари Дастгоҳи иҷроия, аз Данғара

 Асадулло Раҳмон, ёрдамчӣ дар масоили кадрҳо, аз Данғара

 Зариф Ализода, ёрдамчӣ дар умури ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳур дар Маҷлиси Олӣ, аз Данғара

Абдуҷаббор Раҳмон, ёрдамчӣ дар умури иҷтимоӣ, аз Кӯлоб

 

              Мақомоти дигари давлат

 

 

 Ҷ.Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ  

 Ҷ. Нуралиев,муовини аввали раиси Бонки миллӣ

 С. Икромӣ, раиси  “Амонатбонк”

 М.Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Тоҷикистон 

И. Қосимзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Ҳукумати Тоҷикистон

С. Давлатов, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана ва расму оин аз Данғара  

С. Наҷмиддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ  ва нафақа 

  Ҷ. Давлатзод, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон

Р.Раҳмоналиев муовини КДАМ ва раиси сарҳадот аз Данғара

С.Султонзода директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  аз Данғара

А.Аламшозода(Бузмаков) Муовини ВКД ва раиси шуъбаи ВКД Бадахшон Данғара.

 Р. Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе.

 

Тибқи маълумотҳои дар даст доштаи мо аксари кормандони баландпояи мақомоти қудратӣ,чӣ аз ВКД ва КДАМ вазорати Адлия,ки зиндонҳои кишвар дар дасти ин ниҳод қарор дорад аз зодагони Данғара мебошанд.Манбаъи дигари мо афзуд,ки 90% ҳамаи раисҳо ва муовинони аввали ниҳодҳои қудратӣ,судҳо,прокуратураҳо, горнизонҳои низомӣ,андоз,назорати барқ,алоқа,тандурусти,ки дар ин мақомҳо метавон пора ва ё даромади муфт ба даст овард, дар ҳама ноҳияҳо ва вилоятҳо аз Данғараанд.Яъне Данғарагиҳо элитаи боло ва сулолаи ҳоким ба кишваре,ки бар мардуми дигар манотиқ авлавият ва бартари доранд.

   Ҳар касе ҳам ки бошад хоҳад пурсид, ки чаро ва бо чӣ мақсад беш аз навад дар сад аз мансабҳои давлатро Раҳмон дар ихтиёри ҳамшаҳрӣ ва ҳаммаҳалҳояш вогузоштааст. Тоҷикистон танҳо иборат аз Данғара, ки нест. Хуҷанд, Истаравшан,Ашт, Конибодом, Панҷакент, Нуробод, Рашт, Ванҷ Дарвоз,Ҳисор, Вахш,Бхтар,Қубодиён, Рӯшону Хоруғ…… ва дар умум… аз се вилоят ва беш аз шаст ноҳия таркиб ёфтааст. Барои мисол, чаро дар раъси вазорат ва кумитаҳо ва ё агентиҳо,намояндагоне аз ин навоҳӣ нестанд. Албатта, ҳастанд вале ангуштшумор, се чаҳор нафар, мисли дарбеҳи сафед ба ҷомаи сиёҳ, мисли зоғи ала.

    Ҳатто агарки аксарияти мансабдорони данғарагӣ кадрҳои ҳирфаӣ ва соҳибтахассус бошанд ҳам вале аз онки ҳамагӣ аз як ноҳияанд, ҳатман ҳирфаият ва касбияташон таҳти шубҳа ва гумон қарор мегирад. Гумон намеравад, ки ҳамчунин соҳибихтисосҳо дар ноҳияҳои дигари Тоҷикистон набошад.

 

   Ва фикр мекунед, ки агар Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон набуд ин ҳама данғарагӣ ба ин мақому мансаб мерасиданд? Ин Раҳмон аст, ки ба худ лақаби Пешвои миллат ва Асосгузори ваҳдат дода вале дар асл барои танҳо ҳаммаҳал ва ҳамшаҳриҳояш хидмат карда истодааст. Агар барои миллат Пешво буд, чаро тамоми ҳукуматашро ба ҳаммаҳалҳояш додааст ва ба ҳама баробар таваҷҷӯҳ намекунад. Маҳалли худро аз маҳалҳои дигари Тоҷикистон боло гузоштааст.

 

  Пас, аз инҷо бармеояд, ки сиёсати кадрии Раҳмон бар пояи шоистасолорӣ,ҳирфаияту касбият бунёд нашудааст. Инҷо ҳадаф чизе дигар аст. Ҷамъ овардани ҳаммаҳалҳо,такя кардан ба онҳо ва тавассути онҳо идора кардани давлат,сиёсате аст ки дар он барои ҳифзу ҳимояти мардум,сабук ва саҳл сохтани мушкилоти зиндагӣ, таъмини дастрасии баробар ба сарватҳои умумимиллӣ, расидагӣ ба арзу доди мардум ҷой нест. Ҳадаф яке аст. Бо тамоми имконот ва ҳарчи бештар ба даст овардани сарват ва пул аст. Барои онки бо дили пур ба сирқат ва яғмои байтулмоли давлат ва сарватҳои мардум даст бизанад, афроде сахт муътамадро бояд дар манобеи бойшавӣ, хазина ва захираҳо  маъмур гузошт. Кӣ метавонад бештар аз ҳаммаҳалҳояш, ки бештаринашон хешу табори худи Раҳмонанд ба ин нақша мувофиқ бошад? Аз тарафи дигар бо ин васила ҳаммаҳалҳои худро дар гирди хони давлат (буҷҷа)  наздик карда ва онҳоро ҳам соҳиби ҷоҳу мол мекунад. Бубинед, ки маблағи буҷҷа ва хазинаи давлат, ки аз оби арақи ҷабини ин мардуми заҳматкаш ва лашкари муҳоҷир ташкил мешавад,киҳо обу лой мекунанд.

 

Сафари ахири Раҳмон ба Хоруғ ва хитобаҳояш ба раиси пешини Бадахшон Шодихон Ҷамшедро ба ёд оваред, ки чиҳо гуфта буд:

 

  “Вазифаи мову шумо хизмат ба халқ аст.Шукрона кунед! Бологузар, соҳиби утоқҳои корӣ, боз утоқи истироҳатӣ, мошин дар таги по, тамоми ҷое, ки меравед бологузар, бо мардум соз салом намекунед.Баракс!Баракс!Баракс,ба халқ такя кардан даркор, натарсед аз халқ! Ман барои ҳамин таъин кардам шуморо. Агар натавонед боз шахсони дигар ҳаст. Кӯмак карда истодаем ба шумо. О, ақалан тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунед, эй беинсофҳо!”

  Аз кадом хизмат ба халқ сухан мегӯяд танҳо ба худаш маълум аст. Вале инки мегӯяд “натарсед аз халқ” дуруст мегӯяд. Чун халқро тарсондагиаст. “Ба халқ такя кунед”-у мисли ман тамоми мансабу мақомҳоро байни ҳаммаҳаллу хешу табору фарзанду домодҳояш тақсим кунед.

 

   Дар ин сӯҳбаташ ошкоро баён кард, ки нафари мансабдор  дар ҳукумати ӯ кордаш болои равған аст, чор ишкелаш буд ва мансаб барои ӯ ҳамаи чиз аст. Ана барои чӣ ӯ ин ҳама ҳаммаҳалҳаояшро дар давру бараш ҷамъ овардааст:

 

“Шукрона кунед!Ҳоло, ки дар сари мансаб ҳастед, шукрона кунед! Баъзеатро агар пагоҳ фармон барояд, мебахшед, вале оилаатон қатиатон салом намекунад. Шукрона кунед! Ҳоло-раис,прокурор, сардори РВКД,раиси суди вилоят.Бовар кунед,ҳамин хел аст табиати инсонӣ, як ҳафта дар хонаат хоб рав кӯдаконат аз танаат мегурезанд. Набар як рӯз як чӣ, дарвозаатро тақ-тақ накунанд дигар”.

Яъне бо овози баланд ва бидуни андеша ва беонки хиҷолат бикашад мегӯяд:

 

  “Бовар кунед,ҳамин хел аст табиати инсонӣ, як ҳафта дар хонаат хоб рав кӯдаконат аз танаат мегурезанд. Набар як рӯз як чӣ, дарвозаатро тақ-тақ накунанд дигар”.

Шахси мансабдор “як чӣ”-ро аз куҷо ва аз кадом ҳисоб мебарад? Магар  миллион,миллионҳои бемансаб “як чӣ” намебаранд: Ё “як чӣ”-и мансабдор чизе дигар бошад. Дақиқан медонад, ки мансабдор дуздӣ мекунад аз хазина, мансабдор пораву ришвахӯр аст. Ана барои чӣ ҳаммаҳалҳояшро дар давру бараш ҷамъ овардааст.

 

Яъне шиори сиёсати кадрии Раҳмон ин аст: “давр даври ман аст, бхрен, бчарен бгарден”. Беҳуда намегӯяд, ки Тоҷикистон аз манӣ! Ва садҳо, шояд бештар аз ин данғарагиҳои соҳибмансаб аз ҳисоби хазинаи давлат дар ш. Душанбе соҳиби манзил шуданд. Шояд бо назардошти ҳамин гуна хисорот ба  бюҷети мамлакат ва дастбурд ба ҷайби мардум буд, ки чанд соли пеш Зафар Абдуллоев, рӯзноманигори тоҷик пешниҳод карда буд, ки пойтахт ба Данғара кӯч дода шавад.

Ҳоло Раҳмон бо татбиқи чунин сиёсати кадрии маҳаллӣ  хеле дилпурона давлат меронад.Идеологҳояш ӯро Пешвову Асосгузор меҳисобанд, “блок”-и иқтисодӣ саривақт  “доля”-и давлатро таъмин мекунанд ва мақомоти қудратӣ сармебардошташро сарбанест мекунанд. Давлат мустаҳкам, курсӣ ҳам “сварка” кардагӣ.

Дар ин миён Данғара ҳам рӯзбарӯз гул-гул мешугуфад. Нуриддин Саиду Шералӣ Мирзо ва Саймумин Ятимов, гузориш доданд, ки бинои нави мактабу боғчаву беморхона дар ҷамоатҳои худ ва бархеи дигар дар Данғара бо пулҳои пасандозашон аз маош сохта ва ба истифода додаанд. Ҳар кадомеашон, ҳамчунин “ободкорӣ” барои Данғараро  идома медиҳанд.

 

   Ва ҳоло Данғара он Данғараи пешина нест. Кадрҳояш ҳукумати Тоҷикистонро мудирият мекунанд.  Чойхонаи “Хуррамшаҳр”-аш дар Иттифоқи шӯравӣ ҳамто надорад. Бо масрафи сӣ миллион доллари бюҷет сохта шудааст. Донишгоҳи Давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара  рашки  Донишгоҳи миллиро меоранд. Сохтмони омӯзишгоҳи тиббиаш ҳам дар ҳоли анҷомёбист.Хиёбонҳои чароғони Данғара, ки “светмурӣ” барояшон гапи “асримиёнагӣ” ва амали “хурофотпарастон” аст, бо биноҳои баландошёна боз ҳам бошукӯҳтар мешаванд. Соли 2018 ба маблағи беш аз 210 миллион сомонӣ 13 лоиҳаи давлатӣ  татбиқ шудааст. Соли гузашта  57 иншооти нав  мавриди истифода қарор гирифта ва аз 2687 хатмкардаи мактаби миёна 1927 нафар ба донишгоҳҳои ватанӣ ва  34 нафар ба донишгоҳҳои олии хориҷӣ шомил шудаанд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиву саноатии ноҳия ба 2,3 миллиард сомонӣ ва рушди иқтисодӣ 19 ва дар қиёс бо як соли қабл 366, 7 миллион сомонӣ бештарро ташкил додааст.Корхонаҷоти тармеваву  хушкмева, зардолузору олузор… хулоса рашки боғи Ирам аст, ки ҳамагӣ ба Фиръавни асри 21 ва ойлаи ӯ тааллуқ доранд.

 

  Албатта, ин ҳама “ободкорӣ”-ҳо  маълум аст ки бо чӣ роҳе ба даст омадааст. Ва ин ҷаҳиши рекордӣ дар ин ноҳияро кӣ ва аз кадом ҳисоб ташкил кардааст.Аммо дар ниҳоят хело хушҳолам,ки ин ғоратгарони даштҳои лалмӣ, дар охири ҳукуматашон ҳаминқадарҳам кардаанд.Аз инҳо касе манфиат надидааст ва манфиат диданҳам ба монанди аз даҳони наҳанг моҳӣ гирифтанро мемонад.

Оё зиндагонии сокинони мазлуми Данғара хуб аст?

 

Агарчӣ ман аз вазъияти мардуми Данғара дар гузашта,то солҳои 2013 огоҳӣ доштам ва ба ин ноҳия борҳо рафта ва меҳмони ин мардуми шарифу меҳмондӯст будам.Мардуми оддии Данғара аз Нуриддини Раҳмон бародари Эмомалӣ сахт норозӣ буданд.Тақрибан ҳама ончӣ дар ин ноҳия бударо шахсӣ намуда буд,бо зурӣ моликияти сокинонро мегирифт ва касе чизе гуфта наметавонист.Мардум чарогоҳ надоштанд, ҳукумати шуравӣ пистазорҳоро натавониста буд симхор кашад Нуриддин Раҳмонов садҳо километр масоҳатҳоро симхорпеч карда буд ва ҳамаро шахсӣ намуда буд.Мардумро дар заминҳояш кор мефармуд вале ба онҳо ҳаққи хидматашонро намедод.Аз қисмҳои низомӣ моҳҳо аскарбачаҳо дар заминҳои Нуриддин кор мекарданд дар ҳоле онҳо бояд дар хидмати ҳарбӣ қарор медоштанд. Тоҷирони ноҳия ончунон норозӣ буданд,ки намедонистанд чӣ гӯянд ва ҳатто мардум ба Нуриддин Раҳмонов пас аз сохтани чойхонаеки аз мазори Мавлоно Тоҷиддин,ки худаш дар баландҷое мебошад сохта буд. Чойхонаашро аз ҳама баландтар сохтааст ва ба ин хотир ба ӯ лақаби Мавлоно Нуриддин гузошта буданд.Пас аз сохтани  ин чойхона дигар барои ҳеҷ тарабхонае иҷозат набуд дар арусиҳо ва ҷамъомадҳои сокинони ноҳияро гузаронанд,ҳама бояд бо пули қимат дар чойхонаи акаи мавлоно Нуриддин маросимҳои худро гузаронанд.Ҳатто пас аз ташриф овардани Эмомалӣ дар маросимҳое ба Данғара хурокҳои боқимонда аз он маросимҳоро,ки барои мардум буданд сокинон шикоят мекарданд,ки Нуриддин онҳоро ба хонааш мебурд ва ба касе чизе намедод,то бихуранд.Тақрибан ҳама мегуфтанд акаи мавлоно,ки ин як масқара ё як таҳқир нисбати ин бародари трактористи Эмомалӣ буд вирди забонҳои сокинонаш буд.Дар мавриди инки барои меҳмонҳои хориҷияш барояшон,аз духтарони ноболиғи мактабхони ин ноҳияро тақдим мекардааст.Ин ҳолатро пас аз ҳомила шудани духтарон, наздиконашон фаҳмида буданд ва пурсиданд,ки чӣ кор бояд кунем бо ин трактористи фосиқ?Афсарони қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Данғара шикоят мекарданд,ки Нуриддин ба онҳо картошкаҳо ва маҳсулоти полезии харобшударо меорад ва мегӯяд инро холӣ кунед ва ба ҳисоби ман маблағашро бо нархи бозор гузаронед,дар ҳоле аз даҳтон картошка се тонааш солим буд ва ҳафт тонаи дигараш пусида буд,ки онро ба партобгоҳ меандохтанд.Ана акнун фикр кунед афсарони бечора моҳҳо гурусна мемонданд барои онки Нуриддин суд ба даст оварад.Ҳато афсаре гуфт говҳоеки ҳаром мемурданд Нуриддин онҳоро ба қисми ҳарбӣ меовард,ки ин говҳоро ба аскарон диҳед ва маблағи гуштро ба ҳисоби ман аз қисм ҳарбӣ гузаронед ва ин корро дар моҳи рамазон карда буд.Афсари он қисми низомӣ гуфт вақте гуфтем ака моҳи рамазон аст гуноҳ аст.Ончунон дашномамон кард ва таҳдид намуд,ки агар нахоҳед аризаатонро навишта равед.Дар мавриди вазифа фурӯшиҳои Нуриддин чизе намегӯем зеро аз он ҳама кишвар хуб огоҳанду аз ман бештар медонанд.Дақиқан нисфи мақомдорони бесаводи режим ба ин тракторист пулдода солҳост соҳиби вазифаҳои баланданд вале саводи онро надоранд.Пас аз интихоб шуданашон соҳиби унвонҳои илмиҳам шуданд,ки натиҷаашро дар пойгоҳи Диссернет худатон шоҳидед.Дақиқан аксари онҳое дар диссернет мебинед бо додани пул ба ин тракторист вазифаҳоро харида буданд.Вақте вазифаро аз тракторист мехаред натиҷа ва авоқиби онро худатон фикр кунед,ки чӣ фоҷеъае бар сари ин миллат аст.Ҷиноятҳои ин оила дар ноҳияи Данғара ба андозае зиёд аст,ки ин қатрае аз баҳр буд.Агар фикр кунем,ки ба мардуми Данғара инҳо хидмате кардаанд ва  ақалан мардуми Данғара аз ин режим розиянд чунин нест.Аз Данғара бародарони зиёде ба мо менависанду аз мо ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳолати худро асафбору тоқатфарсо қаламдод мекунанд.Ҳоло Раҳмон танҳо аз он зодагони Данғарае бовар мекунад,ки ба оилаи худаш наздик бошанд ва хешутабориҳам бо худаш дошта бошанд,на ба ҳама мардуми Данғара ишораи сабз дар кишвар ва зиндагонии хуб муҳайё намудааст.

 

    Раҳмон дар иҷлосияи 16 гуфта буд, ки ғайр аз худаш дар авлодаш дипломдоре нест. Ва он вақт дар тақсими мансабҳо, “принсипи маҳал”-ро, ки як мушкили кишвар  аст то ҳадде риоят карда буд. Аммо ҳар қадар ки ба курсии раёсат ҳарис мешавад, давру барашро бо ҳаммаҳалҳояш девор мезанад.

 

Ин ба он маъно аст ки Раҳмон на фақат дар масоили кадрҳо маҳалгароӣ карда ваҳдату якпорчагии миллат ва мардумро аз байн мебарад, балки ба унвони як маҳалгарои мутаасиб, сиёсати маҳаллбозиро дар ҳар навъе ба сатҳи давлат кашонидааст. Намунаи дигар маҳалгароии Раҳмон ин буд ки ба ҳангоми таҷлил аз 2700 солагии Кӯлоб ин шаҳр ва муассисаҳои онро аз пардохти анвои андоз дар ҳамон сол озод кард, балки баракс ба навоҳии дигар харҷ ва масорифи иншооти ҷашниашро бор кард, аммо вақти таҷлил аз 2500 солагии Истаравшан чунин имтиёзеро барояшон надод.Дар мавриди навоҳи ва вилоятҳои дигар ҳар сокини он манотиқ огоҳанд,ки чӣ гузаштааст ва ё чӣ мегузарад.

 

P.S. Идораи  Isloh.net аз хонандаҳои худ дар ақсои кишвар хоҳиш дорад ҳарчи маълумоте дар бораи  сардорони милиса, прокурор, амният, андоз, комиссариати ҳарбӣ, агентии мубориза бо коррупсия, маводди мухаддир,  оташнишонӣ ва ғайраҳо, ки  аз “бачаҳакои боло”анд бо зикри ному фамилия ва кай ба ин мақомот омаданашон ва дар бораи кирдору рафтори онҳо  бифиристад. Зеро то ҷое медонем ин мақомоти калидӣ ва рӯғанӣ дар манотиқ ва музофотҳоро ҳам ҳаминҳо соҳиб шудаанд.Агар хоҳиш дошта бошед ва ҳарос надошта бошед дар зери ин матлаб нависед,то ҳамаи онҳоро дар матлаби дигар нашр намоем.Хоссатан мардуми вилояти Суғд,ки бештар ба ин бало гирифторанду азият мекашанд нависед.

 

 

 

 

 

 

Share This Article